Ходжа Н. (hojja_nusreddin) wrote,
Ходжа Н.
hojja_nusreddin

Руми, "Рубайат" (Таджикский язык - кириллица) 1801 - 1956


Окончание. К Предыдущей части
: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2328261.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
________________________________________________________
1801
Дар сурати дил сурати Зардушт кашӣ,
Чун хар нахӯрӣ набот бар пушт кашӣ.
Гар ойина зиштии ту бинмояд,
Девона шавӣ, дар ойина мушт кашӣ.
1802
Султони сухан! Гирифтайи хомӯшӣ,
Човуши забон намекунад човушӣ!
Хуршед чаро ба коҳгил мепӯшӣ?
То дар дили чарх афканӣ беҳушӣ?!
1803
То чанд зи ҷони мустанад андешӣ?!
То кай зи ҷаҳони пургазанд андешӣ?!
Он-ч аз ту тавон шуд, ҳамин колбад аст,
Як мазбалагӯ мабошу чандандеше?!
1804
Эй он-к раҳи гурез меандешӣ,
Ту пиндорӣ, ки бар муроди хешӣ.
Шаҳ мекашадат, маҷӯй бо шаҳ бешӣ,
Кӯҳро бикунад шаҳаншаҳ, дарвеше.
1805
Ман ҷони ту нестам, магӯ ҷон, ғалатӣ,
Ман ҷони Ҷунайдаму сарири сақатӣ.
Кай бошам ҷони ҳар харе, кӯрдиле?!
К-ӯ боз надонад сақатӣ аз сахтӣ.
1806
Хуш бош, ки хушниҳод бошад сӯфӣ,
Аз ботини хеш шод бошад сӯфӣ.
Сӯфӣ софаст, ғам бар ӯ наншинад,
Кайхусраву Кайқубод бошад сӯфӣ.
1807
Дӯш аз сари ошиқиву аз муштоқӣ,
Мекардам илтимоси май аз соқӣ.
Чун ҷоҳу ҷамоли хеш бинмуд ба ман,
Ман нест шудам, бимонд соқӣ, боқӣ.
1808
Вақф аст маро умр дар ин муштоқӣ,
Аҳсант, зиҳӣ, таровату раввоқӣ.
Ман каф назанам, то ту набошӣ мутриб,
Ман май нахӯрам, то ту набошӣ соқӣ.
1809
З-он моҳи чаҳордаҳ, ки ҳаст ишроқӣ,
Гаштам зардеҳдиҳе ман аз барроқӣ.
Он низ зи ман бибурд, то маҳв шудам,
Аз даҳ бибурд, чордаҳ монад боқӣ.
1810
Савганд ҳамехӯрд парер он соқӣ,
Мегуфт: «Ба ҳаққи соати муштоқӣ:
Ки бода диҳам ба шаҳриву офоқӣ,
Ақле нагзорам ба ҷаҳон ман боқӣ».
1811
Онро ки накард зуҳд суд, эй соқӣ,
Он зуҳд набуд, менамуд, эй соқӣ.
Мардона даро, магӯ ту зуд, эй соқӣ,
К-андар азал он чӣ буд, буд, эй соқӣ.
1812
Онро ки накард заҳр суд, эй соқӣ,
Он заҳр набуд, менамуд, эй соқӣ.
Чун буд, раванда шуд, набуд, эй соқӣ,
Майҳо нӯшад зи баҳри ҷуд, эй соқӣ.
1813
Ман бо ту чунин сухтахирман то кай?
В-аз мо ту чунон кашидадоман то кай?
Эй кор, ба коми душманонам то кай?
Ман дар ғами ту, ту фориғ аз ман то кай?
1814
Гавҳар чӣ бувад ба баҳри ӯ, ҷуз санге?!
Гардун чӣ бувад бар дари ӯ? Сарҳанге.
Аз давлати дӯст ҳеч чизам кам нест,
Ҷуз сабр, ки аз сабр надорам ранге.
1815
Эй дил, чу висоли ёр дидӣ ҳолӣ,
Дар пойи ғамаш бимир, то кай нолӣ?!
Шарт аст, ки чу офтоб рух бинмояд,
Гар шамъ намирад, бикушандаш ҳолӣ.
1816
Мурғон зи қафас қафас зи мурғон холӣ,
Мурғо, зи куҷойӣ, ки чунин хушҳолӣ?!
Аз нолаи ту бӯи бақо меояд,
Менол бар ин парда, ки хуш менолӣ.
1817
Ҷон дар раҳи мо бибоз, агар марддилӣ
В-ар не, сари хеш гир, к-аз мо биҳилӣ.
Он мулк касе наёфт аз нимдилӣ,
Ҳақ металабиву монда дар обу гилӣ.
1818
Ин арса, ки арзи он надорад тӯле,
Бигзор асораташ ба ҳар маҷҳуле.
Пулест ҷаҳон, ки қиматаш нест ҷӯйе,
Ё ҳаст работе, ки наярзад пуле.
1819
Эй он-к ту хуни ошиқон ошомӣ,
Фарёд зи ошиқиву беоромӣ.
Эй дӯст, манам асири душманкоме,
Охир ба ту бозгардад ин бадномӣ.
1820
Гӯйӣ, ки магар ба боғ зар риштааме,
Ё бар рухи хеш заъфарон киштааме,
Он ваъда, ки кардайӣ, раҳо менакунад,
Варна, худро ба ройгон куштааме.
1821
Он мева туйӣ, ки нодири айёмӣ,
Битвон хӯрдан ҳазор ман дар хомӣ.
Бар мо маписанд ҳаҷру душманкомӣ,
К-охир ба ту боз гардад ин бадномӣ.
1822
Эй соқии ҷон, ки сардаҳи айёмӣ,
Ороми дили хастайи беоромӣ.
Мастони ту имрӯз ҳама махмуранд,
Охир ба ту боз гардад, ин бадномӣ.
1823
Гар қадри камоли хеш бишнохтаме,
Домони худ аз хок бипардохте.
Холиву сабук бар осмон тохте,
Сар бар фалаки нуҳӯм барафрохте.
1824
Гар ошиқи зори рӯйи ту нестаме,
Чандин ба дари саройи ту нестаме.
Гуфтӣ, ки: «Маист бар дарам, хезу бирав»,
Эй дӯст, агар наистаме, нестаме.
1825
Ман хушклаб, ар бо ту дам тар задаме,
Дар ишқи ту олам ба ҳам бар задаме.
Як бӯса агар лабам тавонистӣ дод,
Бар пойи ту дастак зи бар сар задаме.
1826
Гар маҷлиси унсро ба кор омадаме,
Ҳар дом ба дари ту бандавор омадаме.
Гар офати тасдеъа набудиву малол,
Ҳар рӯз барат ҳазор бор омадаме.
1827
Эй камтари меҳмонит оби гарме,
К-аз лаззати ӯ маст шавад бешарме.
Эй холиқи гардун, ба худам меҳмон кун,
Гардун ба куҷо барад? Ба оби гарме.
1828
Дарвешонро ор бувад мӯҳташамӣ,
Дар хотирашон бор бувад мӯҳташамӣ.
Андар раҳи дӯст фақри мутлақ хуштар,
К-андар раҳи ӯ хор бувад мӯҳташамӣ.
1829
Гар на ҳазар аз ғайрати мардон кунаме,
Он кор, ки дӯш гуфтаам, он кунаме.
Вар рашк набудӣ ҳама ҳушёронро,
Бе хешу харобу масту ҳайрон кунаме.
1830
Ман ман наяму агар даме ман, Манаме,
Ин оламро чу зарра барҳам занаме.
Гар он Манаме, ки дил зи ман баркандаст,
Худро чу дарахт аз замин барканаме.
1831
Дар чашми манӣ, вагарна бино каяме?
Дар мағзи манӣ, вагарна шайдо каяме?
Он ҷо, ки намедонам, он ҷой куҷост,
Гар ишқи ту нестӣ, ман он ҷо кайяме?
1832
Асрор шунав зи тӯтии раббонӣ,
Тутибачайӣ, забони тӯтӣ донӣ.
Дар мурғи қафас хира чаро мемонӣ?
Бишкан қафас, эй мурғ, к-аз он мурғонӣ.
1833
Олам сабз асту ҳар тараф бӯстоне,
Аз акси ҷамоли гулрухи хандоне.
Ҳар сӯ гуҳарест, муштал аз коне,
Ҳар сӯ ҷонест муттасил бо ҷоне.
1834
Он рӯйи туруш, нигар, чу қандистоне
В-он чашми хушаш нигар, чу Ҳиндустоне.
Пеши қади ӯ саф зада сарвистоне,
Пеши кафи ӯ шикаста ҳар дастоне.
1835
З-он дил зи ман, эй сарви сиҳӣ, настонӣ,
Хоҳӣ, ки зи ман дил наниҳӣ, настонӣ.
То лаб надиҳӣ, дил зи раҳе настонӣ,
Ин аст сухан: То надиҳӣ, настонӣ!
1836
Эй дӯст, ба ҳаққи он-к ҷонро ҷонӣ,
Чун номайи ман ба ту расад, бархонӣ.
Аз булаҷабӣ, номайи ман надронӣ,
Чун ҳоли дили хароби ман медонӣ.
1837
Дар ишқ мувофиқат бувад, чун ҷоне,
Дар мазҳаби ҳар зарифи маънидоне.
Аз сиву ду дандон яке гашт дароз,
Бе дандон шуд тан аз чунон дандоне.
1838
Дар хок агар рафт тани беҷоне,
Ҷон бар фалак афрозад шодурвоне.
Дар хок бунафша чун бипойид, бираст,
Чун барнадамад сарв чунон бистонӣ?!
1839
Гар дар талаби манзили ҷонӣ, ҷонӣ,
Гар дар талаби луқмаи нонӣ, нонӣ.
Ин нуктаи рамз агар бидонӣ, донӣ,
Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.
1840
Бо дил гуфтам, ки: «Эй дил, аз нодонӣ,
Маҳрум зи хидмати кийӣ, медонӣ?»
Дил гуфт маро: «Тахта ғалат мехонӣ,
Ман лозими хидматам, ту саргардонӣ».
1841
Эй абр, ки ту ҷаҳони хуршедонӣ,
Коре мақлуб мекунӣ, то донӣ.
Аз зулми ту бар мост ҷаҳон зулмонӣ,
Пас гиря насиби мост, ту гирёнӣ.
1842
Он чиз ки ҳаст дар сабад, медонӣ,
Аз сирри сабад то ба бад медонӣ.
Ҳам рӯз бигӯям, ба шабат ёд ояд,
Шаб низ бигӯям, ки ту худ ҳам донӣ.
1843
Лайлӣ, ки ғами бехабараш медонӣ,
Не, ӯ дигараст, ту дигараш медонӣ.
Ӯ дар хон(а)сту бар дараш медонӣ,
Ту бехабарӣ, бехабараш медонӣ.
1844
Эй он-к муроди ҳар забон медонӣ
В-ар з-он-к бубанданд даҳон, медонӣ.
В-ар ҷону дилам ниҳон шавад зери замин,
Шод аст равонам, ки равон медонӣ.
1845
Эй он-к зи ҳоли бандагон медонӣ,
Чашмеву чароғ дар шаби зулмонӣ.
Бози дили моро, ки туш мепарронӣ,
Охир ту надонӣ, ки ту(а)ш мехонӣ?!
1846
Ту дӯш чӣ хоб дидайӣ, медонӣ?
Не, дон-ш он нест бад-ин осонӣ.
Дузд аст тани ту кола пинҳон кардаст,
Эй шаҳна, чаро-ш з-ӯ намеранҷонӣ?!
1847
Паррон бошӣ, чу дар сафи ёронӣ,
Парре бошӣ сақат, чу беишонӣ.
То парронӣ, ту ҳокимӣ бар сари он,
Чун пар гаштӣ, зи бод саргардонӣ.
1848
Эй ишқ, ту айни олами ҳайронӣ,
Сармояи савдойӣ, ту саргардонӣ.
Ҳоли мани дилсӯхта то кай пурсӣ?!
Чун медонӣ, ки беҳ зи ман медонӣ.
1849
Эй наргиси бечашму даҳан, ҳайронӣ,
Дар рӯйи арӯсони чаман ҳайронӣ.
Не, ман ғалатам, ту бо арӯсони чаман,
Андар шаҳи пӯшидайӣ ман ҳайронӣ.
1850
То дар талаби гавҳари конӣ, конӣ,
То дар ҳаваси луқмаи нонӣ, нонӣ.
Ин нуктаи рамз агар бидонӣ, донӣ,
Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.
1851
Чун аст ба дарди дигарон дармонӣ?
Чун навбати дарди мо расад, дар монӣ?
Ман сабр кунам, то зи ҳама вомонӣ,
Ойи бари мо, чу ҳалқа бар дар монӣ.
1852
Ҳошо, ки ба моҳ гӯямат, мемонӣ,
Ё чун қади ту сарв бувад бӯстонӣ.
Маҳро лаби лаъли шакарафшон зи куҷост?!
Дар сарв куҷост ҷунбиши рӯҳонӣ?!
1853
Гар як варақ аз китоби мо бархонӣ,
Ҳайрони абад шавӣ, зиҳӣ, ҳайронӣ!
Гар як нафасе ба дарди дил биншинӣ,
Устодонро ба дарси худ биншонӣ.
1854
Ҳар лаҳза, маҳо, пеши худам мехонӣ,
Аҳвол ҳамепурсиву худ медонӣ.
Ту сарви равониву сухан пеши ту бод,
Мегӯяму сар ба хира меҷунбонӣ.
1855
Эй ишқ, ту айни олами ҳайронӣ,
Сармояи савдойи ту саргардонӣ.
Ҳоли дили ман, сӯхта, то кай пурсӣ?
Чун медонӣ, ки беҳ зи ман медонӣ.
1856
Шамъест дили мард барафрӯхтанӣ,
Чокест зи ҳаҷри дӯст бардӯхтанӣ.
Эй бехабар аз сохтану сӯхтанӣ,
Ишқ омаданӣ бувад, на омӯхтанӣ.
1857
Тавба кардам зи шӯру бехештанӣ,
Ишқат бишнид аз ман ин мумтаҳанӣ.
Аз ҳезуми тавбайи ман оташ бифурӯхт,
Месӯхт маро, ки ҳон, дигар тавба канӣ?!
1858
Ҳар рӯз яке шӯр бар ин ҷамъ занӣ,
Бунёди ҳазор офиятро биканӣ.
То даври абад ин даварон қоим буд,
Бар ҷони фақирон, карами чун ту ғанӣ.
1859
Эй дӯст ба ҳар сухан (ту) дар ҷанг занӣ,
Сад тири ҷафо бар ин дили танг занӣ.
Дар чашми ту ман мисам, дигар кас зари сурх,
Фардо бинаоямат, чу бар санг занӣ.
1860
Ҳаргиз ба мизоҷи худ яке дам назанӣ,
То аз дами хеш гардани ғам назанӣ.
Ҳарчанд малулӣ ту, яқин аст, ки ту,
Бо он-к малулӣ, зи касе кам назанӣ.
1861
Чун маст шавӣ, қароба бар пой занӣ,
Бо душмани ҷони хештан рой занӣ.
Ҳам пист хӯрӣ, маҳову ҳам ной занӣ,
Ин тамъ макун, ки ҳарду як ҷой занӣ.
1862
Ҳар рӯзи пагоҳ хайма бар ҷӯй занӣ,
Сад нақш ту бар гулшани хушбӯй занӣ.
Чун даф дили мо самоъ он гоҳ кунад,
К-аш ҳар нафасе ҳазор бар рӯй занӣ.
1863
Гар хор бад-ин дидайи чун ҷӯй занӣ
В-ар тири ҷафо бар дили чун мӯй занӣ.
Ман даст зи домани ту кӯтаҳ накунам,
Гар ҳамчу дафам ҳазор бар рӯй занӣ.
1864
Гуфтам: «Санаме шудӣ, ки ҷонро ватанӣ»,
Гуфто, ки: «Ҳадиси ҷон макун, гар зи манӣ».
Гуфтам, ки: «Ба теғи ҳуҷҷатам чанд занӣ?!»
Гуфто, ки: «Ҳанӯз ошиқи хештанӣ».
1865
Ҳаргиз набувад майли ту, к-афрошт кунӣ,
Ту ошиқи онӣ, ки фурудошт кунӣ.
Бисмиллаҳи ногуфта ту гӯӣ, алҳамд,
Ноомада субҳ, аз тамаъ чошт кунӣ.
1866
Гар дод кунӣ, дархури худ дод кунӣ,
Бечора касеро, ки туаш ёд кунӣ.
Гуфтӣ ту, ки: «Бисёр ба ёдат кардам»,
Ман медонам, ки чун маро ёд кунӣ.
1867
Эй бода, ту бошӣ, ки ҳама дод кунӣ,
Сад банда ба як сабӯҳ озод кунӣ.
Чашмам ба ту рӯшан аст ҳамчун хуршед,
Ҳам дар ту гурезам, ки туам шод кунӣ.
1868
Аз ранҷу малоли мо чӣ фарёд кунӣ?!
Он беҳ, ки ба шукр васлро шод кунӣ.
Аз мо чӣ гурезиву чӣ во-дод кунӣ?!
З-он тарс, ки васлро басе ёд кунӣ.
1869
Эй дӯст, туро расад, агар ноз кунӣ,
Носоз шавӣ, боз даме соз кунӣ.
З-он метарсам, дари ҷафо боз кунӣ,
Макр андешӣ, баҳона оғоз кунӣ.
1870
Эй он-к маро бастайи сад дом кунӣ,
Гӯйӣ, ки: «Бирав» дар шабу пайғом кунӣ.
Гар ман биравам, ту бо кӣ ором кунӣ?
Хамноми ман, эй дӯст, киро ном кунӣ?
1871
Худ ҳеч ба сӯйи мо нигоҳе накунӣ,
Гирам, ки гуноҳ аст, гуноҳе накунӣ.
Дил дар гули рухсори ту менолад зор,
Бар ойинаи дилам ту оҳе накунӣ.
1872
Аз гил қафаси ҳуд-ҳуди ҷонҳо ту кунӣ,
Бар хоки сияҳ шакарфишонҳо ту кунӣ.
Онро, ки чунин сурмакашӣ, ӯ донад,
К-онҳо зи ту ояду чунонҳо ту кунӣ.
1873
Кай паст шавад, он-к баландаш ту кунӣ?!
Шодон бувад он ҷон, ки нажандаш ту кунӣ.
Гардуни сарафрошта сад бӯса диҳад,
Ҳар рӯз бар он пой, ки бандаш ту кунӣ.
1874
Кофар нашудӣ, ҳадиси эмон чӣ кунӣ?!
Беҷон нашудӣ, ҳадиси ҷонон чӣ кунӣ?!
Дар арбадаи нафс ракикӣ ту ҳанӯз,
Беҳуда ҳадиси сари султон чӣ кунӣ?!
1875
Ман бодаму ту барг, наларзӣ, чӣ кунам?!
Коре, ки манат диҳам, наварзӣ, чӣ кунам?!
Чун санг задам, сабӯйи ту бишкастам,
Сад гавҳару сад баҳр наярзӣ, чӣ кунам?!
1876
Эй ботил, аз ҳақ нагурезӣ, чӣ кунӣ?!
В-эй заҳр, ба ҷуз талхиву тезӣ чӣ кунӣ?!
Ишқ оби ҳаёт омаду мункар чу харе,
Эй хар, ту дар об дарнамезӣ, чӣ кунӣ?!
1877
Дар поракашӣ ту хеш чун теша кунӣ
В-аз пораву аз чора ҳам андеша кунӣ.
Ё зангии зулфи ӯ дар он нур биҷӯй,
Андешайи борик чунин пеша кунӣ.
1878
Моҳ омад пеши ӯ, ки: Ту ҷони манӣ,
Гуфташ, ки: «Ту камтарин ғуломони манӣ».
Ҳарчанд бад-он ҷамъ такаббур мекард,
Медошт тамаъ, ки гӯямаш: «Они манӣ».
1879
Гуфтам: «Санамо, магар, ки ҷонони манӣ,
Акнун, ки ҳаме назар кунам, ҷони манӣ.
Муртад гардам, гар ту зи ман баргардӣ,
Эй ҷону ҷаҳон, ту куфру имони манӣ».
1880
Не ман манаму не ту туӣ, не ту манӣ,
Ҳам ман манаму ҳам ту туйӣ, ҳам ту манӣ.
Ман бо ту чунонам, эй нигори хутанӣ,
К-андар ғалатам, ки ман туам ё ту манӣ».
1881
Имшаб манаму яке ҳарифе чу мане,
Барсохта маҷлисе, ба расми чамане.
Ҷоми маю нуқлу шамъу мутриб ҳама ҳаст,
Эй кош, ту будиву инҳо ҳама не.
1882
Эй нури дилу дидаву ҷонам, чунӣ?
В-эй орзуи ҳарду ҷаҳонам, чунӣ?
Ман бе лаби лаъли ту чунонам, ки мапурс
Ту бе рухи зарди ман, надонам, чунӣ.
1883
Гуфтам: «Чунӣ, маҳо, хушӣ, маҳзунӣ?»,
Гуфто: «Маҳро касе бипурсад, чунӣ?
Чун бошад талъати маҳ, гар дунӣ?
Тобону латифу хубиву мавзунӣ».
1884
Бе худ бошӣ, ҳазор раҳмат бинӣ,
Бо худ бошӣ, ҳазор раҳмат бинӣ.
Ҳамчун Фиръавн ришро шона макун,
Гар шона кунӣ, сазои саблат бинӣ.
1885
Берун нигарӣ, сурати инсон бинӣ,
Халқи аҷаб аз Руму Хуросон бинӣ.
Фармуд, ки ирҷаъи руҷӯъ ин бошад,
Бингар ба дарун, ки ба ҷуз инсон бинӣ.
1886
Хоҳӣ, ки ҳаёти ҷовидонӣ бинӣ
В-аз фақр нишонайи аёнӣ бинӣ.
Андар раҳи фақр бад марав, то маравад,
Мардона даро, ки зиндагонӣ бинӣ.
1887
Эй он ки ғуломи Хусраву Ширинӣ,
Бо ишқ бисоз, гар ҳарифи динӣ.
Пайваста ҳарифи ишқу гармӣ мебош,
То ошиқи гарм аз ту барад иннинӣ.
1888
Имшаб бирав, эй хоб, агар биншинӣ,
Аз оташи дил сазойи саблат бинӣ.
Эй ақл, бирав, ки ту сухан мечинӣ,
Эй ишқ, биё, ки сахт ботамкинӣ.
1889
Бӯ бард зи ту гули муаттар? Не, не,
Ё дидат офтобу ахтар? Не, не.
Гӯйӣ, ки: «Шабаст сӯйи равзан бингар»,
Гар ту биравӣ, шаб аст гар не? Не, не.
1890
Ҷоно, зи ту безор шавам? Не, не, не.
Бо ҷуз ту дигар ёр шавам? Не, не, не.
Дар боғи висолат чу ҳама гул бинам,
Сарчашма ба ҳар хор шавам? Не, не, не.
1891
Андар дили ман, маҳо, дилафрӯз туйӣ,
Ҳастанд дигарон, валек дилсӯз туйӣ.
Шоданд ҷаҳониён ба Наврӯзу ба ид,
Иди ману Наврӯзи ман имрӯз туйӣ.
1892
Дил кист? Ҳама кору киёйиш туйӣ,
Неку баду куфру порсойиш туйӣ.
Гар каж нигарад дидаи ман, ман чӣ кунам?!
Аз худ гила кун, ки рӯшнойиш туйӣ.
1893
Аз обу гиле нест биное чу туе,
Ё раб, ки чиҳо кард баройи чи туе!
Гар наъразанонӣ ту баройи чу вайе,
Лаббайккунонаст баройи чу туе.
1894
Дар олами ҳусн ояти султон-к туйӣ,
Дар хиттаи лутф шӯҳрабурҳон-к туйӣ.
Дар қолаби ошиқони беҷонгашта,
Инсоф бидодем, зиҳӣ, ҷон-к туйӣ!
1895
Эй душмани ҷону ҷони ширин, ки туйӣ,
Нури Мӯсову Тури Санин, ки туйӣ.
В-эй дӯст, ки заҳра нест ҷонро ҳаргиз,
То ном барад аз ту ба таъйин, ки туйӣ.
1896
Эй нусхаи номаи илоҳӣ, ки туйӣ
В-эй ойинаи ҷамоли шоҳӣ, ки туйӣ.
Берун зи ту нест ҳар чӣ дар олам ҳаст,
Дар худ биталаб ҳар он чӣ хоҳӣ, ки туйӣ.
1897
Эй дил, ҳардам чу хок барбод шавӣ,
Ҷон бар кафи ғам ниҳиву дилшод шавӣ.
Ин бор дар оташиву бигзоштамат,
Бошад, ки дар ин воқеа устод шавӣ.
1898
Эй хоҷа, зи ҳар хаёл пурбод шавӣ
В-аз ҳеҷ туруш гардиву дилшод шавӣ.
Дидам, ки дар оташиву бигзоштамат,
То пухтаву то зираку устод шавӣ.
1899
Ту ошиқи рӯйи он паризод шавӣ
В-он гаҳ ҳардам чу хок бар бод шавӣ.
Донам, ки дар оташиву бигзоштамат,
Бошад, ки дар ин воқеа устод шавӣ.
1900
Гар як нафасе воқифи асрор шавӣ,
Ҷонбозиро ба ҷон харидор шавӣ.
То масти худӣ, ту то абад тира-стӣ,
Чун маст аз ӯ шавӣ, ту ҳушёр шавӣ.
1901
Дар дил нагузорамат, ки афгор шавӣ,
Дар дида надорамат, ки бас хор шавӣ.
Дар ҷон кунамат ҷой, на дар дидаву дил,
То дар нафаси бозпасин ёр шавӣ.
1902
Аз кам хӯрдан зираку ҳушёр шавӣ,
Аз пур хӯрдан аблаҳу бекор шавӣ.
Пурхории ту ҷумла зи пурхории туст,
Камхор шавӣ, агар ту кам хор шавӣ.
1903
Аз сояи ошиқон агар дур шавӣ,
Бар ту занад офтобу ранҷур шавӣ.
Пешу паси ошиқон чу соя медав,
То чун маҳу офтоб пурнур шавӣ.
1904
Дар рӯза чу аз табъ даме пок шавӣ,
Андар пайи покон, ту бар афлок шавӣ.
Аз сӯзиши рӯза нур гардӣ ту, чу шам,
В-аз зулмати луқма, луқмайи хок шавӣ.
1905
Андар раҳи ҳақ чу чусту чолок шавӣ,
Нури фалакӣ, боз ба афлок шавӣ.
Аршаст нишемани ту, шармат н-ояд,
Чун соя муқими хиттаи хок шавӣ?!
1906
Гар ошиқи рӯйи қайсари Рум шавӣ,
Уммед бувад, ки ҳаййи Қаййум шавӣ.
Аз ҳаҷр магӯ ба пеши султони висол,
Метарс, к-аз ин ҳадис маҳрум шавӣ.
1907
То хоки қудуми ҳар муқаддам нашавӣ,
Солори сипоҳи нафси одам нашавӣ.
То аз ману мойи худ мусаллам нашавӣ,
Бо ин малакон маҳраму ҳамдам нашавӣ.
1908
Эй дида, ту аз гиря забун менашавӣ,
Эй дил, ту аз ин воқиа хун менашавӣ.
Эй ҷон, чу ба лаб расидӣ аз қолаби ман,
Охир ба чӣ хушдилӣ бурун менашавӣ?!
1909
Гар сайди Худо шавӣ, зи ғам раста шавӣ,
Гар дар сифати хеш равӣ, баста шавӣ.
Медон, ки вуҷуди ту ҳиҷоби раҳи туст,
Бо худ манишин, ки ҳар замон хаста шавӣ.
1910
Эй боди саҳар, бигӯй он силсиламӯй,
Аҳволи дилам бигӯй, агар бошад рӯй.
В-ар з-он-к бар об дил набошад дилҷӯй,
Зинҳор, маро надидайӣ, ҳеҷ магӯй.
1911
Моему ҳавойи рӯйи шоҳаншоҳӣ,
Дар оби ҳаёти ишқи ӯ чун моҳӣ.
Бегоҳ шудаст рӯз, моро субҳ аст,
Фарёд аз ин валвалаи бегоҳӣ.
1912
Ҷон рӯз чу мор асту ба шаб чун моҳӣ,
Бингар, ки ту бо кадом ҷон ҳамроҳӣ.
Гаҳ бо Ҳорут соҳир андар чоҳӣ,
Гаҳ дар дили Зӯҳра посбони моҳӣ.
1913
Дастор ниҳодайӣ,ба мутриб надиҳӣ,
Дастор бидеҳ, то зи такаббур бираҳӣ.
Худро бираҳон, з-он-к ту дастор ниҳӣ,
Дастор бидеҳ, иваз ситон тоҷи шаҳӣ.
1914
Чун мумкини он нест, ки аз мо бираҳӣ,
Ё ҳила кунӣ, зи ҳилаи мо биҷаҳӣ.
То боз харӣ ту хеш, моле бидиҳӣ,
Он беҳ, ки дигар сар накашӣ, сар биниҳӣ.
1915
Имшаб, ки фитодайӣ ба чанголи раҳӣ,
Бисёр тапӣ, валек душвор раҳӣ.
Валлаҳ нараҳӣ зи банда, эй сарви сиҳӣ,
То сина бад-ин дили харобам наниҳӣ.
1916
Аз халқ зи роҳи тезгӯшӣ нараҳӣ
В-аз худ зи сари суханфурӯшӣ нараҳӣ.
З-ин ҳарду агар сахт бикушӣ, нараҳӣ,
Аз халқу зи худ ҷуз ба хамӯшӣ нараҳӣ.
1917
Лаб бар лаби ҳар бӯсарабое биниҳӣ,
Навбат чу ба мо расад, баҳое биниҳӣ.
Ҷурми ҳамаро афв кунӣ бе сабабе,
В-ин ҷурми маро ту дасту пое биниҳӣ.
1918
Онӣ, ки бар дилшудагон дер ойӣ
В-он гаҳ чу ойӣ, нафасе сер ойӣ.
Гоҳ оҳуву гоҳ ба сурати шер ойӣ,
Ҳам нарму дурушт ҳамчу шамшер ойӣ.
1919
Чун шаб бари ман занону гӯён ойӣ,
Дар нимшабӣ субҳи тараб бинмойӣ.
Зулфи шабро гиреҳ-гиреҳ бикшойӣ,
Чашмат марасо, ки сахт беҳамтойӣ.
1920
Эй бонги рубоб, аз куҷо меойӣ?
Пуроташу пурфитнаву пурғавғойӣ.
Ҷосуси диливу пайки он саҳройӣ,
Асрори дил аст, ҳар чӣ мефармойӣ.
1921
Дар дасти аҷал чу дарниҳам ман пое,
Дар катми адам дарафканам ғавғое.
Ҳайрон гардад адам, ки ҳаргиз ҷое,
Дар ҳарду ҷаҳон нест чунин шайдое.
1922
Бо қаллошон чу дар ниҳодӣ пое,
Дар ишқ чу пухт ҷони ту савдоӣ.
Ранҷа машаву ба ҳеч ҷое магурез,
Медон, ки аз ин пас нагунҷӣ ҷое.
1923
Мефармояд Худо, ки: «Эй ҳарҷойӣ,
Аз ом бубар, ки хос аз они мойӣ.
Бо мо хӯ кун, ки оқибат охири кор,
Пешат ояд, шабонгаҳ танҳоӣ.
1924
Он рӯз, ки девонайиву савдойӣ,
Дар силсилаи давлатиён меойӣ.
Имрӯз аз он силсила чун маҳрумӣ,
К-имрӯз ту оқиливу корафзойӣ.
1925
Душ омад ёр бар дарам шайдойӣ,
Гуфтам, ки: «Бирав, ки имшаб андар нойӣ».
Мерафту ҳамегуфт: « Зиҳӣ, савдое,
Давлат ба дар омадаст, дар нагшойӣ».
1926
Эй рӯи туро пеша ҷаҳоноройӣ,
В-эй зулфи туро қоида анбарсойӣ.
Он силсилайи саҳар туро, он шояд,
К-аш мегазиву мекашиву мехойӣ.
1927
Эй чун алами сапед дар саҳройӣ
В-эй чун шакари шигарф дар ҳалвойӣ.
З-он метарсам, ки бадрагу бадройӣ,
Дар мағзи ту афканд дигар савдое.
1928
Эй чун алами сапед дар саҳройӣ,
Эй раҳмати даррасида аз болойӣ.
Ман дар ҳаваси ту мепазам ҳалвое,
Ҳалво бингар, ба сурати савдойӣ.
1929
Ҳар рӯз зи ошиқиву ширинройӣ,
Мар ошиқиро пираҳане фармойӣ.
Эй Юсуфи рӯзгор, мо Яъқубем,
Пироҳани туст чашмро бинойӣ.
1930
Чун соз кунад адам ҳаётафзойӣ,
Гирӣ зи адам луқмаву хуш мехойӣ.
Дармерасадат табақ-табақ ҳалвоҳо,
Он ҷо на дукон падиду не ҳалвойӣ.
1931
Ҷонам дорад зи ишқ ҷонафзойӣ,
Аз савдоҳо, латифтар савдойе.
В-аз шаҳри танам чу лӯлиён оварамат,
Ҳар рӯз ба манзилеву ҳар шаб ҷойе.
1932
Эй он-к зи ҳад бурун ту ҷонафзойӣ,
Беҳаддиву ҳадд ҳар нафас бинмойӣ.
Донӣ, ки надорӣ ба ҷаҳон ганҷойӣ,
Дар ғайб бичафсидиву берун нойӣ.
1933
Эй он-к салибдору ҳам тарсойӣ,
Пайваста ба зулф анбари тарсойӣ.
Лаб бар лаби ман ба бӯса камтар сойӣ,
Н-ойӣ бари ман чу ойӣ, бо тарс ойӣ.
1934
Гуфтам ба табиб: «Доруе фармойӣ?»
Набзам бигирифт аз сари донойӣ.
Гуфто, ки: «Чӣ дард мекунад? Бинмойӣ?»
Бурдам дасташ сӯйи дили савдойӣ.
1935
Омад бари ман дӯш маҳи яғмойӣ,
Гуфтам, ки: «Бирав, ки имшаб ин ҷо н-ойӣ.
Мерафту ҳамегуфт: «Зиҳӣ савдоӣ,
Давлат ба дар омадааст дар нагшойӣ».
1936
Эй он-к табиби дардҳои мойӣ,
Ин дард зи ҳад рафт, чӣ мефармойӣ?
Валлаҳ, ки агар ҳазор маъҷун дорӣ,
Ман ҷон набарам, то ту рухе нанмойӣ.
1937
Моем дар ин замон заминпаймое,
Бигзаштаи ҳар шаҳр, ба шаҳророе.
Чун киштии ёвагашта дар дарёйӣ,
Ҳар рӯз ба манзилеву ҳар шаб ҷойе.
1938
Чун найшакар аст ин нийят, эй нойӣ,
Ширин нашавад Хисрави мо, гар н-ойӣ.
Ҳар субҳдам, он дам, ки ту дар субҳдамӣ,
Аз олами пир бардамад барнойӣ.
1939
Рафтам ба табибу гуфтам: Эй бинойӣ,
Афтодаи ишқро чӣ мефармойӣ?
Тарки сифату меҳру вуҷудам фармуд,
Яъне ки зи ҳар чӣ ҳаст, берун ойӣ.
1940
Медону магӯ, то нашавад расвойӣ,
Зебоийи мард ҳаст дар ганҷойӣ.
Гуфто, ки: «Чӣ ҳоҷат аст?! Ин ҷо малакест,
К-ӯ мӯй ҳамешикофад аз бинойӣ!»
1941
Эй дил, ту бад-ин муфлисиву расвойӣ,
Инсоф бидеҳ, ки ишқро чун шойӣ?!
Ишқ оташи тез аст, туро обе не,
Хокат бар сар, чӣ бода мепаймойӣ?!
1942
Бинмой ба ман рухат, бикун мардумие,
То лоф занам, ки дидаам хуррамие.
Эй ҷону ҷаҳон, аз ту чӣ бошад камие,
К-аз дидани ту шод шавад одамие?!
1943
Сармастаму сармастам, аз ҷоми мае,
Аз соғари паҳлавонйи садкасие.
Чун сурма маро бикуфту дар чашм кашид,
Охир зи газоф нест кори чу вайе.
1944
Дар боғ даро ба гул, агар хор найӣ,
Пеш о ба мувофақат, гар ағёр найӣ.
Чун заҳр мадор рӯй, агар мор найӣ,
Ин нақш бихон, чу нақши девор найӣ.
1945
Эй он-к ба ҷуз шодиву ҷуз нур найӣ,
Чун наъра занам, ки аз барам дур найӣ?!
Ҳарчанд намакҳои ҷаҳон аз лаби туст,
Лекин чӣ кунам, к-андарин суд найӣ.
1946
Ишқ аст, санамо, чӣ дилбариҳо куние,
Дар куштани банда соҳариҳо куние.
Яхшибаки ишқат ба Самарқанди дилам,
Огоҳ найӣ, чӣ кофариҳо куние.
1947
Он ратли гаронро агар арзон куние,
Аҷзои ҷаҳонро ҳамагӣ ҷон куние.
В-ар з-он лаби ширин шакарафшон куние,
Каҳро ба мисоли зарра рақсон куние.
1948
Гуфтам, ки: «Чаро туруш шудӣ, сирка найӣ?!»
Гуфто: «Зеро ки бо аду обу майӣ».
Гуфтам: «З-ин пас чу обу равған бошам»,
Хандид, ки: «Рав, ту бар яке феъл кайӣ?»
1949
Рав, эй ғаму андеша, хато мегӯйӣ,
Аз кони вафо чаро ҷафо мегӯйӣ?
Мар кӯдакаконро ба ҷафо тарсонанд,
Ман пир шудам, дар ин, маро мегӯйӣ?
1950
Эй дил, чӣ ҳадису моҷаро меҷӯйӣ?!
Ман бо туам, эй дил, ар маро меҷӯйӣ.
Ва-р з-он-к надидайӣ, киро меҷӯйӣ?!
Ва-р з-он-к надидайӣ, чаро меҷӯйӣ?!
1951
Дил гуфт маро: «Бигӯ, киро меҷӯйӣ?!
Бар гирди ҷаҳон хира чаро мепӯйӣ?!
Гуфтам, ки: «Бирав, маро ҳамин хоҳӣ гуфт:
Саргашта ман аз туам, маро мегӯйӣ».
1952
Гуфтӣ, ки: «Ту девонаву маҷнунхӯйӣ»,
Девона тувӣ, ки ақл аз ман ҷӯйӣ.
Гуфтӣ, ки: «Чӣ бешарму чӣ оҳанрӯйӣ!»
Ойина кунад ҳамеша оҳанрӯйӣ.
1953
Эй турк, чаро ба зулф чун ҳиндуйӣ?!
Румируху зангихату пурчинмӯйӣ?!
Натвон дили худро ба хато гум кардан,
Тарсам, ки ту туркиву ба туркӣ гӯйӣ.
1954
Гаҳ аз ғами ӯ даст зи ҷон мешӯйӣ,
Гаҳ қиссаи ӯ ба дарди дил мегӯйӣ.
Саргашта чаро гирди ҷаҳон мепӯйӣ,
К-ӯ аз ту бурун нест, киро меҷӯйӣ?!
1955
Эй боди саҳар, ту аз сари некӯйӣ,
Шояд, ки ҳикоятам бад-он маҳ гӯйӣ.
Не, не, ғалатам гарат бад-ӯ раҳ будӣ,
Пас гирди ҷаҳон дигар киро меҷӯйӣ?
1956
---

________________________________________________________
Окончание. К Началу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2325994.html
К линк-листу: http://hojja-nusreddin.livejournal.com/2329542.html
Tags: рубайат, руми, таджикистан
Subscribe
  • Post a new comment

    Error

    Anonymous comments are disabled in this journal

    default userpic

    Your reply will be screened

    Your IP address will be recorded 

  • 0 comments