К Предыдущей части: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327419.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________
1201
Аз сунъ бароям, бари сонеъ бошам,
ҳошо, ки забуни ҳеч монеъ бошам.
Чун матбахи ҳақ зи лут моломол аст,
То чанд ба оби гарм қонеъ бошам.
1202
Ишқ омаду гуфт, то бари ӯ бошам,
Рухсораи ақлу рӯҳро бихрошам.
Меомаду ман ҳамешудам, то акнун
Ин бор наёмадам, ки он ҷо бошам.
1203
Гоҳе зи ҳавас дастзанон мебошам,
Гоҳ аз дурӣ дастгазон мебошам.
Дар об кунам даст, ки маҳро гирам,
Маҳ гӯяд: «Ман дар осмон мебошам».
1204
Умре рухи якдигар бидидем ба чашм,
Имрӯз, ки дар ҳам нигаридем ба чашм.
Аҳволи дили хештан аз бими рақиб,
Гуфтем ба абрӯву шунидем ба чашм.
1205
Дар чашмаи дил маҳе бидидем ба чашм,
З-он чашма басе об кашидем ба чашм.
З-он рӯз бигард гирди он чашмаи дил,
Монандаи дил ҳамедавидем ба чашм.
1206
Аз баҳри ту сад бор маломат бикашам,
Гар бишканам ин аҳд, ғаромат бикашам.
Гар умр вафо кунад, ҷафоҳойи туро
Дар дил дорам, ки то қиёмат бикашам.
1207
Дар чанги туам, буто, дар он чанг хушам,
Гар ҷанг кунӣ, бикун, дар он ҷанг хушам.
Нанг аст маломат раҳи ишқи туро,
Ман ном гарав кардаму бо нанг хушам.
1208
Аз саври фалак шири вафо медӯшам,
Ҳарчанд ки аз панҷайи ӯ бихрӯшам.
Ҳарчанд ки дӯш ҳалқа буд дар гӯшам,
Имшаб ба худо, ки хуштар аст аз дӯшам.
1209
Ман нойи туам, аз лаби ту менӯшам,
То нахрӯшӣ, ҳар ойина бихрӯшам.
Он лаҳза, ки хомӯшам аз он хомӯшам,
То найшакарат баҳри хасе нафрӯшам.
1210
То косаи дӯғи хеш бошад пешам,
Валлаҳ, ки з-ангубини кас н-андешам.
В-ар бебаргӣ, ба марг молад гӯшам,
Озодиро ба бандагӣ нафрӯшам.
1211
Омад бути хуш, арбадайи майкешам,
Биншаст чу як тунги шакар дар пешам.
Бар бар биниҳод барбату абрешим,
Ин парда ҳаме зад, ки хушу бехешам.
1212
Онро, ки ба хилват бинишонад ин ғам,
Берун кашад аз сараш либоси одам.
Ҷонест аҷаб, не талабу не матлуб,
Ҳамдам кӣ бувад варо, ки бигсасташ дам.
1213
Ишқаст қадаҳу аз қадаҳаш хушҳолам,
Ӯрост арӯсеву манаш табболам.
Савганд бад-он ишқ, ки баттол кунад,
К-он рӯз, ки баттол наям, баттолам.
1214
Аз ишқи ту гаштам арғунуни олам
В-аз захмаи ту фош шуда аҳволам.
Монандаи чанг шуд ҳама ашколам,
Ҳар парда, ки мезанӣ маро, менолам.
1215
Эй, аз ту бурун зи хонҳо ҷойи дилам
В-эй талхии ранҷҳот ҳалвойи дилам.
Моро зи ғамат шикояте нест, валек
Хуш меояд, ки бишнавӣ войи дилам.
1216
Шуд гулшани рӯйи ту тамошойи дилам,
Шуд талхии ҷаврҳот ҳалвойи дилам.
Моро зи ғамат шикояте нест, валек
Завқе дорам, ки бишнавӣ войи дилам.
1217
Рӯят бинам, бадр ман онро донам
В-он ҷо, ки туйӣ, садр ман онро донам.
В-он шаб, ки туро бинам, эй равнақи ид,
Дар умри шаби қадр ман онро донам.
1218
Ман бар сари кӯят остин гардонам,
Ту пиндорӣ, ки ман туро мехонам.
Не, не, рав, рав, ки ман туро медонам,
Худ расми ман аст, к-остин ҷунбонам.
1219
Ман одату хӯйи он санам медонам,
Ӯ оташу ман чу равағанам, медонам.
Аз нури латифи ӯст, ҷон мебинад,
Он дуд ба гирди ӯ манам, медонам.
1220
Ҷонӣ, ки дар ӯ дусад ҷаҳон, медонам,
Гӯйӣ, ки фалон асту фалон, медонам.
Ӯ шоҳиди ҳазрат асту ҳақ нек ғаюр,
Ҳар чашм, ки баста гашт аз он, медонам.
1221
Ҷонӣ, ки дар ӯ дусад ҷаҳон, медонам,
Гӯйӣ, ки фалон асту фалон, медонам.
Ӯ шоҳиди ҳазрат асту ҳақ нек ғаюр,
Ҳар чашм, ки баста гашт аз он, медонам.
1222
Гуфтам, ки: «Магар ғамат бувад дармонам»,
Кай донистам, ки бо ғамат дар монам?
Ӯ аз сари лутф гуфт: «Дармони ту чист?»,
Гуфтам: «Васлат». Гуфт: «Бад-ин дармонам».
1223
Гуфтам, ки: «Дил аз ту барканам, натвонам,
Ё бе ғами ту даме занам, натвонам».
Гуфтам, ки: «Зи дил бурун кунам савдоят»,
Эй хоҷа, агар мард манам, натвонам.
1224
Асрор зи даст дод менатавонам,
Ӯро ба сазо гушод менатавонам.
Чизест дарунам, ки маро хуш дорад,
Ангушт бар ӯ ниҳод менатавонам.
1225
Ман як ҷонам, ки сад ҳазор аст танам,
Чун ҷумла манам, зи ғайри худ дам назанам.
Чун мавҷ баровардам сар аз тани хеш,
Некӯ бинигар, ҳаст сарам айни танам.
1226
Ман як ҷонам, ки сад ҳазор аст танам,
Чӣ ҷону чӣ тан, ки ҳарду ҳам хештанам,
Худро ба такаллуф дигаре сохтаам,
То хуш бошад, он дигареро, ки манам.
1227
Ман як ҷонам, ки сад ҳазор аст танам,
Лекин чӣ кунам, чу банд дорад даҳанам.
Дидам ду ҳазор халқ, к-он ман будам,
З-он ҷумла надидаам якеро, ки манам.
1228
Фонӣ шудаму парид аҷзои танам,
Бар чарх, ки бар чарх буд аввал ватанам.
Мастанду хушанду майпарастанд ҳама,
Дар ғайб аз ин ваҳшату зиндон, ки манам.
1229
Ман аҳди шикаста бар шикасте бизанам
В-аз ишва раҳи ишвапарастӣ бизанам.
Имрӯз, ки арвоҳ ба рақс омадаанд,
Номус фурӯд ораму дасте бизанам.
1230
Имшаб ҳама шаб нишаста андар ҳузнам,
Фардо биравам манораро корд занам.
Хашмолуд аст, агар чӣ бо мост санам,
Дар чоҳ расидаам, вале беватанам.
1231
Гар чарх занам, гирди ту хуршед занам
В-ар табл занам, навбати ҷовид занам.
Чун ҳориси чӯбакзани боми ту шавам,
Чӯбак ҳама бар тораки Ноҳид занам.
1232
Соқӣ чу диҳад бодайи хумро, чӣ кунам?
Чун бӯса талаб кунад, маҳафзо, чӣ кунам?
Имрӯз чу ҳозир аст иқболи висол,
Гар гӯл наям, ҳадиси фардо чӣ кунам?
1233
Ман ғайри туро гузин надорам, чӣ кунам?
Дармони дили ҳазин надорам, чӣ кунам?
Гуфтӣ, ки: «Зи чарх то ба кай чарх занем?!»,
Ман кори дигар ҷуз ин надорам, чӣ кунам?!
1234
Ман ошиқи рӯйи ту нигорам, чӣ кунам?!
В-аз чашми хуши ту шармсорам, чӣ кунам?!
Ҳар лаҳза яке шӯр барорам, чӣ кунам?!
Валлаҳ, ба худо, хабар надорам, чӣ кунам?!
1235
Лайлам, ки наҳор накунад, ман чӣ кунам?!
Бахтам, ки савор накунад, ман чӣ кунам?
Гуфтам, ки: «Ба давлате ҷаҳонро бихарам»,
Иқбол чу ёрӣ накунад, ман чӣ кунам?!
1236
Афтод маро аҷаб шикоре, чӣ кунам?
В-андар сарам афканд хуморе, чӣ кунам?
Солусаму зоҳидам, валекин дар роҳ
Гар бӯса диҳад маро нигоре, чӣ кунам?
1237
Гуфтам: «Саги нафсро магар пир кунам,
Дар гардани ӯ зи тавба занҷир кунам».
Занҷирдарон шавад, чу бинад мурдор,
Бо ин саги нафс ман чӣ тадбир кунам?!
1238
Дар оташи хеш чун даме ҷӯш кунам,
Хоҳам, ки туро даме фаромӯш кунам.
Гирам ҷоме, ки ақл беҳуш кунам,
Дар ҷом дароиву туро нӯш кунам.
1239
Ман қоидаи дарду даво мешиканам,
Ман қоидаи ҷавру ҷафо мешиканам.
Дидӣ, ки ба сидқ тавбаҳо мекардам,
Бингар, ки чӣ гуна тавбаҳо мешиканам.
1240
Бо мулки ғамат чаро такаббур накунам?!
В-аз ғулғулаат ҷаҳон чаро пур накунам?!
Пеши карами кафат чу дарё каф буд,
Чун аз кафи ту кафаш пур аз дур накунам?!
1241
Дилро зи висоқи сина овора кунам,
Бар санг занам, сабӯйи худ пора кунам.
Гар пора кунам ҳазор гавҳар зи ғамат,
Рӯзе онро зи лаъли ту чора кунам.
1242
Имрӯз яке гардиши мастона кунам
В-аз косаи сар соғару паймона кунам.
Имрӯз дар ин шаҳр ҳамегардам маст,
Меҷӯям оқиле, ки девона кунам.
1243
Бо дард бисоз, чун давойи ту манам,
Дар кас мангар, ки ошнойи ту манам.
Гар кушта шавӣ, магӯ, ки ман кушта шудам,
Шукрона бидеҳ, ки хунбаҳойи ту манам
1244
То кай зи замона рангу бӯро бинам,
Вақт аст, ки он латифхӯро бинам.
Дар вай нигарам, хаёли худро бинам,
Дар худ нигарам, хаёли ӯро бинам.
1245
Гар дил талабам, бар сари кӯят бинам,
В-ар ҷон талабам, бар сари мӯят бинам.
Аз ғояти ташнагӣ агар об хӯрам,
Дар об ҳамон хаёли рӯят бинам.
1246
То занн набарӣ, ки ман камат мебинам,
Бе заҳмати дида ҳар дамат мебинам.
Дар ваҳм наёяду сифат натвон кард,
Он шодиҳо, ки аз ғамат мебинам.
1247
Ман чашми туро баста ба кин мебинам,
Акнун чӣ кунам, ки ҳамчунин мебинам.
Бигзар ту зи хуршед, ки он бар фалак аст,
Хуршед нигар, ки дар замин мебинам.
1248
Омадшуди худ ба кӯйи ту мебинам,
Майли дилу дида сӯйи ту мебинам.
Гирам, ки ҳама ҷурми ҷаҳон ман кардам,
Охир на ҷаҳон ба рӯйи ту мебинам.
1249
Чандон ки ба кори худ фурӯ мебинам,
Бедидагии хеш накӯ мебинам.
То заҳмати чашми худ чӣ хоҳам кардан,
Акнун, ки ҷаҳон ба чашми ӯ мебинам.
1250
Моҳе фориғ зи чордаҳ мебинам,
Бе чашм ба сӯи моҳ раҳ мебинам.
Гуфтӣ, ки: «Аз-ӯ ҳама ҷаҳон об шудаст»,
О ваҳ, ки дар ин об чӣ маҳ мебинам
1251
Дар ҳар фалаке мардумаке мебинам,
Ҳар мардумакашро малаке мебинам.
Эй аҳвал, агар яке ту ду мебинӣ,
Бар акси ту ман дуро яке мебинам.
1252
То зан(н) набарӣ, ки ман дувӣ мебинам,
Ҳар лаҳза футӯҳе ба навӣ мебинам.
Ҷону дили ман ҷумла туйӣ, медонам,
Чашму сари ман ҳама туйӣ, медонам.
1253
Дилдор чу дид хаставу ғамгинам,
Омад, хандон нишаст бар болинам.
Хорид сарам, бигуфт: «К-эй мискинам»,
Ҳам менадиҳад дил, ки чунинат бинам.
1254
Гар хуб кунӣ рӯйи маро, хуби туам
В-ар ҷанг кунӣ чу чӯб ҳам, чӯби туам.
Гар пора кунӣ зи ранҷ, Айюби туам,
Эй Юсуфи рӯзгор, Яқуби туам.
1255
Гар кибр бихӯрдаам, ки сармасти туам,
Маштоб ба куштанам, ки дар дасти туам.
Гуфтӣ, ки: «Замини ҳақ фарох аст, фарох»,
Эй ҷон, ба куҷо равам, ки побасти туам?!
1256
Магрез зи ман, ки ман харидори туам,
Дар ман бинигар, ки нури дидори туам.
Дар кори ман о, ки равнақи кори туам,
Безор машав зи ман, ки безори туам.
1257
Дашномам деҳ, ки масти дашноми туам,
Масти сақати хуши хушошоми туам.
Заҳроба биёр, то бинӯшам чу шакар,
Ман роми туам, роми туам, роми туам.
1258
Ҳам мастаму ҳам бодаи мастони туам,
Ҳам офати ҷони зердастони туам.
Чун нест шудам, кунун зи ҳастони туам,
Гуфтӣ, ки: «аласт», аз аластони туам.
1259
То ҷон дорам, бандаи марҷони туам,
Дилҷамъ аз он ҷаъди парешони туам.
Эй ной, бинол, ки масти афғони туам
В-эй чанг, хамӯш макун, ки меҳмони туам.
1260
Эй он-к чу моҳ ман гудозони туам
Нойӣ бари ман шабе, ки меҳмони туам.
Гӯйӣ: «Ба яқин бидон, ки ман они туам,
Нак зинда кунам туро, ки ман ҷони туам».
1261
Гар дарёйӣ, моҳии дарёйи туам,
В-ар саҳройӣ, оҳуи саҳройи туам.
Дар ман медам, бандайи дамҳойи туам,
Сурнойи ту, сурнойи ту, сурнойи туам.
1262
Қавме, ки чу офтоб доранд қудум,
Дар сидқ чу оҳананду дар лутф чу мум.
Чун панҷайи шеронаи худ бигшоянд,
Не парда раҳо кунанду не нақшу русум.
1263
Занбӯр наям ман, ки ба дуде биравам,
Ё ҳамчу парӣ ба бӯйи уде биравам.
Ё сели шикаста, то ба рӯде биравам,
Ё ҳирс, ки дар ишваи суде биравам.
1264
Бар шоҳи Ҳабаш занему бар қайсари Рум,
Пешонии шер барнависем руқум:
Мо оҳани лашкари Сулаймони худем,
Ҷуз дар кафи Довуд нагардем чу мум.
1265
Овози ту бишнавам, хушовоза шавам,
Чун лутфи худо беҳаду андоза шавам.
Сад бор харидаиву ман мулки туам,
Як бори дигар бихар, ки то тоза шавам.
1266
Бӯйи даҳани ту аз чаман мешунавам,
Ранги ту зи лолаву суман мешунавам.
Ин ҳам чу набошадам, лабон бикшоям,
То номи ту мегӯяду ман мешунавам.
1267
Аз бод ҳама паёми ӯ мешунавам
В-аз булбули маст номи ӯ мешунавам.
Ин нақши аҷаб, ки дидаам бар дари дил,
Овозайи он зи боми ӯ мешунавам.
1268
Аз булбули сармаст навое шунавам
В-аз бод самоъи дилрабое шунавам.
Дар об ҳама хаёли ёре бинам,
В-аз гул ҳама бӯйи ошное шунавам.
1269
Бихрӯшидам, гуфт: «Хамӯшат хоҳам»,
Хомӯш шудам, гуфт: «Хурӯшат хоҳам».
Барҷӯшидам, гуфт, ки: «Не, сокин бош»,
Сокин шудам, гуфт: «Ба ҷӯшат хоҳам».
1270
Ман гардонам, мутриби гардон хоҳам,
Ман Зуҳраи гарданда чу Кайвон хоҳам.
Ҷонам, ҷонам, зи сурат ҷон хоҳам,
Ман чуғд наям, ки шаҳри вайрон хоҳам.
1271
Он хушсуханон, ки мо бигуфтем ба ҳам,
Дар дил дорад нуҳуфта ин чархи бахам.
Як рӯз чу борон кунад ӯ ғаммозӣ,
Баррӯяд сирри мо зи саҳни олам.
1272
Дастораму ҷуббаву сарам, ҳар се ба ҳам,
Қимат карданд, ба як дирам чизе кам,
Нашнидастӣ ту номи ман дар олам,
Ман ҳеҷ касам, ҳеҷ касам, ҳеҷ касам.
1273
Ман хоки туро ба чархи аъзам надиҳам,
Ғамҳои туро ба ҳарду олам надиҳам.
Нақши худро сабили халқон кардам,
Аз нақши ту ман об ба одам надиҳам.
1274
Ман дарди туро ба ҳеҷ марҳам надиҳам,
Як мӯйи туро ба ҳарду олам надиҳам.
Гуфтам: «Ҷонро ба ёри маҳрам надиҳам»,
Аз гуфтайи худ беш диҳам, кам надиҳам.
1275
То тарки дили хеш нагирӣ, надиҳам
В-он чи-т гуфтам, то напазирӣ, надиҳам.
Ҳаёт бигузор, хештан мурда масоз,
Ҷону сари ту, ки то намирӣ, надиҳам.
1276
Ман муҳри ту бар тораки афлок ниҳам,
Дасти ситамат бар дили ғамнок ниҳам.
Ҳар ҷо, ки ту бар рӯйи замин пой ниҳӣ,
Пинҳон биравам, дида бар он хок ниҳам.
1277
Сар дар сари хоки остони ту ниҳам,
Дил дар хами зулфи дилситони ту ниҳам.
Ҷонам ба лаб омадааст, лаб пеши ман ор,
То ҷон ба баҳона дар даҳони ту ниҳам.
1278
Гар шод бибинамат, бар-ин дида ниҳам
В-аз дида, бар ин рухи писандида ниҳам.
Бар арари зебот тавофе дорам,
Гар рӯй бад-он зулфи пажулида ниҳам.
1279
Монанди қалам сапед кори сияҳам,
Гар ҳамчу қалам сарам бурӣ, сар наниҳам.
Чун сир хоҳам, ба тарки сар хоҳам гуфт,
Чун бо сари худ зи сирри ӯ шарҳ диҳам.
1280
То пардайи ошиқона бишнохтаем,
Аз рӯйи тараб парда барандохтаем.
Бо мутриби ишқ чанги худ дарзадаем,
Ҳамчун дафу ной ҳар ду дарсохтаем.
1281
Мо кори дукону пешаро сӯхтаем,
Шеъру ғазалу дубайтӣ омӯхтаем.
Дар ишқ, ки ӯ ҷону дилу дидаи мост,
Ҷону дилу дида, ҳар серо сӯхтаем.
1282
Эй дил, зи ҷаҳониён чаро дорӣ бим?
Ҳақ мӯҳсину мунъиму карим асту раҳим.
Тири карамаш зи шасти эҳсони қадим,
Дар ҳоҷати банда мекунад мӯй ду ним.
1283
Дар ишқи ту маърифат хато донистем,
Чӣ ишқ? Чӣ маърифат? Киро донистем?
Як ёфтане аз ӯ ба фарёди ду кавн,
Ин ҳаст, аз он нест, ки мо донистем.
1284
Моем, ки пӯстин ба гозур додем,
В-аз додани пӯстин ба гозур шодем.
Андар дӯғе, ки соҳилу қаъраш нест,
Наззорагар омадему паст афтодем.
1285
Моро басу моро басу мо бас кардем,
Мо пушт ба сӯйи ёри нокас кардем.
Дар қиблаи ту намози вопас кардем,
Мурдор ҳама фидои каргас кардем.
1286
Мо бода зи ёри дилфурӯз овардем,
Мо оташи ишқи ишқсӯз овардем.
То даври абад ҷаҳон набинад дар хоб,
Он шабҳоро, ки мо ба рӯз овадем.
1287
Сад ном зи ёди дӯст бар нанг задем,
Сад тунги шакар бад-ин дили танг задем.
Эй Зӯҳраи хоқӣ дигарат лоф намонд,
К-аз сур қаробаи ту бар санг задем.
1288
Дӯш арчӣ ҳазор ном бар нанг задем,
Бар домани он аҳдшикан чанг задем.
Дил бар дили ӯ ниҳодаму мегуфтам,
Ҳам оқибат обгина бар санг задем.
1289
Дӯш аз тарабе ба сӯйи асҳоб шудем
В-аз ғурафурӯшон сӯйи дӯшоб шудем.
В-аз шабсифатон ҷониби маҳтоб шудем,
Бо бедорон зи хеш дар хоб шудем.
1290
Маҳтоб баланд гашту мо паст шудем,
Маъшуқа ба ҳуш омаду мо маст шудем.
Эй ҷону ҷаҳон, ҳар чӣ аз ин пас шумарӣ,
Бар даст магир, аз он-к аз даст шудем.
1291
Як чанд ба кӯдакӣ ба устод шудем,
Як чанд ба рӯйи дӯстон шод шудем.
Поёни ҳадиси мо ту бишнав, ки чӣ шуд,
Чун абр даромадему чун бод шудем.
1292
Дил дар карами карим бастему шудем,
В-аз ҳарду ҷаҳон меҳр гусастему шудем.
Ҷон дар қафасу қафас ба ҷон омада буд,
Мо низ қафасро бишикастему шудем.
1293
То зулфи туро ба ҷону дил банда шудем,
Чун зулфи ту бас ҷамъу пароканда шудем.
Арвоҳ туро саҷдакунон мегӯянд:
«Чун пеши ту мурдем, ҳама зинда шудем».
1294
Мо рахти вуҷуд бар адам барбандем,
Бар ҳастию бар нестӣ музаввар хандем.
Бозӣ,бозӣ, танобҳо бигсастем,
То хаймаи сабр аз фалак баркандем.
1295
Ҷоне, ки шабу рӯзи худояст надим,
Берун зи шабу рӯз муқим аст, муқим.
Соқии сақоҳум асту дидори карим,
Ҳам соқию ҳам соғару ҳам бода қадим.
1296
Моем, ки дил зи ҷисму ҷавҳар кандем,
Меҳр аз фалаку кураи ағбар кандем,
Аз кибр ҷаҳон суболи худ мемолад,
Аз давлати дил сиблати ӯ баркандем.
1297
Чун тоҷи манӣ зи фарқи худ афкандем,
Инак камари хидмати ту барбандем.
Бисёр гиристему ҳиҷрон хандид,
Вақт аст, ки ӯ бигиряду мо хандем.
1298
Шаб рафту ҳанӯз мо ба хаммори худем,
Дар давлати ту ҳамеша бар кори худем.
Ҳам ошиқу ҳам бедилу дилдори худем,
Ҳам маҷлису ҳам булбулу гулзори худем.
1299
Мо ошиқи худро ба адӯ биспорем,
Ҳам манбалу ҳам хуниву ҳам айёрем.
Моро ту ба шаҳна деҳ, ки мо таррорем,
Ту ҳиллаи мо махӯр, ки мо маккорем.
1300
Мо хирқа зи дебойи аласташ дорем,
Дилро мисли мӯҳра ба дасташ дорем.
Мо мазҳаби чашми шӯхи масташ дорем,
Кеши сари зулфи бутпарасташ дорем.
1301
Мо мазҳаби чашми шӯхи масташ дорем,
Кеши сари зулфи бутпарасташ дорем.
Гӯянд: «Ҷуз ин ҳар ду бувад дини дуруст»,
Аз дини дуруст мо шикасташ дорем.
1302
Мо мазҳаби чашми шӯхи масташ дорем,
Кеши сари зулфи бутпарасташ дорем.
Ҳарчанд шикасти ёр дилҳо шиканад,
Мо ҳам дилу ҷон баҳри шикасташ дорем.
1303
Имшаб, ки ҳарифи дилбару дилдорем,
Ё раб, ки чиҳо дар дилу дар сар дорем.
Як лаҳза гул аз чаман ҳамеафшонем,
Як дам ба шакаристон шакар мекорем.
1304
Моем, ки дӯсти хеш душман дорем,
Мо душмани ҳар ошиқу ҳар бедорем.
Бо қосиду душманони худ мо ёрем,
Мо домани худ ҳамеша дар хун дорем.
1305
Носоз аз онем, ки созе дорем,
Бадхӯй аз онем, ки нозе дорем.
Дар сурати ҷуғд шоҳбозе дорем,
Дар айни фано умри дарозе дорем.
1306
Гар сабр кунӣ, пардаи сабрат бидарем
В-ар хоб шавӣ, хоб зи чашмат бибарем.
Гар кӯҳ шавӣ, дар оташат бигдозем
В-ар баҳр шавӣ, ба ҷумла обат бихӯрем.
1307
Дил мегӯяд, ки: «Нақди ин боғ дарем,
Имрӯз чаридем, ба шаб ҳам бичарем».
Лаб мегазадаш ақл, ки густох марав,
Гарчи дари раҳмат аст, заҳмат бибарем.
1308
Имрӯз чу ҳалқа монда беруни дарем,
Бо ҳалқа ҳариф гашта, ҳамчун камарем.
Чун ҳалқайи чашм, агар ҳарифи назарем,
Бояд, ки аз ин ҳалқаи дар даргузарем.
1309
Рафтиву зи рафтани ту ман хун гирям
В- аз ғуссаи афзуни ту афзун гирям.
Не худ чу ту рафтӣ, пайи ту дида бирафт,
Чун дида бирафт, баъд аз он чун гирям?
1310
Бе даф бари мо маё, ки мо дар сурем,
Бархезу дуҳул бизан, ки мо Мансурем.
Мастем на масти бодайи ангурем,
Аз ҳар чӣ хаёл бурдайӣ, мо дурем.
1311
Он вақт омад, ки мо ба ту пардозем,
Мар ҷони туро хонайи оташ созем.
Ту кони зарӣ, миёни ҷоне пинҳон,
То соф шавӣ, дар оташат андозем.
1312
Ҳошо, ки зи захми тиру ханҷар тарсем,
В-аз бастани пову рафтани сар тарсем.
Мо гармравони дузахошомонем,
Аз гуфту магӯйи халқ камтар тарсем.
1313
Ҳуши ошиқ куҷо бувад? Сӯйи насим.
Ҳуши оқил куҷо бувад? Бо зару сим.
Ҷойи гулҳо куҷо бувад? Боғу наъим.
Ҷойи ҳезум куҷо бувад? Қаъри ҷаҳим.
1314
Маснуъи ҳақему сайди сонеъ бошем,
Ҷонро зи муроди ҷон чӣ монеъ бошем?
Сад барра барои бандагон қурбон кард,
Мо чанд ба оби гарм қонеъ бошем?!
1315
Худро зи чунин лутф чӣ монеъ бошем?
Чун сунъи ҳақем, пеши сонеъ бошем.
Дар матбахи чарх косаҳо зарринанд,
Ҳошо, ки ба оби гарм қонеъ бошем.
1316
Аз хоки дари ту чун ҷудо мебошем,
Бо гиряву нола ошно мебошем.
Чун шамъ зи гиря обрӯе дорад,
Чун чанг, зи нола бонаво мебошем.
1317
Мо хоҷаи деҳ наем, мо қаллошем,
Мо садри саро наем, мо авбошем.
Не, не, чу қалам ба дасти он наққошем,
Мо низ надонем, ки куҷо мебошем.
1318
Аз хеш хушам, зи най набошад хушиям,
Аз худ гармам, на обӣ, на оташиям.
Чандон сабукам зи ишқ, к-андар мизон,
Аз ҳеч кам оям ду ман, ар баркашиям.
1319
Моем, ки аз бодайи беҷом хушем,
Ҳар субҳ мунавварему ҳар шом хушем.
Дар хонайи ишқ бар дару бом хушем,
Моро ту лақаб нагӯ, ки бадном хушем.
1320
Моем, ки аз бодаи беҷом хушем,
Ҳар субҳ мунавварему ҳар шом хушем.
Гӯянд: «Саранҷом надоред шумо»,
Моем, ки бе ҳеҷ саранҷом хушем.
1321
Моем, ки бе қумошу бе сим хушем,
Дар ранҷ мураффаҳему дар бим хушем.
То даври абад аз майи таслим хушем,
То зан(н) набарӣ, ки мо чу ту нимхушем.
1322
Ишқ аз буна бе бунасту баҳрест азим,
Дарёи муаллақ асту асрори қадим.
Ҷонҳо ҳама ғарқаанд дар баҳри муқим,
Як қатра аз ӯ умеду боқӣ ҳама бим.
1323
Ту баҳри латофативу мо ҳамчу кафем,
Он сӯй, ки мавҷ рафт, мо он тарафем.
Он каф, ки ба хуни ишқ олудастӣ,
Бар мо мезан, ки бар кафат ҳамчу дафем.
1324
Як бори дигар қабул кун бандагиам,
Раҳм ор бад-ин аҷзу парокандагиам.
Гар бори дигар зи ман хилофе бинӣ,
Фарёд марас ба ҳеч дармондагиам.
1325
Қаллошонему лоуболи ҳолем,
Фитнашудагони азалу озолем.
Ҷон дода ба ишқ ратли моломолем,
Софӣ бихӯрему дурд бар сар молем.
1326
Қаллошонему лоуболӣ ҳолем,
Мо бандайи бандагони он аҷлолем.
Ҷон дода ба ишқи дӯст моломолем,
Равшан бихӯрему тира дар сар молем.
1327
Гар ёр кунӣ, хасми туаш гардонем,
Ҳар лаҳза ба навъи дигарат ранҷонем.
Гар хор шавӣ, гул аз ту пинҳон дорем,
В-ар гул гардӣ, дар оташат бишонем.
1328
Аз табъи малули дӯст мо медонем,
В-аз ғояти ошиқиш меранҷонем.
Шармандаву тарсанда набрад роҳе,
То роҳ ҳиҷоби мост, мо меронем.
1329
То меравад он нигор, мо меронем,
Паймона чу пур шавад, фурӯгардонем.
Чун бигзарад ин сар, ки дар ин обу гил аст,
Дар субҳи висол давлати хандонем.
1330
Ман сер наям, сер наям, сер наям.
Зеро ки зи иқболи ту идбир наям.
Харгӯш нахоҳаму нагирам оҳу,
Ҷуз ошиқу ҷуз толиби он шер наям.
1331
Хезед, ки то бар шаби маҳтоб занем,
Бар боғи гулу наргиси бехоб занем.
Киштӣ се моҳ бар сари ях рондем,
Вақт аст, бародарон, ки бар об занем.
1332
Фармуд, ки дасту по ба коре бизанем,
То менаравад, ду даст, боре, бизанем.
Чун дар ту задем даст, аз ин шодиро
Пас чун назанем даст? Оре, бизанем.
1333
Не даст, ки дар масофи хунрез кунам,
Не пой, ки дар сабр қадам тез кунам.
Не раҳм туро, ки бо раҳӣ дарсозӣ,
Не ақл маро, ки аз ту парҳез кунам.
1334
Ё сурати худ намой, то нақш кунем,
Ё азм кунему пой дар кафш кунем.
Ё ҳар якро ҷудо-ҷудо бӯса бидеҳ.
Ё як бӯса, ки то ҳама бахш кунем.
1335
Гар бода ниҳон кунем, бӯро чӣ кунем?
В-ин шакли хумору ранги рӯро чӣ кунем?
В-ар бо лаби хушк ишқро хушк орем,
Ин чашмайи чашми ҳамчу ҷӯро чӣ кунем?
1336
Гардон ба ҳавойи моҳ чун гардунем,
Бе чун донад, ки мо дар ин раҳ чунем.
Мо хира, ки оқилон чаро ҳушёранд?!
Эшон хира, ки мо чаро маҷнунем?!
1337
Ман баҳри тамомаму яке қатра наям,
Аҳвал наяму чу аҳвалон ғарра наям.
Гӯяд ба забони ҳол ҳар як зарра,
Фарёд ҳамекунад, ки ман зарра наям.
1338
Ҳамчун сари зулфи ту парешони туем,
Он дориву он дориву мо они туем,
Ҳар ҷо бошем, ҳозири хони туем,
Меҳмони ту, меҳмони ту, меҳмони туем.
1339
Ҳамхони туем, низ меҳмони туем,
Ҳам ҷамъи туему ҳам парешони туем.
Дар шишаи дил тахт ту неҳ, ҳукм ту кун,
Эй рашки парӣ, чун-к пари хони туем.
1340
Он кас, ки ба оби дидааш меҷӯям,
Дар ҷустани ӯ равон чу оби ҷӯям.
Имрӯз ба гоҳ омаду гуфто, ки самоъ
Нагзошт, ки ман дастнамозе шӯям.
1341
Рӯзе, ки бигуфтӣ, эй бути бадхӯям,
Во гӯ, ки ман аз лутфи ту ин меҷӯям.
Мегуфт: «Ба гиря дар шудам», пас ӯ гуфт:
«Во мегӯям, хамӯш, во мегӯям».
1342
Ту кажбинӣ, валек мо ростравем
В-аз дидайи кажи мункирон каж нашавем.
Он к-ӯ ғалаи хонаву маҳгона барад,
Шод аст ба рӯйи мо, ки мо моҳи навем.
1343
Мегӯяд даф, ки: «Ҳин, бизан бар рӯям,
Чандон ки занӣ, ҳадиси дигар гӯям.
Ман ошиқаму чу ошиқон хушхӯям,
В-ар захм кашӣ, захм занӣ, ин гӯям».
1344
Ман коштайи вафойи он маҳрӯям,
Гар хоҳаму гар нахоҳам он, баррӯям.
Ӯ оби ҳаёти абаду ман ҷӯям,
Чун об маро ҷӯяд, он гоҳ ҷӯям.
1345
Не аз пайи касб сӯйи бозор шавем,
Не чун деҳқон хӯшайи гандум даравем.
Не аз пайи вақт бандайи вақт шавем,
Мо вақти ту, мо вақти ту, мо вақти туем.
1346
Мо аз ду сифат зи кор бекор шавем,
Дар дасти ду хӯйи бад гирифтор шавем.
Як хӯ он аст, ки сахт з-ӯ маст шавем,
Хӯйи дигар он-к дер ҳушёр шавем.
1347
Не сахрайи осмони пирӯза шавем,
Не шефтаи шоҳиди серӯза шавем,
Дар рӯза чу рӯзе даҳ бевоситайӣ,
Пас, ҳалқа ба гӯши бандаи рӯза шавем.
1348
Бегона магиред маро, з-ин кӯям,
Дар кӯйи шумо хонайи худ меҷӯям.
Душман наям, арчанд ки душманрӯям,
Аслам турк аст, агарчи ҳиндӣ гӯям.
1349
Бо ту қисасу дарду фиғон мегӯям
В-ар гӯш бибандӣ, пинҳон мегӯям.
Донистаам ин, ки аз ғамам шод шавӣ,
Чандин ғами дил бо ту аз он мегӯям.
1350
Имшаб, ки ҳарифи муштариву моҳем,
Бо маҳрӯён чун шакар ҳамроҳем.
Сармасти шароби базми шоҳаншоҳем,
Имшаб ҳама он аст, ки мо мехоҳем.
1351
Мо хоки туро ба оби Замзам надиҳем,
Шодӣ наситонему аз он ғам надиҳем.
Ин сурати мо насиби одамёнаст,
Аз сурати ту об ба одам надиҳем.
1352
Боз омаду боз омад, раҳ бикшоем,
Ҷӯёи дил аст, дил ту, бад-ӯ бинмоем.
Мо наъразанон, ки он шикорат моем,
Ӯ хандазанон, ки мо туро мепоем.
1353
Дар олами гил ганҷи ниҳонӣ моем,
Дорандаи мулки ҷовидонӣ моем.
Чун аз зулмоти обу гил бигзаштем,
Ҳам Хизру ҳам оби зиндагонӣ моем.
1354
Ганҷинайи асрори илоҳӣ моем,
Баҳри дурари номутаноҳӣ моем.
Бигрифта зи моҳ то ба моҳӣ моем,
Биншаста ба тахти подшоҳӣ моем.
1355
Ҳин, шевакунон ду дидаро мехобон,
Ташвиш ҳамефикан бад-ин фан ба миён.
Сарро ба фани хоб фурӯ меандоз,
Ҳар дам чун хорчӯби гандумкӯбон.
1356
Эй санг зи савдои лабат обистон,
Аз санг бурун кашӣ ту макру дастон.
Он ҷоми чу ҷоне, ки бад-он каф дорӣ,
Аз баҳри Худо, аз кафи мастон, мастон.
1357
Дӣ аз ту чунон будам, ки гул дар бӯстон,
Имрӯз чунонаму чунонтар зи чунон.
Ман чун назанам даст, ки побанди манӣ?!
Чун пой накӯбам, ки туйӣ дастзанон?!
1358
Эй дӯст, қабулам куну ҷонам бистон,
Мастам куну в-аз ҳарду ҷаҳонам бистон.
Бо ҳар чӣ дилам қарор гирад бе ту,
Оташ ба ман андар зану обам бистон.
1359
З-он хусрави ҷон ту мӯҳри шоҳӣ биситон
В-он гоҳ зи моҳ то ба моҳӣ биситон.
Эй он-к Мароға мекунӣ дар ҳайрат,
Табрез бигӯву ҳар чӣ хоҳӣ биситон.
1360
Эй он-к гирифтайӣ ба дастон, дастон,
Домони висол аз кафи мастон, мас-тон.
Сайде, ки зи доми дилпарастон раст он,
Ман кофарам, ар миёни ҳастон ҳаст он.
1361
Гар Шому гар Ироқу гар Луристон,
Равшан шуда з-он чеҳраи нуристон.
Бо Мункару бо Накир ҳамдастӣ кун,
То даст занад, рақс кунад гӯристон.
1362
Сармаст шудам аз ҳаваси он мастон,
Аз даст шудам аз зафари он дастон.
Безор шудам зи ақлу девона шудам,
То дар кашадам ишқ ба бемористон.
1363
Ҳам нури дили маниву ҳам роҳати ҷон,
Ҳам фитна барангезиву ҳам фитнанишон.
Гар барбастам хоби туро нимашабон,
То ту набарӣ гумони бад бар дигарон.
1364
Ҳам нури дили маниву ҳам роҳати ҷон,
Ҳам фитна барангезиву ҳам фитнанишон.
Моро гӯйӣ: «Чӣ дорӣ аз дӯст нишон?»
Моро аз дӯст бенишонист нишон.
1365
Ҳар рӯз зи нав баройӣ, эй дилбари ҷон,
Савдойи наве дарфиканӣ дар сари ҷон.
Пур деҳ, пур деҳ, баҳри саҳар соғари ҷон,
Эй ту падари ҷони Ману модари ҷон.
1366
Ҷонҳост ҳама ҷонваронро ҷуз ҷон,
Нонҳост ҳама нонталбонро ҷуз нон.
Ҳар чизи хуше, ки дар ҷаҳон фарз кунӣ,
Онро бадалу иваз бувад, ҷуз ҷонон.
1367
Эй олами дил, аз ту шуда қобили ҷон,
Ҳал карда сифоти зоти ту мушкили ҷон.
Фаҳму дилу ақл аз ту шуда ҳосили ҷон,
Ҷони ҷониву ақли ҷону дили ҷон.
1368
Эй рӯи ту каъбаи дилу қиблаи ҷон,
Чун шамъ зи ғам сӯхтам, эй шӯълаи ҷон.
Бардор ҳиҷобу рух ба ошиқ бинамой,
То чок кунад ба дасти худ хирқаи ҷон.
1369
Дарпӯш силоҳ, вақти ҷанг аст, эй ҷон,
Андеша макун, ки вақт танг аст, эй ҷон.
Бигзар зи ҷаҳон, ки ҷумла ранг аст, эй ҷон,
Ҳар гӯша яке мушу паланг аст, зй ҷон.
1370
Ман коғазҳои Мисру Бағдод, эй ҷон,
Пур кардам аз лобаву фарёд, эй ҷон.
Як соата ишқ сад ҷаҳон беш арзад,
Сад ҷон ба фидойи ошиқӣ бод, эй ҷон.
1371
Ҳар хона, ки бечароғ бошад, эй ҷон,
Зиндон бувад он, на боғ бошад, эй ҷон.
Ҳар кас, ки ба табли боз шуд, боз нашуд,
Бозаш ту махон, ки зоғ бошад, эй ҷон.
1372
Бисёр алоқаҳо бибояд, эй ҷон,
К-он маскану хонаҳо шавад ободон.
Эй булғорӣ, хона кун андар Булғор,
В-эй тозигӯй, бирав сӯи Аббодон.
1373
Эй хӯйи ту дар ҷаҳон майю шир, эй ҷон,
Аз дилшудагон гуноҳ кам гир, эй ҷон.
Гар даст шикаста шуд, камон гир, эй ҷон,
Инак ба шиканҷа зери занҷир, эй ҷон.
1374
Тавба кардам, зи тавба кардан, эй ҷон,
Натвон зи қазо кашид гардан, эй ҷон.
Савганд ба сар менабарам, лек хуштар,
Савганд ба номи дӯст хӯрдан осон.
1375
Боғ асту баҳору сарви олӣ, эй ҷон,
Мо менаравем аз ин ҳаволӣ, эй ҷон.
Бикшой ниқобу дар фурӯ банд, эй ҷон,
Моему туйиву хона холӣ, эй ҷон.
1376
Эй бе ту ҳаром зиндагонӣ, эй ҷон,
Худ бе ту кадом зиндагонӣ, эй ҷон.
Савганд хӯрам, ки зиндагонӣ бе ту,
Маргаст ба ном зиндагонӣ, эй ҷон!
1377
Ошуфта ҳамеравӣ ба кӯе, эй ҷон,
Мепурсӣ аз он гумшудайи хеш нишон,
Ман дӯш бибурдам камаратро зи миён,
Ҳин, то набарӣ гумони бад бар дигарон.
1378
Чандон бидавидаам паси дил беҷон,
Он ҷо, ки на ман будаму не кавну макон.
То хештану замонаро гум кардам,
Гӯйӣ, ки ба назди ман на ин асту на он.
1379
Маъшуқи ман аз ҳама ниҳон аст, бидон,
Берун зи гумони ҳар гумон аст, бидон.
Дар синайи ман чу маҳ аён аст, бидон,
Омехта дар танам чу ҷон аст, бидон.
1380
Ман кай хандам, то-т набинам хандон,
Ҷон бандайи он хандайи бе кому забон.
Афсӯс, ки хандайи туро мебинанд,
В-он хандайи ту зи чашми халқон ниҳон.
1381
Сурат ҳама мақбули ҳаюло медон,
Тасвиргараш иллати авло медон.
Лоҳут ба Носут фурӯ н-ояд, лек
Носут зи лоҳут ҳувайдо медон.
1382
Эй мафхару султони ҳама дилдорон,
Ҷолинусӣ барои ин беморон,
Рӯзи борон ба гулшанат ҷамъ шавем,
Ширин бошанд рӯзи борон ёрон.
1383
Он кас, ки насохт бо лиқойи ёрон,
Афтод ба макри дузду таҳдиди авом.
Мегуфту ҳамегиристу ангуштгазон:
«Фарёди ман аз хӯйи баду бори гарон».
1384
Он кас, ки насохт бо лиқойи ёрон,
Афтод ба макри дузду таҳдиди авом.
Мегуфту ҳамегиристу ангуштгазон:
«Фарёди ман аз хӯйи баду бори гарон».
1385
Эй рафта зи ёрон ту ба як гӯша карон,
Фарёди ту аз хӯйи баду бори гарон.
Гар шери нарӣ, чӣ мегурезӣ зи нарон?!
В-ар лошахӯрӣ, бирав сӯи лошахӯрон.
1386
Эй хӯрда маро ҷигар барои дигарон,
Донам, ки ҳамекунӣ барои дигарон.
Ман боди раҳе рудам, ту роҳам додӣ,
Ман растам аз ин воқеъа, войи дигарон.
1387
Эй ҷаври ту беҳтар аз вафойи дигарон,
Эй тирагият беҳ аз сафойи дигарон.
Эй нози ту беҳтар аз лиқойи дигарон,
Дашноми ту беҳтар аз санойи дигарон.
1388
Эй захми ту хуштар аз давойи дигарон,
Имсоки ту беҳтар аз атойи дигарон.
Эй, ҷаври ту беҳтар аз вафойи дигарон,
Дашноми ту беҳтар аз санойи дигарон.
1389
Эй ёр, ба инкор сӯйи мо нигарон,
Зеро ки нахӯрдайӣ аз он ратли гарон.
Аз шодии ман биҳишт гаштаст ҷаҳон,
Ғам масхараи ман асту мири дигарон.
1390
Эй ҷумла ҷаҳон ба рӯи хубат нигарон,
Ҷони мардон зи ишқи ту ҷомадарон.
Бо ин ҳама наздики ҳама пурҳунарон,
Девонагии ту беҳ, зи ақли дигарон.ц
1391
Эй ҷониби ошиқон ба хира нигарон,
Ту хираву дар ту хира гашта дигарон.
Ин хира дар ону он дар ин, ё раб чист?
Ҷумла зи туанд бедилу беҷигарон.
1392
Наздики манӣ, назар накун чун дурон,
Ту шаҳд нигар ба сурати занбӯрон.
Иблис найӣ, ба ҷони одам бингар,
Дар каллаи ӯ нигаҳ макун, чун кӯрон.
1393
Омад шабу ғамҳои ту ҳамчун асасон,
Ёбед диламро зи сари куйи касон.
Рӯз омад, к-аз шабат ба фарёд расам,
Фарёд маро зи дасти фарёдрасон.
1394
Ҷонам бар он қавм, ки ҷонанд эшон,
Чун гул ба ҷуз аз лутф надонанд эшон.
Ҳар кас касаке дораду кас холӣ нест,
Ҳар як чу қарозаему конанд эшон.
1395
Дил гурснайи иди ту шуд чун рамазон
В-аз иди ту шуд шоду ҳумоюн рамазон.
Бо ботини пуроташ акнун рамазон,
Бастаст даҳон, даҳони пурхун рамазон.
1396
Ид омаду идона ҷамоли султон,
Идона кӣ дидаст чунин дар ду ҷаҳон?
Ид ин буваду ҳазор ид, эй дилу ҷон,
К-он ганҷи ҷаҳон барояд аз кунҷи ҷаҳон.
1397
Эй даф, ту бихон зи дафтари муштоқон,
Эй каф, ту бизан бар раги хуни эшон.
Эй наъраи гӯяндайи ҷӯяндайи дил,
Эй аз на макон, бибар маро, то на макон.
1398
Ҳуш дор, ки мераванд ҳар сӯ ғӯлон,
Бо донаву дом дар шикори гӯлон.
Эй шод буте, ки домани дил гирад,
Ибрат гирад зи ҳолати маъзӯлон.
1399
Дилҳо мисли рубобу ишқи ту камон,
З-омадшуди ин камонча дилҳо нолон.
В-он гаҳ амали камон ба мӯ вобаста,
Гар мӯ шавад андеша, нагунҷад ба миён.
1400
Он кист, к-аз ин тир нашуд ҳамчу камон?!
В-аз захми чунон табар гирифтори чинон?!
В-он гаҳ ки хабар ёфт, ки-н ой бикӯфт,
В-аз дасти ҳавои худ нашуд дастзанон?!
________________________________________
К Продолжению: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327817.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html