Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 401 - 600


К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2326262.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
401
Эй, ҳар бедор бо хабарҳои ту ҷуфт,
Эй, ҳар ки бихуфт, дар бари лутфи ту хуфт.
Эй, он-к ба ҷуз ту нест пайдову нуҳуфт,
Аз бими ту беш аз ин намеёрам гуфт.
402
Бо ҷони дурӯза ту чунон гаштӣ ҷуфт,
Бо ту сухани марг намешояд гуфт.
Ҷон толиби манзил асту манзил марг аст,
Аммо хари ту миёнаи роҳ бихӯфт.
403
Ишқат ба дилам даромаду шод бирафт,
Боз омаду рахти ишқ бинҳод, бирафт.
Гуфтам ба такаллуф: «Ду-се рӯзе бинишин»,
Биншаст, кунун рафтанаш аз ёд бирафт.
404
Шоҳе, ки шафеъи ҳар гунаҳ буд, бирафт,
В-он шаб, ки беҳ аз ҳазор маҳ буд, бирафт.
Гар боз ояд маро наёбад, ту бигӯ:
«К-ӯ ҳамчу шумо бар сари раҳ буд, бирафт».
405
Шоҳе, ки шафеъи ҳар гунаҳ буд, бирафт,
В-он шаб, ки беҳ аз ҳазор маҳ буд, бирафт.
Гар боз ояд маро наёбад, ту бигӯ:
«К-ӯ ҳамчу шумо бар сари раҳ буд, бирафт».
406
Ҳуснат, ки ҳама ҷаҳон фусунаш бигирифт,
Дарду ҳасади ҳасуд чунаш бигирифт?
Зардии рухат зи гармию хушкӣ нест,
Азбас ошиқ ки кушт, хунаш бигирифт.
407
Гар ҷумлаи офоқ ҳама ғам бигирифт,
Беғам бувад он-к ишқ маҳкам бигирифт.
Як зарра нигар, ки пой дар ишқ бикӯфт,
Он зарра чунон шуд, ки ду олам бигирифт.
408
То меҳри нигори бовафоям бигирифт,
Мис будам, ӯ чу кимиёам бигирифт.
Ӯро ба ҳазор даст ҷӯён гаштам,
Ӯ даст дароз карду поям бигирифт.
409
Дил рафт сари роҳи дилистон бигирифт
В-аз ишқ ду зулфи ӯ ба дандон бигирифт.
Пурсид: Кийӣ ту? Чу даҳон бикшодам,
Ҷаст аз даҳанам, роҳи биёбон бигирифт.
410
Ақл омаду панди ошиқон пеш гирифт,
Дар раҳ бинишасту раҳзанӣ кеш гирифт.
Чун дар сарашон ҷойгаҳи панд надид,
Пойи ҳама бӯсиду сари хеш гирифт.
411
Гуфтӣ: «Гаштам малулу савдо-м гирифт,
Тосаи дил аз ин кору аз ин ҷом гирифт».
Тарсам биравӣ ҷомадарон боз ойӣ,
К-он гурги даранда боз танҳо-м гирифт.
412
Кас ҳалқаи он зулфи чу шастат нагирифт,
То бода аз он ду чашми мастат нагирифт.
Метаъна зананд душманонам шабу рӯз,
К-аз пой даромадиву дастат нагирифт.
413
Нагрифт дилат, з-он-к туро дил нагирифт,
Онро, ки гирифт дил, ғами гул нагирифт.
Боре гули ман ҷуз сифати дил нагирифт,
Беҳосилам ҷуз раҳи ҳосил нагирифт.
414
Мурғи дили ман чу тарки ин дона гирифт,
Инсоф бидеҳ, ки нек мардона гирифт.
Аз дил чу бимонд, дилбараш даст гирифт,
Аз ҷон чу биҷаст, пойи ҷонона гирифт.
415
Гар бар сари шаҳвату ҳаво хоҳӣ рафт,
Кардам хабарат, ки бенаво хоҳӣ рафт.
В-ар даргузарӣ аз ин, бубинӣ ба аён,
К-аз баҳри чӣ омадӣ, куҷо хоҳӣ рафт.
416
Гуфтам: «Биҷаҳам ҳамчу кабӯтар зи кафат»,
Гуфт: «Ар биҷаҳӣ, кунад ғамам мустахафат».
Гуфтам, ки: «Шудам хору забуни талафат».
Гуфт: «Аз талафи ман аст иззу шарафат».
417
Онро, ки ғаме бувад битвонад гуфт,
Ғам аз дили худ бигуфт битвонад руфт.
Ин турфа гуле нигар, ки моро бишкуфт,
Не ранг тавон намуду не рӯй нуҳуфт.
418
Бо ту суханони безабон хоҳам гуфт,
Аз ҷумлаи гӯшҳо ниҳон хоҳам гуфт.
Ҷуз гӯши ту нашнавад ҳадиси ман кас,
Ҳарчанд миёни мардумон хоҳам гуфт.
419
Мансури Ҳалоҷе, ки аналҳақ мегуфт,
Хоки ҳама раҳ ба нӯки мижгон меруфт.
Дур қулзуми нестийи худ ғӯтӣ хӯрад,
Он гаҳ пас аз он дурри аналҳақ месуфт.
420
Бо ҳар ки нишастӣ, ки нашуд ҷамъ дилат
В-аз ту нарамид заҳмати обу гилат.
Зинҳор, ту парҳез кун аз суҳбати ӯ
В-ар не, накунад ҷони азизон биҳилат.
421
Рафтӣ сӯйи саҳро ба пару пойи дилат,
Саҳро гум шуд миёни паҳнои дилат.
Саҳро чӣ бувад, ки ҳафт гардуни баланд
Каффест гушода пеши дарёи дилат?
422
Дилхастаю зору нотавонам зи ғамат,
Хуноба зи дида мебиронам зи ғамат.
Ҳарчанд ба лаб расид ҷонам зи ғамат,
Ғамгин гардам чу боз монам зи ғамат.
423
Саргашта чу осиёи гардон кунамат,
Бе сар гардон, чу гӯйи гардон кунамат.
Гуфтӣ: «Биравам бо дигаре дарсозам»
Бо ҳар кӣ бисозӣ, зуд вайрон кунамат.
424
Мастам зи хумори абҳари ҷодӯят,
Дафъам чи диҳӣ, чу омадам бар кӯят?!
Ман сер намешавам зи лаб тар кардан,
Он беҳ, ки маро дарафканӣ дар ҷӯят.
425
Гуфтам: «Чашмам, ки ҳаст хоки кӯят,
Пуроб мадор бе рухи некӯят».
Гуфто, ки: «На бас бувад, ки дар давлати ман,
Аз ман ҳама умр бошад оби рӯят?!».
426
Андар сари ман набуд ҷуз ройи салоҳ,
Андар шабу рӯз, пок ҷӯёйи салоҳ.
Имсол чунонам, ки наёрам гуфтан,
Як соли дигар войи ману войи салоҳ.
427
Эй рӯйи ту аз латофат ойинаи рӯҳ,
Хоҳам, ки қадамҳойи хаёлат ба сабӯҳ,
Дар дида кашам, вале зи тири мижаам,
Тарсам, ки шавад пои хаёлат маҷрӯҳ.
428
Сад сол бақои он бути маҳваш бод,
Тири ғами ӯро дили ман тиркаш бод.
Бар хоки дараш бимирад хуш-хуш дили ман,
Ё раб, кӣ дуо кард, ки хокаш хуш бод?!
429
Андар дили бевафо ғаму мотам бод,
Онро, ки вафо нест, зи олам кам бод!
Дидӣ, ки маро ҳеч касе ёд накард,
Ҷуз ғам, ки ҳазор офарин бар ғам бод.
430
Пайваста сарат сабзу лабат хандон бод,
Ҷону дили ошиқон зи ту шодон бод.
Он кас, ки туро бинаду шодӣ накунад,
Сарзеру сияҳгилему саргардон бод.
431
Анвори салоҳи дин барангехта бод,
Дар дидаю ҷони ошиқон рехта бод.
Ҳар ҷон, ки латиф гашту аз лутф гузашт,
Бо хоки салоҳи дин даромехта бод.
432
Нойе бибурид аз найистон устод,
Бо нуҳ сӯроху одамаш ном ниҳод.
Эй най, ту аз ин лаб омадӣ дар фарёд,
Он лабро бин, ки ин лабатро дам дод.
433
То бо ғами ишқи ту маро кор афтод,
Бечора дилам дар ғами бисёр афтод.
Бисёр фитода буд ҳам дар ғами ишқ,
Аммо на чунин зор, ки ин бор афтод.
434
То гавҳари ҷон дар ин табоеъ афтод,
Ҳамсоя шуданд бо вай, ин чор фасод.
З-ангури бад, ангургузин ранг гирифт,
Ҳамсояи бад худой касро мадиҳод.
435
Моро ҳама ранҷ аз тамаъи хом афтод,
В-аз шаҳвату нафсу хориши ком афтод.
Мурғе, ки барои дона дар дом афтод,
Андар қафаси тангу лаби бом афтод.
436
Қадди алифам зи ишқ чун ҷим афтод,
Он сӯ, ки туйӣ, ҳусн дар он тим афтод.
Он хубии боқийи ту, эй ҷону ҷаҳон,
Дил бистаду андар пайи боқи-м афтод.
437
Чун дида бар он орази чун сим афтод,
Ҷон дар лаби ту чу ҳалқаи мим афтод.
Намрудсифат зи дидагон рафт дилам,
Дар оташи савдои бароҳим афтод.
438
Хобам зи хаёли рӯйи ту пушт бидод,
В-аз ту зи хаёли ту ҳамехоҳам дод.
Хобам бишуду даст ба домони ту дод,
Хобам худ мурд, чун хаёли ту бизод.
439
Бархезу бихусп, ёр дастури ту дод,
Аз ҳад бигузашт заҳмат, озод, озод!
То ман монам, ки хоби ман боз бимурд.
Чандон,ки бар ӯ хоб бувад, умри ту бод!
440
Хоҳам, ки равад рӯзи ту дар айшу мурод,
Фил ободо, ки айш ҳамроҳи ту бод!
Кай боз хӯрад зи ғуссаат холиқи ранҷ,
Кай боз хӯрад зи пашшаат, фил обод?!
441
Эй хоҷа, бигӯ ту бандайӣ ё озод,
Банда, ки хирад барои зиштию фасод.
Эй дастбароварда, туро даст кӣ дод?
Бигзор муроди хеш, к-ӯрост мурод!
442
Эй сарви равон, бод хазонат марасод,
В-эй чашми ҷаҳон, чашми бадонат марасод.
Эй он-к ту ҷони осмониву замин,
Ҷуз роҳату ҷуз раҳмати ҷонат марасод.
443
Ишқ он бошад, ки халқро дорад шод,
Ишқ он бошад, ки доди шодиҳо дод.
Моро модар назод, он ишқ бизод,
Сад раҳмату офарин бар он модар бод.
444
Он рафт, ки будаме ман аз ишқи ту шод,
Аз ишқи ту меноядам аз ишқи ту ёд.
Асбобу илал ба пеши ман омад бод,
Бар баҳр куҷо бувад зи каҳгил бунёд?
445
Эй аз қадамат хоқи замин хурраму шод,
Шуд ҳомила аз шодию сад ғунча бизод.
З-ин ғалғалае фитод дар анҷуму чарх,
Дар ғалғала чашми моҳ бар наҷм фитод.
446
Он кас, ки бар оташи ҷаҳонам биниҳод,
Сад гуна забона бар забонам биниҳод.
Чун шаш ҷиҳатам шӯълаи оташ бигирифт,
Оҳ кардаму даст бар даҳонам биниҳод.
447
Як сӯ мишкоти амри пайғом ниҳод,
Як сӯйи дигар ҳазоргун дом ниҳод.
Ҳар неку баде, ки аввалу охар рафт,
Ӯ мекунаду баҳона бар ом ниҳод.
448
Аҷри деҳи арвоҳиву султони абад,
Гарчӣ ба лақаб Баҳоудиниву Валад.
Магзор, ки соғари вафо даршиканад,
Чун шиша шикаст, пойи мастон бихалад.
449
Дар ишқи ту ақли зуфунун мехуспад,
Муштоқи дар оташ андарун мехуспад.
Бе дидаву дил, агар нахуспам, чӣ аҷаб?!
Хун гашт маро ду дида, хун мехуспад?!
450
Он сар, ки бувад бехабар аз вай, хуспад,
Он кас, ки хабар ёфт аз ӯ, кай хуспад?!
Мегӯяд ишқ дар ду чашмам ҳама шаб:
«Эй вой бар он касе, ки бар вай хуспад».
451
Гар бо дилу дида ҳеч корам афтад,
Дар вақти висол он нигорам афтад.
Хуни дилу оби дидаро меборам,
То он дилу дида дар канорам афтад.
452
Чун бадномӣ ба рӯзгоре афтад,
Мард он набувад, ки номдоре афтад.
Гар дурр хоҳӣ зи қаъри дарё талабӣ,
К-он каф бошад, ки бар каноре афтад.
453
Дар хидматат, эй ҷон, чу бадан меафтад,
З-он саҷдаи сахти хештан меафтад.
Ҳар бор, ки андар қадамат меафтам,
Ҷон дар ботин ба пойи ман меафтад.
454
Ин турфа, ки ёр дар ба даман гунҷад,
Ҷони ду ҳазор тан дар ин тан гунҷад.
Дар як гандум ҳазор хирман гунҷад,
Сад олам дар чашмаи сӯзан гунҷад.
455
Шодам, ки ғами ту дар дили ман гунҷад,
Зеро ки ғамат ба ҷойи равшан гунҷад.
Он ғам, ки нагунҷид дар афлоку замин,
Андар дили чун чашмаи сӯзан гунҷад.
456
Он ҷо, ки ба ҳар сухан дили мо гардад,
Ман медонам, ки зуд расво гардад.
Чандон бикунад ёди ҷамоли хуши ту,
К-аз ҳар нафасаш нақши ту пайдо гардад.
457
Он рӯз, ки чашми ту зи ман баргардад,
Дар дасти ту куштанам муяссар гардад.
Дар ғуссаи онам, ки кӣ хоҳад узрат,
Гар чашми ту дар мотами ман тар гардад.
458
Марде, ки ба ҳасту нест қонеъ гардад,
Ҳасту адам ӯро ҳама монеъ гардад.
Мавқуфи сифоту феъли кӣ бошад ӯ,
К-аз сунъ бурун ояду сонеъ гардад?!
459
Ғам кай бар ошиқони бедил гардад?!
Ошиқ ҳама гирди зулфи силсил гардад.
Ҷони ошиқ рубоб дар дил дорад,
Ҳарчанд ба пардаҳои мушкил гардад.
460
Маъшуқа чу офтоб тобон гардад,
Ошиқ ба мисоли зарра гардон гардад.
Чун боди баҳори ишқ ҷунбон гардад,
Ҳар шох, ки хушк нест, рақсон гардад.
461
Ғам кист, ки гирди дили мардон гардад?
Ғам гирди фусурдагону сардон гардад.
Андар дили мардони худо дарёест,
К-аз мавҷи хушаш гунбади гардон гардад.
462
Ин ишқ ба ҷониби далерон гардад,
Оҳуст, ки ӯ бобати шерон гардад.
Ин хонаи ишқ аз азал маъмур аст,
Мепиндорӣ, ки бе ту вайрон гардад.
463
Эй он-к зи ту мушкилам осон гардад,
Сарву гулу боғ масту эҳсон гардад.
Гул сармаст асту хор бадмасту хумор,
Ҷоме дардеҳ, ки ҷумла яксон гардад.
464
Ғам кай бари бандагони султон гардад?!
Он ҷо ҳама бахтҳойи хандон гардад.
Чизи дигаре ҳаст фузун аз шодӣ,
Он дар сари пурхумори мастон гардад.
465
Чун шоҳиди пӯшида хиромон гардад,
Ҳар пӯшида зи ҷома урён гардад.
Бас рахти бахил, к-он гаравгон гардад,
Гар санг бувад чу кон, дурафшон гардад.
466
Ҳар шаб, ки дили сипеҳр гулшан гардад,
Олам ҳама сокин чу дили ман гардад.
Сад оҳ бароварам зи ойинаи дил,
Ойинаи дил зи оҳ равшан гардад.
467
Хун дар дили ошиқон чу Ҷайҳун гардад,
Ошиқ чу кафе бар сари он хун гардад.
Ҷисми ту чу осиёву обаш ишқ аст,
Чун об набошад, осиё чун гардад?!
468
Ин дам чизе дар сари мо мегардад,
Дил мурғ шудасту дар ҳаво мегардад.
Ҳар пораи ман ҷудо-ҷудо мегардад,
Он ёр магар гирди вафо мегардад?!
469
Ин сир, ки дар ин синайи мо мегардад,
Аз гардиши ӯ чарх дуто мегардад.
Не сар донад зи пову не пой зи сар
Андар сару по бе сару по мегардад.
470
Имшаб чи латифу бонаво мегардад,
Лутфе дорад, ки кас бад-он пай набарад.
Андар гулу сунбуле, ки арвоҳ чарад,
Хира шуд хобу рӯ ба рӯ менигарад.
471
Андар рамазон хоки ту зар мегардад,
Чун санг, ки сурма шуд, басар мегардад.
Он луқма, ки хӯрдайӣ, қазар мегардад
В-он сабр, ки кардайӣ, назар мегардад.
472
Ин маст ба бодаи дигар мегардад,
Қарроба тиҳӣ гашт, ба сар мегардад.
Эй муҳтасиб, ин масти маро дарра мазан,
Ҳарчанд зани-ш масттар мегардад.
473
Дар ёр назар кунам, хиҷил мегардад
В-ар нангарамаш, офати дил мегардад.
Дар оби рухаш ситорагон пайдоянд,
Бе оби вай обам ҳама гил мегардад.
474
Он роҳати ҷон гирди дилам мегардад,
Гирди дилу ҷони хиҷилам мегардад.
З-ин гил чу дарахт сар барорам хандон,
К-оби ҳайвон гирди гулам мегардад.
475
Ҳар луқмаи хуш, ки дар даҳон мегардад,
Меҷӯшаду софаш ҳама ҷон мегардад.
Хуршеду маҳу фалак аз он мегардад,
То ҳар чӣ ниҳон бувад, аён мегардад.
476
Ҳарчанд сухан гирди даҳан мегардад,
Нақши аҷабе гирди сухан мегардад.
Хира манигар, ки гирди худ мегардад,
Онро бинигар, ки гирди ман мегардад.
477
Ҳар дил, ки хароби он лаби вай гардад,
Дар боғу баҳору лаби ҷӯ кай гардад?!
Дар шохи дарахт бод дармепечад,
То саҷдаи шохҳо паёпай гардад.
478
Ёре, ки маро дар ғами худ мебандад,
Ғамгин аз он-к хуш дилам напсандад.
Чун бинад ӯ маро, ки ман ғамгинам,
Пинҳон-пинҳон, шакар-шакар механдад.
479
Моҳе, ки камар гирди қамар мебандад,
Ғамгин аз он-к хуш дилам напсандад.
Чун бинад ӯ, ки ман чунин гирёнам,
Пинҳон-пинҳон, шакар-шакар механдад.
480
Ҳар к-ӯ бикушода гираҳе мебандад,
Бар ҳоли худу ҳоли ҷаҳон механдад.
Гӯянд сухан зи васлу ҳиҷрон охир,
Чизе, ки ҷудо нагашт, чун пайвандад?
481
Ширинсухане дар дили мо механдад,
Бар Хусраву Ширин сухане мебандад.
Гаҳ тунд кунад марову гаҳ ром шавад,
Гаҳ ром кунад марову ӯ метундад.
482
Меояд ёр, чун шакар механдад
В-аз мартаба бар шамсу қамар механдад.
Ин як назаре, ки дар ҷаҳон маҳрами ӯст,
Ҳам пинҳонӣ бад-он назар механдад.
483
Сӯзи дили ошиқон шарарҳо дорад,
Дарди дили бедилон асарҳо дорад.
Нашнидастӣ оҳи дили сӯхтагон,
Бар ҳазрати раҳматаш гузарҳо дорад?!
484
Гар ҷӯр кунӣ аҳд, чӣ қимат дорад?!
Чун заҳр диҳӣ, шаҳд чӣ қимат дорад?!
Гар ҷониби халқ ҷаҳд некӯ кор аст,
Аз ҷониби ман ҷаҳд чӣ қимат дорад?!
485
Хуш одату хуш хӯ, ки Муҳаммад дорад,
Моро шаби тира бе наво нагзорад.
Бинвозад он рубобро то ба саҳар
В-ар хоб ояд, гулушро бифшорад.
486
Рӯз омаду ғавғои ту дар бар дорад,
Шаб омаду савдои ту дар сар дорад.
Кори шабу рӯз нест, ин кори ман аст,
Кай ду хари ланг бори ман бардорад?!
487
Имрӯз хуш аст, он-к дили хуш дорад,
Аз ҷоми азал ҷони қадаҳкаш дорад.
Дар оби ҳаёт ғӯта дорад дили ӯ,
То ғам хӯрад он-к дар дил оташ дорад.
488
Чашми ту ҳазор сеҳри мутлақ дорад,
Сад ҷону ҳазор ҷон муаллақ дорад.
Зулфат куфр асту дин, рух чун қамар аст,
Аз куфр нигар, ки дин чӣ равнақ дорад.
489
Ман бандаи он ҷон, ки чу ҷонам дорад,
Сарсабз чу боғу бӯстонам дорад.
Як лаҳза нишонайи ҷаҳонам дорад,
Як лаҳза чу хеш бенишонам дорад.
490
Бемораму ғам дар имтиҳонам дорад,
Аммо ғами ӯ тарру ҷавонам дорад.
Ин турфа нигар, ки ҳар чӣ дар ранҷӯрӣ,
Берун ғамаш хӯрам, зиёнам дорад.
491
Имрӯз хуш аст, ҳар кӣ ӯ ҷон дорад,
Рӯ бар кафи пойи мири хубон дорад.
Чун булбули маст доғи ҳиҷрон дорад,
Мискин шабу рӯз дар гулистон дорад.
492
Ҳар мӯй зи зулфи ӯ яке ҷон дорад,
Моро чу сари зулф парешон дорад.
Донӣ, ки маро ғами фаровона чарост?
З-он аст, ки ӯ нози фаровон дорад.
493
Ҷавзе, ки дарунаш мағзи ширин дорад,
Дурҷе, ки дар ӯ дурри хушоин дорад.
Чандин зи ҳасад шикастани ӯ маталаб,
Гар бишкани-ш, ҳазор чандин дорад.
494
Ишқи ту ба ҳар савмаъа мастӣ дорад,
Бозори бутон аз ӯ шикасте дорад.
Дасти ғами ту ба ҳарду олам бирасид,
Алҳақ ғами ту дароздастӣ дорад.
495
Ҷонам зи ҳавоҳойи ту доде дорад,
Берун зи муродҳо муроде дорад.
Бар бод диҳам хеш, дар ин бодийи ишқ,
К-ин бода зи савдойи ту боде дорад.
496
Дил бо ҳавас аз ту зоду буде дорад,
Бо сояйи ту гуфтушунуде дорад.
Лоҳавл ҳамекунам, валекин лоҳавл,
Дар ишқ гумон мабар, ки суде дорад.
497
Он кас, ки зи обу гил нигоре дорад,
Рӯзе ба висоли ӯ қароре дорад.
Эй нодира, он-к з-обу гил берун шуд,
К-ӯ чун ту ғариб шаҳриёре дорад.
498
Ҷони чу самандарам нигоре дорад,
Дар оташи ӯ чӣ хӯш қароре дорад.
Он бодийи лабҳош бигардон соқӣ,
К-аз вай сари ман аҷаб хуморе дорад.
499
Аз рӯйи ту рӯйи ман ҷомоле дорад,
Чашмам зи раҳат хуб хаёле дорад.
Аз ту ҷигарам оби зулоле дорад,
Имрӯз самоъи мо камоле дорад.
500
Он кас, ки зи чарх ними ноне дорад
В-аз баҳри мақом ошёне дорад.
Не толиби кас бувад, на матлуби касе,
Гӯ: «Шод бизӣ», ки хӯш ҷаҳоне дорад.
501
Он васвасае, ки шармҳоро бибарад
В-он доияе, ки бандҳоро бидарад.
Чун сер бараҳна шавад аз расми ҷаҳон,
Дар ишқ ҷаҳонро ба пиёзе нахарад.
502
Байту ғазалу шеъри маро об бибурд,
Рахте, ки надоштем, селоб бибурд.
Неку баду зӯҳду порсоии маро
Маҳтоб бидоду боз маҳтоб бибурд.
503
Гар хоб ояд, дил кабобаш бибарад,
Чун зулмати шаб, ки офтобаш бибарад.
Меояд оби дида, менояд хоб,
Тарсад, ки агар биёяд, обаш бибарад.
504
Шод он-к ҷамоли моҳтобаш бибарад,
Соқии карам масту хобаш бибарад.
Меояд оби дида, менояд хоб,
Тарсад, ки агар биёяд, обаш бибарад.
505
Ишқи ту саломат зи ҷаҳон мебибарад,
Ҳаҷри ту аҷал гашт, ки ҷон мебибарад.
Он дил, ки ба сад ҳазор ҷон менадиҳанд,
Як хандаи ту ба ройгон мебибарад.
506
Ҷон маҳрами даргоҳ ҳемебояд бурд,
Дил пурғаму пуроҳ ҳаме бояд бурд.
Аз хеш ба мо роҳ наёбӣ ҳаргиз,
Аз мо сӯйи мо роҳ ҳаме бояд бурд.
507
Кас аз хами чавгони ту гӯйе набарад
В-аз васли ту раҳ ба ҷустуҷӯе набарад.
Гар Юсуф, чашм ҳамчу Яъқуб кунад,
Аз пираҳани ҳусни ту бӯе набарад.
508
Ид омаду аз ту ид, идона барад,
Аз хирмани моҳи иди ту дона барад.
Инаш бирасад, ки рӯй бар моҳ кунад,
Инаш нарасад, ки моҳи нав, хона барад.
509
Хуш ҷой, ки ёри дилситонам мебурд,
Берун зи ҷаҳон ҷисму ҷонам мебурд.
Гуфтам: «Наравам», баҳонаҳо мекардам,
Гуфто: «Биравӣ», кашон, кашонам мебурд.
510
Мурғи малаке з-он сӯйи гардун паррад,
Он сӯй, ки сӯй нест, он сун паррад.
Он мурғ, ки аз байзаи симурғ бизод,
Ҷуз ҷониби симурғ бигӯ, чун паррад?
511
Рӯзе, ки бувад дилат зи ҷонон пурдард,
Шукрона, ҳазор ҷон фидо бояд кард.
К-андар раҳи ишқу ошиқӣ, эй сарамард,
Бе шукр қафойи некӯвон натвон хвард.
512
Ҳам софаму ҳам софаму ҳам тираву дурд,
Ҳам пираму ҳам пираму ҳам кӯдаки хурд.
Гар ман бимирам, маро магӯед, ки «мурд»,
Гӯ: «Мурда будам, зинда шудам, дӯст бибурд».
513
Ҳам куфраму ҳам динаму ҳам софаму дурд,
Ҳам пираму ҳам ҷавону ҳам кӯдаки хурд.
Гар ман бимирам, маро магӯед, ки «мурд»,
Гӯ: «Мурда буду зинда шуду дӯст бибурд».
514
Бар хок назар кунад, чу бар мо гузарад,
То чеҳраи мо ба хок бар, рашк барад.
Беҳ з-он набувад, ки пеши ӯ хок шавем,
Бошад, ки бар ин тариқ дар мо гузарад.
515
Субҳ асту сабо мушкфишон мегузарад,
Дарёб, ки аз кӯи фалон мегузарад.
Бархез! Чӣ хуфтӣ, ки ҷаҳон мегузарад,
Бӯйе биситон, ки корвон мегузарад.
516
Киштӣ, ки ба дарёи равон мегузарад,
Мепиндорад, ки найситон мегузарад.
Мо мегузарем з-ин ҷаҳон дар реҳлат,
*(строка потеряна)
517
Дил дар ғами ишқ мубтало хоҳам кард,
Ҷонро сипари тири бало хоҳам кард.
Умре, ки на дар ишқи ту бигзоштаам,
*(строка потеряна)

518
Имшаб соқӣ ба мушк май гардон кард,
Дил яғмо бурду даст дар имон кард.
Чандон майи лаъл рехт, то тӯфон кард,
Якбора висоқи ақлро вайрон кард.
519
Мутриб, ки тарона гуфт ё афғон кард,
Бар тамъ умеди силлаю эҳсон кард.
Чун сурати эҳсон зи ту рӯ пинҳон кард,
Дурр аст, чу санг ройгон натвон кард.
520
Гуфтам: «Ҷонӣ, ба тарки ҷон натвон кард»,
Гуфто: «Ҷонро чу тан нишон натвон кард».
Гуфтам, ки: «Ту баҳри карамӣ». Гуфт: «Хамӯш!
Дурр асту чу санг ройгон натвон кард».
521
Дар гиряи хун маро шакарханди ту кард,
Бебанди ту дар ҷаҳон маро банди ту кард.
Мефармойӣ, ки аҳду савганди ту кӯ?
Бадаҳд маро на аҳду савганди ту кард.
522
Хомӯш маро зи гуфт, гуфтори ту кард,
Бекор маро ҳаловати кори ту кард.
Бигрехтам аз доми ту дар хонаи дил,
Дил дом шуду маро гирифтори ту кард.
523
Дӣ боғ зи дай шукри саломат мекард,
Бар рӯйи шукуфаҳо аломат мекард.
Он сарви чаман даъвии қомат мекард,
Гул хандазанон бар ӯ қиёмат мекард.
524
Ҳошо, ки дил ишқи ҷаҳонро нигарад,
Худ чист, ба ҷуз ишқ, ки онро нигарад?
Безор шавам зи чашм дар рӯзи аҷал,
Гар ишқ раҳо кунад, ки ҷонро нигарад.
525
Он дил, ки ба шоҳиди ниҳон дарнигарад,
Кай ҷониби мулкати ҷаҳон дарнигарад.
Безор шавам зи чашм дар рӯзи аҷал,
К-он рӯй раҳо кунад, ба ҷон дарнигарад.
526
Он чиз, ки беруну дарун менигарад,
Дар аҳли ҷунун ба сад фунун менигарад.
Дар дида нигар, ки дида чун менигарад
В-он кист, ки аз дида бурун менигарад.
527
Кӣ гуфт, ки он зиндаи ҷовид бимурд?
Кӣ гуфт, ки офтоби умед бимурд.
Он душмани хуршед баромад бар бом,
Ду чашм бубасту гуфт: «Хуршед бимурд».
528
Кӣ гуфт, ки рӯҳи ишқангез бимурд?
Ҷабрили амин зи дашнаи тез бимурд?
Он кас, ки чу иблис дар истез бимурд,
Ӯ пиндорад, ки Шамси Табрез бимурд.
529
Онро манигар, ки зуфунун ояд мард,
Дар аҳду вафо нигар, ки чун ояд мард.
Аз ӯҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,
Аз ҳар чӣ сифат кунӣ, фузун ояд мард.
530
Боз омаду он зулф ба хам боз овард
В-он шӯру шару зулму ситам боз овард.
Он моҳ, ки Зӯҳраро алам кард нагун,
По дор, ки он таблу алам боз омад.
531
Ҷон рӯй ба олами ҳумоюн овард,
В-аз чуну чигуна дил ба бечун овард.
Он роз, ки то кунун ҳамебуд ниҳон,
Аз зери ҳазор парда берун овард.
532
Рӯзи шодист, ғам чаро бояд хӯрд?!
Имрӯз май аз ҷоми вафо бояд хӯрд.
Чанд аз кафи хаббозу сақо ризқ хӯрем?!
Як чанд гаҳ аз кафи худо бояд хӯрд.
533
Донӣ, сӯфӣ баҳри чӣ бисёр хӯрад?
Зеро, ки ба айём яке бор хӯрад.
Бигзор ин дам, то гулу гулнор хӯрад,
То чанд чу уштур зи ғам ӯ хор хӯрад.
534
Заҳр аз кафи ёри симбар битвон хӯрд,
Талхи суханаш ҳам чу шакар битвон хӯрд.
Бас бонамак аст ёру бас бонамак аст,
Ҷое, ки намак бувад, ҷигар битвон хӯрд.
535
Ошиқ бояд, ки то равад, бода хӯрад,
То пардаи ақлу шарми худро бидаранд.
Ман бода куҷо хӯрам?! В-агар з-он ки хӯрам,
Андар сари ман ақл наёбад, чӣ барад?!
536
Дар мағзи фалак чу ишқи ту ҷо гирад,
То арш ҳама фитнаву ғавғо гирад.
Чун рӯҳ шавад ҷаҳон, на болову на зер,
Чун ишқи ту рӯҳро зи боло гирад.
537
Рӯзе, ки вуҷудҳо тавалло гирад,
Рӯзе, ки адам ҷониби аъло гирад.
То қабзаи шамшери кӣ олояд хун,
То оташи иқболи кӣ боло гирад?
538
Магзор, ки ғусса дар миёнат гирад,
Ё васвасаҳои ин ҷаҳонат гирад.
Рав, шарбати ишқ дар даҳон неҳ шабу рӯз,
З-он пеш, ки ҳукми ҳақ даҳонат гирад.
539
Магзор, ки васваса забунат гирад,
Чун мор ба ҳилаву фусунат гирад.
То он маҳи бечун кунад оҳанги гирифт,
Ҳайрон шавад осмон, ки чунат гирад.
540
Он рӯз, ки ҷонам раҳи кайвон гирад,
Аҷзои танам хоки парешон гирад.
Бар хок ба ангушт ту бинвис, ки: Хез,
То барҷаҳам аз гӯру танам ҷон гирад.
541
Чун субҳи валои ҳақ дамидан гирад,
Ҷон дар тани зиндагон тапидан гирад.
Ҷое бирасад мард, ки дар ҳар нафасе,
Бе заҳмати чашм дӯст дидан гирад.
542
Хуршеди камарбаста ба пешат мирад,
В-он моҳи ҷигархаста ба пешат мирад.
В-он сарву гули руста ба пешат мирад,
Ин дилшуда пайваста ба пешат мирад.
543
Ин танҳойӣ ҳазор ҷон беш арзад,
Ин озодӣ мулки ҷаҳон беш арзад.
Дар хилват як замона бо ҳақ будан,
Аз ҷону ҷаҳону ину он беш арзад.
544
Аз одамие даме ба ҷоне арзад,
Як мӯй, к-аз ӯ фитад, ба коне арзад.
Ҳам одамие бувад, ки аз сӯҳбати ӯ,
Нодидани ӯ мулки ҷаҳоне арзад.
545
Зулфи ту ба ҳусни зуфинҳо барзад,
Дар молиши анбар остинҳо барзад.
Мушкаш гуфтам, аз ин сухан тоб овард,
Дарҳам шуду хештанзаминҳо барзад.
546
Эй он-к нахуст сеҳр бар чашми ту зад,
В-з бонамакӣ роҳи назар чашми ту зад.
Он кас, ки чу тӯтиёш иззат додӣ,
Омад ба тариқи шакар чашми ту зад.
547
Гар сабр кунам ҷомаву ҷон месӯзад,
Ҷони ману ҷони ҷумлагон месӯзад.
В-ар бонг бароварам, даҳон месӯзад,
Чӣ ҷойи даҳон?! Ҳарду ҷаҳон месӯзад.
548
Он рӯз, ки ишқ бо дилам бистезад,
Ҷон пойбараҳна аз миён бигрезад.
Девона касе, ки оқилаш пиндорад,
Оқил марде, ки ӯ зи ман бигрезад.
549
Ишқ он хуштар, к-аз ӯ балоҳо хезад,
Ошиқ набувад, ки аз бало парҳезад.
Мардона касе бувад , ки дар ҷодаи ишқ,
Чун ишқ ба ҷон расад, зи ҷон бархезад.
550
Аз ишқи ту оташи ҷавонӣ хезад,
Дар сина ҷамолҳои ҷонӣ хезад.
Гар мекушиям, бикуш, ҳалол аст туро,
К-аз куштани дӯст зиндагонӣ хезад.
551
Обе, ки аз ин дида чу хун мерезад,
Хун аст, биё, бубин, ки чун мерезад.
Пайдост, ки хуни ман чӣ бардошт кунад,
Дил мехӯраду дида бурун мерезад.
552
Аз ишқи ту дарё ҳама шӯр ангезад,
Дар пои ту абрҳо дурр мерезад.
Аз ишқи ту барқе ба замин афтодаст,
Ин дуд дар осмон аз он мехезад.
553
Чун «Зерафканд» дар «Ироқ» омезад,
Дил ақл раҳо кунад, зи тан бигрезад.
Ман оташаму чу дард мебархезам,
Ҳар оташро, ки дард мебархезад.
554
Ҳамроҳи хушию дилкашӣ номезад,
Ҳуш дору макун каж, ки қадаҳ мерезад.
Дар олами хок бод дар сар кардан,
Шак нест, ки ҳар лаҳза ғуборе хезад.
555
Он кас , ки дами дил аз «аналҳақ» мезад,
Имрӯз дар ин расан муаллақ мезад.
В-он кас, ки зи чашми сеҳр мутлақ мезад,
Бар худ зи ғамат ҳазоргун дақ мезад.
556
Дӣ чашми ту рои сеҳри мутлақ мезад,
Рӯйи ту раҳи гунбади азрақ мезад.
То доштӣ офтоб дар сояи зулф,
Ҷон бар сифати зарра муаллақ мезад.
557
Онро , ки зи ишқи дӯст бедод расад,
Аз раҳмату фазли ӯш имдод расад.
Кӯтоҳии умр бин, ба васлам дарёб,
Кӯтоҳиро васл ба фарёд расад.
558
Бо суди висоли ту зиёнат нарасад,
Ҷони ту, ки заҳмате ба ҷонат нарасад.
Метарсонад туро, ки то ҳар нафасе,
Пурдил шавию чашми бадонат нарасад.
559
Меҷӯшад дил, то ки ба ҷӯши ту расад,
Беҳуш шудаст, то ба ҳуши ту расад.
Менӯшад заҳр, то ба нӯши ту расад,
Чун ҳалқа шудаст, то ба гӯши ту расад.
560
Кай бошад, к-ин неш ба нӯши ту расад,
Заҳрам ба лаби шакарфурӯши ту расад.
Зеро ки ту кимиёи бепоёнӣ,
Эй хуш хоме, ки ӯ ба ҷӯши ту расад.
561
Хоҳам гарде, ки аз ҳавойи ту расад,
Бошад, ки ба дида хоки пойи ту расад.
Ҷонам зи ҷафо хурраму хандон бошад,
Зеро зи ҷафо бӯйи вафойи ту расад.
562
Хуршед кӣ бошад, ки ба рӯйи ту расад,
Ё боди сабуксар, ки ба мӯйи ту расад.
Ақле, ки кунад хоҷагии шаҳри вуҷуд,
Девона шавад, чун сари кӯйи ту расад.
563
Он лаҳза, ки аз пираҳанат бӯй расад,
Ман худ чӣ кунам?! Чархи фалак ҷома дарад.
Он пираҳани Юсуфи хушбӯй куҷост,
К-имрӯз зи пироҳани ту бӯй расад?
564
Девона миёни халқ пайдо бошад,
Зеро ки савори аспи савдо бошад.
Девона касе бувад, ки ӯро бишинохт,
Девонайи пеши мо шиносо бошад.
565
Аз наздикие, ки дилситонро бошад,
Ман занн набарам, ки низ ҷонро бошад.
Валлаҳ, накунам ёд ман ӯро ҳаргиз,
З-он рӯй, ки ёд ғоибонро бошад.
566
Бар банда биханд, то савобат бошад
В-аз банда шакарханда ҷавобат бошад.
Мегирям зор, то шаробат бошад,
Месӯзад ин дил, ки кабобат бошад.
567
Бар банда биханд, то савобат бошад
В-аз банда шакарханда ҷавобат бошад.
Мегирям зор, то шаробат бошад,
Месӯзад ин дил, ки кабобат бошад.
568
Гар ҳар ду ҷаҳон зи хори ғам пур бошад.
Аз хор натарсад он, ки уштур бошад.
В-ар ҷону ҷаҳон зи ғусса олуда шавад,
Покиза шавад, чу ишқ гозур бошад.
569
Зиндони ман аз наҷот хуштар бошад,
Нафрини ман аз набот хуштар бошад.
Шамшери ман аз ҳаёт хуштар бошад,
Ёқути ман аз закот хуштар бошад.
570
Савдои туро баҳонае бас бошад,
Мадҳуши туро таронае бас бошад.
Дар куштани мо чӣ мезанӣ теғи ҷафо?!
Моро сари тозиёнае бас бошад.
571
Дашном,ки аз лаби ту маҳваш бошад,
Чун лаъл бувад, ки аслаш оташ бошад.
Нашгуфт, ки дашноми ту дилкаш бошад,
Ҳар бод, ки бар гул гузарад, хуш бошад.
572
Бӯйи дами муқбилон чу гул хуш бошад,
Бадбахт чу хор тезу саркаш бошад.
Дар суҳбати гул хор зи оташ бираҳад,
В-аз суҳбати хор гул дар оташ бошад.
573
Кай ғам хӯрад он-к шоди мутлақ бошад?!
В-он дил, ки бурун зи чархи азрақ бошад?!
Тухми ғамро куҷо пазирад чу замин.
Он, к-аз ҳавасаш фалак муаллақ бошад.
574
Дар синайи ҳар ки заррае дил бошад,
Бе ишқи ту зиндагиш мушкил бошад.
Бо зулфи чу заҷири гиреҳ бар гиреҳат,
Девона касе бувад, ки оқил бошад.
575
Гуфтӣ, ки бигӯ, забон чӣ маҳрам бошад,
Маҳрам набувад, ҳар чӣ дар олам бошад.
Валлаҳ, натавон ҳадиси он дам гуфтан,
Бо ӯ, ки сиришти хоки Одам бошад.
576
Кай ғам хӯрад он, ки бо ту хуррам бошад?!
В-аз нури ту офтоби олам бошад.
Асрори ҷаҳон чӣ гуна пӯшида шавад,
Бар хотири он-к бо ту маҳрам бошад?!
577
Он рӯз, ки рӯзи абру борон бошад,
Шарт аст, ки ҷамъияти ёрон бошад.
З-он рӯй, ки ёр ёрро тоза кунад,
Чун маҷмаи гул, ки дар баҳорон бошад.
578
Мурғе, ки зи боғи покбозон бошад,
Ҳам саркашу ҳам сархушу нозон бошад.
Гар сар кашад ӯ, зи саркашон мерасадаш,
К-андар сари ӯ ғурури бозон бошад.
579
Гармо на ҳама танӯри сӯзон бошад,
Ногаҳ зи дарам даройӣ, гарм он бошад.
Сармо на ҳама сарди зимистон бошад,
Чун ваъда диҳӣ, наёйӣ, сард он бошад.
580
Аз мо бути аёр гурезон бошад
В-аз ёрии мо ёр гурезон бошад.
Ӯ ақли мунаввар асту мо масти вайем,
Ақл аз бари хаммор гурезон бошад.
581
Кори ошиқ тарона гуфтан бошад,
Зикри бути бенишона гуфтан бошад.
Ё қиссаи дому дона гуфтан бошад,
Ё тарки дукону хона гуфтан бошад.
582
Гар ошиқро фанову мурдан бошад,
Ё дар раҳи ишқ ҷон супурдан бошад.
Пас лоф бувад, он-ч бигуфтанд,ки ишқ
Аз айни ҳаёт об хӯрдан бошад.
583
Бишнав, агарат тоби шунидан бошад,
Пайвастани ӯ зи худ буридан бошад.
Хомӯш кун он ҷо, ки ҷаҳони назар аст,
Чун гуфтани эшон ҳама дидан бош.
584
Ҷавзе, ки дарунаш мағзи ширин бошад,
Дурҷе, ки дар ӯ дури хушоин бошад.
Чандин зи ҳасад шикастани ӯ маталаб,
Гар бишканияш, ҳазор чандин бошад.
585
Хоҳам, ки дилам бо ғами ӯ хӯ бошад,
Гар даст диҳад, ғамаш чӣ некӯ бошад.
Ҳон, эй дили бедил, ғами ӯ дар бар гир,
То чашм занӣ, худ ғами ӯ ӯ бошад.
586
Дар ишқ на пастӣ, на баландӣ бошад,
Не беҳушӣ, не ҳушмандӣ бошад.
Қуройиву шайхиву муридӣ набувад,
Қаллошиву камзаниву риндӣ бошад.
587
Ҷое, ки дар ӯ чун ту нигоре бошад,
Куфр аст, ки он ҷой қароре бошад.
Ақле, ки туро бинаду аз сар наравад,
Саркӯфта бод, ки зишт море бошад.
588
Ҷоне, ки дар ӯ аз ту хаёле бошад,
Кай он ҷонро нақлу заволе бошад.
Маҳ дар нуқсон гарчи ҳилоле бошад,
Нуқсони вай оғози камоле бошад.
589
Ҳар файз асари иллати авло бошад,
Сурат ҳама мақбули ҳаюло бошад.
Ҳар ҷузв зи кул бувад, вале лозим нест,
К-он ҷо ҳама кул қобили аҷзо бошад.
590
Ҳар ҷо, ки туро тарасалое бошад,
Бигрез, ки зери он балое бошад.
Ҳар ҷо, ки диле ғазалсарое бошад,
Вайронии хонаву сарое бошад.
591
Ишқе омад, ишқҳо савдо шуд.
Сӯзидаму хокистари ман ҳам «ло» шуд.
Боз аз ҳаваси сӯзи ту хокистари ман
Во гашту ҳазор бор суратҳо шуд.
592
Шаб чун дили ушшоқ пур аз савдо шуд,
Аз чашми баду неки ҷаҳон пинҳон шуд.
Бо хуни дилам чун сафари пинҳонӣ
Гӯянд ишорате, ки вақти он шуд.
593
Дарвеш, ки асрори ниҳон мебахшад,
Ҳар дам мулке ба ройгон мебахшад.
Дарвеш касе нест,ки нон металабад,
Дарвеш касе бувад, ки ҷон мебахшад.
594
Бисёр туро хаста-равон бояд шуд,
В-ангуштнамойи ину он бояд шуд.
Гар одамийӣ бисоз бо одамиён
В-ар чун малакӣ, бар осмон бояд шуд.
595
Тире бизадам тир ба боло бар шуд,
Зад бар дили мӯъминеву нафрингар шуд.
Гуфто, ки сари дилат қазое сар шуд,
Тирам ҳақ буд, он қазое сар шуд.
596
Ту ҷонию ҳар зинда ғами ҷон бикашад,
Ҳар к-он дорад, муаннаси он бикашад.
Ҳар ҷон, ки чу корд бо ту дар банди зар аст,
Гар теғ занӣ, аз буни дандон бикашад.
597
Ин турфа ҷамоате, ки ҷоншон бикашад,
В-ин нодира, к-оби ҳайвоншон бикашад.
Гар фош кунанд, мардумоншон бикашад,
В-ар ишқ ниҳон кунанд, оншон бикашад.
598
Чашмат, санамо, ҳазор дилдор кушад,
Он нолаи зери ӯ ҳама зор кушад.
Шоҳони замона хасм бар дор кашанд,
Он наргиси бедори ту бе дор кашад.
599
Андешаи ҳушёри ту ҳушёр кушад,
Зораш кушаду ба зории зор кушад.
Шоҳони замона хасм бар дор кашанд,
Он давлати бедори ту бе дор кушад.
600
Эй дӯст, ба ҳар сухан касе ёр кушад?!
В-он гоҳ чӣ ёр? Ёри ғамхор кушад.
Худ дӯст магир, душмане гир маро,
Кас душмани хешро чунин зор кушад.
________________________________________________________
К Продолжению: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2326597.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe

  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments