Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 201 - 400


К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2325994.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
201
Имшаб шаби ман нек заифу зор аст,
Имшаб шаби пардохтани асрор аст.
Асрори дилам ҷумла хаёли ёр аст,
Эй шаб, магузар зуд, ки моро кор аст.
202
То ин фалаки ойинагун дар кор аст,
Андар дили ишқ мавҷи хун дар кор аст.
Рӯзе ояд буруну рӯзе н-ояд,
Аммо шабу рӯз андарун дар кор аст.
203
Инсоф бидеҳ, ки ишқ некӯкор аст,
З-он аст халал, ки табъ бадкирдор аст.
Ту шаҳвати хешро лақаб ишқ ниҳӣ,
Аз шаҳват то ишқ раҳи бисёр аст.
204
Ман кӯҳаму қоли ман садои ёр аст,
Ман нақшаму нақши бандам он дилдор аст.
Чун қуфл, ки дар бонг дарояд зи калид,
Мепиндорӣ, ки гуфти ман гуфтор аст.
205
Аз ҳалқаи гӯши ӯ дилам бохабар аст,
Дар ҳалқаи ӯ дил аз ҳама ҳалқа бар аст.
Зеру забари чарх пур аст аз ғами ӯ,
Ҳар зарра чу офтоб, зеру забар аст.
206
Он кас, ки зи сирри ошиқӣ бохабар аст,
Фош аст миёни ошиқон, муштаҳар аст.
В-он кас, ки зи номӯс ниҳон медорад,
Пайдост, ки дар фироқ зеру забар аст.
207
Моҳи ид асту халқ зеру забар аст,
То фарҷа кунад ҳар он-к соҳибназараст.
Чӣ табл занӣ, ки табл бо шӯру шар аст?!
З-он табл ҳамезанад, ки он хоҷа кар аст!
208
Ҷоно, ғами ту зи ҳар чӣ гӯйӣ, батар аст,
Ранҷи дилу тоби тану сӯзи ҷигар аст.
Аз ҳар чӣ хӯранд кам шавад, ҷуз ғами ту,
То бештараш ҳамехӯрам, бештар аст.
209
Он хоҷа, ки бори ӯ ҳама қанди тар аст,
Аз мастии худ зи қанд, ӯ бехабар аст.
Гуфтам, ки: «Аз он шакар насибам надиҳӣ?»
Не карду надонист, ки он найшакар аст.
210
Ҳар рӯз дилам дар ғами ту зортар аст,
В-аз ман дили бераҳми ту безортар аст.
Бигзоштаем, ғамат бинагзошт маро,
Ҳаққо, ки ғамат аз ту вафодортар аст.
211
Рӯзе турш асту дидаи абр тар аст,
Ин гиря барои хандаи баргу бар аст.
Он бозии кӯдакону хандиданашон,
Аз гиряи модар асту қабзи падар аст.
212
Чашми ту зи рӯзгор хунрезтар аст,
Тири мижаи ту аз синон тезтар аст.
Розе, ки бигуфтайӣ ба гӯшам, вогӯ,
З-он рӯй, ки гӯши ман гаронхезтар аст.
213
Эй Юсуф, амони ту ба хонаи падар аст,
Саҳрову бародарон ҳалоку хатар аст.
Бо гург бисозу бо ҳасудон манишин,
Гурги ҳасад аз гурги бурунӣ батар аст.
214
Эй лаълу ақиқу дурру дурбову дуруст,
Фориғ аз ҷову побарҷову дуруст.
Эй хоҷаи рӯҳу рӯҳафзову дуруст,
Дер омаданат равост, дер ову дуруст.
215
Ҷону сари он ёр, ки ӯ пардадар аст,
Ин парда на пардааст, ки ин парда, дар аст.
Гар пардадараст ёру гар парда дар аст,
Ин ҳалқаи дар бизан, ки дар парда дар аст.
216
Мункар, ки ба он кор дар андеша дар аст,
Андешаи хат ҳақаст, ӯ бе хабар аст.
Гуфтам, ки: «Зи лаълат шакаре ҳаст маро?»
Не карду надонист, ки он найшакар аст.
217
Он шоҳ, ки хоки пойи ӯ тоҷи сар аст,
Гуфтам, ки: «Фироқи ту зи маргам батар аст,
Инак рухи зарди ман гувоҳ». Гуфт: «Бирав,
Рухро чӣ гил аст?! Кори ӯ ҳамчу зар аст».
218
Дар зоҳиру ботин он-ч хайр асту шар аст,
Аз ҳукми ҳақ асту аз қазою қадар аст.
Ман ҷаҳд ҳамекунам, қазо мегӯяд:
«Берун зи кифояти ту коре дигар аст».
219
Ҷоне, ки барои ишқи ту дар хатар аст,
Бас дида зи ҷоҳилӣ дар ӯ навҳагар аст.
Ҳосил, чашме, ки бинадаш, нашносад,
К-ӯро бар рух ҳазор соҳибхабар аст.
220
Ҳарчанд ки бори он шутурҳо шакар аст,
Он уштури масти чашми ӯ худ дигар аст.
Чашмаш маст асту ӯ зи чашмаш батар аст,
Ӯ аз мастӣ зи чашми худ бехабар аст.
221
Ҳарчанд шакар лаззати ҷону ҷигар аст,
Ӯ худ дигар асту шаккари ӯ дигар аст.
Гуфтам, ки: «Аз он найшакарам афзун кун»,
Гуфто: «Не». Яқин аст, ки он най шакар аст.
222
Мо ошиқи ишқему мусалмон дигар аст,
Мо мӯри заъифему Сулаймон дигар аст.
Аз мо рухи зарду ҷигари пора талаб,
Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст.
223
Дар маҷлиси ушшоқ қароре дигар аст
В-ин бодаи ишқро хуморе дигар аст.
Он илм, ки дар мадраса ҳосил карданд,
Коре дигар асту ишқ коре дигар аст.
224
Андар сари мо ҳиммату коре дигар аст,
Маъшуқаи хуби мо нигоре дигар аст.
Валлаҳ, ки ба ишқ низ қонеъ нашавем,
Моро пас аз ин хазон баҳоре дигар аст.
225
Ин ғамза, ки мезанӣ, зи нуре дигар аст,
В-андеша, ки мекунӣ, убуре дигар аст.
Ҳарчанд даҳан задан зи ширинии ӯст,
Ин даст, ки мезанӣ, зи шӯре дигар аст.
226
Ин фасли баҳор нест, фасли дигар аст,
Махмурии ҳар чашм зи васле дигар аст.
Ҳарчанд ки ҷумла шохҳо рақсонанд,
Ҷунбидани ҳар шох зи асли дигар аст.
227
Моро ҷуз аз ин забон забони дигар аст,
Ҷуз дӯзаху фирдавс, макони дигар аст.
Озодадилон зинда ба ҷоне дигар аст,
Он гавҳари покашон зи кони дигар аст.
228
Овози ту армуғони нафхи сур аст,
З-он қуввату қути ҳар дили ранҷӯр аст.
Овоз баланд кун, ки то паст шаванд,
Ҳар ҷо, ки амиресту ё маъмур аст.
229
Зулфат, ки аз ӯ пойи дилам дар бир аст,
Дарҳам шуда ҳалқа-ҳалқа чун занҷир аст.
Чун бигрифтам, гирифт дастам, ки магир,
Гуфтам, ки: «Хамӯш, рӯзи гирогир аст».
230
З-он рӯй, ки дил бастайи он занҷир аст,
Дар домани ту даст задан тақдир аст.
Чун даст ба доманаш задам, гуфт: «Биҳил»,
Гуфтам, ки: «Хамӯш, рӯзи гирогир аст».
231
Ҳошо, ки дилам зи шабнишинӣ сер аст,
Ё соқии мо бе мададу идбер аст.
Аз хоб чу соя, ақлҳо сарзер аст,
Фардо зи пагаҳ биё, ки имшаб дер аст.
232
Эй фикри ту барбаста, на поят боз аст?!
Охир, ҳаракат низ, ки дидӣ, роз аст.
Андар ҳаракат, қабзи яқин баст шавад,
Оби чаҳу оби ҷав, бад-ин мумтозаст.
233
Он ҷоҳу ҷалоле, ки ҷаҳон афрӯз аст,
В-он сурати пинҳон, ки тарабро рӯз аст.
Имрӯз чу бо мост, дар ӯ овезем,
Дӣ рафту парер рафт, рӯз имрӯз аст.
234
Шогирди ту аст дил, ки ишқомӯз аст,
Монандаи шаб гирифта пойи рӯз аст.
Ҳар ҷо, ки равам сурати ишқ аст ба пеш,
Зеро рӯған дар пайи рӯғансӯз аст.
235
Ҳам зоҳиду ҳам обиду ҳам хунрез аст,
Хунрезии ӯ хулосаи парҳез аст.
Хуршед чу бо банда иноят дорад,
Айбе набувад, ки банда бегаҳхез аст.
236
Мар васли туро ҳазор соҳибҳавас аст,
То худ ба висоли ту киро дастрас аст?
Он кас, ки биёфт роҳате, ёфт тамом,
В-он кас, ки наёфт, ранҷи ноёфт бас аст.
237
Ҳарчанд ба ҳилм ёри мо ҷавркаш аст,
Лекин зории ошиқон низ х(в)аш аст.
Ҷони ошиқ чу гулситон механдад,
Тан меларзад чу барг, гӯйӣ табаш аст.
238
Дил ёди ту кард, чун ба ишрат бинишаст,
Ҷом аз соқӣ рабуду андохту шикаст.
Шӯрида бурун ҷаст, на ҳушёру на маст,
Овоза дарафтод, ки девона шудаст.
239
Эй дар дили ман нишаста, шуд вақти нишаст,
Эй тавбашикан, расид ҳангоми шикаст.
Он бодайи гулранг чунин ранге баст,
Вақт аст, ки чун гул биравад дасти ба даст.
240
Бо душмани ман ёр чу бисёр нишаст,
Бо ёр нашоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он гуле, ки бо хор нишаст,
Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.
241
Бо ишқ кулоҳ бар камардӯз хуш аст,
Бо нолаи сурнойи ҷигарсӯз хуш аст.
Эй мутриб, даффу нойро то ба саҳар,
Бинвоз бар ин сифат, ки то рӯз хуш аст.
242
Гӯянд, ки: «Ишқ, ақломез хуш аст,
Дар ҳар сифате, ки ҳаст, парҳез хуш аст».
Оре, суханат чун зари сурх аст, валек
Ҷон низ фидои Шамси Табрез хуш аст.
243
Ман бандаи он касам, ки бе мо-ш хуш аст,
Ҷуфти ғами он касам, ки танҳо-ш хуш аст.
Гӯянд: «Вафоҳо-ш чӣ лаззат дорад!»
З-онам хабаре нест, ҷафоҳо-ш хуш аст.
244
Дил рафт бари касе, ки бе мо-ш хуш аст,
Ғам хуш набувад, валек ғамҳо-ш хуш аст.
Ҷон мехоҳад, намедиҳам рӯзе чанд,
Ҷонро маҳале нест, тақозо-ш хуш аст.
245
Танҳо на ҳама хандаю симо-ш хуш аст,
Хашму сақату таънаю сафро-ш хуш аст.
Сар хостайӣ, гар бидиҳам ё надиҳам,
Сарро чӣ маҳал?! Лек тақозо-ш хуш аст.
246
Ҷонию ҷаҳонию ҷаҳон бо ту хуш аст
В-ар захм занӣ, захми синон бо ту хуш аст.
Худ маъдани кимиёст хоки кафи ту,
Ҳар чиз, ки нохуш аст, он бо ту хуш аст.
247
То занн набарӣ, ки ин замин бе ҳуш аст,
Бедору ду чашм баста, чун харгӯшаст.
Чун дик ҳазор каф ба сар меорад,
То халқ бидонанд, ки ӯ дар ҷӯш аст.
248
Ҳар дарвеше, ки дар шикасти хеш аст,
То занн набарӣ, ки ӯ хаёландеш аст.
Онҷо, ки саропардаи он хушкеш аст,
Аз кавну макону кулли олам беш аст.
249
Гӯянд: «Биё ба боғ, к-он ҷо лоғ аст,
Не заҳмати нузҳату на бонги зоғ аст.
Андар дили ман ранг-рази саббоғ аст,
К-андар пари ҳар зоғ, аз ӯ сад боғ аст».
250
З-он равнақи ҳар самоъ, овози даф аст,
З-он аст, ки даф захму ситамро ҳадаф аст.
Мегӯяд даф, ки: «Он касе даст бибарад,
К-ин захми паёпай дили ӯро алаф аст».
251
Он чист, к-аз ӯ самоъҳоро шараф аст?
В-он чист, ки чун рафт, маҳалли талаф аст?
Меояду меравад ниҳон, то донанд,
К-ин завқи самоъҳо, на аз ною даф аст.
252
Он пешраве, ки ҷони ӯ пешсаф аст,
Донад, ки ту баҳриву ҷаҳон ҳамчу каф аст.
Бе даффу нае рақс кунад ошиқи ту,
Имшаб чӣ кунад, ки ҳар тараф ною даф аст?!
253
З-он май мастам, ки нақши ҷомаш ишқ аст,
З-он аспсаворам, ки лаҷомаш ишқ аст.
Ишқи маҳи ман кори азимест, валек
Ман бандаи онам, ки ғуломаш ишқ аст.
254
Ишқ омаду тавбаро чу шиша бишикаст,
Чун шиша шикаст, кист, к-ӯ донад баст?!
Гар ҳаст шикастабанд, он ҳам ишқ аст,
Аз банду шикасти ӯ куҷо шояд ҷаст?!
255
Ҳарчанд фироқ пушти умед шикаст,
Ҳарчанд ҷафо ду дасти омол бибаст.
Навмед намешавад дили ошиқи маст,
Мардум бирасад ба ҳар чӣ ҳиммат дарбаст.
256
Сармаст бурун омад, аз базм аласт,
Маъшуқ дар оғӯшу майи ишқ ба даст.
Ман шири шароби ишқ мехӯрдаму ақл,
Мегуфт, ки: «Нӯш бодат, эй ишқпараст».
257
Ин шакли сафолини танам, ҷоми дил аст,
В-андешаи пухтаам, майи хоми дил аст.
Ин донайи дониш, ҳамагӣ доми дил аст,
Ин ман гуфтам, валек пайғоми дил аст.
258
Он рӯйтуруш нест, чунинаш феъл аст,
Мегӯяду мехӯрад, дар инаш феъл аст.
Он кас, ки бар ин чархи баринаш феъл аст,
Ин нест аҷаб, ки дар заминаш феъл аст.
259
Гӯянд, ки: «Соҳиби фунун, ақли кулл аст,
Моядеҳи ин чархи нагун ақли кулл аст».
Он ақл, ки ақл дошт, ӯ ҷузве буд,
Дар ақл зи ақл шуд, кунун ақли кулл аст.
260
Дар ишқ агар чӣ, ки қадам бар қадам аст,
Он аст қадам, ки он қадам аз қадам аст.
Дар хонайи нест ҳаст бинӣ бисёр,
Мемол ду чашмро, ки ағлаб адам аст.
261
Ногаҳ зи дарам даромад он дилбари маст,
Ҷоми маи лаъл нӯш карда бинишаст.
Аз дидану аз гирифтани зулфи чу шаст,
Рӯям ҳама чашм гашту чашмам ҳама даст.
262
Ҳар рӯз ба нав барояд ин дилбари маст,
Бо соғари пурфитнайи пуршӯр ба даст.
Гар бистонам, қаробаи ақл шикаст,
В-ар настонам, надонам аз дасташ раст.
263
Ӯ пок шудасту хом, ар дар ҳарам аст,
Дар киса бад-он равад, ки нақди дирам аст.
Қаллоб нашояд, ки шавад бо ӯ ёр,
Аз зид биҷаҳад в-агар яке муҳтарам аст.
264
Пое, ки ҳамерафт ба шабистон сармаст,
Дасте, ки ҳамечид зи гул даста ба даст.
Аз банду гушоди даҳани доми аҷал,
Он даст бурида гашту он пой шикаст.
265
Эй омада бомдод шӯридаву маст,
Пайдост, ки бода дӯш гиро будаст.
Имрӯз харобеву на рӯзи гашт аст,
Мастак мастак ба хона авлост нишаст.
266
Сад бор бигуфтамаш: «Чӣ ҳушёру чӣ маст,
Шӯхӣ макуну мазан ба ҳар шохе даст».
Азбаски дилат ба ину он дарпайваст,
Оби ту бирафту оташи мо бинишаст.
267
Ҳиҷрон хоҳӣ тариқи ушшоқ он аст
В-он к-ӯ моҳист, ҷони ӯ Уммон аст.
Гаҳ соя талаб кунанду гоҳе хуршед,
Он зарра, ки ӯ соя нахоҳад, ҷон аст.
268
Ман з-он ҷонам, ки ҷонҳоро ҷон аст,
Ман з-он шаҳрам, ки шаҳри бешаҳрон аст.
Роҳи он шаҳр роҳи бепоён аст,
Рав бе сару по шав, ки сару пой он аст.
269
Ҳар ҷон, ки аз он дилбари мо шодон аст,
Пайваста сараш сабзу лабаш хандон аст.
Андозайи ҷон наяст чунон лутфу ҷамол,
Оҳиста бигӯем, магар ҷонон аст.
270
Онро, ки бувад кор, на з-ин ёрон аст,
К-ин пешаи мо пешаи бекорон аст.
Ин роҳ, ки роҳи дузду айёрон аст,
Чӣ ҷои тавонгарону зардорон аст?!
271
Он дам, ки маро ба гирди ту даврон аст,
Соқию шаробу қадаҳу давр он аст.
В-он дам, ки туро таҷаллии эҳсон аст,
Ҷон дар ҳайрат, чу Мӯсии Умрон аст.
272
Рӯзе, ки маро ба назди ту даврон аст,
Соқию шаробу қадаҳу давр он аст.
В-он дам, ки туро таҷаллии эҳсон аст,
Ҷон дар тани ман, чу Мӯсии Умрон аст.
273
Он к-ӯ зи ниҳоли ҳусти шабхезон аст,
Чун маст ба ҳар шох даровезон аст.
Гар шохи тараб ҳомилаи фарзанд аст,
К-ӯ қурраи айни тарабангезон аст.
274
Аз ҷумла тамаъ буриданам осон аст,
Илло зи касе, ки ҷони моро ҷон аст.
Аз ҳар ки касе бурид, барои ту бурид,
Аз ту, кӣ бурад даме?! Киро имкон аст?!
275
То чеҳраи офтоби ҷон рахшон аст,
Сӯфӣ ба мисоли зарраҳо рақсон аст.
Гӯянд, ки: «Ин васвасаи шайтон аст»,
Шайтон латиф асту ҳаёти ҷон аст.
276
Имрӯз дар ин хона касе рақсон аст,
Ки кулли камол пеши ӯ нуқсон аст.
В-ар дар ту зи инкор раге ҷунбон аст,
Он моҳ дар инкори ту ҳам тобон аст.
277
Не бо ту нишастанам даме сомон аст,
Не бе ту даме зистанам имкон аст.
Андеша дар ин воқеа саргардон аст,
Ин воқеа нест, дарди бедармон аст.
278
Дар кӯйи ғами ту сабр, бефармон аст,
Дар дида зи ашки ту бар ӯ ҳирмон аст.
Дилро зи ту дардҳои бедармон аст,
Бо ин ҳама розиям, сухан дар ҷон аст.
279
Бо шаб гуфтам: «Гар ба маҳат эмон аст,
Ин зуд гузаштани ту аз нуқсон аст».
Шаб рӯй ба ман карду маро узре гуфт:
«Моро чӣ гунаҳ, чу ишқ бепоён аст».
280
Боз ой, ки ёр бар сари паймон аст,
Аз меҳри ту бар нагашт, сад чандон аст.
Ту бар сари меҳрӣ, ки туро як ҷон аст,
Ӯ чун бошад, ки ҷони ҷон ҷонон аст.
281
Дарнеҳ қадаме, ки чашмаи ҳайвон аст,
Мегард чу чарх, то маҳат гардон аст.
Ҷонест туро ба гирди ҳазрат, гардон,
Ин ҷон гардон зи гардиши он ҷон аст.
282
Ин гармоба, ки хонаи девон аст,
Хилватгаҳу оромгаҳи шайтон аст.
Дар вай парии парирӯхе пинҳон аст,
Пас куфр яқин камингаҳи имон аст.
283
Ҳар зарра, ки дар ҳавою дар кайвон аст,
Бар мо ҳама гулшан асту себистон аст.
Ҳарчанд ки зар зи роҳҳои кон аст,
Ҳар қатра тилисмест, дар ӯ Уммон аст.
284
Имшаб шаби он давлати бепоён аст,
Шаб нест, арӯсии худо ҷӯён аст.
Он ҷуфти латиф бо яке гӯён аст,
Имшаб тутуқи хуши накӯрӯён аст.
285
Дарнеҳ қадам, ар чӣ роҳ бепоён аст,
К-аз дӯр назора кори номардон аст.
Ин роҳ зи зиндагии дил ҳосил кун,
К-ин зиндагии тан сифати ҳайвон аст.
286
Умрест, ки ҷон бандаи бехештан аст
В-ангуштнамойи олами марду зан аст.
Бархостан аз ҷону ҷаҳон мушкил нест,
Мушкил зи сари кӯйи ту бархостан аст.
287
Он талх суханҳо, ки чунин дилшикан аст,
Инсоф бидеҳ, чӣ лойиқи он даҳан аст?!
Ширинлаби ӯ талх нагуфтӣ ҳаргиз,
Ин бенамакӣ зи шӯрбахтии ман аст.
288
Чун донистам, ки ишқ пайвасти ман аст,
В-он зулфи ҳазоршох, дар дасти ман аст.
Ҳарчанд ки дӣ масти қадаҳ мебудам,
Имрӯз чунонам, ки қадаҳ масти ман аст.
289
Дар аҳду вафо чунон ки дилдори ман аст,
Хун боридан ба рӯзу шаб кори ман аст.
Ӯ ёри дигар кардаву фориғ шиста,
Ман шиста чу аблаҳон, ки ӯ ёри ман аст.
290
Кас дил надиҳад бад-ӯ, ки хунхори ман аст,
Ҷон рафт, чӣ ҷойи кафшу дастори ман аст?!
Ту тез бирав, дило, ки ин кори ту нест,
Ин кори ман аст, кори ман аст, кори ман аст.
291
Гуфтам, ки: «Дилам олату ангози ман аст,
Монанди рубоб, дил ҳамовози ман аст».
Худ ин дили ман ёри каси дигар буд,
Ман мегуфтам: «Магар, ки ҳанбози ман аст».
292
Эй, аз ту дилам пурсуману ёсуман аст
В-аз давлати ту кист, ки ӯ ҳамчу ман аст?!
Бархостан аз ҷону ҷаҳон мушкил нест,
Мушкил зи сари кӯйи ту бархостан аст.
293
Гуфтам: «Ишқат қаробату хеши ман аст,
Ғам нест, ғам аз дили бадандеши ман аст».
Гуфто: «Ба камону тири худ менозӣ,
Гӯстохӣ маяндоз, гарав пеши ман аст».
294
Дар ҳар ҷузвам нишони маъшуқи ман аст,
Ҳар пора зи ман забони маъшуқи ман аст.
Чун чанг манам дар бари ӯ такя зада,
Ин нолаам аз бинони маъшуқи ман аст.
295
Хоки қадамат саодати ҷони ман аст,
Хок аз қадамат ҳама гулу ёсуман аст.
Сар то қадамат хоки ту бармерӯяд,
З-он хоки қадам, чӣ рӯй бардоштан аст?!
296
Дар васл ҷамолаш гули хандони ман аст,
Дар ҳаҷр хаёлаш дилу имони ман аст.
Дил бо ману ман бо дил аз ӯ дар ҷангам,
Ҳар як гӯем, ки: «Он санам они ман аст».
297
Ин бонги хуш аз ҷониби кайвони ман аст,
Ин бӯйи хуш аз гулшану бӯстони ман аст.
Он чиз, ки ӯ бар дилу бар ҷони ман аст,
То бар равад ӯ, куҷо равад?! Они ман аст.
298
Султони малоҳам маҳи мавзуни ман аст,
Дар силсилааш ин дили Маҷнуни ман аст.
Бар хоки дараш хуни ҷигар мерезам,
Ҳарчанд ки хоки ӯ беҳ аз хуни ман аст.
299
Аз аҳд магӯ, ки он на бар пойи ман аст,
Чун зулфи ту аҳди ман шикан дар шикан аст.
З-он бандшикан магӯ, ки андар лаби туст
Ё з-он оташ, ки аз лабат дар даҳан аст.
300
Бо дил гуфтам, ки: «Дил аз ӯ Ҷайҳун аст,
Дилбар турш асту бо ту дигаргун аст».
Хандид дилам, гуфт, ки: «Ин афсун аст,
Охир шакари турш бибинам чун аст».
301
Хуршеди рухат зи осмон берун аст,
Чун ҳусни ту, к-аз шарҳи забон берун аст.
Ишқи ту даруни ҷони ман ҷо дорад
В-ин турфа, ки аз ҷону ҷаҳон берун аст.
302
Ёре, ки ба ҳусн аз сифат берун аст,
Дар хона даромад, ки дили ту чун аст?
Ӯ домани худ кашону дил мегуфташ:
«Доман баркаш, ки хонаи пурхун аст».
303
Ҳар зарра, ки дар ҳавою дар ҳомун аст,
Некӯ нигараш, ки ҳамчу мо Маҷнун аст.
Ҳар зарра агар хуш аст, агар маҳзун аст,
Саргаштаи хуршед хуши бе чун аст.
304
Дилдор зариф аст, гуноҳаш ин аст,
Зебову латиф аст, гуноҳаш ин аст.
Охир ба чӣ айб мегурезанд аз ӯ?!
Аз айб афиф аст, гуноҳаш ин аст.
305
Гар дар васлӣ, биҳишти бо боғ ин аст,
Гар дар ҳаҷрӣ, дӯзахи бо доғ ин аст.
Ишқ аст қадим дар ҷаҳон пӯшида,
Пӯшида бараҳна мекунад, лоғ ин аст.
306
Эй банда, бидон, ки хоҷаи шарқ ин аст,
Аз абри гуҳарбори азал, барқ ин аст.
Ту ҳар чӣ бигӯйӣ аз қиёсе гӯйӣ,
Ӯ қисса зи дида мекунад, фарқ ин аст.
307
То ман бизиям пешаю корам ин аст,
Орому қарору ғамгусорам ин аст.
Рӯзам ин асту рӯзгорам ин аст,
Сайди инам, сайду шикорам ин аст.
308
Эй дил, туву дарди ӯ, ки дармон ин аст,
Ғам мехӯру дам мазан, ки фармон ин аст.
Гар пой бар орзӯ ниҳодӣ якчанд,
Кушти саги нафсрову қурбон ин аст.
309
Дур аст назар зи ту, баҳона ин аст,
К-ин дидаи мо ҳанӯз суратбин аст.
Аҳлияти рӯйи ту надорад, лекин
Чун барканад аз ту дил, ки ҷон ширин аст?!
310
Дар марг ҳаёт аҳли доду дин аст,
В-аз марг равони покро тамкин аст.
Он марг лиқост, не ҷафову кин аст,
Номурда ҳамемирад, дардаш ин аст.
311
Ҳушёр агар зар аст, агар заррин аст,
Асп аст, вале баҳош кам аз зин аст.
Ҳар к-ӯ ба харобот нашуд, аннин аст,
Зеро ки харобот усули дин аст.
312
Гуфтори ту зарру феълат арзиз ин аст,
Як ҳубба ба назди кас наярзӣ, з-ин аст.
Аспе, ки баҳош кам зи арзи зин аст,
Онро ту зи баҳри раҳ наварзӣ, з-ин аст.
313
Гӯянд, ки: «Ишқ оқибат таскин аст,
Аввал шӯр асту оқибат тамкинаст.
Ҷон аст зи осоиши санги зерин,
В-ин сурати беқарори боло ин аст».
314
Хуршеду ситорагону бадри мо ӯст,
Бӯстону сарову саҳни садри мо ӯст.
Ҳам қиблаю ҳам рӯзаю сабри мо ӯст,
Иду рамазону шаби қадри мо ӯст.
315
Ин синаи пурмашғала аз мактаби ӯст,
В-имрӯз, ки бемор шудам, аз ғами ӯст.
Парҳез кунам зи ҳар чӣ фармуд табиб,
Ҷуз аз маю шаккаре, ки он аз лаби ӯст.
316
Бар ҳар ҷое, ки сар ниҳам, масҷуд ӯст
Дар шаш ҷиҳату буруни шаш маъбуд ӯст.
Боғу гулу булбулу самоъу шоҳид,
Ин ҷумла баҳона аст, ҳама мақсуд ӯст.
317
Он кас, ки сарат бурид, ғамхори ту ӯст
В-он к-ӯ кулаҳат ниҳод, таррори ту ӯст.
В-он кас, ки туро бор диҳад, бори ту ӯст
В-он кас, ки туро бе ту кунад, ёри ту ӯст.
318
Андар дили ман даруну берун ҳама ӯст,
Андар тани ман ҷону рагу хун ҳама ӯст.
Ин ҷой чи гуна куфру имон гунҷад?!
Бе-чун бошад вуҷуди ман, чун ҳама ӯст.
319
Эй бехабар аз мағз шуда ғарра ба пӯст,
Ҳуш дор, ки дар миёни ҷон дорӣ дӯст.
Ҳис мағзи тан асту мағзи ҳиссат ҷон аст,
Чун аз тану ҳиссу ҷон гузаштӣ, ҳама ӯст.
320
Дилдор агар маро бидарронад пӯст,
Афғон накунам, нагӯям ин дард аз ӯст.
Моро ҳама душмананд, ӯ танҳо дӯст,
Аз дӯст ба душманон шикоят на накӯст.
321
Аз дӯстии дӯст нагунҷам дар пӯст,
Дар пӯст нагунҷам, ки шаҳам сахт накӯст.
Ҳаргиз назияд ба коми ошиқ, маъшуқ,
Маъшуқ, ки бар муроди ошиқ зияд, ӯст.
322
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст,
Ти кард маро зи хеш, пур кард зи дӯст.
Аҷзои вуҷуди ман ҳама дӯст гирифт,
Номест зи ман бар ману боқӣ ҳама ӯст.
323
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст,
Ти кард маро зи хеш, пур кард зи дӯст.
Аҷзои вуҷуди ман ҳама дӯст гирифт,
Номест зи ман бар ману боқӣ ҳама ӯст.
324
Ту кони ҷаҳонию ҷаҳон ними ҷав аст,
Ту асли ҷаҳонию ҷаҳон аз ту нав аст.
Гар машъалаю шамъ бигирад олам,
Бе оҳану санг он ба боде гарав аст.
325
Бар ман лаби васл баста медорад дӯст,
Дилро ба ано шикаста медорад дӯст.
З-ин пас ману дилшикастагӣ бар дари дӯст,
Чун дӯст дили шикаста медорад дӯст.
326
Эй, зикри ту монеъйи тамошои ту, дӯст,
Барқи рухи ту ниқоби симойи ту, дӯст.
Бо ёди лабат аз лаби ту маҳрумам,
Эй ёди лабат, ҳиҷоби лабҳойи ту, дӯст.
327
Хоҳӣ, ки туро кашф шавад ҳастии дӯст,
Даррав ба даруни мағзу бархез зи пӯст.
Зотест, ки гирди ту ҳуҷуб ту бар туст,
Ӯ ғарқаи худ, ҳар ду ҷаҳон ғарқаи ӯст.
328
Имшаб манаму тавофи кошонаи дӯст,
Мегардам то ба субҳ дари хонаи дӯст.
Зеро ки ба ҳар сабӯҳ мавсум шудаст,
К-ин косаи сабр будаст паймонаи дӯст.
329
Ҳар рӯз маро аз ту масоқоти нав аст,
Гӯшам зи саховати ту муждашунав аст.
Тамъе дигарам ҳаст зи дарёи кафат
В-он тамъ дигар банону моҳӣ гарав аст.
330
Масте зи раҳ омаду ба мо дарпайваст,
Соғар мегашт дар миён дасти ба даст.
Аз даст афтод ногаҳону бишикаст,
Ҷоме чӣ занад миёнайи чандин маст.
331
Эй ҷон, зи дили ту бар дили ман роҳ аст,
В-аз ҷустани он дар дили ман огоҳ аст.
Зеро дили ман чу оби софе хуш аст,
Оби софе ойинадори моҳ аст.
332
Бо шоҳ ҳар он касе, ки дар хиргоҳ аст,
Он аз караму лутфу атои шоҳ аст.
Дар шоҳ куҷо расӣ ба ҳар бехудие?!
З-он ҷониби бехудӣ, ҳазорон роҳ аст.
333
Ҳар ҷони азиз, к-ӯ шиносои раҳ аст,
Донад, ки ҳар он чӣ ояд, аз коргаҳ аст,
Бар зодаи чарху чарх чун ҷурм ниҳӣ?!
К-ин чарх зи гардидани худ бегунаҳ аст.
334
Дар сурати туст, ҳар он чӣ маънии ҳама-ст,
Дар маънии туст, он чӣ даъвии ҳама-ст.
Дар кавну фасод чун аҷаб бинҳоданд,
Нуре, ки салоҳи дину динии ҳама-ст.
335
З-он турки шакарфурӯш, ки дар дон аст,
Он кас набарад шакар, ки ӯ дар хон аст.
Шафтолуе чанд зудтар барёбам,
Чун зангӣ ба қасди орази туркон аст.
336
Ҳар сурат к-ояд, беҳ аз он, имкон ҳаст,
Чун беҳтар аз он ҳаст, на маъшуқи ман аст.
Суратҳоро бирон ҳама аз дили хеш,
Ту сурати бесурат ояд дар даст.
337
Гуфтӣ чунӣ? Банда чунон аст, ки ҳаст,
Савдойи ту бар сар асту сар ба сари даст.
Мегардад он чиз ба гирди сари мо,
Номаш натавон гуфт, валекин чӣ хуш аст!
338
Бар мо рақами хатопарастӣ ҳама ҳаст,
Бадномии ишқу шӯру мастӣ ҳама ҳаст.
Эй дӯст, чу аз замона мақсуд тӯйӣ,
Ҷойи гила нест, чун ту ҳастӣ, ҳама ҳаст.
339
Менол, ки он нола шунав, ҳамсоя-ст,
Менол, ки бонги тифл, меҳри доя-ст.
Ҳарчанд ки он дояи ҷон, худрояст,
Менол, ки нола ишқро сармоя-ст.
340
Дар дидаи сурат ар туро доме ҳаст,
З-он дам бигузар, агар туро гоме ҳаст.
Дар мужда ҳазор олам, онро, ки дилест,
Донад, ки на ҷунбишу на ороме ҳаст.
341
Ҳар рӯз дили маро самоъу тарабест,
Мегӯяд ҳуснаш, ки: «Бар ин низ маҳест».
Гӯянд: «Чаро хӯрӣ ту бо панҷ ангушт?»,
Зеро ангушт панҷ омад, шаш нест.
342
Ин фитна, ки андар дили танг аст, зи чист?
В-ин ишқ, ки қад аз ӯ чу чангаст, зи чист?
В-ин дил, ки дар ин қолаби ман дар шабу рӯз,
Бо ман зи барои ӯ ба ҷанг аст, зи чист?
343
Дилдорам гуфт, ки: «Он фалон зинда зӣ чист?
Ҷонаш чу манам, аҷаб, ки бе ҷон чун зист?»
Гирён гаштам, гуфт, ки: «Ин турфатар аст,
Бе ман, ки ду дидайи ваям, чун бигрист?».
344
Ту сер шудӣ, ман нашудам, дармон чист?
Бинмой иваз, худ ивази ҷонон чист?!
Гуфтӣ, ки: «Ба сабр охир имон дорӣ?»,
Эй дидайи имон, ҷази ту, имон чист?!
345
Ҳар зарраву ҳар хаёл, чун бедорист,
Аз шодиву андуҳони мо ҳушёрист.
Бегона чароед миёни хешон,
К-аз бохабарон бехабарӣ, бад корест.
346
Медон, ки даруни ту мисоли ғорест,
В-андар паси он ғор аҷаб бозорест.
Ҳар кас ёре гирифту коре бигузид,
Ин ёри ниҳонист! Аҷоиб ёрест!
347
Ҳошо, ки ба олам зи ту хуштар ёрест,
Ё хубтар аз дидани рӯят корест.
Андар ду ҷаҳон дилбару ёрам, ту басӣ,
Ҳам партави туст ҳар куҷо дилдорест.
348
То дар дили ман сурати он рашки парист,
Дилшод чу ман дар ин ҳама олам кист?!
Валлоҳ ба ҷуз шод намедонам зист,
Ғам мешунавам, вале намедонам чист.
349
Он кас, ки ба рӯйи хуб, ӯ рашки парист,
Омад саҳариву бар дили ман бигирист.
Ӯ гаряву ман гиря, ки то омад субҳ,
Пурсид, к-аз ин ҳар ду аҷаб, ошиқ кист?
350
Як чашми ман аз рӯзи ҷудойӣ бигирист,
Чашми дигарам гуфт: «Чаро?! Гиря зи чист?»
Чун рӯзи висол шуд, фарозаш кардам,
Гуфтам: «Нигаристӣ, набояд нигарист».
351
Дӣ, он-к зи сӯйи бом бар мо нигарист,
Ё ҷони фаришта аст, ё рӯҳи парист.
Мурда-ст ҳар он, ки бе рухи хубаш зист,
Бе ӯ ба хабар будан, аз бехабарист.
352
Дӯш аз сари лутф, ёр дар мо нигарист,
Гуфто: «Бе мо чигуна битвонӣ зист?»
Гуфтам: «Ба худо, чунонки моҳӣ бе об»,
Гуфто, ки: «Гуноҳи туст», бар мо бигирист.
353
З-он рӯз, ки чашми ман ба рӯят нигарист,
Як дам нагузашт, к-аз ғамат хун нагирист.
Заҳрам бодо, ки бе ту мегирам ҷом,
Маргам бодо, ки бетуам бояд зист.
354
Як бор бимурдаму маро кас нигарист,
Гар бори дигар зинда шавам, донам зист.
Эй карда ту қасди ман, туро бо ман чист?
Ё сӯҳбати аблаҳон, ҳама деки тиҳист?
355
Гуфтам, ки: «Биё», ба хашм дар ман нигарист,
Ман низ ба ҳол гуфтамаш, «К-ин дағалист!».
Гуфтам, ки: «Чӣ мерамӣ? В-инат бо кист?
Ту мурдайи айнӣ, ҳама номуси ту чист?!».
356
Ишқе, ки аз ӯ вуҷуди беҷон мезист,
Ин ишқи чунин латифу ширин аз чист?
Андар тани мост ё бурун аз тани мост,
Ё дар назари Шамси Ҳақи Табрезист?
357
То бо ту зи ҳастии ту ҳастӣ боқист,
Эмин манишин, ки бутпарастӣ боқист.
Гирам, бути пиндор шикастӣ охир,
Он бут, ки зи пиндор бирастӣ, боқист.
358
Бо най гуфтам, ки: «Бар ту бедод зи кист?
Бе ҳеч зиён, нолаву фарёд зи чист?»
Най гуфт: «Зи шакарлабе буриданд маро,
Бе нолаву фарёд, намедонам зист».
359
Эй хар, хабарат ҳаст, ки бар пушти ту кист?
По бар сари чарх неҳ, ки бори ту парист.
Ҳаммоли касе шудӣ, ки андар ҳама умр,
Хуршед ба рӯи ӯ наёрад нигарист.
360
Эй ҷон, хабарат ҳаст, ки ҷонони ту кист?
В-эй дил, хабарат ҳаст, ки меҳмони ту кист?
Эй тан, ба ҳар ҳила раҳе меҷӯйӣ,
Ӯ мекушадат, бибин, ки ҷӯёни ту кист.
361
Ёре, ки ба назди ӯ гулу хор якест,
Дар мазҳаби ӯ мусҳафу зуннор якест.
Зинҳор, ба назди ӯ касеро мафирист,
К-ӯро хари лангу асби раҳвор якест.
362
Ҳон, эй дили хаста, рӯзи мардонагияст,
Дар ишқи туам чӣ ҷойи бегонагияст?
Ҳар чиз, ки дар тасарруфи ақл ояд,
Бигзор, кунун навбати девонагияст.
363
Бо ҳастиву нестиям бегонагист,
В-аз ҳар ду буриданам на мардонагист.
Гар ман зи аҷоибе, ки дар дил дорам,
Девона намешавам, зи девонагист.
364
Сармояйи ақл сирри девонагист,
Девонаи ишқ мардӣ фарзонагист.
Он кас, ки шуд ошнойи дил дар раҳи дард,
Бо хештанаш ҳазор бегонагист.
365
Гум бод саре, ки сарваронро по нест
В-он дил, ки ба ҷон ғарқаи он савдо нест.
Гуфтанд: «Дар ин миён нагунҷад мӯе»,
Ман мӯй шудам, аз он маро гунҷо нест.
366
Эй ақл, бирав, ки оқиле ин ҷо нест,
Гар мӯй шавӣ, мӯи туро гунҷо нест.
Рӯз омаду рӯз ҳар чароғе, ки фурӯхт,
Дар шӯълаи офтоб ҷуз расво нест.
367
Ин ишқ шаҳ асту рояташ пайдо нест,
Қуръон ҳақ асту ояташ пайдо нест.
Ҳар ошиқ аз ин сайд тире хӯрдаст,
Хун мехӯраду ҷароҳаташ пайдо нест.
368
Оби ҳайвон дар обу гил пайдо нест,
Дар меҳри дилат меҳргусил пайдо нест.
Чандин хиҷил аз кист, хиҷил пайдо нест,
Ин роҳ бизан, ки роҳи дил пайдо нест.
369
Кас нест, ки андар ҳавасе шайдо нест,
Кас нест, ки андар сараш ин савдо нест.
Сарриштаи он завқ, к-аз ӯ хезад шавқ,
Пайдост, ки ҳаст он, вале пайдо нест.
370
Ин мастии мо зи бодаи хумро нест
В-ин бода ба ҷуз дар қадаҳи савдо нест.
Ту омадайӣ, ки бодайи ман резӣ,
Ман он мастам, ки бодаам пайдо нест.
371
Мурғи ҷонро майл сӯйи боло нест,
Дар шаш ҷиҳаташ пар задану парво нест.
Гуфтӣ: «Ба куҷо парад, ки онро ёбад?»,
Не, худ ба куҷо парад, ки он он ҷо нест?!
372
То шаб мегӯ, ки: «Рӯзи моро шаб нест,
Дар мазҳаби ишқу ишқро мазҳаб нест.
Ишқ он баҳрест, к-аш карону лаб нест,
Бас ғарқа шаванду нолаю ё раб нест».
373
Чунӣ ту туруш? Магар шакар ёрат нест?
Ё ҳаст шакар, вале харидорат нест?
Ё кор намедониву саргашта шудӣ?
Ё медонӣ, зи косиде корат нест?
374
Гар оҳ кунам, оҳ бад-ин қонеъ нест
В-ар хок шавам, шоҳ бад-ин қонеъ нест.
В-ар саҷда кунам чу соя ҳар сӯ ҳама шаб,
Пинҳон чӣ кунам?! Моҳ бад-ин қонеъ нест.
375
Кӯчак будан бузургро кӯчак нест,
Ҳам кӯдакӣ аз камол хезад, шак нест.
Гар з-он, ки падар ҳадиси кӯдак гӯяд,
Оқил донад, ки он падар кӯдак нест.
376
Ошиқ набувад он-к сабук чун ҷон нест,
Шаб ҳамчу ситора гирди маҳ гардон нест.
Аз ман бишунав, ки ин сухан бӯҳтон аст,
Бе боду ҳаво рақси алам имкон нест.
377
Чун дилбари ман миёни дилдорон нест,
Ӯро чу ҷаҳон ҳалокату поён нест.
Гар хирасаре ранҷ занад, гу мезан,
Маъшуқа аз ин латифтар имкон нест.
378
Ин хӯ, ки турост, ҳар касе ҷӯён нест,
Ҳар чарх зи оби ҷӯйи ту гардон нест.
Ҳар кас накашад камон, камон арзон нест,
Рустам бояд, ки кори номардон нест.
379
Хӯе ба ҷаҳон хубтар аз хӯйи ту нест,
Дил нест, ки ӯ мӯътакифи кӯйи ту нест.
Мӯйӣ сари чист, ҷумла сарҳои ҷаҳон,
Чун менигарам фидои як мӯйи ту нест?
380
Дилдор зи пардае, к-аз он сӯ, сӯ нест,
Мегуфт бади ман, ар чи онаш хӯ нест.
Чун дид маро, зуд сухан гардонид,
К-ӯ они ман аст, ин сухан бо ӯ нест.
381
Эй шаб, зи майи ту мар маро мастӣ нест,
Бехобии ман газофу сардастӣ нест.
Хобам чу фалак бар осмон парридаст,
Зеро ҷустам басе, дар ин пастӣ нест.
382
Аз беёрӣ зарифтар ёре нест
В-аз бекорӣ латифтар коре нест.
Ҳар кас, ки зи айёриву ҳила бибурид,
Валлоҳ, ки чу ӯ зираку айёре нест.
383
Осуда касе, ки дар каму бешӣ нест,
Дар банди тавонгарию дарвешӣ нест.
Фориғ зи ғами ҷаҳону аз халқи ҷаҳон
Бо хештанаш ба диррае хешӣ нест.
384
Он қозии мо чу дигарон қозӣ нест,
Майлаш ба сӯи атласу миқрозӣ нест.
Шуд қозии мо ошиқ аз рӯзи азал,
Бо ғайри қазои ишқ ӯ розӣ нест.
385
Эй ҷону ҷаҳон, ҷону ҷаҳон боқӣ нест,
Ҷуз ишқи қадим шоҳиду соқӣ нест.
Бар каъбаи нестӣ тавофе дорад,
Ошиқ чу зи каъба аст, офоқӣ нест.
386
Эй он, ки чу ту дар ин ҷаҳон поке нест,
Зебою латифу чусту чолоке нест.
З-ин таъна дар ин роҳ басе хоҳад буд,
Бо мо ту чӣ гунайӣ, дигар боке нест.
387
Гар домани васли ту кашам, ҷанге нест
В-ар таънайи ишқат шунавам, нанге нест.
Бо васли хушат мезанаму мегирам,
Васле, ки дар ӯ фироқро ранге нест.
388
Сирест раҳи ишқу дар ӯ даъвӣ нест,
Зеро ки сифоти ӯ ба ҷуз маънӣ нест.
Мар ошиқро ҷавоб аз фатвӣ нест,
Ин масъала нестист, аз ҳастӣ нест.
389
Чизест, ки дар ту бе ту ҷӯёни вай аст,
Дар хоки ту дуррест, ки аз кони вай аст.
Монандаи гӯйи асп чавгони вай аст,
Он дораду он дораду он они вай аст.
390
Саргаштадило, ба дӯст аз ҷон роҳест,
Эй гумшуда, ошкору пинҳон роҳест.
Гар шаш ҷиҳатат баста шавад, боке нест,
К-аз қаъри ниҳодат сӯйи ҷонон роҳест.
391
Берун зи ҷаҳони куфру имон ҷоест,
К-он ҷо на мақоми ҳар тару раъноест.
Ҷон бояд доду дил ба шукронаи ҷон,
Онро, ки таманнои чунин маъвоест.
392
Аз куфру зи ислом бурун саҳроест,
Моро ба миёни он фазо савдоест.
Ориф чу бад-он расид, сарро биниҳад,
На куфру на ислом, на он ҷо ҷоест.
393
Гар шарм ҳаме аз ону ин бояд дошт,
Пас айби касон зери замин бояд дошт.
В-ар ойинавор неку бад бинмойӣ,
Чун ойина рӯйи оҳанин бояд дошт.
394
Не бе зару зӯр шаҳ сипаҳ битвон дошт,
Не бе дилу заҳра раҳ нигаҳ битвон дошт.
Дар сангистон қароба он кас бибарад,
К-аз санг қаробаро нигаҳ битвон дошт.
395
Моро ба дами пир нигаҳ натвон дошт,
Дар хонаи дилгир нигаҳ натвон дошт.
Онро, ки сари зулфи чу занҷир бувад,
Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.
396
Омад бари ман, чу дар кафам зар пиндошт,
Чун дид, ки зар нест, вафоро бигзошт.
Он ҳалқайи гӯши ӯ чунин пиндорад,
К-он ҷо, ки зар аст, гӯш мебояд дошт.
397
Сунбул чу сари итоби зулфи ту надошт,
Дар олами ҳусн оби зилфи ту надошт.
Ҳарчанд ки лофи обдорӣ мезад,
Печид басеву тоби зулфи ту надошт.
398
Лутфи ту ҷаҳоневу қароне афрошт
В-ин таъбияҳои худ ба чизе бингошт.
Як қатра аз он об дар ин баҳр чакид,
Як дона зи анбор дар ин саҳро кошт.
399
Бо рӯз биҷангем, ки чун рӯз гузашт,
Чун сел ба ҷӯйбору чун бод ба дашт.
Имшаб нанишинем чу он маҳ бигирифт,
То рӯз ҳамезанем тосу лаби ташт.
400
Эй ҳасрати хубони ҷаҳон, рӯйи хушат
В-эй қиблаи зоҳидон, ду абрӯйи хушат.
Аз ҷумла сифоти хеш урён гаштам,
То ғӯта хӯрам бараҳна, дар ҷӯйи хушат.
________________________________________________________
К Продолжению: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2326320.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe

  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments