Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 1401 - 1600


К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327736.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
1401
Дар чашми ман аст абрӯйи ҳамчу камон,
Ман рӯҳ сипар кардаву ӯ тирзанон.
Чун захм расид захми ӯ пардадарон,
Ӯ бозкунон канору ман лобакунон.
1402
Ман бандайи масте, ки бувад дастзанон,
Дурам зи касе, ки ӯ бувад масти занон.
Оре, мани хастадил чунинам, на чунон,
Олуда мабод нони ушшоқ ба нон.
1403
Ҳам хона аз они ӯсту ҳам ҷомаву нон,
Ҳам ҷисм аз они ӯсту ҳам дидаю ҷон.
В-он чизи дигар, ки нест гуфтан имкон,
Зеро ки замон бояду ихвону макон.
1404
Мо марди синонем, на аз баҳри се нон,
Мо дастзанонем на аз дасти занон.
Дар сайд бидонем, на дар сайди бадон,
Аз банди ҷаҳонем, на дар банди ҷаҳон.
1405
Ақле, ки хилофи ту гузидан натавон,
Дине, ки хилофи ту буридан натавон.
Илме, ки ба кунҳи ту расидан натавон,
Зуҳде, ки зи доми ту раҳидан натавон.
1406
Шуд кӯдакиву рафт ҷавонӣ зи ҷавон,
Рӯзи пирӣ расид, барпар зи ҷаҳон.
Ҳар меҳмонро се рӯз бошад паймон,
Эй хоҷа, се рӯз шуд, харак бартар рон!
1407
Ҳар мутрибе, к-ӯ нест зи дил дафтархон,
Он мутрибро ту мутриби дафтар хон.
Гар чеҳра ниҳон кард, зи ту байту ғазал,
Гар хатхонӣ зи чеҳраи мо бархон.
1408
Эй гурснайи васли ту серони ҷаҳон,
Ларзон зи фироқи ту далерони ҷаҳон.
Бо чашми ту оҳувон чӣ доранд ба даст?
Эй зулфи ту пойбанди шерони ҷаҳон!
1409
Чун шоҳи ҷаҳон нест касе дар ду ҷаҳон,
Не зеру на болову на пайдову ниҳон.
Ҳар тир, ки ҷаст, ҷаст аз он сахткамон,
Ҳар нукта, ки ҳаст, ҳаст аз он шӯҳрабаён.
1410
Эй рӯйи ту боғу чамани ҳарду ҷаҳон,
Аз ҷони ту зинда аст тани ҳар ду ҷаҳон.
Бишкастани ту шикастани ҳарду ҷаҳон,
Эй заъфи ту вайрон шудани ҳарду ҷаҳон.
1411
То рӯйи туам қибла шуд, эй ҷону ҷаҳон,
На-з Каъба хабар дораму на аз қибла нишон.
Бе рӯйи ту рӯ ба қибла кардан натавон,
К-ин қиблайи қолаб асту он қиблаи ҷон.
1412
Кас нест ба ғайр аз ӯ дар ин ҷумла ҷаҳон,
Не зишту на некӯву на пайдову ниҳон.
Ҳар тир, ки ҷаст, ҷаст аз он сахткамон,
Ҳар нукта, ки ҳаст, ҳаст аз он шӯъладаҳон.
1413
Эй як қадаҳ аз дарди ту дарёйи ҷаҳон,
Гум карда ҷаҳон аз ту сару пойи ҷаҳон.
Хоҳад, ки ҷаҳон зи ишқи ту барпаррад,
Эй ғайрати ту бибаста парҳои ҷаҳон.
1414
Дил боғи ниҳон асту дарахтон ба ниҳон,
Сад сон бинамояд ӯву ӯ худ як сон.
Баҳрест муҳити беҳаду бепоён,
Сад мавҷ занад мавҷи даруни ҳар ҷон.
1415
Имшаб манаму ҳазор сӯфӣ пинҳон,
Монандаи ҷон ҷумла ниҳонанду аён.
Эй орифи мутриб, ҳала тақсир макун,
То дарёбӣ бад-ин сифат рақскунон.
1416
Дӯшат дидам ёр! Ҷудойиҷӯён,
Бо ман ба ҷафову кин «Ҷудо шав»-гӯён.
Имрӯз чунонам, ки ҷудо гашта зи ҷон,
Рухсорайи худ ба хуни фурқатшӯён.
1417
Ҳангоми аҷал чу ҷон бипардозад тан,
Монанди қабои кӯҳна андозад тан.
Танро, ки зи хок аст, диҳад боз ба хок
В-аз нури қадими хеш барсозад тан.
1418
Бар гардани мо баҳона хоҳӣ бастан
В-аз дому дуволи мо нахоҳӣ растан.
Боло нигарон шудӣ, ки бегоҳ шудаст,
Дафро ба май афшон, ки бихоҳӣ рафтан.
1419
Дил аз талаби хубии бе чун гаштан,
Дарё хоҳад шудан зи афзун гаштан.
Дил хун шуду шукр мекунад, з-он-к басе
Дилҳо хун шуд, дар талаби хун гаштан.
1420
Омад дили ман, баҳри нишонам гуфтан,
Гуфто: «Зи барои ӯ чӣ донам гуфтан?!».
Гуфтам, ки: «Аз он ду чашм як ҳарф бигӯй»,
Гуфто, ки: «Ду чашмро чӣ донам гуфтан?!»
1421
Чун оташ мешавад узораш ба сухан,
Хун мешавад он чашми хумораш ба сухан.
Хун мебараду сабру қарораш ба сухан,
Эй ишқи суханбахш, дарораш ба сухан.
1422
Эй ошиқи гуфтору тафоили сухан,
Эй гурзи суханварони қаҳҳораи кан.
Рӯзи-т чу нест илми нав, нав, ҳала рав,
Эй кӯҳнафурӯш дар суханҳои кӯҳан.
1423
Бо дил гуфтам: «Агар бувад ҷойи сухан,
Бо дӯст ғамам бигӯ дар аснойи сухан».
Дил гуфт: «Ба гоҳи васл бо ёр маро
Набвад зи назора ҳеч парвойи сухан».
1424
Ҳар рӯз хуш аст манзиле паймудан,
Чун оби равон фориғ аз афсурдан.
Дӣ рафту ҳадиси дӣ чу дӣ ҳам бигузашт,
Имрӯз ҳадиси тоза бояд гуфтан.
1425
Ин банда муроот надонад кардан,
Зеро ки фурӯ рафт ба гил то гардан.
Ин мастии мо чу мастии мастон нест,
Пайдост ҳади мастии афюн хӯрдан.
1426
Эй бе ту ҳаром зиндагонӣ кардан,
Худ бе ту кадом зиндогонӣ кардан?
Бе рӯйи хуши ту зинда будан, эй ҷон,
Марг аст, ба ном зиндагонӣ кардан.
1427
Ман бе рухи ту бода надонам хӯрдан,
Бе дасти ту ман мӯҳра надонам бурдан.
Аз дур маро рақс ҳамефармойӣ.
Бе пардайи ту рақс натонам кардан.
1428
Эй одати ишқ, айни имон хӯрдан,
Не ғуссайи нону ғуссайи ҷон хӯрдан.
Он моида чун зи рӯзу шаб берун аст,
Рӯза чӣ бувад? Салои пинҳон хӯрдан.
1429
Дар роҳи ниёз фард бояд будан,
Пайваста ҳарифи дард бояд будан.
Мардӣ набувад гурехтан сӯи висол,
Дар рӯзи висол мард бояд будан.
1430
Бо ҳар ду ҷаҳон ба ҷанг бояд будан,
Безор зи лаълу санг бояд будан.
Мардонаву мардранг бояд будан,
В-арна ба ҳазор нанг бояд будан.
1431
Бо рӯйи бутон чу ранг бояд будан,
Бо ранги адӯ паланг бояд будан,
Мардонаву мардранг бояд будан,
В-арна ба ҳазор нанг бояд будан.
1432
Дар ишқи ту шӯху шанг бояд будан,
Мардонаву мардранг бояд будан,
Бо ҷони худат ба ҷанг бояд будан,
В-арна ба ҳазор нанг бояд будан.
1433
Полуда шавӣ дар талаби полудан,
Фарсуда шавӣ дар ҳаваси фарсудан.
То лаззати полуданатон шарҳ диҳад,
Дар нест, чӣ гуна, ҳаст хоҳад будан.
1434
Эй ҷон, муназзаҳ зи ғами полудан,
В-эй чашм, муқаддас зи ғами фарсудан.
Ин оташи ишқе, ки дарун месӯзад,
Ин ҷаннат, фирдавси ту хоҳад будан.
1435
Дар баҳри карам ҳирсу ҳасад паймудан,
З-ин об хушӣ зи ҳамдигар бирбудан,
Моҳӣ наниҳад оби захира ҳаргиз,
Чун бедарё ҳеҷ нахоҳад будан.
1436
Паймуда шудам зи ишқи ту паймудан,
Фарсуда шудам, зи ишқи ту фарсудан.
Не рӯз ба хӯрдану на шаб бағнудан,
Эй дӯстии ту душмани худ будан.
1437
Эй лаъли лабат маъдани шакар чидан
В-аз чашми ту нури номусаввар дидан,
Маҳ гардон асту барги каҳ гардон аст,
Лекин фарқ аст миёни ҳар гардидан.
1438
Фаррух бошад ҷамоли султон дидан,
Ҷон зинда шавад, зи рӯйи ҷонон дидан.
Ман сисилаи ишқи ту дидам дар хоб,
Ё раб, чӣ бувад, хоби парешон дидан?!
1439
Эй одати ту хашму ҷафо варзидан
В-аз чашми ту, шояд ин сухан пурсидан:
“З-ин гуна, ки абрӯйи ту бо чашм хуш аст,
Ӯро зи чӣ рӯ наметавонад дидан?!”.
1440
Эй маҷмаи дил, зарби пароканда мазан,
З-он захма парешон, чу дили банда мазан.
Эй дил, лаби худро, ки занад лофи бақо,
Ҷуз бар лаби он соғари поянда мазан.
1441
Барҷаста дило, роҳи маломат мезан,
Ҳар дам захме фузун зи тоқат мезан.
Оташ мезан, ҳар нафасе дар ҷоне,
В-андар ҳама дам, дафи фароғат мезан.
1442
Эй бод, биёву бар дилам бар мезан,
В-эй Зӯҳра биёву аз рухам зар мезан.
Онҳо, ки миёни мо ҷудойӣ ҷустанд,
Девор бад-ӯ намой, гӯ: «Сар мезан».
1443
Шохи гули тар бар гули анбар мезан
В-аз теғи мусалмон сари кофар мезан.
Чун нойи туам, ба гӯши ман дармедам,
Ман даффи туам, ба рӯйи ман бар мезан.
1444
Эй дил, чу шудӣ зи даст, дасте мезан,
Даст аз ҳаваси ишвапарасте мезан.
Гӯйӣ, ки: «Чӣ раҳ занам, чу ман даст занам?»,
Чун наргиси масташ, раҳи мастӣ мезан.
1445
Чун банда найӣ, нидойи шоҳӣ мезан,
Тири назар он чунон-к хоҳӣ, мезан.
Чун аз худу ғайри худ мусаллам гаштӣ,
Бехуд бинишин, кӯси илоҳӣ мезан.
1446
Гар даст бишуд зи кор, пое мезан
В-ар пой намонд ҳам, навое мезан.
Гар нест туро, ба ақл рое мезан,
Ҳосил, ҳар дам, дами вафое мезан.
1447
Гуфтам: «Макун, эй рӯт ҳасан, хут ҳасан,
Ман дузд наям, мабанд дастам ба расан».
Гуфто, ки: «Куҷойӣ ту ҳанӯз, эй ҳама фан?
Ҳаққо, ки чунон шавӣ, ки кибрит сатасан».
1448
Мо зебоем, хешро зебо кун,
Хӯ бо мо кун, зи дигарон хӯ во кун.
Эй тунги шакар, ҳеч нагунҷӣ ҷое,
Он ҷо, ки ҷой нест, худро ҷо кун.
1449
Мо зебоем, хешро зебо кун,
Хӯ бо мо кун, зи дигарон хӯ во кун.
Вар мехоҳӣ, ки кони гавҳар бошӣ,
Дилро бикушову синаро дарё кун.
1450
Мо зебоем, хешро зебо кун,
Хӯ бо мо кун, зи дигарон хӯ во кун.
Як қатра мабош, хешро дарё кун,
Дарё хоҳӣ, ту қатраеро ло кун.
1451
Эй шоҳ, ту мотгаштаро мот макун,
Афтодайи туст, ҷуз муроот макун.
Гар ғарқайи ҷурм аст, муҷозот макун,
В-аз баҳри Худо, қасди мукофот макун.
1452
Ҷуз бодайи лаъли ломакон, ёд макун,
Инро бингар, аз ину он ёд макун.
Гар ҷон дорӣ, аз ин макон ёд макун,
Мастӣ хоҳӣ, зи оқилон ёд макун.
1453
Бо дил гуфтам: «Ишқи нав оғоз макун,
Бозам дари сад меҳнату ғам боз макун».
Дил тирагие карду бигуфт: «Эй сарамард,
Маъшуқа шигарф аст, бирав, ноз макун».
1454
Дидам рӯят, буто, ту рӯ пӯш макун,
Пинҳонии мо ту бодаҳо нӯш макун.
Ҳарчанд дароз кард бадгӯй забон,
Эй чашму чароғи ошиқон, гӯш макун.
1455
Ҷуз ҷоми ҷалолати аҷал нӯш макун,
Ҷуз з-оташи ишқи кибриё ҷӯш макун.
Аз кони ақиқи фақр, ишрат нақд аст,
Май мехӯру қиссаи парандӯш макун.
1456
Эй дар ду ҷаҳон ягона, таъҷил макун,
Дар рафтан чун замона таъҷил макун.
Магрез сӯйи карона, таъҷил макун,
В-аз хонайи мо ба хона таъҷил макун.
1457
Асрори маро ниҳона андар ҷон кун,
Аҳволи маро зи хеш ҳам пинҳон кун.
Гар ҷон дорӣ, маро зи ҷон пинҳон кун,
Ин куфри маро пешрави имон кун.
1458
Ҳирсу ҳасаду кина зи дил берун кун,
Хӯйи баду андеша ту дигаргун кун.
Инкор зиёни туст, рав, камтар кун,
Иқрор туро суд кунад, афзун кун.
1459
Ту шоҳи дили манӣ, ту шоҳӣ мекун,
Нӯшат бодо зулм, сипоҳӣ мекун.
Бар каф дорӣ шаробу ҷоме, ки мапурс,
Онро бидеҳу ту ҳар чӣ хоҳӣ, мекун.
1460
То бо худӣ дурӣ, аз чӣ ҳастӣ бо ман?
Эй бас дурӣ, ки аз ту бошад то ман.
Дар ман нарасӣ, то нашавӣ якто, ман
Андар раҳи ишқ ё ту бошӣ, ё ман.
1461
Аз рӯз шарифтар шуд аз вай шаби ман
В-аз рӯҳ латифтар шуд ин қолаби ман.
Рафт ин дили ман, то лаби ӯро бӯсад,
Аз шаҳду шакар набуд ҷойи лаби ман.
1462
Ё дилбари ман бояду ё дил бари ман,
Не дил бари ман бошаду не дилбари ман.
Эй дилбари ман, мабош бе дил бари ман,
Як дилбари ман беҳ, ки ду сад дил бари ман.
1463
Шаб рафту нарафт,эй бути симинбари ман,
Савдойи муноҷоти ғамат аз сари ман.
Хоби шаби ман туиву нури рӯзам,
Ма рӯзу ма шаб, чун ту набошӣ бари ман.
1464
Эй дод, ки ҳаст ҷумла бедод аз ман,
Эй ман, ки ҳазор оҳу фарёд аз ман.
Чун «Золика мо қаддамт айдикум» гуфт,
Ношод, шабе, ки асли ғам зод аз ман.
1465
Азбаски фасоду аблаҳӣ зод аз ман,
Дар умр даме нагашт, дил шод аз ман.
Ман толиби доду ҷумла бедод аз ман,
Фарёди ман аз ҷумлаву фарёд аз ман.
1466
Ин дидайи ман каж нигарад дур аз ман,
Эй, сиҳҳати сад дидайи ранҷур аз ман.
Гар каж нигарам, пас ба кӣ каж рост шавад?
В-ар шаб бошад, чун талаби нур аз ман?
1467
Азбаски бароварад ғамат оҳ аз ман,
Тарсам, ки шавад ба ком, бадхоҳ аз ман.
Дардо, ки зи ҳиҷрони ту, эй ҷону ҷаҳон,
Хун шуд диламу дилат на огоҳ аз ман.
1468
Эй ишқ, ту дар ҷони касӣ в-он кас ман,
Эй дард, ту дармони касӣ в-он кас ман.
Гӯйӣ: «Бинам лаби туро чун лаби хеш,
Маҷрӯҳ ба дандони касе в-он кас ман».
1469
Он сурати ғайбӣ, ки шунидаш душман,
Бо худ ба қиёс мебуридаш душман.
Монандайи хуршед баромад, бинишин,
Ҳар сӯй назар кард, надидаш душман.
1470
Ман ошиқи ишқу ишқ ҳам ошиқи ман,
Тан ошиқи ҷон омаду ҷон ошиқи тан.
Гар ман орам ду даст андар гардан,
Гаҳ ӯ кашадам чу дилрабоён гардан.
1471
Эй карда зи гулдастаки ман пояки ман,
Бинҳода чароғи ақли манро як ман.
Андар бари хеш кун, маҳо ҷояки ман,
Нолон ба ту ин ҷони шакархояки ман.
1472
Чун зарду низор дид ӯ рӯяки ман,
Хуноба равон зи чашми чун ҷӯяки ман.
Хандиду ба ханда гуфт: «Дилҷӯяки ман!
Эй золими мазлумаки бадхӯяки ман».
1473
Эй захмзананда бар рубоби дили ман,
Бишнав ту аз ин нола ҷавоби дили ман:
“Дар ҳар вайрон дафина ганҷи дигар аст,
Ишқ аст дафина дар хароби дили ман”.
1474
Эй нолайи ишқи ту рубоби дили ман,
Эй нола шуда ҳама ҷавоби дили ман.
Он давлати маъмур, ки мепурсидӣ,
Ёбӣ ту, валек дар хароби дили ман.
1475
Аз умр, ки пурбор шавад ҳар дами ман,
В-аз хеш, ки бедор шавад ҳар дами ман.
Ин гулшани рангин, ки ҷаҳон ошиқи ӯст,
Гулзор, ки пурхор шавад, ҳар дами ман.
1476
Мебинам онро, ки намебинам ман
В-аз қанди лабаш набот мечинам ман.
Ҳар чанд чу син миёни «Ёсин»-ам ман,
«Ёсин» наҳилад даме, ки биншинам ман.
1477
Эй моҳи латифи ҷон, фаро хирмани ман,
В-эй моҳ, фурӯ карда сар аз равзани ман.
Эй гулшани ҷону дидайи равшани ман,
Кай бинамат овехта дар гардани ман?
1478
Гар кушта шавам ба назди пайкори ту ман,
Оҳе накунам зи бими озори ту ман.
Аз захми сари найзайи хунхори ту ман,
Хандон мирам чу дил зи дидори ту ман.
1479
Чун ҷӯшиши хуми ишқ дидам зи ту ман,
Чу май ба қавоми худ расидам зи ту ман.
Не, не, ғалатам, ки ту майӣ, ман обам,
Омехтаему нопадидам зи ту ман.
1480
Бедил ману бедил туву бедил туву ман,
Сармаст ҳамешудем рӯзе ба чаман.
Умрест, ки ман дар орзӯйи онам,
К-он аҳд ба ёд орӣ, эй аҳдшикан.
1481
Дӯш он-ч бирафт дар миёни туву ман,
Натвон бинабиштану бинатвон гуфтан.
Рӯзе, ки сафар кунам аз ин кӯҳнаватан,
Афсона кунад, бо ту шиканҳои кафан.
1482
Чандин ба ту бар меҳру вафо бастайи ман,
Эй хӯйи ту озурдани пайвастайи ман.
Ман сабр кунам, валек нангат набувад,
Як рӯз ту аз дарди дили хастайи ман.
1483
Рӯзе, ки гузар кунӣ ба хар пуштайи ман,
Биншину бигӯ, ки: «Эй ба ғам куштайи ман».
То бонг занам зи хок оғуштайи ман,
К-эй Юсуфи рӯзгору гумгаштайи ман.
1484
Рафтиву нарафт, эй бути бигзидайи ман,
Меҳрат зи дилу хиёлат аз дидайи ман.
Мегардам, бошад, ки ба пешам афтӣ,
Эй роҳнамойи раҳи печидаи ман.
1485
Маҷмӯъи ҷаҳон ошиқи якбораи ман,
Чорагару чорасозу бечораи ман,
Хуршеду фалак ғулому сайёраи ман,
Наззорагари ду кавн, наззораи ман.
1486
Бар гирди ҷаҳон ин дили оворайи ман,
Бисёр сафар кард пайи чорайи ман.
В-он оби ҳаёти хушу хушхорайи ман,
Ҷӯшиду баромад зи дили хорайи ман.
1487
Эй мӯниси рӯзгор, чунӣ бе ман?
Эй ҳамдами ғамгусор, чунӣ бе ман?
Ман бо рухи чун хазон харобам бе ту,
Ту бо рухи чун баҳор, чунӣ бе ман?
1488
Шамъи азал аст оламафрӯзийи ман,
З-он шоҳиди аъзам аст пирӯзии ман.
Бо шоҳиду бо шамъи азал чун бошам?
Оре, чӣ кунам, чу ин бувад рӯзии ман.
1489
Рафтам бари дилдор рух олуда ба хун,
Дар чашму рухам падид осори ҷунун.
Занҷир дарида будаму рафта бурун,
Дар пой кашон силсилаи «кунфаякун».
1490
Шӯр овардам, ки барнатобад гардун,
Шӯре, ки ба хоб дарнабандад Маҷнун.
Он шӯри камина аст, аз синайи дӯст,
То синайи поки дӯст чун бошад, чун?
1491
Дил бурд зи ман дӯш ба сад ишқу фусун,
Бишкофту бидид, пур зи хун буд дарун.
Фармуд, дар оташаш ниҳодан ҳолӣ.
Яъне, ки напухта аст, з-он аст пурхун.
1492
Мардони ту дар доирайи «кунфаякун»,
Дил нуқтаи ваҳдат аст, аз арш фузун.
Гар дарчинад нуқтаи дардат зи дарун,
Холӣ шавӣ аз дойраи кавн бурун.
1493
Сармасти туам на аз маю на-з афюн,
Маҷнуни туам, адаб маҷӯ аз Маҷнун.
Аз ҷӯшиши май ҷӯш кунад сад Ҷайҳун
В-аз гардиши ман хира бимонад гардун.
1494
Табъи ту чу санг аст дилат чун оҳан,
В-аз оҳану санг ҷаста оташ сӯйи ман.
Оташ чу дар оташ аст, эй хуби Хутан,
Хар ман бошам, ки дил ниҳам бар хирман.
1495
Он ҳалвое, ки кам расад он ба даҳан,
Чун дег ба ҷӯш амада аз вай дили ман.
Аз ғояти лутф ончунон хушхор аст,
К-аз вай ду ҳазор ман, тавонӣ хӯрдан.
1496
Ё раб, чӣ дил аст, ину чӣ хӯ дорад ин!
Дар ҷустани ӯ чӣ ҷусту ҷӯ дорад ин!
Бар хоки дараш ҳар нафасе сар биниҳад,
Хокаш гӯяд: «Ҳазор рӯ дорад ин».
1497
Дар чархи фалак ғулғулаи мастон бин,
Дар бӯтайи нестӣ шаву ҳастон бин.
Даст аз ду ҷаҳон бидору пое баргир,
Дар фақр ҷалолати забардастон бин.
1498
Рафтам ба табибу гуфтамаш: «Зайнуддин,
Ин набзи маро бигиру қорура бубин».
Гуфто: «Бод асту бо ҷунун гашта қарин»,
Гуфтам: « Ҳала, то бод чунин, бод чунин».
1499
Худ, ҳоли диле бувад, парешонтар аз ин?!
Ё воқеае бесарусомонтар аз ин?!
Андар олам, кӣ дид меҳнатзадае,
Саргаштайи рӯзгору ҳайронтар аз ин?!
1500
Рав, дард гузин, дард гузин, дард гузин,
Зеро ки раҳи чора надорам ҷуз аз ин.
Дилтанг машав, ки нестат рахт қарин,
Чун дард набошадат, бад-он бош ҳазин.
1501
Гар муштоқӣ, ба пеши муштоқ нишин,
Рӯзу шаб, дар ҳалқаи ушшоқ нишин.
Он гоҳ чу ин ҳалқарабойӣ кардӣ,
Аз халқ гузар кун бари халлоқ нишин.
1502
Имрӯз марост рӯзи майдон, манишин,
Метоз чу гӯй пеши чавгон, манишин.
Мардӣ бинамову ҳамчу ҳайрон манишин,
Имрӯз қиёмат аст, эй ҷон, манишин.
1503
Гуфтам, ки: «Бар ҳариф ғамгин манишин,
Ҷуз паҳлӯйи хушдилони ширин манишин.
Дар боғ даромадӣ, сӯйи хор марав,
Ҷуз бо гулу ёсамину насрин манишин».
1504
Мо коҳилакони ишқу паҳлӯ ба замин,
Кардаст заминро карамаш маркабу зин.
То мебарад ин хуфтагаконро дар хоб,
Асҳобулкаҳф то сӯйи аллайин.
1505
Гар кам расадам вазифайи васлати ӯ,
Аз ноз бувад, набошад аз қиллати ӯ.
В-он гаҳ гӯяд: «Ҳар чӣ бихӯрдӣ яхнист»,
Ман бандаи он ишваю он ҳилати ӯ.
1506
Турке, ки дилам шод кунад хандаи ӯ,
Дорад ба ғамам зулфи парокандаи ӯ.
Бистад зи ман ӯ хате ба озодии хеш,
В-овард хате, ки ман шудам бандаи ӯ.
1507
Аз ганҷи қадам шудем вайронаи ӯ
З-афсонаи ӯ шудем афсонаи ӯ.
Оваҳ, зи паймону зи паймонаи ӯ,
Кас хонаи худ надонад аз хонаи ӯ.
1508
Он шоҳ, ки ҳаст ақл девонаи ӯ,
В-аз ишқ дилам шудаст ҳамхонаи ӯ.
Парвона фиристод, ки ман з-они туам,
Сад шамъ ба нур шуд зи парвонаи ӯ.
1509
Сад дод ҳамерасад зи бедодии ӯ,
Дар ваҳм чӣ гуна оварам шодии ӯ?!
Аз бандагӣ сарв чу озодӣ ёфт,
Гул ҷомаи худ дарид, з-озодии ӯ.
1510
Гуфтам рӯзе, ки: «Ман ба ҷонам бо ту,
Дигар нашудам, буто, ҳамонам бо ту».
Лекин донам, ки ҳарчӣ бозам, бибарӣ,
З-он мебозам, ки то бимонам бо ту».
1511
Умрам ба канор зад, каноре бо ту,
Чун умр гузаштанист, боре бо ту.
Не, не, ғалатам, кай гузарад бе шаҳи умр?!
Он умр, ки ёфт ӯ, гузоре бо ту.
1512
Хоҳӣ, ки муқиму хуш шавӣ бо мо ту,
Аз сар бинеҳ он васвасаву ғавғо ту.
Он гаҳ, ки чунон шавӣ, ки будӣ бо ман,
Он гоҳ чунон шавам, ки будам бо ту.
1513
Эй аз дилу ҷон латифтар қолаби ту,
Бисёр раҳ аст аз шакар то лаби ту.
Умрест, ки Офтобу Маҳ мегардад,
Рӯзону шабон дар орзӯи шаби ту.
1514
Лаб боз намешавад маро бе лаби ту,
Бунёди сухан ҳеч мабо(д) бе лаби ту.
Бастаст Худо дари дилам бе лаби ту,
Гуфтаст маро: «Лаб магушо, бе лаби ту».
1515
Дарҳо ҳама бастаанд, илло дари ту,
То раҳ набарад ғариб, илло бари ту.
Эй дар караму иззату нурафшонӣ,
Хуршеду маҳу ситораҳо чокари ту.
1516
Дар чарх нагунҷад, он ки шуд лоғари ту,
Ҷон чокари он касе, ки шуд чокари ту.
Ангуштгазон даромадаш аз дари ту,
Ангуштгазон бурун шудам аз бари ту.
1517
Дил дар ту гумони бад барад дур аз ту,
Он низ зи заъфи худ барад дур аз ту.
Талхӣ ба даҳони ҳар дили сафройӣ,
Худ бар ту шакар ҳасад барад дур аз ту.
1518
Сарриштайи шодияст хаёли хуши ту,
Сармояи гармист, маҳо, оташи ту.
То дар дили ман хаёли рӯи ту намуд,
Ё раб, чӣ хуш аст он рухи маҳваши ту!
1519
Сарриштайи шодист ҳавои хуши ту,
Сармояи гармист, маҳо, оташи ту.
Ҳар гоҳ ки хушдиле сири худ бикшояд,
Ромаш кунад он зулфи хуши саркаши ту.
1520
Аз ҷон бишунидаам навойи ғами ту,
Не, худ ҷонҳост зарраҳойи ғами ту.
Он суратҳо, ки дар дарун метобад,
Тобанд зи равшани ҳавойи ғами ту.
1521
З-он дам, ки шунидаам навойи ғами ту,
Рақсон шудаам чу зарраҳойи ғами ту.
Аз рӯшании ҳавои ту зарра аён,
Берун зи ҳавост ин ҳавойи ғами ту.
1522
Дар ҷон бишунидаам ҳавойи ғами ту,
Не, худ ҷонҳост зарраҳойи ғами ту.
Ин суратҳо, ки дар дарун метобад,
Тобанд зи рӯшани ҳавойи ғами ту.
1523
Дар тахтаи дил, ки ман нигаҳбонаму ту,
Хатте бинабиштайӣ, ки ман хонаму ту.
Гуфтӣ, ки: «Бигӯямат чу ман монаму ту»,
Ин низ аз он аст, ки ман донаму ту.
1524
Дар асл яке будаст ҷони ману ту,
Пайдойи ману туву ниҳони ману ту.
Хомӣ бошад, ки гӯйӣ: «Они ману ту»,
Бархост ману ту аз миёни ману ту.
1525
Дар асл яке будаст ҷони ману ту,
Пайдойи ману туву ниҳони ману ту.
Худ аз пайи фаҳм гуфтам: «Они ману ту»,
Чун нест ману ту, дар миёни ману ту.
1526
Эй ҷону ҷаҳон, ҷону ҷаҳон бандайи ту,
Ширин шуда олам зи шакархандайи ту.
Сад қарн гузашту осмон низ надид,
Дар гардиши рӯзгор монандайи ту.
1527
Ман бандайи ту, бандаи ту, бандайи ту,
Ман бандайи он раҳмати хандидайи ту.
Эй оби ҳаёт, ки зи марг андешад?
Он кас, ки чу Хизр гашт, ӯ зиндайи ту.
1528
Гар рашк барад набот бар хандайи ту
В-ар гардад шоҳу паҳлавон бандайи ту.
Чун қиблайи ту ҷефаи дунё омад,
Мурдӣ туву мардумони кӯс гандаи ту.
1529
Эй кардайи пиндор писандидайи ту,
В-эй ваҳми худӣ дар дили шӯридайи ту.
Ҳечӣ туву ҳечро чунин, чун гавҳар,
Беҳ з-ин натавон нишонд дар дидайи ту.
1530
Мо чорайи оламему бечорайи ту,
Мо нозири рӯҳу рӯҳ наззорайи ту.
Хуршед ба гарди хок сайёрайи ту,
Маҳ пора шуда зи ишқи маҳпораи ту.
1531
Доруи малулӣ руху рухсорайи ту
В-он наргиси махмурайи хамморайи ту.
Чандон намак аст дар ту, донӣ пайи чист?
Аз баҳри ситезаи ҷигархорайи ту.
1532
Пирӯзи ҷаҳон, ғуломи пирӯзайи ту,
Занбили ҷаҳон, гадойи дарюзайи ту.
Сад сол фалак хидмати хоки ту кунад,
Нагзорда бошад ҳаққи якрӯзаи ту.
1533
Эй чархи фалак, пояи пирӯзии ту
Занбили ҷаҳон гадои дарюзаи ту.
Сад сол фалак хидмати хоки ту кунад,
Нагзорда бошад ҳақи якрӯзайи ту.
1534
Он шахс, ки рашк бурд бар хомайи ту,
То рашк барад бар дили худкомайи ту.
Ё рашк барад бар он рухи фаррухи ту,
Ё бар кору фарру рӯҳи алломайи ту.
1535
Гуфтам, ки: «Куҷо бувад буто, хонайи ту?»
Гуфто, ки: «Дили хароби вайронайи ту».
Ман Хуршедам, даруни вайрона равам?
Эй маст, хароб бод кошонайи ту!
1536
Чун пок шавад аз худи ту, синайи ту,
Худбин гардӣ зи ёри деринайи ту.
Бе ойина рӯйи хеш натвонӣ дид,
Дар ёр нигар, ки ӯст ойинайи ту.
1537
Эй моҳ, чу абр бас гиристам бе ту,
Дар маҳ ба нишот, нангаристам бе ту.
Бархостам аз ҷон чу нишастам бе ту
В-аз шарм бимурдам, чу нарастам бе ту.
1538
Аз шарм бимурдам, ки нарастам бе ту,
Бархостам аз ҷон чу нишастам бе ту.
Аз дасти фироқи ту наҷастам бе ту,
В-аз дасти фироқ хун гиристам бе ту.
1539
Савганди бадон рӯйи туву ҳастии ту,
Гар медонам беҳ аз ту ин пастйи ту.
Мастиву тиҳидасти-т овард ба ман,
Ман бандайи мастиву тиҳидастии ту.
1540
Эй дил, гар аз ин ҳадис огоҳӣ ту,
Ин тафриқаи хеш чӣ мехоҳӣ ту?
Як лаҳза, ки аз ҳузур ғойиб гардӣ,
Он лаҳза бидон, ки мушрики роҳӣ ту.
1541
Дар кӯйи хаёл худ чӣ мепӯйӣ ту
В-ин дида ба хуни дил чӣ мешӯйӣ ту?!
Аз фарқи сарат то ба қадам ҳақ дорад,
Эй бехабар, аз хеш чӣ меҷӯйӣ ту?!
1542
Рашк оядам аз шонаву санг, эй дилҷӯ,
То бо ту чаро равад ба гармо ба фурӯ.
Он дар сари зулфи ту чаро овезад?!
В-ин дар кафи пойи ту чаро молад рӯ?!
1543
Бар оташи чун дег ту худро меҷӯ,
Меҷӯш ту худ ба худ, марав ту ҳарсӯ.
Мақсуди ту гавҳар аст, биштобу биҷӯ,
З-ӯ ҷӯш кунӣ, пас бишӯй гавҳар з-ӯ.
1544
Эй баста ту хоби мо ба чашми ҷоду,
Он оби ҳасту нуқлу бехобон ку?
Кай бинам об, чу манам ғарқи ҷӯ?
Худ об гирифтааст маро ҳар шаш сӯ.
1545
Эй об, аз ин дидайи бехоб бирав,
В-эй оташ, аз ин синайи пуртоб бирав.
В-эй ҷон, чу танӣ, ки масканат буд, намонд,
Беобии худ маҷӯй, бар об бирав.
1546
Эй дил, агарат тоқати ғам нест, бирав,
Овозайи ишқ чун ту кам нест, бирав.
Эй ҷон, ту биё, агар нахоҳӣ тарсид,
Гар метарсӣ, кори ту ҳам нест, бирав.
1547
Эй соқии ҷон, бар ин хушовоз бирав,
Сози азалист, ҳам бар ин соз бирав.
Эй боз, чу табли бози ӯ бишнидӣ,
Шаҳ мунтазири туст, ба сагбоз бирав.
1548
Ишқ аст, ки кимиёи шарқ аст дар ӯ,
Абрест, ки сад ҳазор барқ аст дар ӯ.
Дар ботини ман зи фарри ӯ дарёест,
К-ин ҷумлаи коинот ғарқ аст дар ӯ.
1549
Ҳарчанд ки қадди бебадал дорад сарв,
Пеши қади ёрам чӣ маҳал дорад сарв?
Гаҳ-гаҳ гӯяд, ки: «Қадди ман чун қади ӯст»,
Ё раб, чӣ димоғ бо халал дорад савр!
1550
Эй ҷон, эй ҷон, ба ҳаққи эҳсон-т, марав,
Мастам-мастам зи шири пистон-т, марав.
Андар қафас, шакар маяфшону марав,
Эй тӯтии ҷон, з-ин шакаристон-т, марав!
1551
Гаҳ дар дили мо нишин чу асрор, марав,
Гаҳ бар сари мо нишин чу дастор, марав.
Гуфтӣ, ки: «Чу дилзудӣ равам, зуд оям»,
Ишва мадеҳ, эй дилбари айёр, марав.
1552
Гар ҷумла бирафтанд, нигоро, ту марав,
Эй мӯнису ғамгусор моро, ту марав.
Пур мекуну май деҳу ҳаме ханд чу қанд,
Эй соқии хуби оламоро, ту марав.
1553
Мастам зи ду лаъли шакарат, эй маҳрӯ,
Пастам зи қади санавбарат, эй маҳрӯ.
Рӯям чу зар аст дар ғами симбарат,
В-аз даст мадеҳ ту ин зарат, эй маҳрӯ!
1554
Гар ошиқи ишқи мо шудӣ, эй маҳрӯ,
Берун шав аз ин шаш ҷиҳат ту бар ту.
Даррав ту дар ин ишқ, агар ҷӯёиӣ,
Дар баҳри дил о, чӣ бошӣ андар лаби ҷӯ?
1555
Марде, ёро, ки бӯйи фақр ояд аз ӯ,
Донанд фақирон, ки чиҳо зояд аз ӯ.
Валлаҳ, ки самову ҳар чӣ дар кулли самост,
Ёбанд насибу ҳар чӣ мебояд аз ӯ.
1556
Он кас, ки ҳамеша бо дили дардам аз ӯ,
Бо синайи решу бо рухи зардам аз ӯ.
Имрӯз ба ноз ӯ баре бар ман зад,
Алминнатиллаҳ, ки баре хӯрдам аз ӯ.
1557
Он лоларухе, ки бо рухи зардам аз ӯ,
В-он доруйи дарде, ки ҳама дардам аз ӯ.
Як рӯз ба бозор баре бар ман зад,
Бовар накунад кас, ки баре хӯрдам аз ӯ.
1558
Он раҳзани дил, ки пойкӯбонам аз ӯ,
Чун ойинаи хаёли хубонам аз ӯ.
Ҷонест, ки чун дастзанон меояд,
Ё раб, ё раб, чӣ мешавад ҷонам аз ӯ?
1559
Эй ишрати наздик, зи мо дур машав,
В-аз маҷлиси мо малулу маҳҷур машав.
Ангури адам будӣ, шаробат карданд,
Вопас марав, эй шароб, ангур машав.
1560
Гар оқилу олимӣ, ба ишқ аблаҳ шав,
В-ар моҳи фалак туйӣ, чу хоки раҳ шав.
Бо неку баду пиру ҷавон яктаҳ шав,
Фарзину пиёда бош, он гаҳ шаҳ шав.
1561
Гар ҳеч туро майл сӯйи мост, бигӯ,
В-арна ки раҳи ошиқу танҳост, бигӯ.
Гар ҳеч маро дар дили ту ҷост, бигӯ?
Гар ҳаст бигӯ, нест бигӯ, рост бигӯ.
1562
Монанди туам дар ду ҷаҳон кист? Бигӯ!
В-он кист, ки бе умеди ту зист? Бигӯ!
«Ман бад кунаму ту бад мукофот кунӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист, бигӯ?!»
1563
Эй ҷону ҷаҳон, ҷуз ту касе кист? Бигӯ?
Бе ҷону ҷаҳон ҳеч касе зист? Бигӯ?
«Ман бад кунаму ту бад мукофот кунӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ?!
1564
Эй ҷону ҷаҳон, ҷуз ту касе кист? Бигӯ?
Бе ҷону ҷаҳон ҳеч касе зист? Бигӯ?
«Ман бад кунаму ту бад мукофот кунӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ?!
1565
Эй орифи гӯянда, навое баргӯ,
Ё қавли дуруст, ё хатое баргӯ.
Дарҳои гулистону чаманро бикшо,
Чун булбули маст, з-ошнойӣ, баргӯ.
1566
номаҳрам ҳадиси асрор магӯ,
Бо мардудон ҳикояти ёр магӯ.
Бо мардуми ағёр, чу ағёр магӯ,
Бо уштури хорхор ҷуз хор магӯ.
1567
Ҳон, эй тани хокӣ, сухан аз хок магӯ,
Ҷуз қиссаи он ойинаи пок магӯ.
Аз холиқи афлок дарунат сифатест,
Ҷуз аз сифати холиқи афлок магӯ.
1568
Фарзонайи ишқро ту девона магӯ,
Ҳамхирқайи рӯҳро ту бегона магӯ.
Дарёйи муҳитро ту парвона магӯ,
Ӯ донад номи худ, ту афсона магӯ.
1569
Эй мушфиқи фарзанд, ду байте мегӯ,
Ҳардам ҷиҳати панд ду байте мегӯ.
Дар фурқату пайванд ду байте мегӯ,
Дар айни ғазал, чанд дубайтӣ мегӯ.
1570
Гир, эй дили ман, инони он шоҳаншоҳ,
Имшаб бари мо қунуқ шав, эй рӯйи чу моҳ.
В-ар гӯяд: «Фардо», машнав, зуд бигӯ:
«Ло ҳавла вало қуввата илло биллоҳ».
1571
Дар бандагият ҳалқабагӯшам, эй шоҳ,
Дар чокарият ба ҷон бикӯшам, эй шоҳ.
Дар хидмати ту чу соя ман пеш равам,
Ту шериву ман сиёҳгӯшам, эй шоҳ.
1572
То рӯйи туро бидидам эй бут, ногоҳ,
Саргашта шудам зи ишқу гум кардам роҳ.
Рӯзе бинӣ, дар ғами ишқат, эй моҳ,
Гӯянд басири фалон, ки инноиллоҳ.
1573
Ман мегӯям, ки: «Гашт бегоҳ, эй моҳ»,
Мегӯяд: «Моҳ, в-онгаҳоне бегоҳ!
Моҳе, ки зи хуршед агар баргардад,
Дарҳол шавад ҳамчу шаби тира сиёҳ».
1574
Дар роҳи ягонагӣ чӣ тоат, чӣ гуноҳ,
Дар кӯйи харобам чӣ дарвеш, чӣ шоҳ.
Рухсори қаландарӣ, чӣ равшан, чӣ сиёҳ,
Бар кунгураи арш, чӣ хуршед, чӣ моҳ.
1575
Эй маҳ, ту кафоратӣ зи ҳар гуна гуноҳ,
На, худ расани Юсуфи ҷонӣ аз чоҳ.
На, балки қаловузи биҳиштӣ дар роҳ,
Мифтоҳи ҳазор офтобӣ, эй моҳ.
1576
Дар ишқ хулосаи ҷунун аз ман хоҳ,
Ҷон рафтаву ақли сарнагун, аз ман хоҳ.
Сад воқеайи рӯзфузун аз ман хоҳ,
Сад бодия пуроташи хун аз ман хоҳ.
1577
Ту тавба макун, ки ман шикастам тавба,
Ҳаргиз н-ояд зи ҷони мастам тавба.
Сад бору ҳазор бор бастам тавба,
Хун мегиряд, зи дасти дастам тавба.
1578
Чархам гӯяд, ки: «Эй чу ман саргашта»,
Саргашта ваясту он-к аз ӯ бисришта.
Саргашта набошад, он-к он сар дорад,
К-аз вай ёбад ҳар фалаке сарришта.
1579
Он дам, ки расӣ ба гавҳари носуфта,
Сарҳо ба ҳам овардаву сирҳо гуфта.
Каҳдони ҷаҳон зи бод шуд ошуфта,
Бар ту, ба ҷаве, чу маст бошӣ хуфта.
1580
Мехӯрдам бода бо бути ошуфта,
Хобам бубарад, ҳоли дил ногуфта.
Бедор шудам зи хоб, масте дидам,
Дилбар шуда, шамъ мурда, соқӣ хуфта.
1581
Эй ҷон, ту бар муқассарон ошуфта,
Ҳам ҷони ту узри ҷони эшон гуфта.
Тӯфони бало, агар бигирад олам,
Бар ман ба ду ҷав чу маст бошам хуфта.
1582
Эй хоб, маро баставу мадфун карда,
Шаброву маро хираву Маҷнун карда.
Ҷонро ба фусун гарм аз сар бурда,
Дилро ба ситам зи хона берун карда.
1583
Эй кӯронро ба лутф, раҳбин карда,
Эй габронро пешрави дин карда.
Дарвешонро ба мулк Хусрав карда,
Эй Хусравро бибурда Ширин карда.
1584
Эй дар талаби гиреҳкушойӣ мурда,
Аз васл бизода, дар ҷудойӣ мурда.
Эй бар лаби баҳр ташна дар хоб шуда
В-эй бар сари ганҷ аз гадойӣ мурда.
1585
Эй бар намаки ту халқ ноне бизада,
Бар маркаби ту доғу нишоне бизада.
Ҳайф аст, ки сӯйи кон равад он бар сим,
Пинҳон чун ҷону бар ҷаҳоне назада.
1586
Ё раб, ту яке ёри ҷафокораш деҳ,
Як дилбари бадхӯйи ҷигархораш деҳ.
То бишносад, ки ошиқон дар чӣ ғаманд,
Ишқаш деҳу ишқаш деҳу бисёраш деҳ.
1587
Фаслест чу фасли дӯст фархунда шуда,
В-аз мурдани тан чароғи дил зинда шуда.
Аз хандайи барқ абр дар гиря шуда,
В-аз гиряи абр боғ дар ханда шуда.
1588
Эй дӯст, маро дамдама бисёр мадеҳ,
К-ин дамдама мехӯрад зи ман ҳар гоҳу меҳ.
Ҷону сари ту, ки дам кунам пеши ту зеҳ,
К-аз дамдамаи гарм кунам об гиреҳ.
1589
Ё раб, ту маро ба нафси танноз мадеҳ,
Бо ҳарчӣ ҷуз аз туст, маро соз мадеҳ.
Ман дар ту ҳамегурезам аз фитнаи хеш,
Ман они туам, маро ба ман боз мадеҳ.
1590
Эй рӯзи аласт мулку давлат ронда,
Эй банда, туро чу «Қулҳуваллоҳ» хонда.
Чун рӯшании рӯз даро аз дари ман,
Бин, гардани ман ба сӯйи дар каж монда.
1591
Эй он-к ба ҷони ин ҷаҳонӣ зинда,
Шармат бодо, чаро чунонӣ зинда?
Бе ишқ мабош, то набошӣ мурда,
Дар ишқ бимир, то бимонӣ зинда.
1592
Эй сарв зи қомати ту қад дуздида,
Гул пеши рухи ту пираҳан бидрида.
Бардор яке ойина аз баҳри худой,
То ҳамчу худӣ шунидайӣ ё дида?
1593
Дӣ аз сари савдойи ту ман шӯрида,
Рафтам ба чаман, ҷома чу гул бидрида.
Аз ҷумла хушиҳойи баҳорам бе ту
Ҷуз оби равон наёмад андар дида.
1594
Се чиз зи ман бибурдайӣ бигзида:
Сабр аз дилу ранг аз руху хоб аз дида.
Чобукдастӣ, ки дасту бозу-т дуруст,
Тасвири уқул чун ту нозойида.
1595
Ганҷест ниҳона дар замин пӯшида,
Аз миллати куфру аҳли дин пӯшида.
Дидем, ки ишқ аст яқин пӯшида,
Гаштем бараҳна аз чунин пӯшида.
1596
Эй порсиву тозии ту пӯшида,
Ҷон дида қадаҳ, шароб нонӯшида.
Дарё бояд, зи фазли ҳақ ҷӯшида,
Пайдо бошад кифояти кӯшида.
1597
Эй беадабона ман зи ту нолида,
Ғайрат бишнида, гӯши ман молида.
Ҷое биравам, нола кунам, дуздида,
Он ҷо, ки на дил бӯй барад, не дида.
1598
Эй бо ту ҷаҳон зарифу шодӣ бора,
Ту ҷамъи шодийиву мо сепора.
Танҳо хуршед он диҳад оламро,
К-онро надиҳад маҳу ҳазор истора.
1599
Гуфтам: «Чӣ кунам?» Гуфт, ки: «Эй бечора»,
Ҷумла чӣ кунам? Бисоз аз якбора.
В-ар худ чӣ кунам зиён шавӣ, овора,
Он ҷо биравӣ, ки будайӣ ҳамвора?
1600
Боз омад ёр бо дили чун хора,
В-аз хорайи ӯ ин дили ман сад пора.
Дар маҷлис ман будаму ишқаш, чун чанг,
Андар зад чанг дар мани бечора.
________________________________________________________
К Продолжению: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2328261.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe

  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments