Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 1 - 200


Начало. К Продолжению
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2326262.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
______________________________________
1
Ҳон, эй сафарӣ, азми куҷо аст? Куҷо?
Ҳар ҷо ки равӣ, нишастаӣ дар дили мо.
Чандон ғами дарёст туро чун моҳӣ,
К-афшонд лаби хушки ту дурри дарё.
2
Худро ба ҳиял дарафканам маст он ҷо,
То бингарам он ҷону ҷаҳон ҳаст он ҷо.
Ё пой расонадам ба мақсуду мурод,
Ё сар биниҳам ҳамчу дил аз даст он ҷо.
3
Овози туро табъи дили мо бодо,
Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.
Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,
Овози ту чун ной шакархо бодо!
4
Ошиқ ҳамасола масту шайдо бодо,
Девонаву шӯридаву расво бодо!
Бо ҳушёрӣ ғуссаи ҳар чиз хӯрем,
Чун маст шудем, ҳарчӣ бодо, бодо!
5
Гар умр бишуд, умри дигар дод худо,
Гар амри фано намонд, на-к умри бақо.
Ишқ оби ҳаёт аст, дар ин об даро,
Ҳар қатра аз ин баҳри ҳаётест ҷудо.
6
Афсӯс, ки бегоҳ шуду мо танҳо,
Дар дарёе канорааш нопайдо.
Киштиву шабу ғумуму мо меронем
Дар баҳри худо ба фазлу тавфиқи худо.
7
Дидам дар хоб соқии зеборо,
Бар даст гирифта соғари саҳборо.
Гуфтам ба хаёлаш, ки: «Ғуломи ӯйӣ,
Шояд, ки ба ҷойи хоҷа бошӣ моро».
8
Ин оташи ишқ мепазонад моро,
Ҳар шаб ба харобот кашонад моро.
Бо аҳли харобот нишонад моро,
То ғайри харобот надонад моро.
9
Эй боди саҳар, хабар бидеҳ мар моро,
Дар раҳ дидӣ он дили оташпоро?
Дидӣ дили пуроташи пурсавдоро,
К-аз оташи худ бисӯхт сад хороро?
10
Эй хоҷа, ба хоб дар, набинӣ моро,
То соли дигар, дигар набинӣ моро.
Эй шаб, ҳар дам, ки ҷониби мо нигарӣ,
Бе рӯшании саҳар набинӣ моро.
11
Эй он-к наёфт моҳи шаб, гарди туро,
Аз моҳи ту тӯҳфаҳост шабгарди туро.
Ҳарчанд, ки сурхрӯст атрофи шафақ,
Шаҳмот ҳамешаванд рухи зарди туро.
12
Умрест надидаем гулзори туро
В-он наргиси пурхумори хаммори туро.
Пинҳон шудайӣ зи халқ монанди вафо,
Дерест надидаем рухсори туро.
13
Эй дӯст, ба дӯстӣ қаринем туро,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳӣ, заминем туро.
Дар мазҳаби ошиқӣ раво кай бошад,
Олам ба ту бинему набинем туро?!
14
Якчанд ба тақлид гузидам худро,
Нодида ҳаме ном шунидам худро.
Дар худ будам, з-он насазидам худро,
Аз худ чу бурун шудам, бидидам худро.
15
Гаҳ мегуфтам, ки: «Ман амирам худро»,
Гаҳ наъразанон, ки ман асирам худро.
Он рафт, аз ин пас напазирам худро,
Магрифтам ин ки ман нагирам худро.
16
Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.
17
Он кас, ки бибастааст ӯ хоби маро,
Тар мехоҳад зи ашк меҳроби маро.
Хомӯш маро гирифту дар об афканд,
Обе, ки ҳаловате диҳад оби маро.
18
Он вақт, ки баҳри кулл шавад зоти маро,
Рӯшан гардад ҷамоли зарроти маро.
З-он месӯзам чу шамъ, то дар раҳи ишқ,
Як вақт шавад ҷумлаи авқоти маро.
19
Аввал ба ҳазор лутф бинвохт маро,
Охир ба ҳазор ғусса бигдохт маро.
Чун мӯҳраи меҳри хеш мебохт маро,
Чун ман ҳама ӯ шудам, барандохт маро.
20
Дастони касе дасти занон кард маро,
Беҳашмату беақл равон кард маро.
Ҳосил, дили ӯ дили маро гардонид,
Ҳар шакл, ки хост, ончунон кард маро.
21
Гӯям, ки: «Кист рӯҳафроз маро? »,
Он кас, ки бидод ҷон аз оғоз маро.
Гаҳ чашми маро чу боз бармебандад,
Гаҳ бигшояд ба сайд, чун боз маро.
22
Ҷуз ишқ набуд ҳеч дамсоз маро,
Не аввалу не охиру оғоз маро.
Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро.
23
Лоҳавла ва ло, суд кунад он ғамро,
К-аз дев расад ҷон банӣ одамро.
Он к-аз дами лоҳавла ва ло, ғамгин шуд,
Лоҳавла ва ло, фузун кунад он дамро.
24
Зинҳор, дило, ба худ мадеҳ раҳ ғамро,
Магзин ба ҷаҳон суҳбати номаҳрамро.
Бо тарраву ноне чу қаноат кардӣ,
Чун тарра масанҷ сиблати оламро.
25
Ошиқ шаби хилват аз пайе пайгумро,
Бисёр бувад, ки каж ниҳад анҷумро.
Зеро, ки шаби висол заҳмат бошад,
Аз дидаи дида дидаи мардумро.
26
Ман зарраву хуршедлиқойӣ ту, маро,
Бемори ғамам айни давойӣ ту, маро.
Бе болу пар андар пайи ту мепаррам,
Ман каҳ шудаам, чу каҳрабойӣ ту, маро.
27
Эй ашки равон, бигӯ дилафзойи маро,
Он боғу баҳору в-он тамошойи маро.
«Чун ёд кунӣ шабе ту шабҳойи маро,
Андеша макун беадабиҳойи маро».
28
Ин рӯза чу ғарбел бибезад ҷонро,
Пайдо орад қурозайи пинҳонро.
Ҷоме, ки кунад тира маҳи тобонро,
Бе парда шавад, нур диҳад кайвонро.
29
Он асли сухан, ки ҷон диҳад мар ҷонро,
Бе ранг чу ранг бахшад ӯ марҷонро.
Моя бахшад машъалаи имонро,
Бисёр бигуфтему нагуфтем онро.
30
Эй дарёдил, ту гавҳару марҷонро
Дарбоз, ки роҳ нест камхарҷонро.
Тан ҳамчу садаф, даҳон кушодаст, ки: Оҳ,
Ман кай гунҷам, чу раҳ нашуд марҷонро?!
31
Дар ҷони ту ҷонест, биҷӯ он ҷонро,
Дар кӯҳи танат дурре биҷӯ он конро.
Сӯфийи раванда, гар ту он меҷӯйӣ,
Берун ту маҷӯ, зи худ биҷӯ ту, онро.
32
Бегоҳ шудаст, лек мар серонро,
Серӣ набувад ба ҷуз, ки идберонро.
Чӣ рӯзу чӣ шаб, чӣ субҳи далеронро,
Чӣ гургу чӣ мешу барра, мар шеронро.
33
Аз хок надида тира айёмонро,
Аз дур надида дӯзахошомонро.
Даъво чӣ кунӣ ишқи дилоромонро?!
Бо ишқ чӣ кор аст накӯномонро?!
34
Дар чашм бубин ду чашм он мафтунро,
Некӯ бишунав ту нуктаи бечунро.
Ҳар хун, ки бихурдааст он наргиси ӯ,
Аз дидайи ман равона бин он хунро.
35
Ғам худ кӣ бувад, ки ёд орем ӯро?!
Дар дил чӣ, ки бар хок нигорем ӯро?!
Ғам бодом аст, лек бас бемағз аст,
Гар сар наниҳад мағз, барорем ӯро.
36
Ман таҷриба кардам санами хушхӯро,
Селоби сияҳ тира накард он ҷӯро.
Як рӯз гиреҳ набаст ӯ абрӯро,
Дорам пайи маргу зиндагонӣ ӯро.
37
Кӯтоҳ кунад замона ин дамдамаро
В-аз ҳам бидарад гурги фано ин рамаро.
Андар сари ҳар касе ғурурест, валек
Силии аҷал қафо занад ин ҳамаро.
38
Як турфа асост Мӯсии ин рамаро,
Як луқма кунад, чу бифканад ин ҳамаро.
Не сур гузорад ӯю не мулҳамаро,
Ҳар ақл накард фаҳм ин замзамаро.
39
Ишқи ту бикушт туркию тозиро,
Ман бандаи он шаҳид в-он ғозиро.
Ишқат мегуфт: «Кас зи ман ҷон набарад»,
Ҳақ гуфт, дило, раҳо кун ин бозиро.
40
Эй дода ба нон гавҳари имонеро,
Дода ба ҷаве қалб, яке конеро.
Намруд чу дилро ба Халиле насупурд,
Биспурд ба пашша лоҷарам ҷонеро.
41
Эй сарви равон, боди хазонат марасо,
Эй чашми ҷаҳон, чашми бадонат марасо.
Эй он-к ту ҷони осмониву замин,
Ҷуз раҳмату ҷуз роҳати ҷонат марасо.
42
Дуди дили мо нишони савдост, дило
В-он дуд, ки аз дил аст, пайдост, дило.
Ҳар мавҷ, ки мезанад дил аз хун, эй дил,
Он дил набувад, магар, ки дарёст, дило.
43
То нақши хаёли дӯст бо мост, дило,
Моро ҳама умр худ тамошост, дило.
В-он ҷо, ки муроди дил барояд, эй дил,
Як хор беҳ аз ҳазор хурмост, дило.
44
Эй ҳар, ки бихӯрд шарбат аз машраби мо,
Масте гардад, ки рӯз бинад шаби мо.
Эй ҳар, ки гурехт аз дари мазҳаби мо,
Гӯшаш бикашад фарох то мазҳаби мо.
45
Бо ишқ равон шуд аз адам маркаби мо,
Рӯшан зи шароби васл доим шаби мо.
З-он май, ки ҳаром нест дар мазҳаби мо,
То субҳи адам хушк наёбӣ лаби мо.
46
Эй ҳар ки гирифт миллату мазҳаби мо,
Сад ҷони бараҳна бинад аз қолаби мо.
Эй ҳар ки бихӯрд шарбат аз машраби мо,
Масте гардад, ки рӯз бинад шаби мо.
47
Чун зуд набишта буд ҳақ, фурқати мо,
Аз баҳри чӣ буд ҷангу он ваҳшати мо?
Гар бад будам, бирастӣ аз заҳмати мо
В-ар нек будам, ёд кунӣ суҳбати мо.
48
Ишқ аст тариқи роҳи пайғамбари мо,
Мо зодаи ишқу ишқ буд модари мо.
Эй модари мо, нуҳуфта дар чодари мо,
Пинҳон шуда аз табиати кофари мо.
49
Аз бодаи лаъл ноб шуд гавҳари мо,
Омад ба фиғон зи дасти мо соғари мо.
Азбаски ҳамехӯрем май бар сари май,
Мо дар сари май шудему май дар сари мо.
50
Гар ман бимирам, маро биёред шумо,
Мурда ба нигори ман супоред шумо.
Гар бӯса диҳад бар лаби пӯсидаи ман,
Гар зинда шавам, аҷаб мадоред шумо.
51
То кай бошӣ зи даври назорайи мо?!
Мо чорагарему ишқ бечорайи мо.
Ҷон кист? Камина тифли гаҳворайи мо,
Дил кист? Яке ғариби оворайи мо.
52
Гаҳ рашк барад фаришта аз покии мо,
Гаҳ бигрезад дев зи бебокии мо.
Ҳаммоли ҳақ аст ин тани хокии мо,
Аҳсант, зиҳӣ, чустию чолокии мо.
53
Нури фалак аст ин тани хокийи мо,
Рашки малак омадаст чолокийи мо.
Гаҳ рашк барад фаришта аз покийи мо,
Гаҳ бигрезад дев зи бебокийи мо.
54
Анҷирфурӯшро чи беҳтар, ҷоно?
Анҷирфурӯшӣ, эй бародар, ҷоно?
Сармаст зийему маст мирем, эй ҷон,
Ҳам маст давон-давон ба маҳшар, ҷоно.
55
Танбӯр чу тан танин барорад ба наво,
Занҷир дар он шавад, диле бе сару по.
Зеро ки ниҳон дар маҳаш овози касе,
Мегӯяд, ки: «Эй хастаи гумроҳ, биё».
56
Он кас, ки туро нақш кунад ӯ танҳо,
Танҳо нагузорадат миёни савдо.
Дар хонаи тасвири ту, яъне дили ту,
Баррӯёнад дусад ҳарифи зебо.
57
То бо ту бувам, нахуспам аз ёриҳо,
То бе ту бувам, нахуспам аз зориҳо.
Субҳоналлоҳ, ки ҳар ду шаб бедорем,
Ту фарқ нигар миёни бедориҳо.
58
Эй чархи фалак, зи макру бадсозиҳо,
Аз натъи дилам бибурдайӣ бозиҳо.
Рӯзе бинӣ маро ту бар хони фалак,
Созам чун моҳ косапардозиҳо.
59
Аз оташи ишқ дар ҷаҳон гармиҳо
В-аз шири вафош дар ҷафо нармиҳо.
З-он моҳ, ки хуршед аз ӯ шарманда-ст,
Бе шарм бувад мард? Чӣ бе шармиҳо?!
60
Эй дар сари зулфи ту парешониҳо
В-андар лаби лаълат шакарафшониҳо.
Гуфтӣ: «Зи фироқи мо пушаймон гаштӣ»,
Эй ҷон, чӣ пушаймон, ки пушаймониҳо?!
61
Дар сар дорам зи май парешониҳо,
Бо қанди лаби ту шаккарафшониҳо.
Эй соқии пинҳон, чу паёпай кардӣ,
Расво шавад ин дам ҳама пинҳониҳо.
62
То ишқи турост ин шакархойиҳо,
Ҳар рӯз, ту гӯш дор, сафройиҳо.
Корат ҳама шаб шаробпаймойиҳо,
Макру дағалу хусуматафзойиҳо.
63
Эй он ки чу офтоб фард аст, биё,
Бе рӯйи ту боғу барг зард аст, биё.
Олам бе ту ғубору гард аст аст, биё,
Ин маҷлису айш бе ту сард аст, биё.
64
Он шамъи рухи ту лаганӣ нест, биё
В-он нақши ту аз оби манӣ нест, биё.
Дар хашм макун ту хештанро пинҳон,
К-он ҳусни ту пинҳон шуданӣ нест, биё.
65
Ҷоно, ба ҳалоки банда мастез, биё,
Ранге, ки ту донӣ, ту баромез, биё.
Эй макр даромӯхта ҳар ҷонеро,
Як макр барои ман даромез, биё.
66
Эй сабзии ҳар дарахту ҳар боғу гиё,
Эй давлату иқболи ману кору киё.
Эй хилвату эй самоъу ихлосу риё,
Бе ҳазрати ту ин ҳама савдост, биё.
67
Гар бӯй намебарӣ дар ин кӯй, маё!
В-ар ҷома намеканӣ, дар ҷӯй, маё!
Он сӯй, ки сӯйҳо аз он сӯ ояд,
Мебош ҳамон сӯю бад-ин сӯй, маё.
68
Шаб гардам, гирди шаҳр чун боду чу об,
Аз гаштани гирди шаҳр кас ёбад хоб?!
Ақл аст, ки чизҳо зи мавзеъ ҷӯяд,
Тамйизу адаб маҷӯ ту аз масту хароб.
69
Дил аз ҳаваси ту чун рубоб аст, рубоб,
Ҳар пора зи сӯзи ту кабоб аст, кабоб.
Дилдор агар зи дарди мо хомӯш аст,
Дар хомӯшӣ дусад ҷавоб аст, ҷавоб.
70
Аз бонги Сирофил дамидаст рубоб,
То тозаву зинда кард дилҳои кабоб.
Он савдоҳо, ки ғарқа гаштанду фано,
Чун моҳиякон баромаданд аз таки об.
71
Ё раб, ё раб, ба ҳаққи тасбеҳи рубоб,
К-иш дар тасбеҳ сад савол асту ҷавоб.
Ё раб, ба дили кабобу чашми пуроб,
Ҷӯшонтар аз онем, ки дар хум, шароб.
72
Донӣ, ки чӣ мегӯяд ин бонги рубоб,
«Андар пайи ман биёву раҳро дарёб.
Зеро ба хато роҳ барӣ сӯйи савоб,
Зеро ба савол роҳ барӣ сӯйи ҷавоб».
73
Гарм омаду ошиқонаву чусту шитоб,
Бартофта рӯҳи ӯ зи гулзор савоб.
Бар ҷумлаи қозиён давонед имрӯз,
Дар ҷустани оби зиндагӣ, қозе коб.
74
Бе кор машин, даро, даромез шитоб,
Бе кор бадан ба хӯр барад ё сӯи хоб.
Аз аҳли самоъ мерасад бонги рубоб,
Он ҳалқаи зоҳилшудагонро дарёб.
75
Эй он-к ту дер омадайӣ дар куттоб,
Гар биштобанд кӯдакон, ту маштоб.
Гар монда шуданд қавму аз даст шуданд,
Ин дасти ту аст, зуд баргир рубоб.
76
Андешаву ғамро набувад ҳастиву тоб,
Он ҷо, ки шароб асту кабобасту рубоб.
Айши абадӣ нӯш кунед, эй асҳоб,
Чун сабзаю гул ниҳед лаб бар лаби об.
77
Имрӯз чу ҳар рӯз харобем, хароб,
То рӯзи қиёмат нараҳем аз селоб.
Маҳтоб шабе омаду зад гардани хоб,
Аз хунрезӣ чӣ бок дорад маҳтоб?
78
Имрӯз чу ҳар рӯз харобем, хароб,
Макшо дари андешаю баргир рубоб.
Сад гуна намоз асту рукӯъ асту суҷуд,
Онро, ки ҷамоли дӯст бошад меҳроб.
79
Ҳоҷат набувад мастии моро ба шароб,
Ё маҷлиси моро тараб аз чангу рубоб.
Бе соқию бе шоҳиду бе мутрибу май,
Шӯридаю мастем чу мастони хароб.
80
Бе ҷом дар ин давр шароб аст, шароб
Бе дард дар ин сина кабоб аст, кабоб.
Фарёди рубоби ишқ аз захмаи ӯст,
Зинҳор магӯ: «Ҳамин рубоб аст, рубоб».
81
Дар чашм омад хаёли он дурри хушоб,
Он лаҳза, к-аз ӯ ашк ҳамерафт шитоб.
Пинҳон гуфтам ба роз дар гӯши ду чашм:
«Меҳмон азиз аст, бияфзой шароб».
82
Субҳоналлоҳ, ману ту, эй дурри хушоб,
Пайваста мухолифем андар ҳар боб.
Ман бахти туам, ки ҳеч хобам набарад,
Ту бахти манӣ, ки дарнаёйӣ аз хоб.
83
Андеша макун, бикун ту худро дар хоб,
К-андеша зи рӯйи маҳ ҳиҷоб аст, ҳиҷоб.
Дил чун моҳист, дар дил андеша мадор,
Андоз ту андешагариро дар об.
84
Хоб омаду дар чашм набуд мавзеи хоб,
Зеро зи ту чашм буд пуроташу об.
Шуд ҷониби дил, дид диле чун симоб,
Шуд ҷониби тан, дид харобу чӣ хароб.
85
Гар оби ҳаёти хушгуворӣ, эй хоб,
Имшаб бари мо кор надорӣ, эй хоб.
Гар бо адади мӯйи сар астӣ имшаб,
Як сар набариву сар нахорӣ, эй хоб.
86
Соқӣ! Дардеҳ барои дидору савоб,
З-он бода, ки ӯ на хок дидасту на об.
Бемори бадан наям, ки бемори дилам,
Шарбат чӣ бувад?! Шароб дардеҳ ту, шароб!
87
Шаб гашт дар ин сина, чӣ сузаст? Аҷаб,
Мепиндорам, к-аввали рӯзаст, аҷаб.
Дар дидаи ишқ менагунҷад шабу рӯз,
Ин дидаи ишқ дидадӯз аст, аҷаб.
88
Онӣ, ки фалак бо ту дарояд ба тараб,
Гар одамийе шефта гардад, чӣ аҷаб?!
То ҷон бувадам, бандагит хоҳам кард,
Хоҳӣ биталаб марову хоҳӣ маталаб.
89
Бардор ҳиҷобҳо ба якбор имшаб,
Як мӯй зи ҳар ду кавн магзор имшаб.
Дирӯз ҳадиси ҷону дил мегуфтӣ,
Пеши ту ниҳем куштаву зор имшаб.
90
Мастанд муҷаррадони асрор имшаб,
Дар парда нишастаанд бо ёр имшаб.
Эй ҳастии бегона, аз ин раҳ бархез,
Заҳмат бошад будани ағёр имшаб.
91
Эй он-к ту Юсуфи манӣ, ман Яъқуб,
Эй он-к ту сиҳҳаттанӣ, ман Айюб.
Ман худ чӣ касам?! Эй ҳамаро ту маҳбуб,
Ман даст ҳамезанам, ту пое мекӯб.
92
Имшаб зи барои дили асҳоб махусп,
Гӯши шабро бигиру бартоб, махусп.
Гӯянд, ки: «Фитна хуфта беҳтар бошад»,
Бедор беҳӣ, ту фитна, маштоб, махусп.
93
Эй толеву бахтам зи ту бедор, махусп,
Эй равнақи навбаҳору гулзор, махусп.
Эй наргиси пурхумору хунхор, махусп,
Имшаб шаби ишрат аст, зинҳор, махусп!
94
Эй рӯйи туро ғулом гулнор, махусп,
В-эй равнақи навбаҳору гулзор, махусп.
Эй наргиси пурхумору хунхор, махусп,
Имшаб шаби ишрат аст, зинҳор, махусп!
95
Эй моҳ, чунин шабе ту маҳвор, махусп,
Дар давр даро, чу чархи даввор махусп.
Бедории мо чароғи олам бошад,
Як шаб ту чароғро нигаҳ дор, махусп.
96
Эй ёр, ки нест ҳамчу ту ёр, махусп,
В-эй он-к зи ту рост шавад кор, махусп.
Имшаб зи ту сад шамъ бихоҳад афрӯхт,
Зинҳори ту андарем, зинҳор, махусп.
97
Ёрӣ куну ёр бош в-эй ёр, махусп,
Эй булбули сармаст, ба гулзор махусп.
Ёрони ғарибро нигаҳ дор, махусп,
Имшаб шаби бахшиш аст, зинҳор, махусп.
98
Гар мехоҳӣ бақову пирӯз, махусп,
Аз оташи ишқи дӯст месӯз, махусп.
Сад шаб хуфтию ҳосили он дидӣ,
Аз баҳри Худо, имшаб то рӯз, махусп!
99
Эй дил, ду се рӯз то саҳаргоҳ махусп,
Дар фурқати офтоб чун моҳ махусп.
Чун далв дар ин зулмати чаҳ раҳ мекан,
Бошад, ки баройӣ ба сари чоҳ, махусп!
100
Ногоҳ бирӯйид яке шохи набот,
Ногоҳ биҷӯшид чунин оби ҳаёт.
Ногоҳ равон шуд зи шаҳаншаҳ садақот,
Шодии равони Мустафоро салавот!
101
Бархезу тавоф кун бар он қутби наҷот,
Монандаи ҳоҷиён ба Каъба-ва Арафот.
Чӣ чафсидӣ ту бар замин чун гули тар?!
Охир ҳаракот шуд калиди баракот.
102
Мо ошиқи ишқем, ки ишқаст наҷот,
Ҷон чун хазар асту ишқ чун оби ҳаёт.
В-эй, он-к надорад аз шаҳ ишқи барот,
Ҳайвон чӣ хабар дорад аз кони набот?!
103
Аз Нӯҳ сафинаест мероси наҷот,
Гардону равон миёнаи баҳри ҳаёт.
Андар дил аз он баҳр бирӯстаст набот,
Аммо чун дил на нақш дорад, на ҷиҳот.
104
Он рӯҳ, ки баста буд дар нақши сифот,
Аз партави Мустафо равон шуд бар зот.
Он дам, ки равон гашт, зи шодӣ мегуфт:
«Шодии равони Мустафоро салавот».
105
Эй хирманат аз сунбулаи оби ҳаёт,
Анбори ҷаҳон пур аст аз тухми мавот.
З-анбор нахоҳам, ки пур аст аз хайрот,
Бар хирмани худ нависам, имшаб ту барот.
106
Эй ҳамчу хару гов каҳу ҷав талабат,
То чанд кунад саиси гардун адабат?!
Лаб чанд дароз мекунӣ сӯи лабаш?!
Ҳар гандадаҳон чашида аз таъми лабат.
107
Эй ҳар чӣ садафбастаи дарёи лабат,
В-эй ҳар чӣ гуҳарфитода дар пойи лабат.
Аз роҳи забон расид ҷонам то лаб,
Гар раҳ надиҳӣ войи ману войи лабат.
108
Маст аст ду чашмам аз ду чашми мастат,
Дарёб, ки аз даст шудам дар дастат.
Ту ҳам ба мувофиқат саре дарҷунбон,
Гар з-он-к сари ошиқӣ ҳастӣ, ҳастат.
109
Он ишқи муҷаррад сӯи саҳро метохт,
Дидаш дили ман, зи карру фарраш бишнохт.
Бо худ мегуфт: «Чун зи сурат бираҳам,
Бо сурати ишқ, ишқҳо хоҳам бохт».
110
Ишқи ту дар атрофи гиёе метохт,
Мискин дили ман дид нишонаш, бишнохт.
Рӯзе, ки дилам зи банди ҳастӣ бираҳад,
Дар катми адам чӣ ишқҳо хоҳам бохт.
111
Азбаски дили ту доми ҳилат афрохт,
Худрову туро зи чашми раҳмат андохт.
Монандаи Фиръавн худоро нашнохт,
Чун барф гирифт оламеро бигдохт.
112
Бе ёр намонд, он-к бо ёр бисохт,
Муфлис нашуд он-к бо харидор бисохт.
Маҳ нур аз он гирифт, к-аз шаб нарамид,
Гул бӯй аз он ёфт, ки бо хор бисохт.
113
Гуфтанд, ки: «Дил дигар ҳавое мепухт,
Аз мо бишуду ҳавои ҷое мепухт».
То боз омад ба узр, дидам зи дамаш,
К-он ҷо зи барои ман абое мепухт.
114
Эй оби ҳаёт, қатра аз оби рухат,
В-эй моҳи фалак, як асар аз тоби рухат.
Гуфтам, ки: Шаби дароз хоҳам маҳтоб,
Он шаб шаби зулфи тусту маҳтоби рухат.
115
Афғон кардам, бар он фиғонам месӯхт,
Хомӯш кардам, чу хомӯшонам месӯхт.
Аз ҷумла каронҳо бурун кард маро,
Рафтам ба миёну дар миёнам месӯхт.
116
Он шаҳ, ки зи бандагони бадхӯ нагурехт
В-аз беадабиву ҷурми сад ту нагурехт.
Инро ту магӯй лутф, дарё гӯяш,
Бигрехт зи мо деви сияҳ, ӯ нагурехт.
117
Афканд дилам маро ба ғавғову гурехт,
Ҷон омад ҳам аз сару савдову гурехт.
Он зӯҳраи бе заҳра чу дид оташи ман,
Барбат биниҳод зуд барҷову гурехт.
118
Бод омаду гул бар сари майхорон рехт,
Ёр омаду май дар қадаҳи ёрон рехт.
Аз сунбули тар равнақи атторон бурд,
З-он наргиси маст хуни ҳушёрон рехт.
119
Борон ба сари гармдиле бармерехт,
Бисёр чу рехт, чуст дар хона гурехт.
Пар мезад хуш бате, ки: Он бар ман рез,
К-ин ҷони маро худой аз об ангехт.
120
Дил ёди ту кард чун, тараб меангехт,
Валлоҳ, ки нахӯрд он қадаҳрову бирехт.
Дил қолаби мурда дид худро бе ту,
Ин аст сазои он-к аз ҷон бигрехт.
121
Гар бод бар он зулфи парешон занадат,
Маҳ толи бақо аз буни дандон занадат.
Эй носеҳи ман, зи худ бароиву зи нусҳ,
Гар з-он чӣ дилам чашид, бар ҷон занадат.
122
Оре, санамо, баҳона худ кам будат,
То хоб биёмаду зи мо бирбудат?
Хуш хусп, ки ман то ба саҳар хоҳам гуфт:
«Фарёд зи наргисони хоболудат».
123
Ин ҳамдами андарун, ки дам медиҳадат,
Уммеди расидан ба ҳарам медиҳадат.
Ту то дами охирин дами ӯ май хӯр,
К-он ишва набошад, зи карам медиҳадат.
124
Он чист, ки лаззат аст аз ӯ дар сурат?
В-он чист, ки бе ӯст мукаддар сурат?
Як лаҳза ниҳон шавад зи сурат он чиз,
Як лаҳза зи ломакон занад бар сурат.
125
Эй он-к ҳавойи нафс-нодон, сират,
Ибрат нагирифтайӣ зи ҳоли ғайрат.
Як хайри ту ин, сақояе сохтайӣ,
То ҷумлаи шаҳр дарриянд дар ҳайрат.
126
Имрӯз муҳим дасти занон омадааст,
Пайдову ниҳон чу нақши ҷон омадааст.
Масту хушу шангу бе амон омадааст,
З-он рӯй чунинам, ки чунон омадааст.
127
Имрӯз чӣ рӯзест, ки хуршед дутост?
Имрӯз зи рӯзҳо бурун асту ҳудост.
Аз чарх ба хокиён нисор асту садост,
К-эй дилшудагон, мужда, ки ин рӯзи шумост.
128
Тавба кардам, то ки ҷонам барҷост,
Ман чап наравам, нагардам аз сирати рост.
Чандон, ки ҳамекунам назар аз чапу рост,
Ҷумла чапу росту росту чап дилбари мост.
129
Шамъе, ки дар ин хона бадирост, куҷост?
Бар дида бад имрӯз миёни дилҳост.
Дар дил чу хаёли хуш нишасту бархост,
Не, не, ки зи дил нарафт, ҳам дар дили мост.
130
Моҳе, ки на зер аст, на болост, куҷост?
Нақде, ки на бо мову на бе мост, куҷост?
Он ҷо, ин ҷо, магӯ, бигӯ: рост куҷост?
Олам ҳама ӯст, он-к биност, куҷост?
131
Майхоратар аз ошиқи бесабр, куҷост?
К-ин ишқ гирифтории бе ҳеч давост.
Дармони ғами ишқ на бухлу на риёст,
Дар ишқи ҳақиқӣ на вафову на ҷафост.
132
Қавме ғамгину худмадон, ғам зи куҷост?
Қавме шодону бехабар, к-он зи чӣ ҷост?
Чандин чапу росту бехабар аз чапу рост,
Чандин ману мосту бехабар аз ману мост.
133
Хезед, ки он ёри саодат бархост!
Хезед, ки аз ишқ ғаромат бархост!
Хезед, ки он латифқомат бархост,
Хезед, ки имрӯз қиёмат бархост!
134
Бигзашт савори ғайбу гарде бархост,
Ӯ рафт зи ҷову гарди ӯ ҳам барҷост.
Ту рост нигар, назар макун аз чапу рост,
Гардаш инҷову мард дар дори бақост.
135
Гуфтанд, ки: «Шаш ҷиҳат ҳама нури худост»,
Фарёд зи халқ хост, к-он нур куҷост?
Бегона назар кард ба ҳар сӯ чапу рост,
Гуфтанд: «Даме назар бикун бе чапу рост».
136
Ҳар зарра, ки чун гурусна бар хони худост,
Гар то ёбад хӯранд, ин хон барпост.
Бар хони азал гар чӣ зи халқон ғавғост,
Хӯрданду хӯранду кам нашуд, хон барҷост.
137
Эй дӯст, макун, ки рӯзҳоро фардост,
Некию бадӣ чу рӯзи равшан пайдост.
Дар мазҳаби ошиқӣ хиёнат на равост,
Ман рост равам, ту каж равӣ, н-ояд рост.
138
Мегуфт яке парӣ, ки ӯ нопайдост,
К-он ҷон, ки муқаддас аст аз ҷой, куҷост?
Он кас, ки аз ӯ ҳар ду ҷаҳон рӯзагушост,
Бе кому даҳон рӯзагушойӣ ӯрост.
139
Он шаб, ки туро ба хоб бинам, пайдост,
Чун рӯз шавад, чу рӯз дил пурғавғост.
Он пил, ки дӯш хоби Ҳиндустон дид,
Аз банд биҷаст, тоқати он пил кирост?!
140
Метофт муҳим ҳамеша аз ҷониби рост,
Гуфтам, ки: «Назар ба чап ҳаром асту хатост».
Чун ҷониби чапи хеш он маҳ орост,
Гуфтам: «Чапу росту росту чапҳо савдост».
141
Эй соқӣ, агар саодате ҳаст, турост,
Ҷоневу диле, ҷону дили маст, турост.
Андар сари мо ишқи ту по мекӯбад,
Дасте мезан, ки то абад даст турост.
142
Ишқи ту чунин ҳакиму устод чарост?!
Меҳри ту чунин латифбунёд чарост?!
Бар ишқ чаро ларзам, агар ӯ хуш нест?!
В-ар ишқ хуш аст, ин ҳама фарёд чарост?!
143
Гӯянд маро, ки: «Ин ҳама дард чарост?
В-ин наъраву оҳу ин рухи зард чарост?»
Гуфтам, ки: «Чунин магӯ, ки ин кори хатост,
Рӯйи чу маҳаш бубину мушкил бархост».
144
Гар оташи дил нест, пас ин дуд чарост?
В-ар ӯд насӯхт, бӯи ин ӯд чарост?
Ин будани ман-ошиқи нобуд чарост?
Парвона зи сӯзи шамъ хушнуд чарост?
145
Таҳдиди аду чу бишунид ошиқи рост,
Меронд харе тез бад-он сӯ, ки худост.
Натвон ба гумони душман аз дӯст бурид,
Натвон ба хаёле зи ҳақиқат бархост.
146
Ин ҷумла шаробҳои беҷом кирост?!
Мо мурғ гирифтаем, ин дом кирост?!
Аз баҳри нисори ошиқон ҳар нафасе,
Чандин шакару пиставу бодом кирост?!
147
Чун рашк барӣ, ки ин шикоре ӯрост?!
Чун рашк намебарӣ, ки ӯ шери худост?!
Кай фахр кунад шери худойӣ ба шикор?!
Чун холиқи ҷумлаи шикорон ӯрост?!
148
Девона шудам, хоб зи девона хатост,
Девона чӣ донад, ки раҳи хоб куҷост?
Зеро, ки худо нахуфт, пок аст зи хоб,
Маҷнуни худо бидон, ки ҳамхоби худост.
149
Бар кони шакар чанд магасро ғавғост,
Кай кони шакарро ба магасҳо парвост?!
Мурғе, ки бар он кӯҳ нишасту бархост,
Бингар, ки дар он кӯҳ чӣ афзуду чӣ кост?!
150
Бар хони азал гар чӣ зи халқон ғавғост,
Хӯрданду хӯранд, кам нашуд хон, бар ҷост.
Мурғе, ки бар он кӯҳ нишасту бархост,
Бингар, ки дар он кӯҳ чӣ афзуду чӣ кост?!
151
Он ҷо, ки туйӣ ҳама ғаму ҷангу ҷафост,
Чун ғарқаи мо шудӣ, ҳама лутфу вафост.
Гар рост шавӣ, ҳар он чӣ морост, турост,
В-ар рост найӣ, чаппи туро гирам рост.
152
Он оташи сода, ки туро хӯрду бикост,
Он сода беҳ аз дусад нигори фардост.
Он оташи шӯҳрат, ки чӣ софу сод-аст,
Бингар чӣ нигорон, ки аз он оташ хост.
153
Дил дар бари ҳар ки ҳаст, аз дилбари мост
Ҳар ҷо ҷаҳад он барқ, аз он гавҳари мост.
Ҳар зар, ки бар ӯ меҳри аластасту бале,
Дар ҳар коне, ки ҳаст он зар, зари мост.
154
Ишқе на ба андозаи мо, дархӯри мост,
В-ин турфа, ки бори мо фузун аз хурмост.
Он ҷо, ки ҷамоли ҳусни он дилбари мост,
Мо дархӯри ӯ наем, ӯ дархӯри мост.
155
Он бут, ки ҷамолу зиннати маҷлиси мост,
Дар маҷлиси мо нест, надонам ба куҷост.
Сарвест баланду қомате дорад рост,
К-аз қомату ӯ қиёмат аз мо бархост.
156
Гармойи тамуз аз дили пурдарди шумост,
Сармойи зимистон тобиши сарди шумост.
Ин гармиву сардӣ нарасад бо сад пар,
Дар гарди ҷаҳоне, ки дар ӯ гарди шумост.
157
Ин чархи фалакҳо, ки ҳади биниши мост,
Дар дасти тасарруфи худо кам зи асост.
Ҳар зарраву қатра, гар наҳанге гардад,
Он ҷумла мисоли моҳии дар дарёст.
158
Гар даф набувад, найшакари ӯ дафи мост,
Охир на шароби ошиқӣ дар кафи мост?
Охир на Қубоди сафшикан дар сафи мост?
Охир на Сулаймони ниҳон Осафи мост.
159
Пай бар ба ҷаҳоне, ки чу хун дар раги мост,
Хун чун хуспад?! Хосса чун дар раги мост.
Ғам нест, ки осори ҷунун дар раги мост,
Зеро ки фусунгари фусун дар раги мост.
160
Он сояи ту ҷойгаҳу хонаи мост
В-он зулфи ту банди дили девонаи мост.
Ҳар гӯша яке шамъу ду-се парвона-ст,
Аммо на чу шамъи мо, ки парвонаи мост.
161
Рӯзе, ки туро бинам, одинаи мост,
Ҳар рӯз ба давлатат беҳ аз динаи мост.
Гар чарху ҳазор чарх дар кинайи мост,
Ғам нест, чу меҳри ёр дар синаи мост.
162
Не чарх ғуломи табъи худрояи мост,
Ҳастӣ зи барои нестӣ мояи мост.
Андар паси пардаҳо яке дояи мост,
Мо омада нестем, ин сояи мост.
163
Дастат дуву поят дуву чашмат ду, равост,
Аммо дилу маъшуқ ду бошанд, хатост.
Маъшуқа баҳонаесту маъшуқ худост,
Ҳар кас, ки ду пиндошт, ҷаҳуду тарсост.
164
Чангисанаме, ки сози чангаш ба навост,
Бар чанг таронае ҳамезад, шабҳост.
К-оям бари ту ғазалсароён рӯзе,
В-он қавли мухолифаш намеомад рост.
165
Имшаб шаби он аст, ки ҷони шабҳост,
Имшаб шаби он аст, ки ҳоҷот равост.
Имшаб шаби бахшоишу инъому атост,
Имшаб шаби он аст, ки ҳамрози худост.
166
То арш зи савдои рухаш валвалаҳост,
Дар сина зи бозори рухаш ғулғулаҳост.
Аз бодаи ӯ бар кафи ҷон балбалаҳост,
Дар гардани дил зи зулфи ӯ силсилаҳост.
167
Ин наъраи ошиқон зи шамъи тараб аст,
Шамъ омаду парвона хамӯш, ин аҷаб аст.
Инак шамъе, ки бартар аз рӯзу шаб аст,
Биштоб, эй ҷон, ки шамъи дил ҷонталаб аст.
168
Имшаб ҳар дил, ки ҳамчу маҳ дар талаб аст,
Монандайи Зӯҳра ӯ ҳарифи тараб аст.
Аз орзӯйи лабаш маро ҷон ба лаб аст,
Эзад донад, хамӯш! К-ин шаб, чӣ шаб аст.
169
Эй тан, ту намирӣ, ки чунон ҷон бо туст,
Эй куфр, тараб физо, ки имон бо туст.
Ҳарчанд ки аз зансифатон хаста шудӣ,
Мардӣ ба сифат, ҳиммати мардон бо туст.
170
Эй шаб, чӣ шабӣ, ки рӯзҳо чокари туст?
Ту дарёйиву ҷони ҷон ахгари туст.
Андар дили ман шуълазанон аст имшаб,
Он оташу он фитна, ки андар сари туст.
171
То занн набарӣ, даври замонам куштаст,
Ин чашмаи оби ҳайавонам куштаст.
Ӯ нест аҷаб, ки душмани ҷонаш кушт,
Ман булаҷабам, ки ҷони ҷонам куштаст.
172
Он чашм, ки хун гашту ғам ӯро ҷуфт аст,
З-ӯ хоб тамаъ мадор, к-ӯ кай хуфтаст?!
Пиндорад к-ин низ ниҳоят дорад,
Эй бе хабар аз ишқ, кӣ инро куштаст?
173
Тавба чӣ кунам, ки тавбаам сояи туст,
Пову сару тавба ҷумла сармояи туст.
Бадтар гунаҳе ба пеши ту тавба бувад,
Ку он тавба, ки лоиқи пояи туст.
174
Ман они туам, коми манат бояд ҷуст,
Зеро ки дар ин шаҳр ҳадиси ману туст.
Гар сахт кунӣ дили худ, ар нарм кунӣ,
Ман аз дили сахти ту намегардам суст.
175
Ночор туро коми дилам бояд ҷуст,
Зеро ки дар ин шаҳр ҳадиси ману туст.
Гур сахт кунӣ дили худ, ар нарм кунӣ,
Аз санг ту чун чашма бурун хоҳӣ руст.
176
Имшаб омад хаёли он дилбари чуст,
Дар хонаи тан мақоми дилро меҷуст.
Дилро чу биёфт, зуд ханҷар бикашид,
Зад бар дили ман, ки дасту бозуш дуруст.
177
Дар ишқи ту ҳар ҳила, ки кардам, ҳеч аст,
Ҳар хуни ҷигар, ки бе ту хӯрдам, ҳеч аст.
Аз дарди ту ҳеч рӯйи дармонам нест,
Дармон кӣ кунад маро, ки дардам ҳеч аст?!
178
Он кас, ки умед ёрии ғам додаст,
Ҳон, то нахӯрӣ, ки ӯ туро дам додаст.
Рӯзи шодӣ ҳама ҷаҳон ёри туанд,
Ёри шаби ғам, нишон касе кам додаст.
179
Онро, ки худой чун ту ёре додаст,
Ӯро дилу ҷони беқароре додаст.
Зинҳор, тамаъ мадор з-он кас коре,
Зеро ки худо-ш турфа коре додаст.
180
Чун дид маро маст, ба ҳам барзад даст,
Гуфто, ки: «Шикастӣ тавба, боз омадӣ маст».
Чун шиша гирист, тавбаи мо пайваст,
Душвор тавон кардану осон бишкаст
181
Аз дидани ағёр чу моро мадад аст,
Бас фард наем, кори мо дар адад аст.
Аз неку бад огаҳем, ин нек бад аст,
Ҳар дил, ки на бехуд аст, зери лагад аст.
182
Имрӯз ману ҷоми сабуҳӣ дар даст,
Меафтаму мехезаму мегардам маст.
Бо сарви баланди хеш ман мастаму паст,
Ман нест шавам, то набувад ҷузве, ҳаст.
183
Тавба, ки дили хеш чу оҳан кардаст,
Дар куштани банда чашм рӯшан кардаст.
Чун зулфи ту ҳарчанд шикан дар шиканам,
Бо тавба ҳамон кунам, ки бо ман кардаст.
184
Ҷонам бар он ҷону ҷаҳон рӯ кардаст,
Ҳам қиблаву ҳам қӯбла бад-он сӯ кардаст.
Моро малакуларш чунин хӯ кардаст,
Кор ӯ дорад, ки ӯ чунин рӯ кардаст.
185
Ҷоне, ки шароби ишқ аз он сӯ хӯрдаст,
В-аз шираю боғи он накӯрӯ хӯрдаст.
Он боғ гулӯи ҷон бигирад гӯяд:
«Хунаш резам, ки хуни моро хӯрдаст».
186
Он чашми фароз аз пайи тоб шудаст,
То занн набарӣ, ки фитна дар хоб шудаст.
Сад об зи чашми равон кардӣ дӣ,
Имрӯз нигар, ки сад равон об шудаст.
187
Гуфто, ки: «Биё, самоъ бар кор шудаст»,
Гуфтам, ки: «Бирав, ки банда бемор шудаст».
Гӯшам бикашиду гуфт: «Аз инҳо боз о,
К-он фитнаи ҳарду кавн бедор шудаст».
188
Гуфто, ки: «Биё, самоъ бар кор шудаст»,
Гуфтам, ки: «Бирав, ки банда бемор шудаст».
Гуфтам, ки: «Агар ту мурдайӣ, зинда шавӣ,
К-он Исии рӯзгор бар кор шудаст».
189
Гар даф назаниву гӯиям: «Шом шудаст»,
Ҷонам ҳама шаб самоъошом шудаст.
Мар хосонро шишаи шаб ҷом шудаст,
Гар даф набувад, то набувад, ом шудаст.
190
Эй соқии ҷон, мутриби моро чӣ шудаст?
Чун меназанад раҳе, раҳи ӯ кӣ задаст?
Ӯ медонад, ки ишқро неку бад аст,
Неку бади ишқро зи мутриб мадад аст.
191
Ҷоне, ки ҳариф буд, бегона шудаст,
Ақле, ки табиб буд, девона шудаст.
Шоҳон ҳама ганҷҳо ба вайрона ниҳанд,
Вайронаи мо зи ганҷ вайрона шудаст.
192
Барҷа, ки самоъи рӯҳ, бар пой шудаст
В-он даф чу шакар, ҳарифи он ной шудаст.
Савдои қадим оташафзой шудаст,
Он ҳойи ту ку, ки вақти ҳай- ҳой шудаст?
193
Пойи ту гирифтаам, надорам зи ту даст,
Дармон зи кӣ ҷӯям, ки дилам меҳри ту ҳаст?
Метаъна занӣ, ки бар ҷагар обат нест,
Гар бар ҷигарам нест, чӣ шуд бар мижа «ҳаст?»
194
Дар ман ғами шабкӯр чаро печидаст?
Кӯр аст магар ва ё ки кӯрам дидаст?
Ман бар фалакам, дар обу гил акси ман аст,
Аз об касе ситора кай дуздидаст?
195
Он кас, ки туро ба чашми зоҳир дидаст,
Бар саблату риши хештан хандидаст.
В-он кас, ки туро зи худ қиёсе гирад,
Он мискинро чӣ хорҳо дар дида-ст!
196
Дар хоб маҳе дӯш равонам дидаст,
Бо рӯву лабе, ки рӯшание дидаст.
Ё бар гули тар, к-он шакар ҷӯшидаст,
Ё бар шакаристон гули тар рӯидаст.
197
Сарсабз бувад хок, ки оташбор аст,
Хоса хоке, ки нотиқу бедор аст.
Ин хок зи машшотаи худ бехабар аст,
Хуш бехабар аст, аз он-к аз ӯ ҳушёр аст.
198
Шаб рав, ки шабат роҳбари асрор аст,
Зеро ки ниҳон зи дидайи ағёр аст.
Дил ишқолуду дидаҳо хоболуд,
То субҳ ҷамоли ёр моро кор аст.
199
Дар боғ агар сарв, агар гулзор аст,
Акси қаду рухсораи он дилдор аст.
Он фикрати ман, ки масти ин иқрор аст,
Ман кофирам, ар яке рагаш ҳушёр аст.
200
Дар боғи ман ар сарв, агар гулзор аст,
Акси қаду рухсораи он дилдор аст.
Биллаҳ ба номе, ки туро иқрор аст,
Имрӯз, агар маро раге ҳушёр аст.
_______________________________________
Терминологический Комитет АН Республики Таджикистан
http://www.termcom.tj/index.php?menu=bases&page=mavlono_ruboi&lang=rus

Начало. К Продолжению
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2326262.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe

  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments