Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 801 - 1000


К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2326597.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
801
Рав, дида бидӯз, то дилат дида шавад.
З-он дида ҷаҳони дигарат дида шавад.
Гар ту зи писанди хеш берун ойӣ,
Корат ҳама сар ба сар писандида шавад.
802
Аз лутфи ту санги хора ҷонона шавад,
Он лаҳза, ки шеваҳот мастона шавад.
Занҷири ду зулфи ту чу зоҳир гардад,
Луқмони ҳаким низ девона шавад.
803
Барқе, ки зи меғи он ҷаҳон рӯй намуд,
Чун сӯхтае нест, киро дорад суд?!
Аз ҳар ду ҷаҳон сӯхтае мебояд,
К-он барқ, ки меҷаҳад, дар ӯ гирад зуд.
804
Комилсифате раҳи фано мепаймуд,
Чун бод гузар кард зи дарёи вуҷуд.
Як мӯй зи ҳасти ӯ бар ӯ боқӣ буд,
Он мӯй ба чашми фақр зуннор намуд.
805
Он, к-аз ту худойи ин гадо мехоҳад,
Дар даҳр кадом подшо мехоҳад?
Ҳар зарра зи хуршеди ту аз дур хуш аст,
Ӯ ҷумлайи хуршеди туро мехоҳад.
806
Имрӯз зи мо ёр ҷунун мехоҳад,
Мо Маҷнунем, ӯ фузун мехоҳад.
Гар нест чунин, парда чаро медарад?
Расвошуда аз парда бурун мехоҳад.
807
Ҳар лаҳза мае ба ҷони сармаст диҳад,
То ҷону дилам ба васл пайваст диҳад.
Ин турфа, ки як қатрайи об омадааст,
То дарёйи пургуҳараш даст диҳад.
808
Хоҳем аз он худой, к-ӯ моҳ диҳад,
То ҷумла ба ту хусрави огоҳ диҳад.
З-он салтанате, к-ӯ авлиёро додаст,
Мулки дилу дин ба амри ту шоҳ диҳад.
809
Аз дард чу ҷони ту ба фарёд омад,
Он гаҳ зи худойи оламат ёд омад.
З-он салтанате, ки авлиёро додаст,
Мулки дилу дин ба амри ту шоҳ диҳад.
810
Ҳил, то биравад, сараш ба девор ояд,
Сар бишканаду ҷомаву тан олояд.
Омад бари ман сурдаву ангуштгазон,
К-он гуфта суханҳойи манаш ёд омад.
811
Чун сурати дил дар дили мо боз ояд,
Мискин дили гумшуда ба ҷо боз ояд.
Гар умр гузашту як нафас беш намонд,
Чун ӯ бирасад, гузаштаҳо боз ояд.
812
Гуфтӣ, ки: «Зи ғадр нафси танноз ояд»,
Тирест зи қулинҷ, ки ғаммоз ояд.
Бонги сари хар чу анкаруласвот аст,
Бингар, ки зи куни хар чӣ овоз ояд.
813
Гар сабр кунам, дил аз ғамат танг ояд,
В-ар фош кунам, ҳусуд дар ҷанг ояд.
Парҳез кунам, ки шиша дар санг ояд,
Гӯянд, ки: «Зи ишқи мо туро нанг ояд».
814
Дар дӯзах, агар зулфи ту дар чанг ояд,
Аз ҳоли биҳиштиён маро нанг ояд.
Гар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд,
Саҳрои биҳишт дар дилам танг ояд.
815
Ҳар ҷавру ҷафое, ки зи ту ҷон ояд,
Хуштар зи вафоҳо, ки зи хубон ояд.
Ҳар куфр, ки дар ишқи ту пайдо гардад,
Дар оқибат он беҳтар аз имон ояд.
816
Ва ҳува маъакум аз ӯ хабар меояд,
Дар сина аз ин хабар шарар меояд.
З-оне нохуш, ки хеш нашнохтайӣ,
Чун бишносӣ, дигар чӣ дар меояд?!
817
Рӯзе, ки нигор камтарак меояд,
Дар дида хаёли ӯ ба так меояд.
Аз нодирагиву аз ғарибе, ки вай аст,
Дар айн дил асту дил ба шак меояд.
818
Бонги масте зи осмон меояд,
Масте зи фалак наъразанон меояд.
Аз наърайи ҷону ҷаҳон мешӯрад,
К-он ҷону ҷаҳон аз он ҷаҳон меояд.
819
Бе ман зи даҳони ман сухан меояд,
Ман бехабарам, ки он кӣ мефармояд?
Заҳру шакар орзуйи ман меояд,
Зоянда чӣ донад, ки киро мешояд?
820
Он ёр, ки аз табиб дил бирбояд,
Ӯро дору табиб чун фармояд?
Як зарра зи ҳусни хеш агар бинмояд,
Валлаҳ, ки табибро табибе бояд.
821
Дар ишқи туам вафо қарин мебояд,
Васли ту гумон аст, яқин мебояд.
Кори мани дилхоста дар хидмати ту
Бад нест, вале беҳтар аз ин мебояд.
822
Коре зи даруни ҷони ту мебояд,
К-аз қиссашунидан ин гиреҳ накшояд.
Як чашмайи об аз даруни хона
Беҳ з-он рӯде, ки аз бурун меояд.
823
Дар роҳи талаб расидае мебояд,
Доман зи ҷаҳон кашидае мебояд.
Бинойии хешро даво кун рӯзе,
Олам ҳама ӯст, дидае мебояд.
824
Ку пой, ки ӯ боғу чаманро шояд,
Ку чашм, ки ӯ сарву суманро шояд.
Пову чашме, яке ҷигарсӯхтае,
Бинмой яке, ки сӯхтанро шояд.
825
Ин воқеаро сахт нагирӣ шояд,
Аз кӯшиши оҷизона чизе н-ояд.
Аз раҳмати эзадӣ калиде бояд,
То қуфли чунин воқеаро бигшояд.
826
Шодон, ки зи дур ёри ман бинмояд,
Чун кӯдаки хурд остин мехояд,
Чун дид маро, канорро бигшояд,
Чун боз ҷаҳад, мурғи дилам бигшояд.
827
Дур металабӣ, зи чашма дур бар н-ояд,
Ҷӯяндайи дур ба қаъри дарё бояд.
Ин гавҳари қимате касеро шояд,
К-аз оби ҳаёт ташна берун ояд.
828
Маъшуқаи хонагӣ ба коре н-ояд,
Дар парда равад, рӯй ба мо нанмояд.
Маъшуқа хароботиву мутриб бояд,
То нимашабон занону гӯён ояд.
829
Маъшуқаи хонагӣ ба коре нояд,
К-ӯ ишва намояду вафо нанмояд.
Маъшуқа касе бояд, к-андар лаби гӯр,
Аз боғи фалак ҳазор дар бигшояд.
830
Эй қавм, ки бартар зи маҳу маҳтобед,
Аз ҳастии обу гил чаро метобед?!
Эй аҳли харобот, ки дар ғарқобед,
Хезед, ки рӯзу шаб чаро дар хобед?!
831
Зй аҳли муноҷот, ки дар меҳробед,
Манзил дур аст, як замон биштобед!
В-эй аҳли харобот, ки дар ғарқобед,
Сад қофила бигзашту шумо дар хобед.
832
Баргуфтам байт, дилбар аз ман ранҷид,
Гуфто, ки: «Ба вазни байт моро санҷид».
Гуфтам, ки: «Чӣ вайрон кунӣ ин байти маро?!»
Гуфто: «Ба кадом байт хоҳам гуҷид?».
833
Пурсид маҳам, ки чашми ту маҳро дид,
Гуфтам, ки: «Бидиду маҳ зи маҳ мепурсид».
Гуфто, ки: «Зи моҳи ид мепусам ман»,
Гуфтам, ки: «Бале ид, кӣ мепурсад ид?!»
834
Чун рӯзи висоли ёри мо нест пидид,
Андак-андак зи ишқ бояд бибурид.
Мегуфт дилам, ки: «Ин маҳол аст, маҳол»,
Сар пеш афканду зери лаб механдид.
835
Эй, ишқи туам, ин - азоби - ла ша дид,
В-эй ошиқи ту ба захми теғи ту шаҳид.
Шаб омаду ҷумла халқро хоб бибурд,
Ку хоби ман, эй ҷон, магараш гург дарид?
836
Дар маънӣ ҳасту дар аён нест, кӣ дид?!
Дар дил пайдову дар забон нест, кӣ дид?!
Ҳастийи ҷаҳону дар ҷаҳон нест, кӣ дид?!
Дар ҳастиву нестӣ чунон нест, кӣ дид?!
837
Эй дил, асари субҳ, гаҳи шом, кӣ дид?
Як ошиқи содиқи накӯном, кӣ дид?
Фарёд ҳамезанӣ, ки ман сӯхтаам,
Фарёд макун, сӯхтайи хом, кӣ дид?
838
Эй лашкари ишқ, агар чӣ бас ҷабборед,
Он ёри ба чашмрафтаро боз оред.
Як ҷон набаред, дил агар сахт кунед,
Як сар набаред, пой агар бифшоред.
839
Эй нармдилоне, ки вафо мекоред,
Бар хоки сияҳ дурри сафо мекоред.
Дар ҳар ҷое хабар зи олам доред,
Дар дасти чунин ҳаҷр маро магзоред.
840
З-он мақсаба сунъи ту яке най бибурид,
Аз баҳри лаби чун шакари худ бигузид.
В-он най зи ту азбаски майи лад нӯшид,
Ҳам бар лаби ту маст шуду бихрӯшид.
841
Онро, ки худой ноф бар ишқ бурид,
Ӯ донад нолаҳойи ушшоқ шунид.
Ҳар ҷой, ки дона дид, з-он ҷой рамид,
Паррид бад-он сӯй, ки мурғе напарид.
842
Дар боғ ойиду сабзпӯшон нигарид,
Ҳар гӯша дукони гулфурӯшон нигарид,
Механдад гул, ба булбулон мегӯяд:
«Хомӯш шаведу дар хамӯшон нигаред».
843
Маҳрӯёнро ягон-ягон баршумаред,
Бошад, ки ғалат номи маҳи мо бибаред.
Эй анҷумане, ки дар паси парда даред,
Бар дидайи беоташи ман баргузаред.
844
Гуфтам, ки: «Ба ман расид дардат ба мазид»,
Гуфто: «Хунук он ҷон, ки бад-ин дард расид».
Гуфтам, ки: «Дилам хун шуду аз дида давид».
Гуфт: «Ин, ки туро давид, касро надавид».
845
Аз шарбати савдойи ту ҳар ҷон, ки мазид,
Эй оби ҳаёт дар мази даст, мазид.
Марг омаду бӯ кард маро, бӯйи ту дид,
З –он рӯз аҷал умед аз ман бибурид.
846
Ҷон! Оташи ишқи ту ба ғоят бирасид,
Аз ишқи ту корам ба шикоят бирасид.
Аз он ки бихоҳӣ, ки бинолам саҳаре,
Дарёб, ки дарди ман ба ғоят бирасад.
847
Он лаҳза, ки он сарви равонам бирасид,
Тан зад танам аз шарм, чу ҷонам бирасид.
Ӯ, чун-к чунон буд, чунонам бирасид,
Ман, чун-к чунонем, бад-онам бирасид.
848
Шод, эй ҳама толибон, ки матлуб расид,
Дод, эй ҳама ошиқон, ки маҳбуб расид.
Он сиҳати ранҷҳои Аюб расид,
Он Юсуфи сад ҳазор Яқуб расид.
849
Он ишқ, ки барқу бӯш то фарқ расид,
Молам ҳама хӯрду кор бо далқ расид.
Обе, ки аз ӯ домани худ мечидам,
Акнун ҷӯшиду об то ҳалқ расид.
850
Асрори забони ман ба мурғон нарасид,
Тарсам, ки бигӯям, ба Сулаймон нарасид.
Дар пардаи ушшоқ яке роз бимонд,
К-он роз ба сад шева бад-ин ҷон нарасид.
851
Эй он-к маро моҳи ту дар чарх кашид,
Аз оби равони ту маро чарх расид.
То ҷӯй равон асту манаш чархзанон,
Бас лола, ки хандиду басе гул, ки дамид.
852
Он рӯз, ки ҷон хирқаи қолаб пӯшид,
Дарёйи иноят зи карам меҷӯшид.
Сарнойи дил азбаски майи лаб нӯшид,
Ҳам бар лаби ту маст шуду бизрӯшид.
853
Ишқи азалат набуд, Одам кӯшид,
Ӯро ба ҳавос нақши сарно пӯшид.
Сарнои ту азбаски майи лаб нӯшид,
Ҳам бар лаби ту маст шуду бизрӯшид.
854
Дӯш аз қамари ту осмон менӯшид
В-аз оби ҳаёти ту ҷаҳон менӯшид.
З-он оби ҳаёте, ки ҳаётаст, мазид,
Дар ҳар чӣ ҳаёт буд, он менӯшид.
855
Ҳар лаҳза ҳамехонамаш аз роҳи баид,
К-ӯ сураи Юсуф асту Қуръони маҷид.
Гуфтам, ки: «Дилам хун шуду аз дида давид»,
Гуфт: «Ин ки туро давид, касро надавид».
856
Эй аҳли сафо, ки дар ҷаҳон гардонед,
Аз баҳри буте чаро чунин ҳайронед.
Ӯро, ки шумо дар ин ҷаҳон ҷӯёнед,
Дар худ чу биҷӯед, шумо худ онед.
857
Аз оташи ишқи дӯст тафҳо бизанед,
В-он оташро дар ин алафҳо бизанед.
Он чанги ғамаш чу нойи мо бигрифтаст,
Моро ба масал бар ҳама дафҳо бизанед.
858
Гар мурда шавад тан, бари худ ҷош кунед,
В-ар зинда шавад, қасди сару пош кунед.
Гуфтам, ки: «Маро ҳарифи авбош кунед»,
Гуфто: «Не, не, маст сӯйи фош кунед».
859
Ёрон, ёрон зи ҳам ҷудойӣ макунед,
Дар сар ҳаваси гурезпойӣ макунед.
Чун ҷумла якед, дуҳавойӣ макунед,
Фармуд вафо, ки бевафойӣ макунед.
860
Ман соиқаам, дар ин ҷаҳон гар зи манед,
Худро ба қиёси хеш бар ман мазанед.
Заҳр аст марову мӯҳраам пирӯзӣ,
Ку мӯҳра? Вале зи заҳр парҳез кунед.
861
Ҳарчанд дилам ризойи ӯ меҷӯяд,
Ӯ аз сари шамшер сухан мегӯяд.
Об аз сари ангушт фурӯ мечакадаш,
К-ин даст ба хуни ман чаро мешӯяд?!
862
Дил ҳар чӣ зи ошкору пинҳон гӯяд,
З-он зулфи чу мушк анбарафшон гӯяд.
Ин ошуфтасту он парешон, донам,
К-ошуфта суханҳои парешон гӯяд.
863
Сирри дили ошиқон зи мутриб шунавед,
Бо нолайи ӯ ба гирди дилҳо биравед.
Дар парда чӣ гуфт? Гар бад-ӯ мегӯяд,
Яъне, ки зи парда ҳеч берун маравед.
864
Тире зи камончаи рубобӣ биҷаҳид,
Аз чанбари тан гузашту дар қалб расид.
Ин пӯст нигар, ки мағзҳоро бихалид,
Ин парда нигар, ки пардаҳоро бидарид.
865
Ё ман малоъ-ил-арза бишаҳдин ва биқанд,
Кам фааттаҳано фаата бивардин ва биранд.
Мехонад маро ёр ба овози баланд:
Эй ошиқу эй содиқу эй донишманд.
866
Дар навбати хеш чашм бошад дуррбор,
Чун он бигузашт, дил бирӯяд чу баҳор.
Ин дам чу баҳор аст зи рӯйи дилдор,
Чун кор ба навбат аст, дами роҳаш дор.
867
Гар гул корам, бе ту нарӯяд ҷуз хор,
В-ар байзаи товус ниҳам, зояд мор.
В-ар баргирам рубоб, бардарад тор,
В-ар ҳашт ба ҳашт барзанам, гардад чор.
868
Боло бинигар, ду чашмро боло дор,
Соҳибназарӣ куну назар бо мо дор.
Мардонаву мардранг дил бар мо дор,
Овардаму омадам, ту донӣ, подор.
869
Эй баста ҳиҷоб, пардаҳоро бардор,
То кас наравад дигар ба сайди мурдор.
Раҳм ор, ки он масириёнро аз ҷӯъ,
Оби гарме шудаст Юлғунбозор.
870
Рафтам ба сари гӯри карими дилдор,
Метофт зи гилзор танаш чун гулзор.
Дар хок нидо кардам, хоко, зинҳор,
Он ёри вафодори маро некӯ дор.
871
Гӯши моро бе дами асрор мадор,
Чашми моро бе рухи гулнор мадор.
Дасти моро бе майи хаммор мадор,
Моро нафасе бехудат, эй ёр, мадор.
872
Аз ошиқи бадном биё, нанг мадор,
В-арна бирав, ин мистабаро танг мадор.
Эй хунии хунхора зи мо чанг мадор,
В-аз дурдаи хум ба ҷуз маро данг мадор.
873
Эй марди самоъ, меъдаро холӣ дор,
Зеро чу тиҳист най, кунад нолайи зор.
Чун пур кардӣ шикам, зи лути бисёр,
Холӣ монӣ зи дилбару бӯсу канор.
874
То чанд кашӣ сухраи нафси бекор,
То чанд хӯрӣ чу уштурон хӯшаи хор.
То чанд давӣ дар пайи луқмаву динор,
Эй кофири кофирбача, охир дин ор.
875
Чун дид, рухи зарди ман он шӯҳранигор,
Гуфто, ки: «Дигар ба васлам умед мадор.
Зеро ки ту зидди мо шудӣ дар дидор,
Ту ранги хазон дориву мо ранги баҳор».
876
Имрӯз ман аз ташнадаҳониву хумор,
На дил дорам, на ақлу на сабру қарор.
Меояму меравам чу ангурафшор,
Охир қадаҳи шира ба уссор биёр.
877
Хуршед ҳаме зард шавад бар девор,
Мо низ ҳаме зард шавем аз ғами ёр.
Гоҳ аз ғами ёру гаҳ зи нодидани ёр,
Гар кор чунин монад, ё раб, зинҳор.
878
Чун аз рухи ёр дур гаштам ба баҳор,
Идам ба чӣ кор ояду айшам ба чӣ кор.
Аз боғ, ба ҷойи сабза гӯ, хор бирӯй,
В-аз абр ба ҷойи қатра гӯ санг бибор.
879
Гар ранги хазон дораму гар ранги баҳор,
То ҳарду яке нашуд, наёмад гулу хор.
Дар зоҳир хору гул мухолифдидор,
Бар чашм хилоф дид, хандад гулзор.
880
Ман ранги хазон дораму ту ранги баҳор,
То ин ду яке нашуд, наёмад гулу хор.
Ин хору гул арчи шуд мухолифдидор,
Бар чашм хилоф бин, биханд, эй гулзор.
881
Гуфтӣ, ки: «Биё, ки боғ хандиду баҳор,
Шамъ асту шаробу шоҳидони чу нигор».
Он ҷо, ки ту нестӣ, аз инҳом чӣ суд
В- он ҷо, ки ту ҳастӣ, худ аз инҳо ба чӣ кор?
882
Ҳин, вақти сабуҳ аст, майи ноб биёр,
Зеро марг аст, зиндагонӣ ҳушёр.
Ё нолайи ин рубоби бедил бипазир,
Ё поси дили кабоби пурдоғ бидор.
883
Соқӣ, гуфтам туро: «Майи сода биёр,
Он зиндакуни мардуми озода биёр».
Гуфтӣ, ки: «Дар ин даври фалак боде ҳаст»,
То бод расидан, эй санам, бода биёр.
884
ҷамъкуни ҷони пароканда биёр,
В-он мастии ҳар хоҷаву ҳар банда биёр.
Овоз бикаш ризойи поянда биёр,
З-овози Сирофил шавам зинда, биёр.
885
Ҳуш дор дило, ки ҳуш медорад ёр,
Андар паси парда гӯш медорад ёр.
Мо чун нойему ҳар хурӯше, ки кунем,
Он нест зи мо, хурӯш медорад ёр.
886
Ҳар дам дили ҷамъро биранҷонад ёр,
Монандаи чархиён бигардонад ёр.
Як дам ҳамаро биронад аз пешу даме,
Чу фотиҳашон ба ишқ мехонад ёр.
887
Ҳар дам дили хастаро биранҷонад ёр.
Ё сангдил аст, ё намедонад ёр.
Аз дида ба хун навиштаам қиссаи хеш,
Мебинаду ҳеч зи бар намехонад ёр.
888
Эй дил, бигузар зи ишқи маъшуқу зи ёр,
Гар дидаварӣ, зи ҳар се барбанд зуннор.
Дар бӯтаи нестӣ шаву бок мадор,
К-ин фақр муназзаҳ аст зи ёру ағёр.
889
Моем чу ройи ошиқон зеру забар,
В-аз дилбари мо ҳар ду ҷаҳон зеру забар.
Аз зеру забар муназзаҳ омад шаҳи мо,
В-он кас, ки аз ӯ ҷуст нишон, зеру забар.
890
Он кас, ки туро дида бувад, эй дилбар,
Ӯ чун нигарад ба рӯйи маъшуқи дигар?
Дар дидайи ҳар ки кард сӯйи ту назар,
Торик нанамояд ба худо шамсу қамар.
891
Фармуд худо ба ваҳй, к-эй пайғамбар,
Ҷуз дар сафи ошиқон биманшин, бигузар.
Ҳарчанд зи оташат ҷаҳон гарм шудаст,
Оташ бимирад зи сӯҳбати хокистар.
892
Дар хоки дари вафои он симинбар,
Мекор дилу дидаву м-андеш зи бар.
Аз ман бишунав, то нашавӣ зеру забар,
Валлаҳ, ки хабар надорӣ аз зеру забар.
893
Дасту дили мо ҳар чи тиҳитар, хуштар,
В-озодии дил зи ҳар чи хуштар, хуштар.
Айши хуши муфлисона як чашм задан,
Аз ҳашмати сад ҳазор қайсар, хуштар.
894
Эй хоки дарат зи оби Кавсар хуштар,
Андар раҳи ту пойи ман аз сар хуштар.
Чун бонги дафи ишқи туро моҳ шунид,
Маҳ гашт дутову гуфт: «Чанбар хуштар».
895
Эй ишқ, хушӣ, чӣ хуш, ки аз хуш хуштар,
Оташ ба ман андар зану оташ хуштар.
Ҳар шаш ҷиҳат аз ишқ хуш обод шудаст,
Бо ин ҳама берун шудан аз шаш хуштар.
896
Эй зилли ту аз сояи тубо хуштар,
В-эй ранҷи ту аз роҳати уқбо хуштар.
Пеш аз рухи ту бандайи маънӣ будам,
Эй нақши ту аз ҳозор маънӣ хуштар.
897
Чун бут рухи туст, бутпарастӣ хуштар,
Чун бода зи ҷоми туст, мастӣ хуштар.
Дар ҳастии ишқи ту чунон нест шудам,
К-он нестӣ, аз ҳазор ҳастӣ хуштар.
898
Рӯйи чу маҳат пеши чароғ авлотар,
Рӯйи ҳабашикарда ба доғ авлотар.
Ин ҳалқа чу боғ аст, ту булбул моро,
Рақси булбул миёни боғ авлотар.
899
Ман масхараи ту нестам, эй фоҷир,
То масхарагӣ намоямат бас нодир.
Вайрон кунамат, чунон-к бояд кардан,
Оҷиз шавад аз иморатат ҳар омир.
900
Меояд гурге бари мо вақти саҳар,
Ҳам фарбеҳ мерабояду ҳам лоғар.
То чанд кунӣ хур-хур андар бистар,
Бар рӯй зан об, эй, ки хокат бар сар.
901
Он соқии рӯҳ дардиҳад ҷом охир,
Ин мурғи ғариб биҷаҳад аз дом охир.
Гардад фалаки тунд маро ром охир,
В-аз карда пушаймон шавад айём охир.
902
Ҳар кор, ки ӯ бар ту ҳамедорад дар,
Бармешиканӣ, мекунӣ аз ноз ибар
Раҳ-раҳ, чу чакида хун бубинӣ ҷое,
Пай бар, ки зи чашми мо бурун орад сар.
903
Эй буда самои осмонро раҳу дар,
Эй буда самои мурғи ҷонро сару пар.
Аммо ба ҳузури туст чизе дигар,
Монанди намоз аз паси пайғамбар.
904
Эй зодаи соқӣ, ҳала аз ғам бигузар,
Эй ҳамдами рӯҳи қудс, аз дам бугузар.
Гуфтӣ, ки: «Зи ғам гурехтам, шод шудам»,
Шодии равони худ аз ин ҳам бигузар.
905
Гар дар сару чашм ақл дориву басар,
Бифрӯш забонрову сар аз теғ бихар.
Моҳии тамаъ аз забони гӯё бибуред,
З-он менабуранд аз тани моҳӣ сар.
906
Эй дилбари айёрдили некӯфар,
Аз ҷумлаи некӯён туйӣ некӯтар.
Эй аз шакарат даҳони гулҳо пурзар,
З-он ҳаҷр кабудпӯш ту нилуфар.
907
Табъам чу ҳаёт ёфт аз ҷилваи фикр,
Овард арӯси назм дар ҳуҷраи зикр.
Дар ҳар байте ҳазор духтар бинамуд,
Ҳар як ба мисоли Марям обистану бикр.
908
Андешайи даҳрат, бача, бигдохт ҷигар,
Табъи ту мизоҷи даҳр нашнохт магар?
Пиндор, ки нутфае наяндохт падар,
Ангор, ки гулхане напардохт қадар.
909
Маҷмӯи тану қолаби худро бинигар,
Ҷавқе мастанд, хуфта бар ҳамдигар.
Мунис хоҳӣ, салои бедорӣ зан,
Бар хуфта манеҳ пову аз ӯ дармагзар.
910
Хоҳӣ бӯстон, ҳалқаи мастон бинигар,
Хоҳӣ сари хар, ба худпарастон бинигар.
Акнун сари хар низ ба бӯстон омад,
Куни хар агар найӣ, ба бӯстон бинигар.
911
Дар мастабаҳо гарду харобот нигар,
Печидани мастон ба мулоқот нигар.
Дар каъбаи ишқ сӯйи миқот нигар
Ҳайҳот шунав зи рӯҳу ҳайҳот нигар.
912
Эй он-к дилат бояд, дар вай манигар,
Зоҳид шаву чашмро ба хубон бигузар.
Аммо чӣ кунад чашм, ки беруну дарун,
Бечораи ишқи ӯст бечораназар.
913
Ин сурати боғ аст, дар ӯ нест самар,
Ту ранҷа машав, беҳуда савганд мах(в)ар.
Ё кори муаллақу фиреб асту ғурур,
Худ аз ту наҷуст кас, аз ин ҷинс хабар.
914
Бисёр бихондаем дастону самар,
Аз ошиқу маъшуқу ғами хуни ҷигар.
Пойи алами ишқ, ҳама ишқи туст,
Ту худ дигарӣ шаҳову ишқи ту дигар.
915
Селоб гирифт гирди вайронаи умр,
Оғози пурӣ ниҳод паймонаи умр.
Хуш бош, ки то чашм занӣ, худ бикашад,
Ҳаммоли замона рахт аз хонаи умр.
916
Дар боғи ту дарнаёмадам гирдовар,
Дарвеши тиҳиравам ману роҳгузар.
Хоҳӣ, ки бурун равам, маро бикшо дар,
В-ар накшойӣ, гумони бад низ мабар.
917
Эй омада з-осмон дар ин олами дер,
В-оварда хабарҳои самовот ба зер.
З-овози ту одамӣ куҷо гардад сер,
Ё раб, ту бидеҳ замзамаи панҷаи шер.
918
Бо ҳиммати боз бошу бо ҳайбати шер,
Дар махзани ҷон дарой бо дидаи шер.
Рав зуд бад-он ҷо, ки на зуд асту на дер,
Бар боло рав, ки худ на болосту на зер.
919
Маҷнуну парешони туам, дастам гир,
Саргаштаву ҳайрони туам дастам гир.
Ҳар бесару пой дастгире дорад,
Ман бесару сомони туам, дастам гир.
920
Ман дам назанам аз ин ҷаҳони дамгир,
Ман дар тарабам, ҳама ҷаҳон мотамгир.
Байзақ бибарӣ зи мо, вале шаҳ набарӣ,
Мову рухи шаҳ ҳазор байзақ кам гир.
921
Гуфтам: «Чашмам». Гуфт: «Саҳобе кам гир»,
Гуфтам: «Ашкам». Гуфт: «Саробе кам гир».
Гуфтам, ки: «Дилам». Гуфт: «Кабобе кам гир»,
Гуфтам, ки: «Танам». Гуфт: «Харобе кам гир».
922
Бегаҳ шуду бегаҳ шуду бегаҳ шуда гир,
Хуршед яке рӯз дар он чаҳ шуда гир.
Сад бор дар ин қофила раҳ зад, раҳ зад,
Имшаб асас аст, гар занад раҳ, зада гир.
923
Гуфтам: «Бинамо, ки чун кунам». Гуфт: «Бимир»,
Гуфтам, ки: «Шуд об рӯғанам». Гуфт: «Бимир».
Гуфтам, ки: «Шавам шамъ мани парвона,
Эй рӯйи ту шамъи равшанам». Гуфт: «Бимир».
924
З-он абрӯйи чун камон-т, зй бадри мунир,
Дил шишаи пурхун шавад аз зарбати тир.
Гӯям: «Зи дилу шишаи хун чист назир?»,
Бардорад ҷоми бодаву гӯяд: «Гир».
925
Ман ҳимматиям, куҷо бувад чун ман боз?
Арза накунам ба ҳеҷ кас озу ниёз.
Бо хештанам хуш аст, дар пардаи роз,
Гаҳ сайду гаҳе қайду гаҳе нозу гаҳ оз.
926
Гар бишканадам, нагардам аз ишқи ту боз.
Зеро ки зи чанги мо бурун шуд овоз.
Гӯянд маро: «Сарат бибуррем ба гоз»,
Пироҳани умр, худ чӣ кӯтаҳ, чӣ дароз.
927
Зинҳор, машав ғарра ба бебокии боз,
Зеро ки паре дорад аз давлати боз.
Мурғӣ ту, валек мурғи мискину маҷоз,
Бо бози шаҳаншоҳ ту шатранҷ мабоз.
928
Мардона биё, ки нест кори ту маҷоз,
Оғоз бинеҳ таронайи беоғоз.
Сиблат мемол, хоҷаи шаҳрӣ ту,
Охир зи газоф нест ин риши дароз.
929
Эй дил, ҳама рахтро дар ин кӯй андоз,
Пироҳани Юсуф аст, бар рӯй андоз.
Моҳибачайӣ, умр надорӣ бе об,
Андеша макун, хеш дар ин ҷӯй андоз.
930
Имшаб, ки кушодаст санам бо мо роз,
Эй шаб, чӣ шабӣ, ки умри ту бод дароз.
Зоғони сияҳ имшаб андар тарабанд,
Бо бози сапеди ҷон шуда дар парвоз.
931
Дил омаду гуфт: «Ҳаст савдош дароз»,
Шаб омаду гуфт: «Зулфи раънош дароз».
Сарв омаду гуфт: «Қаду болош дароз»,
Ӯ умри азизи мост, гӯ: «Бош дароз».
932
Моему дами кӯтаҳу савдойи дароз,
Дар сояи дил фиканда ду пойи дароз.
Наззоракунон ба сӯйи саҳройи дароз,
Сад рӯзи қиёмат аст, чӣ ҷойи дароз?!
933
Омад дайи девонаву шабҳойи дароз,
Моему шаби тираву савдойи дароз.
Моро шаби хоб нест, дил ёва шудаст,
Ӯро, ки дил аст, то кунад пой дароз.
934
Бинмой ба ман рух ту, эй шамъи тироз,
То ноз кунам, на рӯза дорам, на намоз.
То бо ту бувам, маҷози ман ҷумла намоз,
Чун бе ту бувам, намози ман ҷумла маҷоз.
935
Ман будаму дӯшу он бути ҷонафроз,
Аз ман ҳама лоба буду аз вай ҳама ноз.
Шаб рафту ҳадиси мо ба поён нарасид,
Шабро чӣ гунаҳ, ҳадиси мо буд дароз.
936
Ёре хоҳӣ, зи ёр бо ёр бисоз,
Судат суд аст, бо харидор бисоз.
Аз баҳри висоли моҳ аз шаб магурез,
В-аз баҳри гулу гулоб бо хор бисоз.
937
Имрӯз марав аз барам, эй ёр, бисоз,
Эй гулбуни садбарг, бад-ин хор бисоз.
Эй ишвафурӯш, бо харидор бисоз,
Эй моҳи тамом, бо шаби тор бисоз.
938
Эй ҷони латиф, бе ғами ишқ масоз,
Дар ҳар нафасаш ҳазор рӯзасту намоз.
Пайдост сару почайи савдову маҷоз,
Охир зи газоф нест, ин риши дароз.
939
Эй карда зи нақши одамӣ чанге соз,
Ҷонҳо ҳама қавволи ту аз рӯйи ниёз.
Эй лаъли лабат тавонгари умри дароз,
Як ҳадя аз он лаъл ба қаввол андоз.
940
Эй ҷони самоъу рӯзаву ҳаҷҷу намоз,
В-эй аз ту ҳақиқат шуда бозиву маҷоз.
Имрӯз манам мутрибат, эй шамъи Тироз,
Аз чарх бувад нисору қаввол андоз.
941
Ман будаму дӯшу он бути банданавоз,
Аз ман ҳама лоба буду аз вай ҳама ноз.
Шаб рафту ҳадиси мо ба поён нарасид,
Шабро чӣ гунаҳ, ҳадиси мо буд дароз.
942
Дарди ту илоҷи кас пазирад? Ҳаргиз!
Ё аз ту мурод мегузирад? Ҳаргиз!
Гуфтӣ, ки: «Ниҳоли сабр дар дил киштӣ»,
Гирам, ки: «Бикоштам, бигирад?» Ҳаргиз!
943
Маъшуқайи мо карон нагирад ҳагиз,
В-ин шамъу чароғи мо намирад ҳаргиз.
Ҳам сурату ҳам ойина, валлаҳ, ки вай аст,
Он ойина занге напазирад ҳаргиз.
944
Омад, омад, он-к нарафт ӯ ҳаргиз,
Холӣ набуд он об аз ин ҷӯ ҳаргиз.
Ӯ маъдани мушку мо ҳама бӯйи вайем,
Аз мушк ҷудо ту дидаӣ бӯ ҳаргиз?!
945
Эй ишқ, нахусбиву нахуфтӣ ҳаргиз,
Дар дидайи хуфтагон наяфтӣ ҳаргиз.
Боқӣ сухане ҳаст, бигӯям онро,
Ту низ нагӯйиву нагуфтӣ ҳаргиз.
946
Эй тунги шакар, аз туршон чашм бидӯз,
Оташ бизану ҳар чӣ ба ҷуз ишқ бисӯз.
Дӯкони шакафурӯшу он гаҳ туршӣ?!
Барфу дамаҳо в-он гаҳе фасли тамуз?!
947
Як шаб чу ситора гар нахуспӣ то рӯз,
Дартобад инчунин маҳи ҷонафрӯз.
Дар торикист оби ҳайвон, ту махусп,
Шояд, ки шабе дар об андозӣ пӯз.
948
Он ёр ниҳон кашид дастам имрӯз,
Аз даст шудам, банд шикастам имрӯз.
Як маст наям, ҳазор мастам имрӯз,
Девонаву девонапарастам имрӯз.
949
Шаб гашту маро нест хабар аз шабу рӯз,
Рӯз аст шабам, зи рӯйи он рӯзафрӯз.
Эй шаб, шаб аз онӣ, ки аз ӯ бехабарӣ,
Эй рӯз бирав, зи рӯзи ӯ рӯз омӯз.
950
Ҳин вақти сабӯҳ аст миёни шабу рӯз,
Ғайри маҳу хуршед чароғе бифурӯз.
З-он оташу об ранги як шӯъла барор,
Дар бунгаҳи андеша зану пок бисӯз.
951
Моему ҳавойи ёри маҳрӯ шабу рӯз,
Чун моҳӣ нишаста андарин ҷӯ шабу рӯз.
З-ин рӯзу шабон куҷо барад бӯ шабу рӯз?!
Худ дар шабу рӯзи ошиқон ку шабу рӯз?!
952
Ҷаҳде бикун аз панд пазирӣ ду-се рӯз,
То пештар аз марг бимирӣ ду- се рӯз.
Дунё зани пирест, чӣ бошад гар ту
Бо пирзане унс нагирӣ ду-се рӯз?!
953
Дар сар ҳаваси ишқи ту дорам ҳама рӯз,
Дар ишқи ту масту беқарорам ҳама рӯз.
Мар мастонро хумор якрӯза бувад,
Ман он мастам, ки дар хуморам ҳама рӯз.
954
Мегӯяд мар маро нигори дилсӯз:
«Мебояд рафт, чун ба поён шуд рӯз».
Эй шаб, ту бурун маёй аз катми адам,
Хуршед, ту хешро бад-ин чарх бидӯз.
955
Он тоб, ки ман донаму ту ,эй дилсӯз,
Эй дӯст, шабу рӯз зи дил меафрӯз.
Не, не, ки ғалат гуфтам, эй ишқомӯз,
Ишқи туву савдойи ту в-он гаҳ шабу рӯз.
956
Эй лола, биёву аз рухам ранг омӯз,
В-эй Зӯҳра биёву аз дилам чанг омӯз.
В-он гаҳ, ки навойи васл оҳанг кунад,
Эй бахти абад, биёву оҳанг омӯз.
957
Ман сер нагаштаам зи ту ёр, ҳанӯз,
Вомам дорӣ наботи бисёр ҳанӯз.
Гар аз сари хоки ман барояд хоре,
Лаб бикшояд ба ишқат он хор, ҳанӯз.
958
Эй сангдилон, нашуд диле нарм ҳанӯз,
Эй яхсифатон, нашуд яхе гарм ҳанӯз.
Нагрифт, дибоғат ин ҷурм ҳанӯз,
Нагрифт касеро зи худо шарм ҳанӯз.
959
Омад бари ман дӯш нигоре сартез,
Ширинсухане, шакарлабе, шӯрангез.
Бо рӯйи чу офтоб бедорам кард,
Яъне, ки чу офтоб дидӣ, бархез.
960
Дилдор омад, қанина басанд бас тез,
Май хӯрд ба ҷид, паёпаю тезотез.
Соқӣ гуфташ, ки: «Нӯш бодат, аммо,
Ҳин то нарасӣ ба ҷойи каж, дору марез».
961
Боз омадам инак, ки занам оташи тез,
Дар тавбаву дар гуноҳу ҷурму парҳез.
Овардам оташе, ки мефармояд:
К-эй ҳар чӣ ҷуз аз худост, аз раҳ бархез.
962
Моему туву хонайи холӣ, бархез,
Ҳангоми ситез нест, эй ҷон, мастез.
Чун обу шароб бо ҳарифон омез,
Чандон-к расам ба ҷойи каж, дору марез.
963
Эй зарра, зи хуршед тавонӣ, бигрез,
Чун натвонӣ гурехт, боре мастез.
Ту ҳамчу сабӯйиву қазо чун санге,
Бо санг мапеч, оби худро бимарез.
964
Сад бор бигуфт ёр: «Ҳар ҷо магрез,
Гар бигрезӣ, ба ҷуз сӯйи мо магрез».
Ҳар гаҳ зи хаёли гург тарсон гардӣ,
Дар шаҳр гурез, сӯйи саҳро магрез».
965
Сад бор бигуфтамаш: «Зи мастон магрез,
Ҷон дар кафашон супор, бӯстон, магрез».
Аз ман бишнав, гурезпо сар набрад,
Гар ҷон хоҳӣ, зи ҳалқаи ҷон магрез.
966
Эй дил, зи ҷафойи дилситонон магрез,
Дуздӣ хоҳӣ, зи посбонон магрез.
Меҷӯй нишон, зи бенишонон магрез,
Сад ҷон бидеҳу зи ранҷи ҷонон магрез.
967
Эй сулҳи ту бо банда ҳама ҷангомез,
То кай бувад ин дӯстӣ тангомез?
Омезиши ман бо ту, агар меҷӯйӣ,
Дарёб зи оби дидайи рангомез.
968
Имрӯз хушам ба ҷони ту, фардо низ,
Ҳам оҳаму ҳам гавҳару ҳам дарё низ.
Ҳам кору киёи дӯст корафзо низ,
Ҳар лоф, ки ӯ занад, бигӯям: «Мо низ».
969
Омад, омад, турш, турш, яъне бас,
Мепиндорӣ, ки ман битарсам зи абас?!
Он мурғи диле, ки нест дар қайди қафас,
Ӯро биматарсон, ки натарсад аз кас.
970
Эй Юсуфи ҷон, зи ҳоли Яъқуб бипурс
В-эй ҷони карам,зи ранҷи Аюб бипурс.
В-эй ҷумлайи хубон бари ту лӯъбатакон
Ҳоли моро зи ҳиҷри нохуб бипурс.
971
Ҷоно, сифати қадам зи абрӯт бипурс,
Ошуфтагиям зи холи ҳиндут бипурс.
Ҳоли дилам аз даҳони тангат биталаб,
Бемории ман зи чашми ҷодут бипурс.
972
Аҳволи дилам ҳар саҳар аз бод бипурс,
То шод шавӣ, аз мани ношод бипурс.
Дар куштани бегуноҳ савдот шавад,
Аз чашми худ он ҷодуйи устод бипурс.
973
Рӯям чу зари замона мебину мапурс,
Ин ашки чу нордона мебину мапурс.
Аҳволи даруни хона аз ман маталаб,
Чун бар дари остона мебину мапурс.
974
Дилдор чунон мушавваш омад, ки мапурс,
Ҳиҷрон-ш чунон пуроташ омад, ки мапурс.
Гуфтам, ки: «Макун». Гуфт: «Макун, то накунам»,
Ин як суханам ҷони хуш омад, ки мапурс.
975
Ҳастам зи ғамаш чунон парешон, ки мапурс,
З-он сон гирави бесару сомон, ки мапурс.
Эй мурғи хаёл, сӯйи ӯ кун гузаре
В-он гаҳ зи манаш бипурс чандон, ки мапурс.
976
Дорад қадаҳи майи ҳароме, ки мапурс
Як душмани ҷон, шигарфҷоме, ки мапурс.
Пешам дорад шароби хоме, ки мапурс,
Мехонад мар маро ба номе, ки мапурс.
977
Аз рӯзи қиёмати ҷаҳонсӯз бипурс,
В-аз новаки интиқоми дилдӯз бипурс.
Эй дар шаби ҳирс хуфта дар хоби дароз,
Субҳи аҷалат дамид, аз рӯз бипурс.
978
З-ин ишқи пур аз феъли ҷаҳонсӯз битарс,
З-ин шанги қабобахши камардӯз битарс.
В-он гаҳ ояд, чу зоҳидон тавба кунад,
Он рӯз, ки тавба кард, он рӯз битарс.
979
Мар ташнайи ишқро шаробест, матарс,
Беоб шудӣ, пеши ту обест, матарс.
Ганҷи ту агар байти харобест, матарс,
Бедор шав аз ҷаҳон, ки хобест, матарс.
980
Чун рӯ ба ман шудӣ, ту аз шер матарс,
Чун давлати ту манам, зи идбир матарс.
Аз чарх чу он моҳ туро ҳамроҳ аст,
Гар рӯз бегаҳ асту гар дер, матарс.
981
Рав, маркаби ишқро қавӣ рону матарс,
В-аз мусҳафи каж ояти ҳақ хону матарс.
Чун аз худу ғайри худ мусаллам гаштӣ,
Маъшуқи ту ҳам туйӣ, яқин дону матарс.
982
Ошиқ чу намешавӣ, бирав пашм бирес,
Садкораву садрангаву садпешаву пес.
Дар косаи сар чу нестат бодайи ишқ,
Дар матбахи мудхилон раву коса билес.
983
Эй савдойӣ, бирав пайи савдо бош!
Дар сурати савдойи дилат шайдо бош!
Бо сояи худ зи бадхӯйӣ дар ҷангӣ,
Худ сояи туст хасми ту, танҳо бош.
984
Ҳар чанд малулӣ, нафасе бо мо бош,
Магрез зи ёрону дар ин ғавғо бош.
Ё ҳамчу дилам волаю савдойӣ шав,
Ё баҳри назора ҳозири савдо бош.
985
Гар нола кунам, гӯяд: «Яъқуб мабош»
В-ар сабр кунам, гӯяд: «Аюб мабош».
Ишкаста нахоҳадам ва чун сар бикашам,
Бар сар бизанад, ки сар макаш, чӯб мабош.
986
Бо дил гуфтам: «Зи дигарон беш мабош,
Рав марҳами лутф бош, чун неш мабош.
Хоҳӣ, ки зи ҳеч кас ба ту бад нарасад,
Бадгӯю бадомӯзу бадандеш мабош».
987
Ҷони ҷонӣ, биё, миёни ҷон бош,
Чун ақлу хирад тоҷи сари мардон бош.
Ту давлату бахти ҳамайӣ дар ду ҷаҳон,
Чун давлату бахт дар ҷаҳон гардон бош.
988
Эй дил, бирав, аз оқибатандешон бош,
Дар олами бегонагӣ аз хешон бош.
Гар боди сабо маркаби худ мехоҳӣ,
Хоки қадами маркаби дарвешон бош.
989
Ҳон! Эй дили ташна, ҷӯйро ҷӯён бош,
Бе пой маёй, доимо пӯён бош.
Не он-к даруни сина бекому забон
Сар чашмайи ҳар гуфт туйӣ, гӯён бош.
990
Бо мо чу наӣ, машав, рафиқи ӯ бош,
К-аввал қадаҳат диҳанду охир пархош.
Гул бошу ба ҳар сухан, ки хоҳӣ механд,
Марди сара бошу ҳар куҷо хоҳӣ, бош.
991
Имрӯз ҳарифи ишқ бонге зад фош,
Гар авбошӣ, ҷуз ба авбош мабош.
Дӣ нест шудаст, ҳин, маяндеш зи лош,
Фардо, ки наёмадаст, аз вай матарош.
992
Он ринду қаландаре ниҳон омаду фош,
Дар дидайи ман ба ҷуз нишони кафи пош.
Ё ӯст худо ва ё фиристод худош,
Эй мутриби ҷон, яке нафас моро бош.
993
Ногаҳ бизадам даст ба сӯйи ҷебаш,
Сармаст шудам зи лаззати осебаш.
Дастам нарасид сӯйи ҷайбаш, аммо
Алминати-ил-лаҳ, ки бибурдам себаш.
994
То дар назанӣ, баҳри чӣ дорӣ оташ?
Ҳаргиз нашавад ҳақиқати вақти ту х(в)аш.
Айёронро зи оташ омад мафраш,
Айёр найӣ, зи ошиқон по даркаш.
995
Савганд бад-он ҷон, ки шудаст ӯ пасташ,
Савганд бад-он сар, ки шудаст ӯ масташ.
Савганд бад-он дам, ки маро медиданд,
Сағроқ ба дастеву ба дасте дасташ.
996
Он кас, ки назар кунад ба чашми масташ,
Аз рашк дуойи бад кунам пайвасташ.
В-он кас, ки ба ангушт намояд рухи ӯ,
Гар дастрасам бувад, бибуррам дасташ.
997
Эй ишқ, биё ба талххӯён хӯ бахш,
Эй пушти ҷаҳон, ба ҳуснҷӯён рӯ бахш.
Аз боғи ҷамоли ту чӣ кам хоҳад шуд?
З-он себи занахдон ду-се шафтолу бахш.
998
Ҳар дида, ки ҳаст ошиқи гулзораш,
Машғул куҷо кунад сари ҳар хораш.
Гар рост бувад, ёр бувад даркораш,
В-ар каж нигарад, рост наёяд кораш.
999
Чун ранг бидуздид гул аз рухсораш,
Овехт сабо чу раҳзанон бар дораш.
Бисёр бигуфт булбулу суд надошт,
То бӯ, ки сабо ба ҷон диҳад зинҳораш.
1000
Бар ман бигирист наргиси хуммораш,
То хира шудам, зи гиряи бисёраш.
Гар наргиси ӯ ба сурма олуда будӣ,
Олуда шудӣ зи сурмаҳо рухсораш.
________________________________________________________
К Продолжению: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327419.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe
  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments