Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 1601 - 1800


К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2327817.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
1601
Бифрӯхт маро ёр ба як даста тара,
Бошад, ки маро вохӯрад он ёри сара.
Некӯ масале задаст соҳибшаҷара,
Арзон бифурӯшад, он ки арзон бихара.
1602
Мо мардонем, шиста бар танги дара,
Моем, ки гургу шер бар мо гузара.
Бо фақру сафо ба ҳам даромехтаем,
Чун даргаҳи иртизоъ он мешу бара.
1603
Рӯйи ту намоз омаду чашмат рӯза
В-ин ҳарду кунанд аз лабат дарюза.
Ҷурме кардам, магар, ки ман маст будам,
Оби ту бихӯрдаму шикастам кӯза.
1604
Монандаи занбил бигир ин рӯза,
То рӯза кунад туро зи ҳақ дарюза.
Оби ҳайвон хунук кунад дилсӯза,
Ин рӯза чу кӯза аст, машкан кӯза.
1605
Ҳин навбати сабр омаду моҳи рӯза,
Рӯзӣ ду магӯ, зи косаву аз кӯза.
Бар хони фалак кард пайи дарюза,
То пунбаи ҷон боз раҳад аз ғӯза.
1606
Соҳибназарон росту таҳайюрпеша,
Мар кӯронро тафаккуру андеша.
Сад шохи хуш аз ғайб гулафшон бар ту,
Бар шохи ризо чӣ мезанӣ ту теша?
1607
Ҷонест, ғизойи ӯ ғаму андеша,
Ҷони дигар аст ҳамчу шери беша.
Андеша чу теша аст газофа мандеш,
Ҳон, то назанӣ ту пойи худ бар теша.
1608
Омад бари ман хаёли ҷонон зи пагаҳ,
Дар каф қадаҳи бода, ки бистон зи пагоҳ.
Даркаш ин ҷом то ба поён зи пагоҳ,
Сармаст даро миёни мастон, зи пагаҳ.
1609
Бегоҳ шуду дил нараҳид аз нола,
Рӯзе, натавон гуфт ғами садсола.
Эй ҷону ҷаҳон, ғуссаи бегоҳ шудан,
Он кас донад, ки гум шудаш гусола.
1610
Бурдӣ дили ман, аё бути худкома,
Хастиву ҳазор бор кард он лома.
Дилро ба ҳазор ҳила ман боз хӯрам,
Як бор диҳанд бадрӯзии бад ҷома.
1611
Оне ки вуҷуду адамат ӯст ҳама,
Сармояи шодиву ғамат ӯст ҳама.
Ту дида надорӣ, ки бад-ӯ дарнигарӣ
В-ар не, зи сарат то қадамат ӯст ҳама.
1612
Ҳарчанд дар ин парда асиред ҳама,
З-ин парда бурун равед, амиред ҳама.
Он оби ҳаёт халқро мегӯяд:
«Бар соҳили ҷӯйи мо бимиред ҳама».
1613
Бозичайи қудрати худоем ҳама,
Ӯрост тавонгарӣ, гадоем ҳама.
Бар якдигар ин зиёдие ҷустан чист?!
Охир зи дари яке сароем ҳама.
1614
Ҳам ойинаем, ҳам лиқоем ҳама,
Сармасти пиёлайи бақоем ҳама.
Ҳам дафъи ранҷу ҳам шифоем ҳама,
Ҳам оби ҳаёт, ҳам сақоем ҳама.
1615
Ту обиву мо ҷумла гиёем ҳама,
Ту шоҳиву мо ҷумла гадоем ҳама.
Гӯянда туйиву мо садоем ҳама,
Ҷӯянда туйӣ, чаро наем ҳама?!
1616
Донӣ, шаб чист? Бишнав, эй фарзона:
“Хилватгаҳи ошиқон зи ҳар бегона.
Хоса имшаб, ки ҳаст маҳ ҳамхона,
Ман мастаму маҳ ошиқу шаб девона”.
1617
Бегона шавӣ зи сӯҳбати бегона,
Бишнав сухани рост аз ин девона:
Сад хона пур аз шаҳд кунӣ, чун занбӯр,
Гар з-он-к ҷудо кунӣ аз эшон хона.
1618
Гуфтам, ки: «Туйи маю манам паймона,
Ман мурдааму ту ҷониву ҷонона.
Акнун бигушо дари вафо». Гуфт: «Хамӯш!
Девона касе раҳо кунад дар хона?!»
1619
Гуфтам, ки: «Зи ишқат шудаам девона,
Занҷири туро ба хоб бинам ё на?»
Гуфто, ки: «Хамӯш! Чанд аз ин афсона?!».
Девонаву хоб ҳа-ҳайи фарзона.
1620
Зулфи ту, ки як рӯзам аз ӯ равшан на,
Бо хоки дар оварад сару бо ман на.
Бо ҳар-ч дарорад сар, аз ӯ зинда шавад,
К-он ҷо ҳама ҷон аст саросар, тан на.
1621
Он кас, ки зи даст шуд, бирав, даст манеҳ,
Аз бода чу нест шуд, туш ҳаст, манеҳ.
Занҷир даридан бар мурдон саҳл аст,
Ҳар занҷире бар шутури маст манеҳ.
1622
Майдон фароху марди майдоне на,
Аҳволи ҷаҳон чунон-к медонӣ, на!
Зоҳирҳошон бо авлиё монад, лек,
Дар ботиншон бӯйи мусалмонӣ, на!
1623
Бархезу ба назди он накӯном дарой,
Дар сӯҳбати он ёри дилором дарой.
З-ин дом бурун ҷаҳу дар он дом дарой,
Аз дар агарат биронад, аз бом дарой.
1624
Маҳ душ ба болини ту омад ба сар ой,
Гуфтам, ки: «Зи ғайраташ бикӯбам сару пой».
Маҳ кист, ки ӯ бо ту нишинад як ҷой?
Шабгарду ҷаҳондидаву ангуштнамой.
1625
Эй он-к маро ба лутф бинвохтайӣ,
Дар дафъ кунун баҳонае сохтайӣ.
Гар бо ҳамагон ишқ чунин бохтайӣ,
Пас, қимати ҳеҷ дӯст нашнохтайӣ!
1626
Лутфе ки маро шабона бинвохтайӣ,
Имрӯз чу зулфи худ пас андохтайӣ.
Чашми ту зи ту масту ман аз чашми ту маст,
З-он маст бад-ин маст напардохтайӣ.
1627
Эй он ки рухат чу оташ афрӯхтайӣ,
То кай сӯзӣ, ки сад раҳам сӯхтайӣ?!
Гӯӣ: «Ба раҳам чашм чӣ бардӯхтайӣ?!»
Не, не, ту маро чунин наёмӯхтайӣ.
1628
Эй хуршедӣ, ки чеҳра афрӯхтайӣ,
Аз партави он камол омӯхтайӣ.
Ин ҷумлаи ахтарон, ки афрӯхтайӣ,
Ту бештарӣ, ки бештар сӯхтайӣ.
1629
Имрӯз биё, ки сахт оростайӣ,
Гӯё зи миёни ҳусн бархостайӣ.
Бар чарх барову моҳро гӯш бимол,
Дар боғ даро, ки сарви перостайӣ.
1630
Ҷонам, зи тараб чун шакар анбоштайӣ,
Чун барг, ки андар шакарам доштайӣ.
Имрӯз маро ханда фурӯ мегирад,
То дар даҳанам чи хандаҳо коштайӣ.
1631
Эй дӯст, ки дил зи дӯст бардоштайӣ,
Некӯст, ки дил зи дӯст бардоштайӣ.
Аз шодиҳо ҳаме нагунҷад душман,
Дар пӯст, ки дил зи дӯст бардоштайӣ.
1632
Ин нест раҳи васл, ки пиндоштайӣ,
Ин нест ҷаҳони ҷон, ки бигзоштайӣ.
Он чашма, ки Хизр хӯрад аз ӯ оби ҳаёт,
Андар раҳи туст, лекин анбоштайӣ.
1633
Эй он ки ту бар фалак ватан доштайӣ,
Худро зи ҷаҳони пок пиндоштайӣ.
Бар хок ту нақши хеш бигзоштайӣ,
В-он чиз, ки асли туст, бигзоштайӣ.
1634
Эй он ки ту бар фалак ватан доштайӣ,
Худро зи ҷаҳони пок пиндоштайӣ.
Бар хок ту нақши хеш бигзоштайӣ,
В-он чиз, ки асли туст, бигзоштайӣ.
1635
Ту механдӣ, баҳонае ёфтайӣ,
Дар хонаи худ дому дағал бохтайӣ.
Эй чашм фароз карда чун мазлумон,
Дар ҳиллаву макр мӯй бишкофтаӣ.
1636
Эй он-к ҳарифи бозии мо будайӣ,
Ин маҷлиси ҷон аст, чаро тан задайӣ?!
Чун савсану сарв аз ғам озод будӣ,
Бандаи ғам аз он шудӣ, ки хоҷа шудайӣ.
1637
Эй ишрати нестгашта, ҳастак шудайӣ
В-эй зоҳиди пир, бутпарастак шудайӣ.
Ғам нест, агарчӣ тангдастак шудайӣ,
Аз кӯзаи сар фарохмастак шудайӣ.
1638
Эй он-к ту ҷони бандаро ҷон шудайӣ
Дар зулмати куфр шамъи имон шудайӣ.
Андар дили ман таронагӯён шудайӣ
В-андар сари ман чу бода рақсон шудайӣ.
1639
Имрӯз надонам ба чӣ даст омадайӣ,
К-аз авали бомдод маст омадайӣ.
Гар хуни дилам хӯрӣ, зи дастат надиҳам,
Зеро ки ба хуни дил ба даст омадайӣ.
1640
Хуш-хуш санамо, тозарухон омадайӣ,
Хандон ба ду лаб, лаългазон омадайӣ.
Он рӯз дилам зи сина бурдӣ, бас нест,
К-имрӯз дигар ба қасди ҷон омадаӣ?!
1641
Гар бо ҳамайӣ, чу бо манӣ, бе ҳамайӣ,
В-ар бе ҳамайӣ, чу бо манӣ, бо ҳамайӣ.
Дар банди ҳама мабош, ту худ ҳама бош,
Он дамдорӣ, ки сахраи дамдамайӣ.
1642
Бе оташи ишқи ту нахӯрдам обе,
Бе нақши хаёли ту надидам хобе.
Дар оби ту, к-ӯст чун шароби нобе,
Меноламу мегардам, чу дӯлобе.
1643
Эй дар дили ҳар касе, зи меҳрат тобе,
В-эй аз ту тазарруъе, ба ҳар меҳробе.
Ҷовид шабе бояду хуш маҳтобе,
То бо ту ғаме гӯям, аз ҳар бобе.
1644
Як шафтолу аз он лаби ғаннобе,
Пур кард ҷаҳон зи бӯи себу обе.
Ҳам пардайи шаб дариду ҳам пардайи рӯз,
Аз ишқ рухи хеш, зиҳӣ беобӣ.
1645
Худро чу даме зи ёр маҳрам ёбӣ,
Дар умр насиби хеш он дам ёбӣ.
Зинҳор, ки зоеъ накунӣ он дамро,
Зеро ки чунон даме дигар кам ёбӣ.
1646
Эй сар, сабаб андар сабаб, андар сабабӣ,
В-эй тан, аҷаб, андар аҷаб, андар аҷабӣ.
В-эй дил, талаб андар талаб, андар талабӣ,
В-эй ҷон, тараб андар тараб, андар тарабӣ.
1647
Эй бар сари раҳ нишаста, раҳ металабӣ,
Дар хирмани маҳ фитода, маҳ металабӣ.
Дар чоҳи занахдон чунон Юсуфи ҳусн,
Худ далв тӯйӣ, Юсуфи чаҳ металабӣ?!
1648
Гар ту накунӣ салом моро дар пай,
Чун ҷумла нишотеву саломе, чун май.
Чӯпони ҷаҳониву имони ҷонҳо,
Дафъи гурге гар накунӣ ҳай, ҳай, ҳай.
1649
Рафтам бари ёр аз сари сардастӣ,
Гуфто: «Зи дарам бирав, ки ин дам мастӣ».
Гуфтам: «Бигушой дар, ки ман маст наям»,
Гуфто, ки: «Бирав, чунон-к ҳастӣ, ҳастӣ».
1650
Дилбар чу барад ба сӯйи соғар дасте,
Аз ҳар адаме бар ӯ ҷаҳад сармастӣ.
Чун бӯйи шароб инчунин фитна кунад,
Бингар, чӣ шудӣ, гар ба шароб пайвастӣ?
1651
Чашми ту ба ҳар ғамза бисӯзад мастӣ,
К-аз дилбандӣ ҳазор хун кардастӣ.
Аз пой даромад дилу дил пой надошт,
Аз дасти касе, ки ӯ надорад дасте.
1652
Ҳамсоягии маст физояд мастӣ,
Чун маст шавӣ, боз раҳӣ аз мастӣ.
Дар дастаи мардон чу нишастӣ, растӣ,
Бар бода занӣ, з-обу оташ растӣ.
1653
Устод маро бигуфтам андар мастӣ:
К-«Огоҳам кун зи нестиву ҳастӣ».
Ӯ дод маро ҷавоб, гуфто, ки: «Бирав,
Ранҷа ту зи халқ дур дор, вар, растӣ».
1654
Ту сер шудӣ, ман нашудам з-ин мастӣ,
Ман нест шудам, ту он чӣ ҳастӣ, ҳастӣ.
То об зи нови осиё мерезад,
Мегардад санг, мезиҳад дар пастӣ.
1655
Гуфтам, ки: «Кадом аст, тариқи ҳастӣ?»
Дил гуфт: «Тариқи ҳастӣ, андар пастӣ».
Пас гуфтам: «Дил чаро зи пастӣ бирамад?»
Гуфто: «З-он рӯ, ки дар ин дар бастӣ».
1656
Бар гулшани ёрам гузарат боястӣ,
Бар чеҳраи ӯ як назарат боястӣ.
Дар бехабарӣ гӯй зи майдон бурдӣ,
Аз бехабариҳо хабарат боястӣ.
1657
Чандон гуфтӣ, ки аз баён бигзаштӣ,
Чандон гаштӣ ба гирди он, к-он гаштӣ.
Киштии сухан дар об чандон рондӣ,
Не тахт бимонду не туву не киштӣ.
1658
Эй моҳ, баромадиву тобон гаштӣ,
Гирди фалаки хеш хиромон гаштӣ.
Чун донистӣ, баробари ҷон гаштӣ,
Ногоҳ фурӯ шудиву пинҳон гаштӣ.
1659
Аз ишқи азал таронагӯён гаштӣ
В-аз ҳайрати ишқ гӯлу нодон гаштӣ.
Азбаски бимурдӣ зи ғамаш, ҷон бурдӣ
В-аз баски бигуфтӣ ғами он, он гаштӣ.
1660
Ҳар шаб, ки ба банда ҳамнишин меафтӣ,
Чун нури маҳӣ, ки бар замин меафтӣ.
Ман бандайи чашми масти пурхоби туам,
Он дам, ки чунону инчунин меафтӣ.
1661
Дӯшина маро гузоштӣ, хуш хуфтӣ
В-имшаб ба дағал ба ҳар сӯе меафтӣ.
Гуфтам, ки: «Маро то ба қиёмат ҷуфтӣ»,
Ку он сухане, ки вақти мастӣ гуфтӣ?
1662
Эй Мӯсии мо, ба Тури Сино рафтӣ,
В-аз зоҳири мову ботини мо рафтӣ.
Ту сард нагаштайӣ аз он гармиҳо,
Чун сард шавӣ, ки сӯйи гармо рафтӣ?!
1663
Эй оташи бахт, сӯйи гардун рафтӣ,
В-эй оби ҳаёт, сӯйи Ҷайҳун рафтӣ.
Бо ту гуфтам, ки: «Бедилам ман, бедил»,
Бедил акнун шудам, ки берун рафтӣ.
1664
Аз дидайӣ каж дилбари раъноро чӣ?!
В-аз бадномӣ ошиқи шайдоро чӣ?!
Мо дар раҳи ишқ чусту чолок шавем,
Гар пойи касе ланг шавад, моро чӣ?!
1665
Шаб рафту дилат нагашт сер, эй ичӣ,
Дасти ту агар нагирад он маҳ, ҳеҷӣ.
Хуфтанд ҳарифон ҳама, чора(а)т ин аст,
К-андар майи лаълу дар сари худ печӣ.
1666
Гуфтам, ки: «Дило, ту дар бало афтодӣ»,
Гуфто, ки: «Хушам, ту ба куҷо афтодӣ?».
Гуфтам, ки: «Димоғро даво бояд». Гуфт:
«Девона туйӣ, ки дар боло афтодӣ».
1667
Эй он-к ба кӯйи ёри мо афтодӣ,
Он рӯй бидидӣ, ба қафо афтодӣ.
Лӯълӯйи гуҳарнисори ту май карданд,
Дар ҳалқайи лӯлиён куҷо афтодӣ?
1668
Он зулмрасидаро, ки додаш додӣ
В-он ғамзадаро, ки ҷоми шодаш додӣ,
Он бодайи аввалин фаромӯшаш шуд,
Гар з-он-к намедиҳӣ, чӣ ёдаш додӣ?!
1669
Як бӯса зи ту хостаму шашаш додӣ,
Шогирди кӣ будӣ, ки чунин устодӣ?
Хубиву карамро чӣ накӯбунёдӣ!
Эй дунёро зи ту ҳазор озодӣ!
1670
Эй соқӣ, аз он бода, ки аввал додӣ,
Ратле ду дарандозу бияфзо шодӣ.
Ё чошние аз он набояст намуд,
Ё масту хароб кун, чу сир бикшодӣ.
1671
Эй он-к ту аз дӯш, ба ёдам додӣ,
З-он ҳолати пурҷӯш, ба ёдам додӣ.
Он раҳматро куҷо фаромӯш кунам?
К-аз ганҷи фаромӯш, ба ёдам додӣ.
1672
Монандайи гул зи асл шодон зодӣ
В-аз талъату бахти хеш шодӣ, шодӣ.
Сарсабз чу шохи гулу озода чу сарв,
Сарви аҷибӣ, ки аз замин озодӣ.
1673
Сарсабзии боғу гулшану шамшодӣ,
Раққоскунӣ диливу асли шодӣ.
Эй он-к ҳазор мурдаро ҷон додӣ,
Шогирди ту мешавам, ки бас устодӣ.
1674
Эй шодиро зи ту ҳазорон шодӣ
В-аз ту ба харобот ҳазор ободӣ.
В-он сарви чаманро, ки камин бандаи туст,
Аз хизмат озоду ҳазор озодӣ.
1675
Шодӣ, шодӣ в-эй ҳарифон, шодӣ!
З-он савсани озод ҳазор озодӣ.
Мегуфт, ки: «Доди ошиқӣ ман додам!».
Додӣ, додӣ, маҳову додӣ, додӣ.
1676
Гар ҳеч нишона нест, андар водӣ,
Бисёр умедҳост дар навмедӣ.
Эй дил, мабур умед, ки дар рӯзаи ҷон,
Хурмо диҳӣ, ар низ дарахти бедӣ.
1677
Аз шодии ту пур аст шаҳру водӣ,
Эй рӯйи замину осмонро шодӣ!
Касро гилае нест зи ту, ҷуз ғамро,
К-аз ғам ҳамаро бидодайӣ озодӣ.
1678
Рафт он ки диламро зи ғамат дард будӣ,
Рухсорайи зарди ман зи он зард будӣ.
Чун додгарӣ, ту гарм кардӣ бозор,
Гар ман зи ту барнагаштаме, сард будӣ.
1679
Гар-на кашаши ёр маро ёр будӣ,
Бо шоҳ гадойро куҷо кор будӣ?!
Гар-на карам қадим бисёр будӣ,
Кай Юсуфи ҷон миёни бозор будӣ?!
1680
Гар ақл ба кӯйи дӯст роҳбар набудӣ,
Гӯйӣ, ошиқ чунин муъарар набудӣ.
Гар з-он-к садафро ғами гавҳар набудӣ,
Бикшодалабу ошиқу музтар набудӣ.
1681
Дар бехабарӣ хабар набудӣ, чӣ будӣ?!
В-андешайи хайру шар набудӣ, чӣ будӣ?!
Эй ҳуши туву гӯши ману ҳалқаи дар,
Гар ҳалқаи симу зар набудӣ, чӣ будӣ?!
1682
Бар бехабарон агар нишастӣ, бардӣ!
Бо ҳушёрон агар нишастӣ, мардӣ!
Рав, савмаъа соз ҳамчу зар дар кӯра,
Аз кӯра, агар бурун шавӣ, афсурдӣ!
1683
Марде, ки фалак рахна кунад аз дарде,
Марде, ки худаш кошкӣ, н-овардӣ.
Ғабн аст, ҳазор ғабн, к-ин халқ, лақаб
Онро мардӣ ниҳанд в-инро марде.
1684
Ғамро дидам, гирифта ҷоми дурдӣ,
Гуфтам, ки: «Ғамо, хайр бувад рухзардӣ?».
Гуфто: «Чӣ кунам, чу шодие овардӣ,
Бозори маро харобу косид кардӣ».
1685
Чунӣ, эй он-к аз ҷамоли фардӣ?
Сад бор зи чунем бурун овардӣ?!
Чун донистам турову чунат дидам?
Чун донишу бинишам ба куллӣ бурдӣ?!
1686
Ман зарра будам, зи кӯҳ бешам кардӣ,
Пасмонда будам, аз ҳама бешам кардӣ.
Дармони дили харобу решам кардӣ,
Сарпастаку дастакзани хешам кардӣ.
1687
Эй хоҷа, чаро бепару болам кардӣ?!
Бо бӯйи савоб дар вуболам кардӣ.
Аз тубрайи ту чу надуздидам ман,
Аз баҳри чӣ ҷурм, бар ҷуволам кардӣ?
1688
Бе ному нишон чун дилу ҷонам кардӣ,
Бе каф чу тараб дастзанонам кардӣ.
Гуфтам: «Ба куҷо равам, ки ҷонро ҷо нест?»
Беҷову равон ҳамчу равонам кардӣ.
1689
Ҳамдаст ҳама дастзанонам кардӣ,
Ду гӯш кашон, ҳамчу камонам кардӣ.
Хойида ба ҳар даҳон, чу нонам кардӣ,
Филҷумла, чунон шуд, ки чунонам кардӣ.
1690
Ман пири фано будам, ҷавонам кардӣ,
Ман мурда будам, зи зиндагонам кардӣ.
Ман тарсидам, ки гум шавам дар раҳи ту,
Акнун нашавам гум, ки нишонам кардӣ.
1691
Чун кори мусофирони динам кардӣ,
Ҳамсоли амонати яқинам кардӣ.
Гуфтам, ки: «Заъифаму гарон аст ин бор»,
Зӯрам додиву оҳанинам кардӣ.
1692
Зоҳид будам, таронаҷӯям кардӣ,
Сарфитнайи базму бодаҷӯям кардӣ.
Саҷҷоданишини бовиқорам дидӣ,
Бозичаи кӯдакони кӯям кардӣ.
1693
Имрӯз маро сахт парешон кардӣ,
Пӯшидайи хешро ту урён кардӣ.
Ман дӯш ҳарифи ту нагаштам аз хоб,
Хӯрдиву насиби банда пинҳон кардӣ.
1694
Маҳро зи ҳавойи хеш дафзан кардӣ,
Сад дарёро зи хеш кафзан кардӣ.
Он васвасаеро, ки зи лоҳавл рамид,
Дар куштани мо далеру сафзан кардӣ.
1695
Рӯзе ба харобот гузар мекардӣ,
Каж-каж ба карашмае назар мекардӣ.
Онҳо ки ҷаҳон зеру забар мекарданд,
Чун кори ҷаҳон, зеру забар мекардӣ?
1696
Ҳар порайи хокро чу моҳе кардӣ,
В-он гаҳ маҳро қарини шоҳе кардӣ,
Охир зи фироқи ҳар ду оҳе кардӣ,
В-он оҳ ба сӯйи хеш роҳе кардӣ.
1697
Аз чеҳраи офтоб маҳваш кардӣ
В-аз сӯҳбати кибрит ту оташ кардӣ.
Ту ҷаҳд кунӣ, ки нохушӣ хуш гардад,
Он хуш нашавад, вале ту нох(в)аш кардӣ.
1698
Кайвон гардӣ, чу гирди Кайвон гардӣ,
Марде гардӣ, чу гирди мардон гардӣ.
Лаъле гардӣ, чу гирди ин кон гардӣ,
Коне гардӣ, чу гирди ҷонон гардӣ.
1699
Хоҳӣ, ки дар ин замона фарде гардӣ,
Ё дар раҳи дин соҳиби дарде гардӣ.
Инро ба ҷуз аз сӯҳбати мардон маталаб,
Марде гардӣ, чу гирди марде гардӣ.
1700
Эй соф, ки мешуру чунин мегардӣ,
Биншину магард, агар чунин мегардӣ.
Ҷоно, зи талаб ҳарду қадам реш шуда,
Ту бар қадами бозпасин мегардӣ.
1701
Эй дил, туву дарди ӯ, агар ту мардӣ,
Ҷон бандайи туст, агар ту соҳибдардӣ.
Сад давлати софро ба як ҷав нахарӣ,
Гар як дурдӣ, зи дасти дурдаш хвардӣ.
1702
Бар зулмати шаб хаймайи маҳтоб задӣ,
Мехуфт хирад, бар рухи ӯ об задӣ.
Додӣ ҳамаро ба ваъда хоби харгӯш
В-аз теғи фироқ гардани хоб задӣ.
1703
Эй гул, ту зи лутфи гулситон механдӣ?
Ё аз дами ишқи булбулон механдӣ?
Ё дар рухи маъшуқ ниҳон механдӣ?
Чизет бад-ӯ монд, аз он механдӣ.
1704
Бо хандайи барбаста чаро механдӣ?!
Чун гул бояд, ки бетакаллуф хандӣ.
Фарқ аст миёни ишқ, к-аз ҷон хезад,
То он-к ба ресмон-ш бар худ бандӣ.
1705
Сад рӯзи дароз, агар ба ҳам пайвандӣ,
Ҷонро нашавад аз ин фиғон хурсандӣ.
Эй он-к бад-ин ҳадиси мо механдӣ,
Маҷнун нашудӣ ҳанӯз донишманде.
1706
Гар дарди дилам ба нақш пайдо будӣ,
Ҳар зарра зи ғам сиёҳсимо будӣ.
В-ар роҳ ба сӯйи гавҳари мо будӣ,
Ҳар қатра зи ҷӯш ҳамчу дарё будӣ.
1707
Наққоши рухат агар на Яздон будӣ,
Устоди ту дар нақши ту ҳайрон будӣ.
Доғи меҳрат, агар на дар ҷон будӣ,
Дар ишқи ту, ҷон бидодан осон будӣ.
1708
Гар гуфтани асрори ту осон будӣ,
Пасту боло ҳама гулистон будӣ.
Гар ғайрати нахват на дар айём будӣ,
Ҳар Фиръавне Мӯсии Имрон будӣ.
1709
Шамшер агар гардани ҷон бибридӣ,
«Бал аҳёъ, бир биҳим» кай шунидӣ?
Рӯҳи Яҳё, агар на боқӣ будӣ,
Дар хун сари ӯ самоҳ кай гардидӣ?!
1710
Навмед наям, гарчи зи ман бибридӣ,
Ё бар сари ман ёри дигар бигзидӣ.
То ҷон дорам, ғами ту хоҳам хӯрдан,
Бисёр умедҳост, дар навмедӣ.
1711
Ид омаду ид, бас муборак иде,
Гар гарданро даҳон будӣ, хандидӣ.
Ин ҳаст, валек агар замин бишнидӣ,
Афсӯс, ки ид, айди моро дидӣ.
1712
Гар хуб наям, хубпарастам боре
В-ар бод наям, зи бода мастам боре.
Гар нестам аз аҳли муноҷот, равост,
Аз аҳли харобати ту ҳастам боре.
1713
Афтод маро бо бути ман гуфторе,
Гуфтам, ки: «Зи ман сер шудӣ?». Гуфт: «Оре!»
Гуфто: «Бидеҳ он чиз, ки зи аввали ӯст»,
Гуфтам: «Дувумаш чист, бигӯ». Гуфто: «Ре».
1714
Чун хор ба коре рухи гул мехорӣ,
То гул н-орӣ, бар надиҳад гулноре.
Ҷавҳо тухм аст в-ин ҷаҳон тоҳун аст,
То хишт бар осиё барӣ, хок орӣ.
1715
Гар ман мастам зи рӯйи бадкирдорӣ,
Эй хоҷа, бирав, ту оқилу ҳушёрӣ.
Ту ғарра ба тоативу тоатдорӣ,
Ин он сари пул нест, ки мепиндорӣ.
1716
Ид омаду ҳар кас қадаре, миқдоре,
Ороста худро зи пайи дидоре.
Моро чу туйи ид бикун тиморе,
Эй, хилъати гул фиканда бар ҳар хоре.
1717
Дилдор маро гуфт: «Зи ҳар дилдоре,
Гар бӯсахарӣ, бӯса зи ман хар боре».
Гуфтам, ки: «Ба зар?». Гуфт, ки: «Зарро чӣ кунам?»
Гуфтам, ки: «Ба ҷон?». Гуфт, ки: «Оре, оре!»
1718
Ман бедилам, эй нигору ту дилдорӣ,
Бояд, ки зи ҳар сухан зи ман н-озорӣ.
Ё он дили ман, ки бурдайӣ, боздиҳӣ,
Ё ҳар чӣ кунам зи бедилӣ, бардорӣ.
1719
Онӣ ту, ки дар савмаъа мастам дорӣ,
Дар Каъба нишаста бутпарастам дорӣ.
Бар неку бади ту мар маро дасте нест,
Дар дасти туам, то ба чӣ дастам дорӣ.
1720
Ғамҳойи маро ҳама бино ғамдорӣ
В-андар ғами худ ҳамчу бино ғам дорӣ.
Гӯйӣ, ки: «Туроаму чаро ғам дорӣ?»
Тарсам, ки набошиву чаро ғамдорӣ.
1721
Чашми махмуру рӯйи рахшон дорӣ,
Кони гуҳару лаъли Бадахшон дорӣ.
Гирам, ки чу ғунча ханда пинҳон дорӣ,
Гулро зи ҷамоли худ, ту хандон дорӣ.
1722
Эй гӯйзанах, зулфи чу чавгон дорӣ,
Абрӯйи чу қавсу тири мижгон дорӣ.
Хуршедҷабину чеҳра хандон дорӣ,
Майгун лабеву чашм чу мастон дорӣ.
1723
Эй шамъ, ту суфӣ, сифате пиндорӣ,
К-ин шаш сифат аз аҳли сафо медорӣ:
Шабхезиву нури чеҳраву зардии рӯй,
Сӯзи дилу ашки дидаву бедорӣ.
1724
Эй дода маро зи ишқи худ бедорӣ,
В-эй шамъ, миёни ин ҷаҳони торӣ.
Ман ҷангаму ту рахна фурӯ нагзорӣ,
В-он гаҳ гӯйӣ: «Бас аст! То кай зорӣ?!»
1725
Эй зода маро ба хоб дар бедорӣ,
Осон шуда дар дилам ҳама душворӣ.
Аз зулмати ҷаҳлу куфр растам боре,
Чун донистам, ки оламуласрорӣ.
1726
Пеш ой хаёли ӯ, ки шӯре дорӣ,
Бар дидайи ман нишин, ки нуре дорӣ.
Дар толеъи худ зи Зӯҳра суре дорӣ,
Дар сина чу Довуд Забуре дорӣ.
1727
Пайваста, маҳо, азми сафар медорӣ,
Чун чарх маро зеру забар медорӣ.
Шериву манам шикор дар панҷаи ту,
Дил хӯрдаиву қасди ҷигар медорӣ.
1728
Гар сӯзиши синаро ба кас медорӣ,
В-аз меҳр замир пурҳавас медорӣ.
Бояд, ки чу нолайи ту ороми диласт,
Он нола қарини ҳар нафас медорӣ.
1729
Бад мекуниву нек тамаъ медорӣ,
Ҳам бад бошад сазои бадкирдорӣ.
Бо он-к Худованд карим асту раҳим,
Гандум надиҳад боз, чу ҷав мекорӣ.
1730
Дар дил нагузашт, к-аз дилам бигзорӣ,
Ё рахт фитода, дар гилам бигзорӣ.
Бисёр задам лофи ту, бар душману дӯст,
Эй вой ба ман, гар хиҷилам бигзорӣ.
1731
Эй пур зи ҷафо, чанд аз ин таррорӣ?!
Зоҳир накунӣ, он чӣ ба ботин дорӣ.
Гар сар зи хати вафойи мо бардорӣ,
Воқиф наям аз замири дил, пиндоре.
1732
Эй доми ҳазор фитнаву таррорӣ,
Ё раб, ки чӣ фитаҳо, ки дар сар дорӣ?!
Эй оби ҳаёт, агар ҷаҳон санг шавад,
Валлоҳ, чу осиёш дар чарх орӣ!
1733
Эй пур зи ҷафо, чанд кунӣ таррорӣ?!
Пинҳон чӣ кунӣ, он чӣ ба ботин дорӣ?
Беруну дарун ҳазор машраф дорӣ,
Фарёдкунон ҳама, ки ҷав мекорӣ.
1734
Онӣ, ки ба сад шафоъату сад зорӣ,
Бар пот яке бӯса диҳам, нагзорӣ.
Гар об диҳӣ маро, гар оташ, боре
Султони вилоятеву фармондорӣ.
1735
Дар зери ғазалҳову нафиру зорӣ,
Дудаст маро зи чеҳраҳои норӣ.
Ҳарчанд, ки расми дилбариҳош хуш аст,
Ку он хушие, ки ӯ кунад дилдорӣ?!
1736
Дӣ оқилу ҳушёр шудам дар коре,
Барҳам зад дӯш мар маро ағёре.
Дидам, ки дил они ӯст, ман ағёре,
Берун рафтам аз ин миён ман, боре.
1737
Чашми мастат зи одати хамморӣ,
Афғон, ки ниҳод расми танҳо х(в)орӣ.
Чун бемададист, ин бахилист чаро?!
Май менахӯриву шира меафторӣ.
1738
Тақсир накард ишқ дар хамморӣ,
Тақсир макун ту соқӣ аз дилдорӣ.
Аз худ гила кун, агар хуморе дорӣ,
Бо хишт ба осиё равӣ, хок орӣ.
1739
Эй дӯст, зи ман тамаъ макун ғамхорӣ,
Ҷуз мастиву ҷуз шангиву ҷуз хамморӣ.
Моро чу Худо баройи ин овардаст,
Хасми хирадему душмани ҳушёрӣ.
1740
Ҳар кас касаке дораду ҳар кас ёре,
Он ёри вафодор куҷо шуд, боре?
Гар пеши саге шакар ниҳӣ хирворе,
Майли дили ӯ бувад сӯи мурдоре.
1741
Ҳар кас касаке дораду ҳар кас ёре,
Ҳар кас ҳунаре дораду ҳар кас коре.
Моему хаёли ёру ин кӯраи дил,
Чун Аҳмаду Бӯбакр, ба гӯш(а)и ғоре.
1742
Мастист хабар аз туву ё ту хабаре,
Хайр аст назар дар туву ё ту назаре.
Дарҳам шуда хомаи дил аз ҳуру парӣ,
Дуздида ту аз гӯшакаке менигарӣ.
1743
Бечора дило, к-ойинайи ҳар назарӣ,
Гар сар кашӣ аз сифот, бо дарди сарӣ.
Эй ойинае, ки қобили хайру шарӣ,
З-он акс туро чӣ ғам, ки ту бехабарӣ?!
1744
Болошаҷарӣ, лабшакарӣ, дилҳаҷарӣ,
Занҷири сарӣ, симбарӣ, рашки парӣ,
Чун баргузарӣ, дарнигарӣ, дил бибарӣ,
Чашмат марасад, сахт зебосуварӣ.
1745
Сарсабзтар аз ту ман надидам шаҷаре,
Пурнуртар аз ту ман надидам қамаре,
Шабхезтар аз ту ман надидам саҳаре,
Пурзавқтар аз ту ман надидам шакаре.
1746
Ман дӯш ба косайи рубоби саҳарӣ,
Менолидам таронаи косагарӣ.
Бо косайи май даромад он рашки парӣ,
Гуфто, ки: «Агар косазанӣ, кӯзах(в)арӣ».
1747
Бо ман турш аст рӯйи ёрам қадре,
Ширинтар аз он турш надидам шакаре.
Безор шавад шакар зи ширинии хеш,
Гар з-он шакари турш биёбад хабаре.
1748
То пардайи андешагариро назарӣ,
Ту пардадарӣ, пардадарӣ, пардадарӣ.
Гӯйӣ ту ки: «Ман зи ҳар ҳунар бохабарам»,
Ин бехабарӣ бас, зи худ бехабарӣ.
1749
Эй дар дили ман нишаста, бикшода даре,
Ту пардадарӣ, пардадарӣ, пардадарӣ.
Бо ҳар ки зи дил даме задам, дафъе гуфт,
Ту дафъ мадеҳ, ки нест аз ту гузаре.
1750
Меҳмони ду дида шуд хаёлат, гузаре,
Дар дида ватан сохт зи некӯгуҳарӣ.
Соқийи хаёл шуд ду дида, мегуфт:
«Меҳмони манӣ ба об, чандон ки хӯрӣ».
1751
Бо ёр ба гулзор шудам раҳгузаре,
Бар гул назарее фикандам аз бехабарӣ.
Дилдор ба ман гуфт, ки: «Шармат бодо,
Рухсори ман ин ҷову ту дар гул нигарӣ!?»
1752
Дӯш омад он хаёл, ту раҳгузарӣ,
Гуфтам: «Бари мо бош зи соҳибназарӣ,
То рӯз». Ду чашми ман бигуфташ батарӣ,
«Меҳмони манӣ ба об, чандон ки хӯрӣ».
1753
Хайре бинамудӣ, валекин шаррӣ,
Нармиву ҳабиб, ҳамчу мори наррӣ.
Садриву бузургиву зарат ҳаст, валек
Инсоф бидеҳ, ки сахт модарғаррӣ.
1754
Гуфтанд, ки: «Ҳаст ёрро шӯру шаре»,
Гуфтам, ки: «Дувум бор бигӯ хушхабаре».
Гуфто: «Турш аст рӯйи хубаш қадре»,
Гуфтам, ки: «Зиҳӣ, тӯҳмати каж бар шакаре».
1755
З-ин сон манигар, гарчи ту соҳибназарӣ,
То хуни ҳазор кас ба гардан набарӣ.
Зинҳор, бад-он пар, ту ба ҳар сӯ напарӣ,
Ман гуфтаму бигзаштам, эй рашки парӣ.
1756
Дӣ маст будӣ дилову чусту сафарӣ,
Имрӯз чӣ хӯрдайӣ, ки аз дӣ батарӣ?
Рақсон шуда сарсабз мисоли шаҷаре,
Ё ҳоҷиби хуршед ба сони саҳаре.
1757
Ту об найӣ, хок найӣ, тӯдагарӣ,
Берун зи ҷаҳони обу гил дар сафарӣ.
Қолаб ҷӯесту ҷон дар ӯ оби ҳаёт,
Он ҷо ки туйӣ, аз ин ду ҳам бехабарӣ.
1758
Ман дӯш ба хоб дарбидидам қамаре,
Дарёсифате, аҷойибе, симбаре.
Имрӯз ба гирди ҳар даре мегардӣ,
К-аз ёраки дӯшина кӣ дорад хабаре?
1759
Эй ҳайф, пеши кор занӣ танбӯре,
Ё Юсуф ҳамхона шавад бо кӯре.
Ё қанд ниҳӣ дар даҳани ранҷуре,
Ё ҷуфт шавад муханнасе бо ҳӯре.
1760
Эй боғи Худо, ки пурбуту пурҳурӣ,
Аз чашми халоиқ инчунин, чун дурӣ!?
Эй дил, начашидайӣ майи мансурӣ,
Гар мункири он боғ шудӣ, маъзурӣ.
1761
Гар нуқлу кабобу гар майи ноб хӯрӣ,
Медон-к ба хоб-дар, ҳаме об хӯрӣ.
Чун бархезӣ зи хоб, бошӣ ташна,
Судат накунад об, ки дар хоб хӯрӣ.
1762
Бар кори гузашта бин, ки ҳасрат нахӯрӣ,
Сӯфӣ бошиву номи мозӣ набарӣ.
Ибнулвақтӣ, ҷавониву вақт барӣ,
То фавт нагардид ин дами моҳазаре.
1763
Эй толиби дунё, ту яке муздурӣ,
В-эй ошиқи хулд, аз ин ҳақиқат дурӣ.
В-эй шод ба ҳар ду олам аз бехабарӣ,
Шодии ғамаш надидайӣ, маъзурӣ.
1764
Эй моҳ, агарчӣ равшану пурнурӣ,
Аз равшании рӯйи бути ман дурӣ.
В-эй наргис, агарчӣ тозаву махмурӣ,
Рав, чашми бутам надидаӣ, маъзӯрӣ.
1765
Бо Зӯҳраву бо Моҳ агар анбозӣ,
Рав, хона зи Моҳ соз, агар месозӣ.
Боме, ки ба як лагад фурӯ хоҳад шуд,
Он беҳ, ки лагад занӣ, фурӯ андозӣ.
1766
Эй он-к назар ба таъна меандозӣ,
Бишнос даме ту бозӣ, аз ҷонбозӣ.
Эй ҷони ғариб, дар ҷаҳон месозӣ,
Рӯзе ду фитод марғазӣ бо розӣ.
1767
Гар з-он ки амину маҳрами ин розӣ,
Бар бозии бедилон макун таннозӣ.
Бозист, валек оташи ростиаш,
Бас ошиқро, ки гашт бозӣ-бозӣ.
1768
Ҷон дид зи ҷонони азал дамсозӣ,
Мехоҳад, к-аз ман бибарад ҳанбозӣ.
Ин бозиҳо, ки ҷон бурун овардаст,
Моро бихӯрад тамом, бозӣ-бозӣ.
1769
Эй он-к зи хоки тира натъе созӣ,
Ҳар лаҳза бар ӯ лаби дигар андозӣ.
Гаҳ мот куниву гаҳ бидорӣ қойим,
Аҳсант, зиҳӣ санъати бохудбозӣ.
1770
Эй қосиди ҷони ман, ба ҷон меарзӣ,
Ҷон худ чӣ бувад?! Ҳарду ҷаҳон меарзӣ!
Ин олами кӯҳна он надорад бе ту,
Он аз ту талаб кунам, ки он меарзӣ.
1771
Гаҳ парда ҳамедориву гаҳ медӯзӣ,
Гаҳ месозӣ марову гаҳ месӯзӣ.
Омӯхтаям ҷавонӣ андар пирӣ,
Эй халқи ҷаҳон, салойи пир омӯзӣ.
1772
Ин шохи шукуфа бор гирад рӯзе
В-ин боз, талаби шикор гирад рӯзе.
Меояду меравад хаёлаш бар ту,
То чанд равад, қарор гирад рӯзе.
1773
Ҳам дил ба дилситон расонад рӯзе
Ҳам ҷон сӯи ҷонон расонад рӯзе.
Аз даст мадеҳ домани дарде, ки турост,
К-он дард ба дармон-т расонад рӯзе.
1774
Дӣ буд чунон давлати ҷонафрӯзе,
Имрӯз чунин оташи ошиқсӯзе.
Афсӯс, ки дар дафтари мо дасти Худо,
Онро рӯзе набишту инро рӯзе.
1775
Эй ҳезуми тар, хушк нагардӣ рӯзе,
То дар ту фитад зи оташи дилсӯзе.
То хирқайи тан дорӣ, ту бедил сӯзӣ,
Ишқ омӯзӣ, зи ҷон ишқ омӯзӣ.
1776
Гоҳе бувадам фурқати оламсӯзе,
Гоҳе бувадам ишрати ҷонафрӯзе.
Афсӯс, ки рӯзгор бар лавҳи сапед,
Онро рӯзе набишту инро рӯзе.
1777
Хуш месозӣ марову хуш месӯзӣ,
Хуш парда ҳамедариву хуш медӯзӣ.
«Омӯхтаям ҷавонӣ андар пирӣ»,
Аз бахти ҷавон салои пир омӯзӣ.
1778
Дилдор ба зери лаб бих(в)онад чизе,
Девона шавӣ, ақл намонад чизе.
Ё раб, чӣ фусунест, ки ӯ мехонад?!
К-андар дили санг менишонад чизе.
1779
Аз ишқи ту ҳар тараф яке шабхезе,
Шаб гашта зи зулфайни ту анбарбезе.
Наққоши азал нақш кунад ҳар тарафе,
Аз баҳри қарори дили ман табрезӣ.
1780
Аз ҷон бигурезам, ар зи ҷон бигрезӣ,
Аз дил бигурезам, ар аз он бигрезӣ.
Ту тириву мо ҳамчу камонем ҳанӯз,
Тире чӣ аҷаб, гар зи камон бархезӣ.
1781
Ҷон бигрезад, агар зи ҷон бигрезӣ,
В-аз дил бигрезам, ар аз он бигрезӣ.
Ту тирию мо ҳамчу камонем ҳанӯз,
Тире чӣ аҷаб гар зи камон бигрезӣ.
1782
Гар бигрезӣ, чу оҳувон бигрезӣ
В-ар бистезӣ, чу оҳанон бистезӣ.
З-он шохи гуле, ки мо даровехтаем,
Эй мурғаки зирак, ба ду по овезӣ.
1783
Эй ёр, гирифтайӣ шароб омезӣ,
Бархезад растхез, чун бархезӣ.
Мерез шаробро, ки хуш мерезӣ,
Ақло, чу чунин шуд, ба чӣ рӯ бигрезӣ?!
1784
Он хуш бошад, ки соҳиби тамйизӣ,
Бе он ки бигӯянду бигӯяд чизӣ.
Бегуфту тақозо бидиҳад меҳмонро,
Парвандайи хуш зи соҳиби полезӣ.
1785
Най гуфт, ки: «Пойи ман ба гил буд басе,
Ногоҳ буриданд сарам дар ҳавасе.
На захми гарон бихӯрдам аз дасти хасе,
Маъзурам дор, агар бинолам нафасе».
1786
Дар ишқи ту хун зи дида борид басе,
Ҷон дар тани ман зи ғам бинолид басе.
Огаҳ найи зи ҳолам, эй ҷону ҷаҳон,
Чархам ба баҳонайи ту молид басе.
1787
Чу ҷумла хато кунам, савобам ту басӣ,
Мақсуд аз ин умри харобам ту басӣ.
Ман медонам, ки чун бихоҳам рафтан,
Гӯянд: «Чӣ кардайӣ?». Ҷавобам: «Ту басӣ».
1788
Дар ҳарду ҷаҳон дилбару ёрам ту басӣ,
Зеро ки ба ҳар ғамим фарёдрасӣ.
Кас нест ба ҷуз ту, эй маҳ, андар ду ҷаҳон,
Ҷуз он ки бубахшияш ба икром, касе.
1789
Аҳволи мани зору ҳазин мепурсӣ,
З-ин беш мапурс, агар чунин мепурсӣ.
Ман дар ғами ту домани дил чок задам,
В-он гоҳ маро ба остин мепурсӣ.
1790
То дард наёбӣ, ту ба дармон нарасӣ,
То ҷон надиҳӣ, ба васли ҷонон нарасӣ.
То ҳамчу Халил оташ андар нашавӣ,
Чун Хизр ба сарчашмаъи ҳайвон нарасӣ.
1791
То ҳушёрӣ, ба таъми мастӣ нарасӣ,
То тан надиҳӣ, ба ҷонпарастӣ нарасӣ.
То дар раҳи ишқи дӯст чун оташу об,
Аз худ нашавӣ нест, ба ҳастӣ нарасӣ.
1792
Эй нафс, аҷаб, ки бо дилам ҳамнафасӣ,
Ман бандайи он субҳ, ки хандон бирасӣ.
Эй дар дили шаб чу рӯз, охир чӣ касӣ?!
Ҳам шаҳнаву дузду хоҷаи сад асасӣ.
1793
Сармастаму сармастаму сармасти касе,
Май хӯрдаму май хӯрдам аз дасти касе.
Ҳамчун қадаҳам шикасту он гаҳ пур кард,
Охар зи газоф нест, ашк аст касе.
1794
Дирӯз фусуни сард бархонд касе,
Ӯ сардтар аз фусуни худ буд басе.
Бар моидайи ишқ магас бисёр аст,
Эй кам зи магас кӯ, бирамад аз магасе!
1795
Дар чашами ман аст ин замон нози касе,
Дар гӯши ман аст ин дам овози касе.
Дар сина манам ҳарифу анбози касе
Сармастам, кай ниҳон кунам рози касе.
1796
Вопас монӣ зи ёр, вопас бошӣ,
Аз шохи дарахт бигсилӣ, хас бошӣ,
Дар чашми касе ту хешро ҷой кунӣ,
Ту мардумаки дидайи он кас бошӣ.
1797
Ёди ту кунам, миёни ёдам бошӣ,
Лаб бигшоям, дар ин гушодам бошӣ.
Гар шод шавам, замири шодам бошӣ,
Ҳила талабам, ту устодам бошӣ.
1798
Нохонда ба ҳар ҷо ки равӣ, ғам бошӣ
В-ар хонда равӣ, ту маҳрам он дам бошӣ.
То кофарро Худо нахонад, наравад,
Шармат бодо, зи кофаре кам бошӣ.
1799
Бо ноаҳлон агар чу ҷоне бошӣ,
Моро чӣ зиён, ту дар зиёне бошӣ?
Гирам, ки ту маъшуқи ҷаҳоне бошӣ,
Оре, бошӣ, вале замоне бошӣ.
1800
Бо сурати дин сурати Зардушт кашӣ,
Чун хар нахӯрӣ наботу бар пушт кашӣ.
Гар ойина зишти туро бинмояд,
Девона шавӣ, бар ойина мушт кашӣ.
________________________________________________________
К Окончанию: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2328512.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe

  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments