Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 1001 - 1200


К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327075.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
1001
Рафт он, ки набуд кас ба хубӣ ёраш,
Бе он-к дилам сер шуд аз дидораш.
Ӯ рафту бимонд дар дилам тимораш,
Оре, биравад гулу бимонад хораш.
1002
Хойидани он лаб, ки чашидӣ шакараш,
Молидани дасте, ки кашидӣ ба бараш.
Нагзорад он кас, ки ба ҷону ҷигараш,
Оби ҳайвон ҳаме расад аз асараш.
1003
Эй карда ба панҷ шамъ равшан ҳар шаш,
Эй асли хушиву ҳар чӣ дорӣ ҳама х(в)аш.
То чанд чу «Алҳамд» маро мехонӣ,
Ҳамчун «Бақара» бигир гӯши ману каш.
1004
Шиша бизанам бар он дили санги хушаш,
То ҷанг кунад, бишнавам он ҷанги хушаш.
То бифрӯзад зи хашм он ранги хушаш,
То бихрошад маро бад-он чанги хушаш.
1005
Дар анҷумане нишаста дидам дӯшаш,
Натвонистам гирифт дар оғӯшаш.
Рухро ба баҳона бар рухаш бинҳодам,
Яъне, ки ҳадис мекунам дар гӯшаш.
1006
Эй боди саҳар, ба сӯйи он дилбар каш,
Аҳволи дилам бигӯ, агар бошад х(в)аш.
В-ар з-он, ки бар оби худ набошад дилкаш,
Зинҳор маро надидайӣ, дам даркаш.
1007
Гар мекушадам ғами ту ҳар дам, ту макуш,
Ҳал то бикушандам ҳама олам, ту макуш.
Онро, ки ту андохтайӣ, пой мазан
В-онро, ки ту зинда кардайӣ, ҳам ту макуш.
1008
Эй чашм, биё, домани худ дар хун каш,
В-эй рӯҳ, бирав, қумош бар гардун каш.
Бар лаъли лабат ҳар он-к ангушт ниҳод.
Мандеш, забон-ш аз қафо берун каш.
1009
Эй рӯйи чу офтоби ту шодикаш,
В-эй мӯйи ту сармояи даҳ ҷумла ҳабаш.
Танҳо ту хушиву бас дар ин ҳар ду ҷаҳон,
Боқӣ табаи туанд, гашта ҳама х(в)аш.
1010
Шаб чист барои мо? Замони нолиш
В-онро, ки на ошиқ аст, онро болиш.
В-он ошиқи ноқисе, ки навкор бувад,
Гӯшаш нашавад гарм ба шаб бе молиш.
1011
Дар маҷлиси султон бишикастам ҷомаш,
То ҷанг кунад, бишнавам он дашномаш.
Валлаҳ, ки чунон фитодаам дар домаш,
К-аз пухтаи ӯ намешиносам хомаш.
1012
Гаҳ бода лақаб ниҳодаму гаҳ ҷомаш,
Гоҳе зари пухта, гоҳ сими хомаш.
Гаҳ донаву гоҳ сайду гоҳе домаш,
Ин ҷумла чарост, то бигӯям номаш.
1013
Онро, ки расули дӯст пиндоштамаш,
Ман ному нишони дӯст дархостамаш.
Бикшод даҳонро, ки бигӯяд чизе,
Аз ғояти ғайрати ту нагзоштамаш.
1014
Он дил, ки ман они хеш пиндоштамаш,
Биллаҳ, бари ҳеч дӯст нагзоштамаш.
Бигзошт маро бутову омад бари ту,
Некӯ дораш, ки ман накӯ доштамаш.
1015
Гуфтам: «Чашм». Гуфт, ки: «Ҷайҳун кунамаш»,
Гуфтам, ки: «Дилам». Гуфт, ки: «Пурхун кунамаш».
Гуфтам, ки: «Танам». Гуфт, ки: «Баъди ду-се рӯз,
Расво кунаму зи шаҳр берун кунамаш».
1016
Дилдор маро ваъда диҳад, нашнавамаш,
Бар мусҳаф агар даст ниҳад, нашнавамаш.
Гӯяд: «Валлаҳ, ки нашнавӣ, нашнавамат»
Хоҳад, ки ба инҳо биҷаҳад, нашнавамаш.
1017
То битвонӣ, ту ҷомайи ишқ мапӯш.
Чун пӯшидӣ, баҳри балое махурӯш.
Дар ҷома ҳамесӯзу ҳамебош хамӯш,
К-охир зи паси сабр бувад рӯзие нӯш.
1018
Эй ёр, маро мувофиқӣ, вақтат хуш,
Бар ҳоли дилам чӣ лоиқӣ, вақтат хуш!
Хоҳам ба дуо, ки ошиқон хуш бошанд
В-ар з-он-к ту низ ошиқӣ, вақтат хуш!
1019
Гуфтӣ: «Чунӣ»? Биё, ки чун рӯзам хуш,
Чун рӯз ҳамедарраму медӯзам хуш.
То рӯйи чу оташат бидидам, чу сипанд
Месӯзаму месӯзаму месӯзам хуш.
1020
Эй рӯзи нишоту равшанӣ, вақти ту хуш
В-эй олами айшу эманӣ, вақти ту хуш.
Дар сояи зулфи ту даме мехуспам,
Ту низ даме мувофиқат кунӣ? Вақти ту хуш.
1021
Ними дафи ман ба муш додӣ, ҳама хуш,
Боқӣ ба кафи банда ниҳодӣ, ҳама хуш.
Бо даффи дарида, дар самоъ омадаем,
Эй бо ту муроду бемуродӣ, ҳама хуш.
1022
Он зулфи пур аз мушки таторӣ, ҳама хуш,
В-андар талаб чу ман шикорӣ, ҳама хуш.
Дар фасли баҳору навбаҳорӣ, ҳама хуш,
Чун қанду набот дар канорӣ, ҳама хуш.
1023
Он дам, ки ҳақи банда гузорӣ, ҳама хуш,
В-аз меҳр сари банда бихорӣ, ҳама хуш.
Аз хона бирониам ба зорӣ, ҳама хуш,
Чун азм кунам, ҳам бигзорӣ, ҳама хуш.
1024
Андар бари хешам бифишорӣ, ҳама хуш,
Бар роҳи занон марг гузорӣ, ҳама хуш.
Чун марг диҳӣ, аз паси он барг диҳӣ,
Аз марг ҳаётҳо барорӣ, ҳама хуш.
1025
Бар ҷону дилу дида саворӣ, ҳама хуш,
В-андар дилу ҷон ҳар чӣ бикорӣ, ҳама хуш.
Хушчашмиву маҳбубузорӣ, ҳама хуш,
Фарёдрасии ҷонизорӣ, ҳама хуш.
1026
Эй ҷону ҷаҳону рӯшнойӣ, ҳама хуш,
Ороми диливу ошнойӣ, ҳама хуш.
Бар мо гузаре агар кунӣ, султонӣ
В-ар бӯса мазид бар физойӣ, ҳама хуш.
1027
Савдойи туам дари ҷунун мезад дӯш,
Дар пой ду чашм мавҷи хун мезад дӯш.
То нимашабӣ хайли хаёлат бирасид,
В-ар не, ҷонам хайма бурун мезад дӯш.
1028
Бо пири хирад нуҳуфта мегуфтам дӯш:
«К-аз ман сухани сирри ҷаҳон ҳеч мапӯш».
Нармак-нармак маро ҳамегуфт ба гӯш:
«К-ин диданист, гуфтӣ нест, хамӯш».
1029
Донам, ки баройи мо нахуфтӣ ту дӯш,
Бар суфаи сард бо яке болопӯш.
Он низ фаромӯш нагардад моро,
Эй буда азизтар аз дидаву гӯш.
1030
Мурғон рафтанд сӯи Сулаймон ба хурӯш,
К-ин булбулро чаро намемолӣ гӯш?!
Булбул гуфто: «Ба хуни мо дар бимаҷӯш,
Се моҳ сухан гӯяму нӯҳ моҳ хамӯш».
1031
Ишқаш бикушодаст ба ҳар шарме гӯш,
Гар ҳоли ту хайр асту гар шар, мекӯш.
Мекӯш, ки аз ишқи туам дар оғӯш,
Марғест, ки номи ӯ бувад марзангӯш.
1032
Дил ёди ту орад, биравад ҳуш зи ҳуш,
Май бе лаби нӯшини ту кай гардад нӯш?!
Дидори туро чашм ҳамедорад чашм,
Овози туро гӯш ҳамедорад гӯш.
1033
Коре кардам, нигаҳ накардам пасу пеш,
Эй ҳар кӣ чунон кунад, чунин ояд пеш.
Он дам, ки қазо макр кунад, эй дарвеш,
Дар хона гурезад хиради дурандеш.
1034
Эй ганҷ, биё зуд ба вайронайи хеш,
В-эй зулф, парешон машав аз шонайи хеш.
В-эй мурғ, матоб рӯй аз донайи хеш,
Эй хонахудо, дарой дар хонайи хеш.
1035
Сад мавҷ занад баҳри дил аз ёди самоъ,
Ҳар дил набувад лойиқи ашҳоди самоъ.
Ҳар дил, ки бипайваст ба баҳри дилҳо,
З-ин бод биҷӯшаду диҳад доди самоъ.
1036
Ҳар рӯз ба ёди он сипаҳдори самоъ,
Чун боди сабо ба сӯи гулзори самоъ.
Ҳам тӯтиву андалеб дар кор ояд,
Хам гардад ҳар дарахти пурбори самоъ.
1037
Меҳмони туем мову меҳмони самоъ,
Эй ҷони муоширону меҳмони самоъ.
Ҳам баҳри ҳаловативу ҳам кони самоъ,
Ороста бод аз ту майдони самоъ.
1038
Имрӯз самоъ асту самоъ асту самоъ,
Нур асту шуоъ асту шуоъасту шуоъ.
Ин ишқ машоъ асту машоъ асту машоъ,
Аз ақл вадоъ асту вадоъ асту вадоъ.
1039
Ишқ аст, зи ҳар чӣ он нашояд монеъ,
Гар ишқ набудӣ, нанамудӣ сонеъ.
Донӣ, ки ҳуруфи ишқро маънӣ чист?
Айн-обиду шин-шокиру қоф аст қонеъ.
1040
Ошиқ гардад ба гирди атлолу рубӯъ,
Зоҳид гардад ба гирди тасбеҳу рукӯъ.
Бар нон занад ӯву ин дигар бар лаби об,
К-инро аташ омадасту онро ғами ҷӯъ.
1041
Гуфтӣ: «Магрӣ чу абр дар фурқати боғ,
Ман они туам, бихусп эман ба фароғ».
Тарсам, ки чароғ зери таште биниҳӣ
В-он гоҳ биҷӯямат ба сад чашму чароғ.
1042
Булбул омад ба боғу растем зи зоғ,
Оем ба боғ бо ту, эй чашму чароғ.
Чун савсану гул зи хеш берун н-оем,
Чун оби равон равем аз боғ ба боғ.
1043
Эй бандаи сардии зимистон, чун зоғ,
Маҳрум зи булбулу гулистону зи боғ.
Дарёб, ки ин дам агарат фавт шавад,
Бисёр талаб кунӣ ба сад чашму чароғ.
1044
Гар бодагарӣ маҷлиси май созаму лоғ,
Нанҳам ба худо, зи меҳри кас бар дил доғ.
Лекин чу фурӯ шавад касеро хуршед,
Дар пеш ниҳад ба ҷойи хуршед чароғ.
1045
Гар соғар бигрист ба маҷлис ба дурӯғ,
Мангар ба дурӯғи ӯ, ту бингар ба фурӯғ.
Аз хуни дурӯғи ӯ чӣ хунҳо ҷӯшад!
Афтод ба дӯғи ишқу он гаҳ бача дӯғ.
1046
Гӯянд, ки: «Ишқ бонгу ном аст», дурӯғ,
Гӯянд: «Умеди ишқ хом аст», дурӯғ!
Кайвони саодат бари мо дар ҷон аст,
Гӯянд: «Фарози ҳафт бом аст», дурӯғ!
1047
Гӯянд, ки: «Ёрро вафо нест», дурӯғ,
Гӯянд: «Паси ҳаҷр лиқо нест», дурӯғ!
Гӯянд: «Шароб ҷонфизо нест», дурӯғ,
Гӯянд, ки: «Ин ба пойи мо нест», дурӯғ!
1048
Меҳмони ту нест ду се рӯз газоф,
Хуни ту гирифтааст аз Қоф ба Қоф.
Гар фитна шавад касе, маоф аст, маоф,
Бар шамъ кунад ҳамеша парвона тавоф.
1049
Гӯянд маро: «Чанд бихандӣ зи газоф?!
Корат ҳама ишрат асту гуфтат ҳама лоф».
Эй хасм, чу анкабут сафро мебоф,
Симурғ тарабнок шиносад кӯҳи Қоф.
1050
Дар фақр фақир бошу дар сафват соф,
Бо фақру сафо даро ту дар рӯзи масоф.
Гар хасми ту сад теғ барорад аз лоф,
Чун ҳеч набинад, чӣ занад захм, газоф.
1051
Бо зангӣ имшаб чу шудастӣ ба масоф,
Аз синайи худ синайи шабро бишикоф.
Дар каъбаи ушшоқ тавофе мекун,
Дарёб, ки Каъба мекунад бо ту тавоф.
1052
Аз дил сӯйи дилдор шикоф аст, шикоф
В-он кас, ки надонад ин, маоф аст, маоф.
Ҳар рӯз дар ин ҳалқа масоф аст, масоф,
Мепиндорӣ, ки ин газоф аст, газоф.
1053
Имрӯз тавоф асту тавоф асту тавоф,
Девона маоф асту маоф асту маоф.
Не ҷангу масоф асту масоф асту масоф,
Васл асту зифоф асту зифоф асту зифоф.
1054
Он тоқ, ки нест ҷуфташ андар офоқ,
Бо банда бибохт ҷуфту тоқе ба вифоқ.
Пас гуфт маро, ки: «Тоқ хоҳӣ ё ҷуфт?»,
Гуфтам: «Ба ту ҷуфту аз ҳама олам тоқ».
1055
Он кас, ки туро бидид, эй хушахлоқ,
Дар ҳол диҳад кавну маконро се талоқ.
Маҳро чӣ таровату Зуҳалро чӣ маҳал,
Бо талъати офтобат андар офоқ?!
1056
Эй доруйи фарбеҳиву ҷони ошиқ,
Фарбеҳ зи хаёли ту равони ошиқ.
Ширин зи даҳони ту даҳони ошиқ,
Ҷон бандаат, эй ҷону ҷаҳони ошиқ.
1057
Ҳар рӯз ба нав барояд ин дил бари ишқ,
Дар гардани мо дарафканад дафтари ишқ.
Ин хор аз он ниҳод ҳақ бар дари ишқ,
То дур шавад, ҳар кӣ надорад сари ишқ.
1058
Тамкину қарори ман кӣ дорад дар ишқ?
Мастию хумори ман кӣ дорад дар ишқ?
Ман дар талаби обу нигорам чун бод,
Пойи ману ёри ман кӣ дорад дар ишқ?
1059
Чун гашт тилисми ҷисми одам чолок,
Бо хок даромехта шуд гавҳари пок.
Он ҷисми тилисмро чу бишкаст афлок,
Хоке бар хок рафту поке бар пок.
1060
Ҳошо, ки шавад синайи ошиқ ғамнок,
Ё аз ҷази ишқ доманаш гардад чок.
Ҳошо, ки бихуфт ошиқе андар хок,
Пок аст, куҷо равад дар он олами пок.
1061
Хандид фараҳ, то бизанӣ ангуштак,
Гардид қадаҳ, то бизанӣ ангуштак.
Бинмудамат абрӯи худ аз зери ниқоб,
Чун қавси қузаҳ то бизанӣ ангуштак.
1062
Дар баҳри сафо гудохтам ҳамчу намак,
Не куфру на имон, на яқин монду на шак.
Андар дили ман ситорае пайдо шуд,
Гум гашт дар он ситора ҳар ҳафт фалак.
1063
Чун чанги худат бигирам андар бар танг,
В-аз пардайи ушшоқ барорам оҳанг.
Гар з-он ки дар обгина хоҳӣ зад санг,
Дар хидмати ту биёям инак ману санг.
1064
Он ҷо, ки иноят аст, чӣ сулҳу чӣ ҷанг,
В-он ҷо, ки ба акс аст, чӣ тасбеҳу чӣ ҷанг.
В-он кас, ки қабул аст, чӣ Румиву чӣ Занг,
Таслиму ризо бояд в-ар не сару санг.
1065
Дар домани ушшоқ зан, эй дилшуда чанг,
Мева зи дарахти хеш созад ованг.
Румӣ ба сӯйи Рум барад, занг ба Занг,
Ангур зи ангур ҳамегирад ранг.
1066
Мегардад ин рӯи ҷаҳон ранг ба ранг,
Аз парда ҳамебинад маъшуқаи шанг.
Ин ларзайи дилҳо ҳама аз маъшуқест,
К-аз ишқи вай аст нӯҳ фалак чун мо, данг.
1067
Якчанд миёни халқ кардем диранг,
З-эшон ба вафо на бӯй дидем, на ранг.
Он беҳ, ки ниҳон шавем, аз дидайи халқ,
Чун об дар оҳану чу оташ дар санг.
1068
Барзан ба сабӯйи суҳбати нодон санг,
Бар домани зиракони олам зан чанг.
Бо ноаҳлон макун ту як лаҳза диранг,
Ойина чу дар об ниҳӣ, гирад занг.
1069
Бо ҳиммати боз бошу бо кибри паланг,
Зебо ба гаҳи шикору пирӯз ба ҷанг.
Кам кун бар андалебу товус диранг,
К-он ҷо ҳама офат асту ин ҷо ҳама ранг.
1070
Он май, ки гушуд мурғи ҷонро пару бол,
Ҷонро бираҳонид зи сериву малол.
Соқӣ ишқ асту ошиқон моломол,
Аз ишқ пазируфтаву бар мост ҳалол.
1071
Мардо, манишин ба ҷуз ба паҳлӯйи риҷол,
Хуш бошад ойина ба паҳлуи сақол.
Ё раб, чӣ тараб дорад ҷон паҳлӯйи ҷон,
Он санг бувад фитода паҳлӯйи сафол.
1072
Ишқе дорам поктар аз оби зулол,
Ин бохтани ишқ маро ҳаст ҳалол.
Ишқи дигарон бигардад аз ҳол ба ҳол,
Ишқи ману маъшуқи маро нест завол.
1073
Пур аз айб аст ин ҷаҳон моломол,
Кай гунҷад дар ҷаҳон қумоши Даҷҷол?!
Шӯробаи талхи тирадил кай гунҷад?
Чун машки ҷаҳон пур аст аз оби зулол.
1074
Ишқе ба камолу дилрабое ба ҷамол,
Дил пурсухану забон зи гуфтан шуда лол.
З-ин нодиратар куҷо бувад ҳаргиз ҳол,
Ман ташнаву пеши ман равон оби зулол.
1075
Ин ишқ камол асту камол асту камол,
Ин нафс хаёл асту хаёл асту хаёл.
Ин нур ҷалол асту ҷалол асту ҷалол,
Имрӯз висол асту висол асту висол.
1076
Овоз гирифта аст, хурӯшон менол,
Зеро шунавост ёру воқиф аз ҳол.
Овози хурӯшону гулӯйи хаста
Нолон зи заволи хеш дар пеши камол.
1077
Асрори ҳақиқат нашавад ҳал ба савол,
Не низ ба дарбохтани ҳашмату ҳол.
То дидаву дил хун накунӣ панҷоҳ сол,
Аз қол касеро набувад роҳ ба ҳол.
1078
Кочӣ созӣ, ки рӯз барф асту ваҳал,
Донӣ, ки зи баҳри чист ин расму амал?
Яъне, ки ба сурат ар наму тар мирест,
Ин дар маънӣ наботу кочи асту асал.
1079
Умре ба ҳавас дар таку тоз омад дил,
То маҳрами рӯҳи дилнавоз омад дил.
Дар охири кор рафту ҷон пок бибохт,
Инсоф бидеҳ, ки покбоз омад дил.
1080
Ҳам шоҳиди дидаиву ҳам шоҳиди дил,
Эй дидаву дил зи нури рӯйи ту хиҷил.
Гӯянд: «Аз он ҳарду чӣ ҳосил кардӣ?»,
Омад, кӣ зи ушшоқ биҷӯяд ҳосил.
1081
Худ мумкини он нест, ки бардорам дил,
Он беҳ, ки ба савдойи ту биспорам дил.
Гар ман ба ғами ишқи ту наспорам дил,
Дилро чӣ кунам? Баҳри чаро дорам дил?
1082
Ҳошо, ки кунад дил ба дигар ҷо манзил,
Дур аз дили ман, ки гардад аз ишқ хиҷил.
Чашмам чу шукуфт ғайри оби ту нахӯрд,
Ҳам сурмаи дидаиву ҳам қуввати дил.
1083
Аз ман зару дил хостӣ, эй меҳргусил,
Ҳаққо, ки на ин дораму не он ҳосил.
Зар кӯ? Зар кай? Зар аз куҷо? Муфлису зар,
Дил кӯ? Дил кай? Дил аз куҷо? Ошиқу дил.
1084
Дар ишқ, наво ҷузв занад, он гаҳ гул,
Дар боғ нахуст ғӯра бувад, он гаҳ мул.
Ин аст, дило, қоида дар фасли баҳор,
Дар бонг шавад гурбаву он гаҳ булбул.
1085
Як нукта шунав зи банда, эй нақши чигил,
Ҳар чанд, ки роҳ аст зи дил ҷониби дил.
Дар чашми ту нестам, ту дар чашми манӣ,
Ту мардуми дидаию ман мардуми гил.
1086
Он кас, ки туро диду нахандид чу гул,
Аз ҷону хирад тиҳист монанди дуҳул.
Габри абадӣ бошад, к-ӯ шод нашуд,
Аз даъвати зулҷалолу дидори расул.
1087
Ҷоне дорам луҷуҷу сармасту фузул
В-он гаҳ ёре нозуку бесабру малул.
Аз ман сӯйи ёри ман расул аст худой
В-аз ёр ба сӯи ман худоест расул.
1088
Дар хомӯшӣ чаро шавӣ кунду малул,
Хӯ кун ба хамӯшӣ, ки усул аст, усул.
Худ ку хамӯшӣ? Он-к хамӯш мехонӣ,
Сад бонгу ғирев асту паём асту расул.
1089
Ҳаргиз набувад зи ояти Мӯсо қил,
К-аз ишқи вай аст пардаи муси-қил.
Овоз баланд кун, расон то даҳ мил,
Эй бонг, ту моҳиёни ҷонро чун Нил.
1090
Аз ақл далел ояду аз ишқ Халил,
Ин оби ҳаёт дону он оби сабил.
Дар чарх наёбӣ ту нишони ошиқ,
Дар чарх дароӣ ба нишонҳои раҳил.
1091
Ман ҳамчу касе нишаста бар аспе хом,
Дар саҳроеву асп бигсаста лигом.
Метозад чун мурғ, ки биҷаҳад аз дом,
То манзили ин асп кадом аст, кадом?
1092
Аз баҳри тамошойи яке муште хом,
Ҷӯшон шуда аз ҷӯшиш, қиннинаву ҷом.
Гар меноиву мегурезӣ зи зиҳом,
Эй моҳ, саре бурун кун аз равзани бом.
1093
Имшаб, ки ғами ишқ мудом аст, мудом,
Ҷому майи лаъл бо қавом аст, қавом.
Хуни ғаму андеша ҳалол аст, ҳалол,
Хобу ҳаваси хоб ҳаром аст, ҳаром.
1094
Имшаб, ки шароби ҷон мудом аст, мудом,
Соқӣ, шаҳу бода бо қавом аст, қавом.
Асбоби тараб ҷумла тамом аст, тамом,
Эй зиндадилон, хоб ҳаром аст, ҳаром.
1095
Ҳар чиз, ки он хушаст, наҳӣ аст мудом,
То май нашавад далели ин мардуми ом.
В-арна маю чангу сурати хубу самоъ,
Бар хос ҳалол гашту бар ом ҳаром.
1096
Он бода, ки бар халқ ҳаром аст, ҳаром,
Бар ҷони қаландаре мудом аст, мудом.
Ҳон, эй соқӣ, магӯ: «Тамом аст, тамом»,
Оғозу тамоми мо кадом аст, кадом?
1097
З-он бода, ки бар халқ ҳаром аст, ҳаром,
Бар ҷони муҷаррадон мудом аст, мудом.
Баррезу, магӯ, ки: «Ин тамом аст, тамом»,
Оғозу тамоми мо кадом аст? Кадом?!
1098
Он бода, ки бар ҷисм ҳаром аст, ҳаром,
Бар ҷони муҷаррадон мудом аст, мудом.
Даррезу магӯ, ки ин тамом аст, тамом,
Оғозу тамоми мо кадом аст, кадом?
1099
Имшаб, ки ҳамерасад зи дилдор салом,
Бар дидаву дил хоб ҳаром аст, ҳаром.
Монад ба сари зулфи ту, к-аз бӯйи хушат,
Меорад аттор зи бим аз дару бом.
1100
Имшаб, ки маҳи ишқ тамом аст, тамом,
Дилдор фурӯ карда сар аз гӯшаи бом.
Имшаб шаби бодаву суҷуд асту қиём,
Чун бода дами хоб ҳаром асту ҳаром.
1101
Як ҷуръа зи ҷоми ту тамом аст, тамом,
Ҷуз ишқи ту дар дилам кадом аст? Кадом?
Дар ишқи ту хуни дил ҳалол аст, ҳалол,
Осудагии ишқ ҳаром асту ҳаром.
1102
То оташу оби ишқ бишнохтаам,
Дар оташи дил чу об бигдохтаам.
Монанди рубоб дил бипардохтаам,
Бо захми захми ишқ хуш сохтаам.
1103
З-он дам, ки туро ба ишқ бишнохтаам,
Бас нарди ниҳон, ки бо ту ман бохтаам.
Бихром ту сармаст ба хиргоҳи дилам,
К-аз баҳри ту хиргоҳ бипардохтаам.
1104
Аз чашми ту сеҳри мутлақ омӯхтаам
В-аз ҳусни ту шамъи рӯҳ афрӯхтаам.
Аз ҳолати ман чашми бадон дӯхта бод,
Чун чашм ба рухсори ту дардӯхтаам.
1105
То занн набарӣ, ки аз ту бигрехтаам,
Ё бо дигаре ҷуз ту, даромехтаам.
Барбаста наям, зи асл ангехтаам,
Чун сел ба баҳри ёр даррехтаам.
1106
То хостаам, аз ту туро хостаам,
Аз ишқи ту хони ишқ оростаам.
Хобе дидам дӯш фаромӯшам шуд,
Ин медонам, ки маст бархостаам.
1107
Аз ғайрати ишқ ман вақеҳрӯ шудаам,
Хунхору малулу тунду бадхӯ шудаам.
Не, не, ки ман аз ишқу манам ошиқи ишқ,
Шери худро аҷаб, ки оҳу шудаам.
1108
Андар талаби дӯст ҳаме биштобам,
Умрам ба карон расиду ман дар хобам.
Гирам, ки висоли дӯст дархоҳам ёфт,
Ин умри гузаштаро куҷо дарёбам?!
1109
Дар баҳри хаёл ғарқаи селобам,
Не, балки ба баҳр мекашад селобам.
Эй дида, наям хоб, ман бандаи он-к,
Дар хоб бидонист, ки ман дар хобам.
1110
Эй наргиси пурхоб, рабудӣ хобам,
Эй лолаи сероб, бибурдӣ обам.
Эй сунбули пуртоб, зи ту дар тобам,
Эй гавҳари камёб, туро кай ёбам?
1111
Он кас, ки бибаст хоби моро ба ситам,
Ё раб, ту бибанд, хоби ӯро ба карам.
То фаҳм кунад марорати бехобӣ
В-андеша кунад ба ақл: «Ирҳам турҳам».
1112
Болойи сар ар даст занад ду дастам,
Эй дилбари ман, айб макун, сармастам.
Аз чанбараи замона берун растам
В-аз неку баду суду зиён ворастам.
1113
Мепиндорӣ, ки аз ғамонат растам,
Ё бе ту сабур гаштаму биншастам.
Ё раб, марасон ба ҳеҷ шодӣ дастам,
Гар як нафас аз дарди ту холӣ ҳастам.
1114
То занн набарӣ, ки аз ғамонат растам,
Ё бе ту сабур гаштаму биншастам.
Ман шарбати ишқи ту чунон хӯрдастам,
К-аз рӯзи азал то ба абад сармастам.
1115
Бар майкада вақф аст дили сармастам,
Ҷон низ сабили ҷом мекардастам.
Чун ҷону дилам ҳаме ба май пайвастам,
Ин ҳарду ба вай додаму аз ғам растам.
1116
Зоти ту зи айбҳо ҷудо донистам,
Мавсуф ба фарри кибриё донистам.
Ман дил чӣ кунам? Чун-к ба таҳқиқу яқин,
Худро чу шинохтам, туро донистам.
1117
Алмината-ил-лаҳ, ки ба ту пайвастам,
В-аз силсилаи банди фироқат растам.
Ман бодайи нестӣ чунон хӯрдастам,
К-аз рӯзи азал то ба абад сармастам.
1118
Эй роҳату оромгаҳи пайвастам,
То рӯйи ту дидам аз ҳаводис растам.
Дар маҷлиси ту гар қадаҳе бишкастам,
Сад соғари заррин бихарам бифристам.
1119
Як дам, ки зи дидори ту як сӯ афтам,
Аз васвасу андеша ба сад кӯ афтам.
Бар дидани рӯйи ту чунон гардонам,
К-аз ҷунбиши як мӯйи ту дар рӯ афтам.
1120
Шодӣ кардам, чу он гуҳар шуд ҷуфтам,
Чун мавҷ зи боду буди худ ошуфтам.
Ошуфта чу раъд сирри дарё гуфтам,
Чун абр тиҳӣ бар лаби дарё хуфтам.
1121
Боғе, ки ман аз баҳори ӯ бишкуфтам,
Бишкуфту намуд, ҳар чӣ ман мегуфтам.
Бо соғари иқбол чу кард ӯ ҷуфтам,
Сармаст шудам, сар биниҳодам, хуфтам.
1122
Лаб бастаму сад сухан хамӯшат гуфтам,
Дар гӯши дили ишвафурӯшат гуфтам.
Дар сар дорам, он-ч ба гӯшат гуфтам,
Фардо бинамоям, он-ч дӯшат гуфтам.
1123
Ман дӯш фироқро ҷафо мегуфтам,
Бо даҳри фироқпеша меошуфтам.
Худро дидам, ки бо хаёлат ҷуфтам,
Бо ҷуфти хаёли ту бирафтам, хуфтам.
1124
Чун мор зи афсуни касе мепечам,
Чун турраи ҷаъди ёр печопечам.
Валлаҳ, ки надонам ин чӣ печопеч аст,
Ин медонам, ки чун напечам, ҳечам.
1125
Дӯш аз сари мастӣ бихарошид рухам,
Он дам, ки зи рӯш лола мечид рухам.
Гуфтам: «Махарошаш, ки аз он рӯз, ки зод,
Аз қиблаи рӯи ту нагардид рухам».
1126
Ҷонро, ки дар ин хона висоқаш дорам,
Дил пеши ту буд ман нифоқаш дорам.
Чун чанд гаҳе нишаст кадбонӯйи ҷон,
Ишқи ту расид, се талоқаш додам.
1127
Шодам, ки зи шодийи ҷаҳон озодам,
Мастам, ки агар май нахӯрам, ман шодам.
Аз ҳолати ҳеч кас надорам боист
Ин дабдабайи хафйи муборак дорам.
1128
Онам, ки чу ғамхор шавам, ман шодам,
Он дам, ки хароб гаштаам, ободам.
Он лаҳза, ки сокину хамӯшам чу замин,
Чун раъд ба чарх мерасад фарёдам.
1129
Бегоҳ шуду зи бегаҳӣ ман шодам,
Имшаб қунуқ аст ёри фаррухзодам.
Рӯзу шаби дигар аст дар ишқ маро,
Ман з-ин шабу з-ин рӯз бурун афтодам.
1130
Мурдам зи ғами ишқ, даме бар мо дам,
То зиндайи ҷовид шавам, з-он як дам.
Гуфтӣ, ки: «Ба васл бо ту ҳамдам бошем»,
Кӯ? Бо кӣ? Куҷо? Шарм надорӣ ҳамдам?
1131
Ман низ чу ту оқилу ҳушёр будам,
Бо ҷумлайи ошиқон ба инкор будам.
Девонаву масти ҳой-ҳойӣ гоштам,
Гӯйӣ, ки ҳама умр дар ин кор будам.
1132
Хомӯш будӣ, фасонагӯят кардам,
Зоҳид будӣ, таронагӯят кардам.
Андар олам на ном будат, на нишон,
Биншондамат нишонагӯят кардам.
1133
Эй ҷону ҷаҳон, ҷону ҷаҳон гум кардам,
Эй моҳ, замину осмон гум кардам.
Май бар кафи ман манеҳ, бинеҳ бар даҳанам,
К-аз мастии ту роҳи даҳон гум кардам.
1134
Бо зулфи ту гар дастдарозӣ кардам,
Валлаҳ, ки ҳақиқат, на маҷозӣ кардам.
Ман дар сари зулфи ту бидидам дили хеш,
Ман бо дили хеш ишқбозӣ кардам.
1135
Рӯзе ба харобот гузар мекардам,
Ин далқи башардӯхт, бадар мекардам.
Ҳар кас назаре ба ҷонибе мекарданд,
Ман бе назари хеш назар мекардам.
1136
Онҳо, ки ба пеш дилситон мекардам,
Чун бадмаст дастфишон мекардам.
Ҳарчанд зи рӯи лутф ӯ хуш хандид,
Охир ба чӣ рӯй, ончунон мекардам?
1137
Онҳо, ки ба пеш дилситон мекардам,
Чун бадмаст дастфишон мекардам.
Ҳарчанд зи рӯи лутф ӯ хуш хандид,
Охир ба чӣ рӯй, ончунон мекардам?
1138
Аз фарри ту ман баландқад мегардам
В-аз ишқи ту ман яке ба сад мегардам.
То ту ту будӣ, ба гирди ту мегаштам,
Чун ман ту шудам, ба гирди худ мегардам.
1139
Аз ишқи ту ман баландқад мегардам,
В-аз шавқи ту ман яке ба сад мегардам.
Гӯянд маро: «Ба гирди ӯ мегардӣ»,
Эй бехабарон, ба гирди худ мегардам.
1140
Ангураму дар зери лагад мегардам,
Ҳар сӯй, ки ишқ мекашад, мегардам.
Гуфтӣ, ки: «Ба гирди ман чаро мегардӣ?»,
Гирди ту наям, ба гирди худ мегардам.
1141
Аз ҷӯйи хушоби дӯст обе хӯрдам,
Хуш кардаму хуш хӯрдаму хуш овардам.
Худро бар ҷӯш, осиёе кардам,
То оби ҳаёт меравад, мегардам.
1142
Рӯзе ба хароботи ту май мехӯрдам,
Ин хирқайи обу гил бадар мекардам.
Дидам зи хароботи ту олам маъмур,
Маъмуру хароб аз он чунин мегардам.
1143
Дил дод маро, ки дилситонро бизадам,
Онро, ки навохтам, ҳамонро бизадам.
Ҷоне, ки бад-ӯ зиндааму хандонам,
Девона шудам, чунон-к ҷонро бизадам.
1144
Аз шӯри ҷунун рашки ҷинонро бизадам,
З-ошуфтадилӣ роҳати ҷонро бизадам.
Дил дод маро, ки дилситонро бизадам
В-онро, ки навохтам, ҳамонро бизадам.
1145
Аз матбахи ғамҳош бало мерасадам,
Ҳар лаҳза ба сад гуна або мерасадам.
Бӯйи ҷигари сӯхта ҳар дам заданӣ,
Бар моидаи ғам аз куҷо мерасадам.
1146
Овози Сирофили тараб мерасадам,
Аз хоки фано бар осмон мебарадам.
Касро хабаре нест, ки бар ман чӣ расад,
З-он бохабаре, ки бехабар мерасадам.
1147
То рӯйи ту дидам, аз ҷаҳон сер шудам,
Рӯбоҳ будам, зи фарри ту шер шудам.
Эй пой ниҳода бар сари халқ зи кибр,
Ин низ бияндеш, ки сарзер шудам.
1148
Ишқи ту гирифт остин, мекашадам
В-андар пайи ёри ростин мекашадам.
В-он гаҳ гӯӣ: «Дароз то чанд кашӣ?!»,
Бо шавқ бигӯ, ки: «Ҳамчунин мекашадам».
1149
Ман пир шудам, пир на з-айём шудам,
Аз нозиши маъшуқайи худком шудам.
Дар ҳар нафасе пухта шудам, хом шудам,
Дар ҳар қадаме дона шудам, дом шудам.
1150
То шамъи ту барфурӯхт, девона шудам,
Бо сабр зи дидани ту бегона шудам.
Дар рӯйи ту беқарор шуд мардуми чашм,
Яъне, ки парӣ дидаму девона шудам.
1151
З-ин гуна, ки ман ба нестӣ хурсандам,
Чандин чӣ диҳед баҳри пастӣ пандам?
Рӯзе, ки ба теғи нестӣ бикшандам,
Гиряндаи ман кист? Бирав, механдам.
1152
Аз хеш ба ҷастан орзу мекардам,
Озод нишастан орзу мекардам.
Дар банди мақомот ҳамебудам ман,
В-он банд шикастан орзу мекардам.
1153
Девона наям, валек мехонандам,
Бегона наям, валек меронандам.
Ҳамчун асасон ба ҷаҳд дар нимашабон,
Мастанд, вале чу рӯз медонандам.
1154
Соқӣ! Имрӯз дар хуморат будам,
То шаб, ба худо, дар интизорат будам.
Май дардеҳу аз доми ҷаҳонам бираҳон,
Имшаб, чу ба рӯз ман шикорат будам.
1155
Аз рӯйи ту ман ҳамеша гулшан будам,
В-аз дидани ту ду дида рӯшан будам.
Ман мегуфтам: «Чашми бад аз рӯи ту дур»,
Ҷоно, магар ин чашми бадат ман будам?
1156
Мепиндорам, ки ман ба фармони худам,
Ё як нафасу ним нафас они худам.
Монанди қалам пеши қаламрони худам,
Чун гӯй асири мири чавгони худам.
1157
З-аввал, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам,
Ҷону дилу дида дар раҳаш фарсудам.
Гуфтам, ки: «Магар ошиқу маъшуқ дуанд?»,
Худ ҳар ду яке бувад, ман аҳвал будам.
1158
Дар боғ шудам, сабӯҳу гул мечидам
В-аз дидани боғбон ҳаме тарсидам.
Ширин сухане зи боғбон бишнидам,
Гулро чӣ маҳал? Ки боғро бахшидам.
1159
Ин гардишро зи ҷони худ дуздидам,
Пеш аз қолаб ба ҷон чунин гардидам.
Гӯянд маро: «Сабру сукун авлотар»,
Ин сабру сукунро ба шумо бахшидам.
1160
Дар кӯйи харобот нигоре дидам,
Ишқаш ба ҳазор ҷону дил бихридам.
Бӯйи расани ду зулфи ӯ бишнидам,
Дасти тамаъ аз ҳар ду ҷаҳон бибридам.
1161
Бо саркашии ишқ агар сар дорам,
Биллоҳу ба савганд, ки бас сардорам.
Рӯзе, ки чу Мансур кунӣ бар дорам,
Ҳар дам хабаре орад, аз он сар дорам.
1162
Ман бандайи «Қуръон»-ам, агар ҷон дорам,
Ман хоки раҳи Муҳаммади мухторам.
Гар нақл кунад ҷуз ин кас аз гуфторам,
Безорам аз ӯ в-аз ин сухан безорам.
1163
Ман ишқи туро ба ҷойи имон дорам,
Ҷон нашкебад зи ишқ, то ҷон дорам.
Гуфтам: «Ду-се рӯз заҳмат аз ту бибарам»,
Натвонистам, аз ту чӣ пинҳон дорам.
1164
Эй бонги рубоб, аз ту тобе дорам,
Ман низ даруни дил рубобе дорам.
Бармагзар, соате дарову бинишин,
Меҳмон шав, гӯшайи харобе дорам.
1165
Ишқ аст сабӯҳу ман бад-ӯ бедорам,
Ишқ аст баҳору ман бад-ӯ гулзорам.
Савганд ба ишқе, ки адӯи кор аст,
К-он рӯз, ки бекор наям, бекорам.
1166
Берун зи ду кавн ман муроде дорам,
Бе шодиҳо равони шоде дорам.
Бигшой ба ханда он лабони худро,
Зеро зи гушоди он, гушоде дорам.
1167
Эй дӯст, шикораму шикоре дорам,
Бекораму бас шигарф коре дорам.
Гуфтӣ: «Сари сарбуридани ман дорӣ»
Оре, дорам, нигор, оре дорам.
1168
Ман гурснаам, нишоти серӣ дорам,
Рӯбоҳаму ному нанги шерӣ дорам.
Нафсест маро, ки аз хаёле бирамад,
Онро мангар, ҷони далере дорам.
1169
Носоз аз инам, ки созе дорам,
Бадхӯй аз инам, ки ниёзе дорам.
Дар сурати чуғд шоҳбозӣ дорам,
Дар айни фано умри дарозе дорам.
1170
Гуфтам: «Ба фироқ муддате бигзорам,
Бошад, ки пушаймон шавад он дилдорам».
Бас нӯшидам зи сабру бас кӯшидам,
Натвонистам, аз ту чӣ пинҳон дорам.
1171
Ошиқ гаштам, гуфт: «Бар асрорам»,
Мурғе, ки парид, чун нигоҳаш дорам?!
Эй булбули маст, дар хумори чаманӣ,
Чандон гуфтам, ки маст шуд гуфторам.
1172
Бекор шудам, эй ғами ишқат корам,
Дар бекорӣ тухми вафо мекорам.
Ман сурати васл метарошам шабу рӯз,
Бо хотири чун теша, магар наҷҷорам.
1173
рғушбаку қийирбаку солорам,
Бонусрату боҳиммату боисҳорам.
Гар кӯҳи аҳад ба хасмиям бархезад,
Кӯҳро зи сари найза зи ҷо бардорам.
1174
Гӯйӣ, ки ба тан дуру ба дил бо ёрам,
Зинҳор, мапиндор, ки ман бо ёрам.
Гар нақши хаёли худ бубинӣ рӯзе,
Фарёд кунӣ, ки ман зи дил безорам.
1175
Дӯш омада буд аз сари лутфе ёрам,
Шабро гуфтам: «Фош макун асрорам».
Шаб гуфт: «Пасу пеш нигаҳ кун охир,
Хуршед ту дорӣ, зи куҷо субҳ орам?»
1176
Дар ишқи ту гар дил бидиҳам, ҷон бибарам,
Ҳар чӣ бидиҳам, ҳазор чандон бибарам.
Чавгони сари зулфи ту гар даст диҳад,
Аз ҷумла ҷаҳон, гӯй зи майдон бибарам.
1177
ар ман ба дари саройи ту кам гузарам,
Аз бими ғаюрони ту бошад ҳазарам.
Ту худ ба дилам дарӣ, чу фикрат шабу рӯз,
Ҳар гаҳ, ки туро ҷӯям, дар дил нигарам.
1178
Гуфтам, ки: «Зи чашми халқ бодарди сарам»,
То заҳмати худ зи чашми халқон бибарам.
Ӯ дар тани чун хаёли ман шуд, чу хаёл,
Яъне, ки зи чашмҳо кунун дуртарам.
1179
Имрӯз ҳамарӯза ба пеши назарам,
Ӯ буд аз он харобу зеру забарам.
Аз ғояти ҳозире чунон маҳҷурам,
В-аз қуввати он бохабаре, бехабарам.
1180
Даҳ динорам бигуфтӣ аввал ба карам
В-он гаҳ се аз ӯ боз гирифтӣ ба қалам.
З-он ҳафт ду ҷав намедиҳӣ акнун ҳам,
Аз ҳеч се динор чаро кардӣ кам?!
1181
Ман сар биниҳам, манеҳ ту, эй кони карам,
К-имрӯз ман аз ту, эй санам, масттарам.
Савганд хӯрам, агар ту бовар накунӣ,
Савганд чаро хӯрам? Чаро май нахӯрам?
1182
Гар моҳ шавӣ, ба осмон кам нигарам,
В-ар бахт шавӣ, рахт ба кӯят набарам.
З-ин беш агар ба як пашизат бихарам,
Фармой, ки чун мор бикӯбанд сарам.
1183
Аз дӯстиат хуни ҷигарро бихӯрам,
Ин мазлумаро то ба қиёмат бибарам.
Фардо, ки қиёмат ошкоро гардад,
Ту худ талабиву ман ба рӯят нигарам.
1184
То чанд чу даф дасти ситамҳот хӯрам?
Ё ҳамчу рубоб захми ғамҳот хӯрам?
Гуфтӣ, ки: «Чу чанг дар барат бинвозам»,
Ман нойи ту нестам, ки дамҳот хӯрам.
1185
Азбаски ба наздики туам, ман дурам,
В-аз ғояти омезиши ту маҳҷурам.
В-аз касрати пайдоиш кай мастурам,
В-аз сиҳҳати бисёр чунин ранҷурам.
1186
Чун медонӣ, ки аз накӯйӣ дурам,
Гар бигрезам зи некӯвон маъзурам.
Ӯ ҳамчу асокаш асту ман нобино,
Ман гом ба худ намезанам, маъмурам.
1187
Гар чарх пур аз нола кунам, маъзурам,
В-ар дашт пур аз жола кунам, маъзурам.
Ту ҷони маниву медавам дар пайи ту,
Ҷонро чу ба дунбола кунам, маъзурам.
1188
Ман сер наям, вале зи серон серам,
Бар хоки дарат зи оби ҳайвон серам.
Имон ба ту дораму зи ҷон баргаштам,
Монандайи мулҳидон ман аз ҷон серам.
1189
Баҳри ту занам наво, чу най баргирам,
Кӯйи ту кунам гузар, чу пай баргирам.
Чандин караму лутф, ки бо ман кардӣ,
Андар ду ҷаҳон дил аз ту кай баргирам?!
1190
Гар ранҷ диҳад, ба ҷойи бахташ гирам
В-ар банд ниҳад, ба ҷойи тахташ гирам.
З-он ноз кунад сахт, ки чун бозояд,
Сахташ гирам, азим сахташ гирам.
1191
Гар ҷанг кунад, ба ҷойи чангаш гирам
В-ар хор кунад, ба ному нангаш гирам.
Бар ман донӣ, танг чаро мегирад?
То чун ба барам ояд, тангаш гирам.
1192
Аз баҳри ту гар ҷон бидиҳам, хуш мирам,
В-ар бандайи бандайи туам, хуш мирам.
Девонайи он ду зулфи чун занҷирам,
Мадҳуши ду чашми ҷодуйи Кашмирам.
1193
Гуфтам ба фироқ муддате бигзорам,
Бошад, ки пушаймон шавад, он дилдорам.
Бас нӯшидам зи сабру бас кӯшидам,
Натвонистам аз ту чӣ пинҳон дорам.
1194
Ман ошиқӣ аз камоли ту омӯзам,
Байту ғазал аз ҷамоли ту омӯзам.
Дар пардайи дил хаёли ту рақс кунад,
Ман рақс ҳам аз хаёли ту омӯзам.
1195
Гар дил диҳаму аз сари ҷон бархезам,
Ҷон бозаму аз ҳарду ҷаҳон бархезам.
Ман банда ба хӯйи ту намедонам зист,
Мақсуди ту чист? То аз он бархезам.
1196
Хоҳам, ки зи ишқи ту зи ҷон бархезам
В-аз баҳри ту аз ҳарду ҷаҳон бархезам.
Хуршеди ту хоҳам, ки ба борон бирасад,
Чун абр зи пеши ту аз он бархезам.
1197
Кардӣ ту қабулу ман зи рад метарсам,
Дар хидмати ту зи чашми бад метарсам.
Аз бими заволи офтоби ҳуснат
Ҳаққо, ки ман аз сояи худ метарсам.
1198
Бар ёди лабат лаъли нигин мебӯсам,
Онам чу ба даст нест, ин мебӯсам.
Дастам чу ба осмони ту менарасад,
Меорам саҷдаву замин мебӯсам.
1199
Бар бӯйи вафо дастзанонат бошам,
Дар вақти ҷафо дастгазонат бошам.
Бо ин ҳама андешакунонат бошам,
То ҳукми ту чист, то чунонат бошам.
1200
Гоҳ аз ғами дилбарон бар оташ бошам,
Гоҳ аз пайи дӯстон мушавваш бошам.
Охир ба чӣ хуррамӣ занам роҳи нишот?!
Охир ба кадом дилхушӣ хуш бошам?!
________________________________________________________
К Продолжению: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327736.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe

  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments