Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 601 - 800


К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2326320.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
601
Мегӯяд ишқ: «Ҳар ки ҷон пеш кашад,
Сад ҷону ҳазор ҷон иваз беш кашад»,
Дар гӯши ту бин, ишқ чиҳо мегӯяд,
То гӯшкашонат ба сӯи хеш кашад.
602
Шӯр овардам, ки гови гардун накашад,
Девонагие сад чу Маҷнун накашад.
Ҳам ман бикашам, ки ҷони ту ҷони ман аст,
Ҷони худро бигӯ, касе чун накашад.
603
Сад марҳала з-он сӯйи хирад хоҳам шуд,
Фориғ зи вуҷуди неку бад хоҳам шуд,
Азбас хубӣ, ки дар паси парда манам,
Эй бехабарон, ошиқи худ хоҳам шуд.
604
Он зарра, ки ҷуз ҳамдами хуршед нашуд,
Бар нақд заду сахраи уммед нашуд.
Ишқат ба кадом сар дарафтод, ки зуд
Аз боди ту рақсон чу сари бед нашуд.
605
Аз лутфи ту ҳеч банда навмед нашуд,
Мақбули ту чун муқбили ҷовид нашуд,
Лутфат ба кадом зарра пайваст даме,
К-он зарра беҳ аз ҳазор хуршед нашуд.
606
Бе ёрии ту дил ба сӯи ғор нашуд,
То лутфи ғамат надид ғамхор нашуд,
Ҳар чиз, ки бисёр шавад, хор шавад,
Ғамҳои ту бисёр шуду хор нашуд.
607
Дил аз паи дилдор басе тохту нашуд,
Ҳар хушку таре, ки дошт, дарбохту нашуд.
Бечора ба кунҷи сина биншаст ба макр,
Ҳар ҳилаю фан, ки дошт, пардохту нашуд.
608
Ман бандаи он ақл, к-аз ӯ Маҷнун шуд,
Сад ҷон арзад диле, к-аз ӯ пурхун шуд.
Валлаҳ, ки ҳаме рашк барад оби ҳаёт
З-ашке, ки зи чашми ошиқон берун шуд.
609
То дар дили ман ишқи ту афрӯхта шуд,
Ҷуз ишқи ту ҳар чӣ доштам сӯхта шуд.
Ақлу сабақу китоб бар тоқ ниҳод,
Шеъру ғазалу дубайтӣ омӯхта шуд.
610
Бо ҳар ки дами ишқи ту омехта шуд,
Гӯйӣ, ки бало бар сари ӯ рехта шуд.
Мансур зи сирри ишқ медод нишон,
Ҳалқаш ба таноби ғайрат овехта шуд.
611
Кас воқифи он ҳазрати шоҳона нашуд,
То бедилу беақл сӯйи хона нашуд.
Девона касе буд, ки ӯ рӯйи ту дид
В-он гаҳ зи ту дур монду девона нашуд.
612
Бо рӯйи ту ҳеҷ кас зи боғ андешад,
Бо ишқи ту аз шамъу чароғ андешад.
Гӯянд, ки қуввати димоғ аз хоб аст,
Ошиқ бошад, ки аз димоғ андешад.
613
Он ёр, ки ақлҳо шикораш мешуд,
В-он ёр, ки кӯҳҳо қарораш мешуд.
Гуфтам: «Сари зулфи худ буридӣ?!». Гуфто:
«Бисёр сар андар сари кораш мешуд».
614
Дил банда бар он қумрии ҷонӣ шуд,
Як нукта бигуфту баҳсро бонӣ шуд.
Мехост, ки муддаош собит гардад,
Собит нашуд ону муддаӣ фонӣ шуд.
615
Аз ишқи худо на бар зиён хоҳӣ шуд,
Беҷон зи куҷо шавӣ, ки ҷон хоҳӣ шуд.
Аввал ба замин зи осмон омадайӣ,
Охир зи замин ба осмон хоҳӣ шуд.
616
Ҳар дил, ки барӣ зи озу шаҳват омад,
Ӯ толиби аҳволу каромот омад.
Дар сирри сифоти ҳақ мақомот гирифт.
Чун пок шуд аз сифот, худ зот омад.
617
Эй дӯст, аз он сарир ёдат омад,
З-он хусрави беназир ёдат омад.
Эй хайма, ки шаққҳот рақсон шуда аст,
З-он боду зи доругир ёдат омад.
618
Ман чӯб гирифтам, ба кафам уд омад,
Ман бад кардам, бадим масъуд омад.
Гӯянд, ки дар сафар сафар некӯ нест,
Кардам сафару маро чунин суд омад.
619
Мо баста будем, банди дигар омад,
Бедил шудаву нажанди дигар омад.
Дар ҳалқайи зулфи ту гирифтор будем,
Дар гардани мо каманди дигар омад.
620
Бори дигар ин хастаҷигар бозомад,
Бечора ба по рафту ба сар бозомад.
Аз шавқи ту бар мисоли ҷонҳои ғариб,
Сӯйи малак аз кӯйи башар бозомад.
621
Бори дигар ин хастаҷигар бозомад,
Бечора ба по рафту ба сар боз омад.
Заҳмат зи шакар буду магасро меронд,
Сабраш набуду сӯи шакар бозомад.
622
Имрӯз самои ту хушу дилкаш омад,
Пурлаззату пурзавқу тарабкаш омад.
Инак камари кӯҳна дарандохт дилам,
Зеро зи кафу дафи ту шармаш омад.
623
Бе баҳри сафо гавҳари мо санг омад,
Бе ҷону ҷаҳон ҷону ҷаҳон танг омад.
Чун меҳнати дӯст сайқали ҷону дил аст,
Дар ҷон гираш, ки дофеи занг омад.
624
Ҳон! Эй дили хаста, вақти марҳам омад,
Хуш, хуш нафасе бизан, ки он дам омад.
Ёре, ки аз ӯ кор шавад ёронро,
Дар сурати одамӣ ба олам омад.
625
Ҷонро ҷустам, ба баҳр марҷон омад,
Дар зери кафи қулзум пинҳон омад.
Андар дили торик ба роҳи борик,
Рафтам, рафтам, яке биёбон омад.
626
Рӯзӣ маҳаки мӯҳташаму дун омад,
Зинҳор магӯ: «Чун», ки зи «бечун» омад.
Рӯзист, ки аз варои гардун омад,
З-он рӯзибеҳӣ, ки рӯзафзун омад.
627
Чандон ки дилам рафт, ба ҳомун омад,
Ҳайрон шуда роҳ низ, к-ӯ чу омад.
Гар маҷнуне ба кӯҳ шӯрида бирафт,
Сад кӯҳ зи ғам бар мани Маҷнун омад.
628
Сад бор зи сар бирафт иқолум омад,
То кай зи майи шефтагон ошомад.
Аз кор бимондаму зи бекорӣ низ,
То оқибати кор куҷо анҷомад.
629
Дилтанг машав, ки дилкушое омад,
Дилтангнавози бонавое омад.
Ғамро чу магас шикаста акнун пару бол,
К-аз ҷониби қофи ҷон ҳумое омад.
630
Субҳ омаду вақти рӯшнойӣ омад,
Шабхезонро вақти ҷудойӣ омад.
Он чашм чу посбон фурӯбаст зи хоб,
Вақти ҳаваси шакаррабойӣ омад.
631
Корам ба гилу шаҳсипарам барн-омад,
Гуфтам, ки: «Хамӯш! Шаҳ-сипарам, барн-омад.
Чун тири сипар аз он камон парридам,
Бо авҷи ғамаш ҳар се парам барно-мад.
632
Шодии замона бо ғамам бар-номад,
Ҷуз аз ғами дӯст марҳамам бар-номад.
Гуфтам: «Чу бубинамаш, чӣ дамҳо диҳамаш»,
Чун рост, ки дидамаш, дамам бар-номад.
633
Он кони набот, тунги шаккар н-омад,
Он оби ҳаёт баҳри гавҳар н-омад.
Гуфтам, биравам ба ишва дамҳо диҳамаш,
Чун рост бидидамаш, дамам барн-омад.
634
Эй бас ғоиб, ки дар самоъи моанд,
Аз сӯфиву аз орифу аз донишманд.
Дуре наздик чун дили овора,
Худ кист равонтар аз дили бепобанд?
635
Шоҳест, ки ту ҳар чӣ бипӯшӣ, донад,
Бе кому забон, гар бихурӯшӣ, донад.
Ҳар кас ҳаваси суханфурӯшӣ данад,
Ман бандаи онам, ки хамӯшӣ донад.
636
Лаълест, ки ӯ шакарфурӯшӣ донад,
В-аз олами ғайб боданӯшӣ донад.
Номаш гӯям, валек дастуре нест,
Ман бандаи онам, ки хамӯшӣ донад.
637
Рав, некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некӯвон настонад.
Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ, ки ба ҷойи мол некӣ монад.
638
Ақлу дили ман чӣ айшҳо медонад,
Гар ёр даме пеши худам биншонад.
Сад ҷойи нишеби осиё медонам,
В-аз беобӣ кор фурӯ мемонад.
639
Ман бехабарам, худойи ҳақ медонад,
К-андар дили ман маро чӣ механдонад.
Боре дили ман шохи гулеро монад,
К-аш боди сабо ба лутф меҷунбонад.
640
Хоки туаму худойи ҳақ медонад,
Воҷиб набувад, ки аз манат бистонад,
В-ар бистонад, дуогарӣ пеша кунам,
То раҳм кунад, пеши манат биншонад.
641
Асрори ту доройи фалак медонад,
К-ӯ муй ба мӯву раг ба раг медонад.
Гирам, ки ба зарқ халқро бифребӣ,
Бо ӯ чӣ кунӣ, ки як ба як медонад.
642
Он ҷо, ки ту бошӣ, эй санам, дил монад?!
Аз нури рухи ту роҳи мушкил монад?!
Гуфтӣ, ки маро бандаи оқил бояд,
Он кас, ки: «Туро бинад, оқил монад?!».
643
Аз оби ҳаёти дӯст бемор намонд,
В-аз гулбуни васли дӯст як хор намонд.
Гӯянд: «Даричаест, аз дил сӯи дил»,
Чӣ ҷойи даричае, ки девор намонд.
644
Ҷуз дамдамаи ишқи ту дар гӯш намонд,
Ҷонро зи ҳаловати азал ҳуш намонд.
Берангии ишқ рангҳое омехт,
В-аз ҳолати беранг фаромӯш намонд.
645
Аз лашкари сабрам аламе беш намонд,
Аз ҳар чӣ маро буд, ғаме беш намонд.
Ин турфатар аст,к-аз сари ишва ҳанӯз,
Дам медиҳаду маро даме беш намонд.
646
Аз некии ту табъи бадандеш намонд
В-аз ғуссаву ғам зи андаку беш намонд.
Аз хайли ҷалолати ту олам бигирифт,
То ҷумла малак шуданду дарвеш намонд.
647
Бӯят омад, гурезро рӯй намонд,
Парҳезу гурез ҷуз бад-он сӯй намонд.
Аз бӯйи ту рангу бӯйи мо медузданд,
То кор чунон шуд, ки зи мо бӯй намонд.
648
Маҳро тарафе ба рӯйи ӯ мемонад,
Чизеш бад-он фариштахӯ мемонад.
Не,не, зи куҷо то ба куҷо?! Маҳ кӣ бувад?!
Ҷон бандайи ӯ бад-ӯ худи ӯ мемонад.
649
Аз тоби ту не ёру адӯ мемонад,
Дар базми ту не ратлу сабӯ мемонад.
Ҷоно! Гирам, ки хунам ошомидӣ,
Охир ба лаби шаҳди ту бӯ мемонад.
650
Сиррест, ки ёр зери лаб мехонад,
Сарчашмаи кори мо ҳам ӯ медонад.
Сад ҷои нишеби осиё медонем,
В-аз беобӣ кор фурӯ мемонад.
651
Онҳо, ки ба оташи хазон сӯхтаанд,
В-аз лутфи баҳор чашмашон дӯхтаанд.
Акнун ҳамаро хилъати нав дӯхтаанд,
Шевагарию ғанҷ даромӯхтанд.
652
Онро, ки ба илму ақл афроштаанд,
Онро ба ҳисоби рӯзӣ ангоштаанд.
В-онро, ки сар аз ақл тиҳӣ доштаанд,
Аз мол ба ҷойи он даранбоштаанд.
653
Он рӯз, ки меҳргони гардун задаанд,
Меҳри зари ошиқон дигаргун задаанд.
Воқиф нашавӣ ба ақл, то чун задаанд,
К-ин зар зи саройи ақл берун задаанд.
654
Он хубоне, ки фитнайи буткадаанд,
Моро ба хароботи бутон раҳ задаанд.
Кофардилу хунхораву раҳзан будаанд,
В-аз макр чунин зоҳиду обид шудаанд.
655
Дар бандам аз он ду зулфи банд андар банд,
Дар нолаам аз он лабони қанд андар қанд.
Эй ваъдайи дидори ту ҳеч андар ҳеч,
Охир ғами ҳиҷрони ту чанд андар чанд.
656
Ку Юсуф? К-ин ҷумла ҷаҳон Яъқубанд,
Ку сабр? К-ин дилшудагон Аюбанд.
Дилкӯфтагон куҷо, ки пое кӯбанд,
Дар маҷлиси ҷон, ки нақшҳое хубанд?
657
Ин сурати одамӣ, ки дар ҳам бастанд,
Нақшест, ки дар тавилаи ғам бастанд.
Гаҳ деву гаҳе фариштаву гаҳ ваҳшӣ,
Ин худ чӣ тилисм аст, ки бар ҳам бастанд.
658
Дар хидмати чашмат ду-се ҷоду ҳастанд,
Хоби моро ба ҷодуйӣ дарбастанд.
Гуфтам, ки: «Ба васл дасташон дарбандам»,
Ту пой кашидиву зи дастам растанд.
659
Аз фақр ба анвоъ суханҳо гуфтанд,
Дар бехабарӣ гавҳари маънӣ суфтанд.
Воқиф чу нагаштад зи асрори ҷаҳон,
Аввал занахе заданду охир хуфтанд.
660
Норафта раҳи сидқу сафо гоме чанд,
Нонӯшида аз майи ҷон ҷоме чанд.
Бигрифта зи томоти алиф ломе чанд,
То зишт шавад номи накӯноме чанд.
661
Дар мистабаи ҷаҳон зи бадноме чанд,
Сер омадам аз сарзаниши хоме чанд.
Бигрифта зи томоти алиф ломе чанд,
То пеши аҷал боз равам гоме чанд.
662
Дилҳо зи самоъ беқарор афтоданд,
Чун з-абри баҳор беқарор афтоданд.
Эй Зӯҳраи ғайб, каффи раҳмат бикшой,
К-ин мутрибу каффу даф ба кор афтоданд.
663
Онҳо, ки ба кӯйи орифон афтоданд,
То нафхаи сур чобуку дилшоданд.
Қавме ба фидойи нафс тан дардоданд,
Қавме зи худу ҷону ҷаҳон озоданд.
664
Дар ишқ агар чӣ хурдабинам карданд,
Дар пешравӣ, агар гузинам карданд.
Омад сармову пӯстинем нашуд,
Гар чӣ ҳама шаҳр пӯстинам карданд.
665
Моро зи хароботи аласт оварданд,
Шӯридаву жӯлидаву маст оварданд.
Ҳам сӯйи харобот бихоҳанд кашид,
З-он рӯ, ки зи нестӣ ба ҳаст оварданд.
666
Онҳо, ки дил аз аласти маст оварданд,
Ҷонро зи адам ишқпараст оварданд.
Аз дил биниҳоданд қадам бар сари ҷон,
То як дами пурдард ба даст оварданд.
667
Моро зи хароботи азал оварданд,
Қавме, ки хамморанд, ҷадал оварданд.
Моро ҷадал нест, азеро моро,
Омехта чун ширу асал оварданд.
668
Қавме ба хароботи ту андар банданд,
Ринде чанданду кас надонад, чанданд.
Ҳушёриро яке замон напсанданд,
Бар неку бади ҳар ду ҷаҳон механданд.
669
Сарҳои дарахтон гули раъно чиданд,
Он Яъқубон Юсуфи худро диданд.
Айёми зимистон чу сияҳ пӯшиданд,
Охир зи паси навҳагарӣ хандиданд.
670
Сарҳои дарахтон гули тар мечинанд
В-андар дили худ кони гуҳар мебинанд.
Чун бар сари поянд, ки аз ҳар барге,
Навмед нагарданд, зи по наншинанд.
671
Онон,ки зи ёрони накӯ бибриданд,
Афсуну дами роҳи занон бишниданд.
Ҳамчун бузи ланг бозпас хезиданд,
Гургон ҳамаро якон-якон бидриданд.
672
Мастони ғамат бори дигар шӯриданд,
Девонадилонат сари маҳро диданд.
Омад сари маҳ, силсила ҷунбониданд,
Пироҳани ақлу сабрро бидриданд.
673
Баъзе ба сифот Ҳайдари карроранд,
Қавме дигар зи тухми бутиморанд.
Ишқат гӯяд: «Дӯст хоҳам дар роҳ»,
Гӯйӣ ту, ки: «Найшикастагон бисёранд».
674
Ҳар ҷо ба ҷаҳон тухми вафо мекоранд
В-он тухм зи хирмангаҳи мо меоранд.
Ҳар ҷо зи тараб ною дафе бардоранд,
Он шодии мост, они худ пиндоранд.
675
Пирони хароботи ғамат бисёранд,
Чун чашми ту ҳам хуфтаву ҳам бедоранд.
Бифрист шароби соф, к-ин дилшудагон,
Не масти ҳақиқатанду не ҳушёранд.
676
Танҳо бимарав, ки раҳзанон бисёранд,
Як ҷон дориву хасми ҷон бисёранд.
Хасми ҷонро ҷону ҷаҳон мехонӣ,
Чун ту гӯлон дар ин ҷаҳон бисёранд.
677
Онҳо, ки шабу рӯз туро бар асаранд,
Сайёди ниҳонанд, вале мухтасаранд.
Бо ҳар кӣ бисозӣ ту, аз онат бибуранд,
Гар ту наравӣ, кашон-кашонат бубаранд.
678
Дар кӯйи харобот такаббур нахаранд,
Мардӣ зи сари кӯйи харобот баранд.
Он ҷо бирасӣ, муқомаре бояд кард,
Ё мот шавӣ, ё бибарӣ, ё бибаранд.
679
Товус найӣ, ки дар ҷамолат нигаранд,
Симурғ найӣ, ки бе ту номи ту баранд.
Шаҳбоз найӣ, ки аз шикори ту чаранд,
Охир ту чи мурғӣ? Ва туро бо чӣ харанд?
680
Гар дарёро ҳама наҳангон гиранд,
В-ар неъмату мол чашмтангон гиранд.
В-ар саҳроро ҳама палангон гиранд,
Ушоқ, ҷамоли хубрангон гиранд.
681
Ушшоқ ба як дам ду ҷаҳон дарбозанд,
Садсола бақо ба як замон дарбозанд.
Бар бӯйи даме ҳазор манзил бидаванд,
В-аз баҳри диле ҳазор ҷон дарбозанд.
682
Аз най шакар, эй ҷон, ба мадоро созанд,
В-аз барги дарахти тут дебо созанд.
Оҳиста! Макун шитоб, сабре бинамой,
К-аз ғӯра ба рӯзгор ҳалво созанд.
683
Дасти ту ба ҷуд таъна дар меғ занад,
Дар маърака теғи гуҳаромеғ занад.
Аз кори ту офтобро шарме бод,
К-ӯ теғи ту диду субҳдам теғ занад.
684
Зулфат чу бар он лаъли шакархой занад,
Дар бурдани ҷони бандагон рой занад.
Дасти хуши хешро кас аз даст диҳад?!
Афтодаи хешро касе пой занад?!
685
Чун хамри ту дар соғари мо даррезанд,
Пинҳоншудагони ин ҷаҳон бархезанд.
Ҳам уммати парҳез зи мо парҳезанд,
Ҳам ҷумла харобот зи мо бигрезанд.
686
Ҷуз суҳбати ошиқону мастон маписанд,
Дар дил ҳаваси қавми фурӯмоя мабанд.
Ҳар тоифаат ба ҷониби хеш кашанд,
Зоғат сӯи вайронаву тӯтӣ сӯйи қанд.
687
Гар чарх туро хидмати пайваст кунад,
Мапзир, ки оқибат туро паст кунад.
Ногоҳ ба шарбате туро маст кунад,
Дар гардани маъшуқи дигар даст кунад.
688
Гар хоби туро хоҷа гирифтор кунад,
Ман нагзорам, касе-т бедор кунад.
Ишқат чу дарахти себ меафшонад,
То хоби туро чу барг тайёр кунад.
689
Он кас, ки маро ба сидқ иқрор кунад,
Чун лӯъбатакон маро ба бозор кунад.
Безорам аз он кори нимбозорӣ,
Ман бандаи он касам, ки инкор кунад.
690
Он чеҳраи ту шаби маро рӯз кунад,
Мар ғӯлонро дамат қаловуз кунад.
Сад кӯр зи куи ғами ту суд андӯхт,
Шояд, ки шабе низ кал андӯз кунад.
691
Он дам, ки зи афлок гуҳар рез кунад,
Ҳар зарра ба сӯи асли худ хез кунад.
Аз нахвати он бод вазон бод ҳавас,
Ҳар зарра зи офтоб парҳез кунад.
692
Ишқи хуши ту чу қасди хунрез кунад,
Ҷон аз қафаси қолаби ман хез кунад.
Кофар бошад, ки бо лаби чун шакарат
Имкони гунаҳ ёбаду парҳез кунад.
693
Ҳар рӯз дилам навшакаре нӯш кунад,
К-аз завқи гузаштаҳо фаромӯш кунад.
Аввал бода зи ошиқӣ ҷӯш кунад,
Он гоҳ диҳад бодаву мадҳуш кунад.
694
Нав ҷӯ, нав ҷӯ, ки нав тараб беш кунад,
Полони куҳан пушти харон реш кунад.
Тарки ҷав гӯ, тано, ту ҳам куҳанӣ,
Наззораи нав-нав, дил бех(в)еш кунад.
695
Эй рӯз, баро, ки зарраҳо рақс кунад,
Ҷонҳо зи хушӣ бесару по рақс кунад.
Он кас, ки аз ӯ чарху ҳаво рақс кунад,
Дар гӯши ту гӯям, ки куҷо рақс кунад.
696
Рӯзе, ки хаёли дилситон рақс кунад,
Як ҷон чӣ кунад, ки сад ҷаҳон рақс кунад.
Ҳар парда, ки мезананд дар хонаи дил,
Мискин тани бечора ҳамон рақс кунад.
697
Сад сағрии гов мисли чармат накунад,
Сангӣ, ки кафи Калим нармат накунад.
Эй ҳаждаҳ зимистон ту ба ҳам пайваста,
Ҷуз дӯзахи пурникол гармат накунад.
698
Дар ишқ ҳазор ҷону дил бас накунад,
Ҷон худ чӣ бувад, ҳадиси ҷон кас накунад.
Ин роҳ касе равад, ки дар ҳар қадаме
Сад ҷон бидиҳад, ки рӯй вопас накунад.
699
Хуршед, ки дар хона бақо менакунад,
Мегардад ҷо ба ҷову ҷо менакунад.
Он нур ба ҷуз қасди ҳаво менакунад,
Мегӯяд: «К-асли мо хато менакунад».
700
Бо сурати байн дилам марӣ менакунад,
Бо идбирон байъу шаре менакунад.
Хоҳам, ки бараҳна кунам асрори бадон,
Ҷони ту, ки ёдашон карӣ менакунад.
701
Бо рӯйи ту маҳ марӣ кунад, не, накунад,
Гумгашта дилам сарӣ кунад, не, накунад.
Аз баҳри яке ҷон дили ту озурдам,
Эй қиблаи ҷон, кирӣ кунад, не, накунад.
702
Дил хидмати лаъли обдори ту кунад,
Мастӣ зи ду чашми пурхумори ту кунад.
Гар аз сари гӯри ман барояд хоре,
Он хор ҳанӯз хор-хори ту кунад.
703
Ҳошо, ки дилам тарки узори ту кунад,
Ё тарки атои бешумори ту кунад.
Гар аз сари гӯри ман барояд хоре,
Он хор ҳанӯз хор-хори ту кунад.
704
Ҷон кист, ки ӯ бурида кори ту кунад,
Ё дидаву дил, ки ӯ шикори ту кунад.
Гар аз сари гӯри ман барояд хоре,
Он хор ба ишқ хор-хори ту кунад.
705
Дил ҷумла ҳикояти баҳори ту кунад,
Ҷон ҷумла ҳадиси лолазори ту кунад.
Гар аз сари гӯри ман барояд хоре,
Он хор ҳанӯз хор-хори ту кунад.
706
Ошиқ, ки тавозӯъ нанамояд, чӣ кунад?
Шабҳо, ки ба кӯйи ту наёяд, чӣ кунад?
Гар бӯса диҳад зулфи туро, тира машав,
Девона, ки занҷир нахояд, чӣ кунад?
707
Дарё накунад сер маро, ҷӯ чӣ кунад?!
Гулшан чу набошадам маро, бӯ чӣ кунад?!
Гар ёр карона кунад, ӯ маъзур аст,
Ман мондаму сабр низ, то ӯ чӣ кунад.
708
Чашме, ки назар бад-он гулу лола кунад,
Ин гунбади чархро пур аз нола кунад.
Майҳои ҳазорсола ҳаргиз накунад,
Девонагие, ки ишқи яксола кунад.
709
Чашме, ки назар бад-он гулу лола кунад,
Ин гунбади чархро пур аз нола кунад.
Майҳои ҳазорсола ҳаргиз накунад,
Девонагие, ки ишқи яксола кунад.
710
Ман бандаи он қавм, ки худро донад,
Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонад.
Аз зоту ифоти хеш созанд китоб,
Феҳрасти китобро «аналҳақ» х(в)онад.
711
Он ҷо бинишин, ки ҳамнишин мардонанд,
То дуди кудурати туро биншонанд,
Андеша накун ба айби эшон,к-эшон,
З-он пеш, ки андеша кунӣ, медонанд.
712
Эй ишқ, туро париву инсон донанд,
Маъруфтар аз мӯҳри Сулаймон донанд.
Дар колбади ҷаҳон туро ҷон донанд,
Ман бо ту чунон зиям, ки мурғон донанд.
713
Аз хоки кафи по-т сарон ҳайронанд,
Кӯрон ҳама мастанду карон ҳайронанд.
В-он поконе, дар сафо маҳв шуданд,
Ҳам эшон низ андар он ҳайронанд.
714
Мурғест аҷаб, ки сайди ӯ шеронанд,
Гумгаштайи савдои ту ҷонсеронанд.
Хуррам зиву осуда, ки ин шаҳр аз ту
Зеру забару безабару зеронанд.
715
Сармастонро зи мӯҳтасиб тарсонанд,
Шуд мӯҳтасибат маст, ҳама медонанд.
Ин мардуми ин шаҳр агар мардонанд,
Ин мастонро гарав чаро настонанд?
716
Дар ҳазрати ҳақ сутӯда дарвешонанд,
Дар садри бузурги он манишэшонанд.
Хоҳӣ, ки миси вуҷуди ту зар гардад,
Бо эшон бош, кимиё эшонанд.
717
Онҳо, ки муҳаққиқону раҳбинонанд,
Асрори туро ягон-ягон медонанд.
Лекин зи карам пардайи кас надронанд,
З-он сон, ки замона меравад, меронанд.
718
Ҳар шаб, ки зи савдои ту навбат бизананд,
Он шаб ҳама ҷон шаванд, ҳар ҷо, ки тананд.
Дар чодари шаб чӣ духтарон дорад ишқ!
Гар ғам ояд, сиблату ришаш бикананд.
719
Дар лашкари ишқ чунаки хунрез кунанд,
Шамшер зи пораҳои мо тез кунанд.
Ман ғарқаи ин синайи дарёсифатам,
Ёрони маро бигӯ, ки парҳез кунанд.
720
Сарҳои дарахтон гули тар мечинанд,
В-андар дили худ кони гуҳар мичинанд.
Чун бар сари поянд, гаҳи бебаргӣ,
Навмед нагардаду зи по наншинанд.
721
Эй ишқ, чӣ чизӣ, ки ҳама они туанд?
Ҷамъӣ туву ҷамъҳо парешони туанд.
Ту хонанишину ҷумла дарбони туанд,
Ту модару ин тоифа тифлони туанд.
722
Эй ишқ, ки ҷонҳо зи асар ҷони туанд,
Эй ишқ, намакҳо зи намакдони туанд.
Эй ишқ, ки зарҳо ҳама аз кони туанд,
Пӯшида касеву ҷумла урёни туанд.
723
Шаб гашт, ки халқон ҳама дар хоб раванд,
Монандайи моҳӣ ҳама дар об раванд.
Чун рӯз шавад ҷониби асбоб раванд
В-онҳо дигаранд, ки сӯйи ваҳҳоб раванд.
724
Дар ишқи ту ошиқон фазоянду раванд,
Хуни ҷигар аз дида кушоянду раванд.
Ман бар дари ту муқимбодам чу хок,
Варна дигарон чу бод оянду раванд.
725
Онҳо, ки чу об софию содараванд,
Андар рагу мағзи халқ чун бода раванд.
Ман пой кашидаму дароз афтодам,
Андар киштӣ дароз афтода раванд,
726
Имшаб шаби он нест, ки аз хона раванд,
Аз ёри ягона сӯи бегона раванд.
Имшаб шаби он аст, ки ҷонҳои азиз
Дар оташи иштиёқ мастона раванд.
727
Рафтам ба дари хонаи он хушпайванд,
Берун омад пеши ман хандоханд.
Андар бари худ кашид сахтам чун қанд,
К-эй орифу эй ошиқу эй донишманд.
728
Онҳо, ки муҳаққиқони ин даргоҳанд,
Назди дили аҳли дил чу барги коҳанд.
Аҳли дил хосагони шоҳаншоҳанд,
Боқӣ ҳама ҳар чӣ ҳаст, харҷи роҳанд.
729
Мо мехоҳему дигарон мехоҳанд,
То бахт киро бувад, киро роҳ диҳанд.
Боре ғами ӯ ба бозию хандоханд,
Ақлу адабу ҳарч буд аз мо барканд.
730
Эй дил, ин раҳ ба қилу қолат надиҳанд,
Ҷуз бар дари нестӣ висолат надиҳанд.
В-он гоҳ дар он ҳаво, ки мурғони вайем,
То бо пару болӣ, пару болат надиҳанд.
731
Ҷон боз, ки васли ӯ ба дастон надиҳанд,
Шир аз қадаҳи шаръ ба мастон надиҳанд.
Он ҷо, ки муҷаррадон ба ҳам менӯшанд,
Як ҷуръа ба хештанпарастон надиҳанд.
732
То ту ба худӣ, туро ба худ раҳ надиҳанд,
Чун нест шудӣ, зи дида берун наниҳанд.
Чун пок ойӣ, зи ҳар ду олам ба яқин,
Он гаҳ ба нишони фақрат ангушт ниҳанд.
733
Зарро, ки сияҳ кунанду дар дуд ниҳанд,
З-он бошад, то зи дасти дуздон бираҳанд.
Ошиқ зари сурх аст, сияҳрӯ нашавад,
Дар пой наюфтад, ки дар даст ниҳанд.
734
Ҳар ҳайвоне баҳор жоже хоянд,
Асрори баҳорро шаҳон бирбоянд.
Кӯтаҳчашмон дар ин баҳоранд тафил,
Пистон зи барои дӯстон ороянд.
735
Гар роҳ равӣ, роҳ барат бикшоянд,
В-ар нест шавӣ, ба ҳастият бигроянд.
В-ар паст шавӣ, нагунҷӣ андар олам,
В-он гоҳ туро бе ту ба ту бинмоянд.
736
Он кас, ки туро ба чашми зоҳир бинад,
Чун мӯъмини покро, ки кофир бинад.
Мангар ту ба чашми хуфта дар бедорон,
К-ин чашм на он аст, ки ӯ сир бинад.
737
Оҳу бидавад, чу дар паяш саг бинад,
Бар аспи даванда ҳамлаи баг бинад.
Чандон бидавад, ки дар танаш раг бинад,
Зеро ки салоҳи худ дар он таг бинад.
738
Зинҳор магӯ, ки раҳравон низ наянд,
Исосифатону бенишон низ наянд.
З-ин гуна, ки ту маҳрами асрор найӣ.
Пиндоштайӣ, ки дигарон низ наянд.
739
Олам ҳама сахраи сифоти ӯянд,
Дар ҳастии хеш ҷумла моти ӯянд.
В-онҳо, ки зи пардаи ҳаёти ӯянд,
Мавқуфи сифат наянд, зоти ӯянд.
740
Дилҳои азизон сафи пешон ҷӯянд,
Дилҳои дигар кори парешон ҷӯянд.
Дилҳои халоиқ ҳама шодӣ ҷӯянд,
Шодӣ ба ду сад дил дили эшон ҷӯянд.
741
Қавме з-он кӯ ҳикоете мегӯянд,
Қавме з-он кӯ инояте меҷӯянд.
Ҷонҳо зи варои тан ниҳон мепӯянд,
Аз кӯй ба кӯй толиби он кӯянд.
742
Дил дӯш дар ин ишқ ҳарифи мо буд,
Шаб то саҳаргоҳ нахуфту н-осуд.
Чун субҳ дамид, сӯи ту омад зуд,
Бо чеҳраи зарду дидаи хоболуд.
743
Ҳар умр, ки бар дидани асҳоб бувад,
Ё марг бувад ба табъ, ё хоб бувад.
Обе, ки туро тира кунад, заҳр бувад,
Заҳре, ки туро соф кунад, об буваб.
744
Он кас, ки чу ҳушёр бувад, маст бувад,
Чун маст шавад, бубин, чи хушдаст бувад.
Мастӣ пинҳон кунад, ба гоҳе пурсӣ,
К-ин захма гаҳе баланду гаҳ паст бувад.
745
Мутриб хоҳам, ки ошиқу маст бувад,
Дар кӯйи хароботи ту побаст бувад.
Гар нест бувад шоҳу гар ҳаст бувад,
Ё раб, бидеҳ он кас, ки аз ин даст бувад.
746
Ошиқ, ки ба нозу нозукӣ фард бувад,
Дар мазҳаби ошиқӣ ҷавонмард бувад.
Бар дилшудагон чӣ ноз дархурд бувад,
Яъқуб, ки Юсуфӣ кунад, сард бувад.
747
Ишқ аз азал аст, то ба абад хоҳад буд,
Ҷӯяндайи ишқ беадад хоҳад буд.
Фардо, ки қиёмат ошкоро гардад,
Эй ҳар ки на ошиқ аст,рад хоҳад буд.
748
Гӯянд, ки: «Фирдавс барин хоҳад буд,
Он ҷо майи нобу ҳури ин хоҳад буд».
Пас мо маю маъшуқ ба каф медорем,
Чун оқибати кор чунин хоҳад буд.
749
З-аввал, ки маро ишқи нигорам бирабуд,
Ҳамсояйи ман зи нолайи ман биғунуд.
Акнун кам шуд нолаву ишқам бифузуд,
Оташ чу ҳаво гирифт, кам гардад дуд.
750
Акнун, ки рахти ҷону ҷаҳоне бирабуд,
Дар хона нишастанат, куҷо дорад суд.
Он рӯз, ки маҳ шудӣ, намедонистӣ,
К-ангуштнамойи оламе хоҳӣ буд.
751
Ҳошо, зи ту, к-аз ошиқи маҳҷур бувад,
Ин рӯй на он рӯст, ки ӯ дур бувад.
Шарҳе бидиҳам, ки пеши ӯ кӯр бувад,
Дар шарҳ чунин фасона дар сур бувад.
752
Лабҳойи вай он гаҳ, ки ба истез бувад,
Дар ҳар ду ҷаҳон аз ӯ шакаррез бувад.
Гар дар дили танги худ ту моҳе бинӣ,
Аз ман бишунав, ки Шамси Табрез бувад.
753
Андархури шаҳсавор Шабдиз бувад,
В-андархури дегу коса кафлез бувад.
Ҷое, ки далола ҳафсаки ҳез бувад,
Он ҷо чӣ ҷиҳозу чи шакаррез бувад?!
754
Ёре хоҳам, ки фитнаангез бувад,
Оташдилу хунхораву хунрез бувад.
Бо чарху ситорагон ба истез бувад,
Дар баҳр равад, чу оташи тез бувад.
755
Ҳаргиз ҳақи суҳбати қадимат набувад
В-андешаи ин сияҳгилемат набувад.
Дар дида нишиниву ба дил дар бошӣ
В-аз оташу об ҳеч бимат набувад.
756
Афсӯс, ки табъи дилфурӯзи-т набувад,
Ҷуз дилшиканиву синасӯзи-т набувад.
Ман дода будам, ба ту дилу дидаву ҷон,
Ту бурда будӣ валек рӯзи-т набувад.
757
Бахшой бар он банда, ки хобаш набувад,
Бахшой бар он ташна, ки обаш набувад.
Бахшой, ки ҳар кӣ накунад, бахшойиш,
Дар пеши худо ҳеч савобаш набувад.
758
Ман бандаи ёре, ки малолаш набувад,
К-онро, ки малол аст, висолаш набувад.
Гӯйӣ, ки хаёл аст, туро нест висол,
То тира бувад об, хаёлаш набувад.
759
Ориф чу гул аст, ҷуз, ки хандон набувад,
Талхӣ накунад, одати қанд он набувад.
Мисбоҳи зуҷоҷа аст ҷони ориф,
Пас шиша бувад зуҷоҷа, сандон набувад.
760
Аз ҷониби ишқ, агар расулон набувад,
Ин рӯзии зиракону гӯлон набувад.
Ишқи ту чу абрешим дар ҳам шудаст,
Наққодии он кори малулон набувад.
761
Ошиқ ту яқин дон, ки мусалмон набувад,
Дар мазҳаби ишқ куфру имон набувад.
Дар ишқ тану ақлу дилу ҷон набувад,
Ҳар кас, ки чунин нагашт, ӯ он набувад.
762
Ҳар дил, ки дар ӯ меҳри ту пинҳон набувад,
Кофар бувад он дилу мусалмон набувад.
Шаҳре,ки дар ӯ ҳайати султон набувад,
Вайрон шудагир, агарчи вайрон набувад.
763
Аввал, ки рухам зарду дилам пурхун буд,
Ҳамхирқаву ҳамрози дилам Маҷнун буд.
Он сурату он қойида то акнун буд,
Коре омад, ки он ҳама модун буд.
764
Дӯш он бути ман ҳамчу маҳи гардун буд,
Не, не, ки ба ҳусн аз офтоб афзун буд.
Аз дойирайи хаёли мо берун буд,
Донам, ки накӯ буд, надонам, чун буд.
765
Эй тоза тане, ки дар балойи ту бувад,
Оғӯшта ба хуни Карбалойи ту бувад.
Ё раб, кӣ чӣ кор дораду користон,
Он бекоре, ки аз барои ту бувад?
766
Ошиқ, ки зи нозу нозукӣ фард бувад,
Дар мазҳаби ошиқӣ ҷавонмард бувад.
Бар дилшудагон чӣ ноз дархурд бувад?
Яъқуб, ки Юсуфӣ кунад, сард бувад.
767
Дар боғ ҳазор ошиқи гулрӯ буд,
Гулҳою бунафшаҳойи мушкинбӯ буд.
В-он оби зара-зара, ки андар ҷӯ буд,
Он ҷумла баҳона буд, ӯ худ ӯ буд.
768
Бо партави ҳақ яқину шакҳо чӣ бувад?!
Бо хушии ҳақ чунин намакҳо чӣ бувад?!
Хуршед зи шарми ӯ ниҳон мегардад,
Ин боқии рӯшноиякҳо чӣ бувад?!
769
Моҳаш гуфтӣ, ғалат магӯ, маҳ чӣ бувад?!
Шоҳаш гуфтӣ, хатост, ҳам шаҳ чӣ бувад?!
То кай гӯйӣ маро, ки: ”Бегаҳ хезӣ?!
Хуршед чу бо ман аст, бегаҳ чӣ бувад?!”.
770
Гар нагрезӣ зи мо ба бозӣ, чӣ бувад?!
В-ар нарди видойи мо набозӣ, чӣ бувад?!
Моро лаби хушку дидайи тар пайи туст,
Гар бо тару хушки мо бисозӣ, чӣ бувад?!
771
Аз дидани рӯе, ки туро дида бувад,
Моро ба худо нури дилу дида бувад.
Хосса рӯе, ки аз азал то ба абад,
Аз дидани рӯйи ту набрида бувад.
772
Безорам аз он лаъл, ки пирӯза бувад,
Безорам аз он ишқ, ки серӯза бувад.
Безорам аз он мулк, ки дарюза бувад,
Безорам аз он ид, ки дар рӯза бувад.
773
Шаб рафт, куҷо рафт? Ҳамон ҷое, буд,
То хона равад боз яқин ҳар мавҷуд.
Эй шаб, чу равӣ бад-он мақоми мавъуд,
Аз ман бирасон, к-он фалонӣ чун буд.
774
Бар чархи фалак зи оташат тобе буд,
Дар ҷӯйи ҷаҳон зи баҳри ту обе буд.
Он об сароб буду в-он оташ барқ,
Ин дам асараш нест, магар хобе буд.
775
Дар оташи савдои туам тобе буд,
Дар ҷӯи дил аз сӯҳбати ту обе буд.
Он об сароб буд в-он оташ барқ,
Бигзашт кунун қисса, магар хобе буд.
776
Ту ҳеҷ найиву ҳеҷ на, беҳ зи вуҷуд,
Ту ғарқи зиёниву зиёнат ҳама суд.
Гӯйӣ, ки маро нест ба ҷуз хок ба даст,
Эй бар хокат, ҷумлаи афлок ҳасуд.
777
Моем зи ишқ ёфта марҳами худ,
Бар ишқ нисор карда ҳар дам дами худ.
То ҳар дами мо чу ҷониби ишқ равад,
Дар ҳар дами мо ишқ биёбад дами худ.
778
Ин пардаи дил дигар макун, то наравад,
Ҷуз ҷониби дил назар макун, то наравад.
Ин маҷлиси бехудӣ, ки чун фирдавс аст,
Аз масти худ сафар макун, то наравад.
779
Дилро бидиҳам панд, ки амдо наравад,
Ман пеши бути шангам, аз он ҷо наравад.
Лаб мегазад он бут, ки куҷо афтодӣ?
Ӯ кист? Кӣ бошад, ки равад ё наравад?
780
Ҳар дил, ки ба сӯйи дилрабое наравад,
Валлаҳ, ки ба ҷуз сӯйи фаное наравад.
Эй шод кабутаре, ки сайди ишқ аст,
Чандон, ки биронияш, ба ҷое наравад.
781
Дар ишқи туам насиҳату панд чӣ суд?
Заҳроб чашидаам, маро қанд чӣ суд?
Гӯянд маро, ки: «Банд бар пош ниҳед!»
Девона дил аст, пом бар банд чӣ суд?
782
Чун дида бирафт, тӯтиёйи ту чӣ суд?
Чун дил ҳама полуд, вафойи ту чӣ суд?
Чун ҷону ҷигар сӯхт тамом аз ғами ту,
Он гаҳ суханони ҷонфизойи ту чӣ суд?
783
Дар силсилаат ҳар он-к побаст шавад,
Гар фониву гар нест бувад, ҳаст шавад.
Мефармояд, ки май хуру маст машав,
Ночор ҳар он-к май хурад, маст шавад.
784
Бар гӯри ман он к-ӯ гузарад, маст шавад
В-ар ист кунад, то ба абад маст шавад.
Дар баҳр равад, баҳру амад маст шавад,
Дар хок равад, гӯру лаҳад маст шавад.
785
Бас дармонҳо, к-он мадади дард шавад,
Бас давлатҳо, ки рӯйи он зард шавад.
Хавфи ҳақи он бувад, к-аз он гарм шавӣ,
Хавф он набувад, ки гарм аз он сард шавад.
786
Ҳар чиз, ки бисёр шавад, хор шавад,
Гар хор шавад, ба хонайи ёр шавад.
Гар сер шавад, аз ҳама безор шавад,
Ёраш ба баҳои ҷон харидор шавад.
787
На оби равон зи моҳиён сер шавад,
На моҳӣ аз он оби равон сер шавад.
На ҷону ҷаҳон зи ошиқон танг ояд,
На ишқ аз он ҷону ҷаҳон сер шавад.
788
Аз оташи ишқ сардҳо гарм шавад
В-аз тобиши ишқ сангҳо нарм шавад.
Эй дӯст, гуноҳи ошиқон сахт магир,
К-аз бодайи ишқ мард бешарм шавад.
789
Як лаҳза агар нафси ту маҳкум шавад,
Илми ҳама инбисот маълум шавад.
Он сурати ғайбӣ, ки ҷаҳон толиби ӯст,
Дар ойинаи фаҳми ту мафҳум шавад.
790
Кофар бошад, ки аз ту шайдо нашавад,
Беҷон бошад, ки аз ту аз ҷо нашавад.
Ман ақл нахонамаш, агар ақли кул аст,
То аз ту ба кул ҷунуну расво нашавад.
791
Безорам аз он об, ки оташ нашавад
В-аз зулфи мушавваш, ки мушавваш нашавад.
Маъшуқайи мо хуш асту нохуш нашавад,
Он сар дорад, ки ҳеч саркаш нашавад.
792
По сар нашавад яқину саркаш нашавад
В-он дилбари баргузида саркаш нашавад.
Ӯ чашмаи об асту чӣ об? Оби ҳаёт,
Оби ҳайвон нагардад, оташ нашавад.
793
То банда зи худ фонии мутлақ нашавад,
Тавҳид ба назди ӯ муҳаққақ нашавад.
Тавҳид ҳулул нест, нобудани туст
В-арна ба газоф ботиле ҳақ нашавад.
794
Домони ҷалоли ту зи дастам нашавад,
Майҳои ту аз димоғи мастам нашавад.
Гӯйӣ ту маро, чунон-к ҳастӣ, бинмой,
Гар бинмоям, чунон-к ҳастам, нашавад.
795
Он кас, ки туро бинаду ҳайрон нашавад,
В-аз ҳайрати ту кушодадандон нашавад.
Чандон ки бувад, ҳазорчандон нашавад,
Ҷуз коҳгилу кулӯхи зиндон нашавад.
796
Қосид, пайи он, ки банда хандон нашавад,
Пинҳон макун аз банда, ки пинҳон нашавад.
Гар бар дари боғе бинависӣ: Зиндон,
Боғ аз пайи он набишта зиндон нашавад.
797
То мадрасаву манора вайрон нашавад,
Аҳволи қаландарӣ ба сомон нашавад.
То имон куфру куфр имон нашавад,
Як бандаи ҳақ ба ҳақ мусалмон нашавад.
798
Бе ишқ нишоту тараб афзун нашавад,
Бе ишқ вуҷуд хубу мавзун нашавад.
Сад қатра зи абр, агар ба дарё борад,
Бе ҷунбиши ишқ дурри макнун нашавад.
799
Мушкинрасанат чу пардайи моҳ шавад,
Бас парданишин, ки золу гумроҳ шавад.
В-ар чоҳи занахдон-т бинад Юсуф,
Валлаҳ, ки бар он расан дар ин чоҳ шавад.
800
Гӯяд: «Чунӣ, хушӣ»? Ва дар ханда шавад,
Чун бошад мурдае, ки ӯ зинда шавад.
Имрӯз пароканда нахоҳам гуфтан,
Ҳарчанд, ки роҳи ӯ пароканда шавад.
________________________________________________________
К Продолжению: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327075.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe

  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments